Сотсиология ҳамчун илм.
Сохтор ва дараҷанокии донишҳои сотсиологӣ
Мундариҷа
- Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷомеа
- Объект ва предмети омӯзиши сотсиология
- Сатҳ ва дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ
- Категорияҳо ва қонунҳои сотсиология
- Парадигмаҳои сотсиологӣ
- Вазифаҳои илми сотсиология
- Алоқамандии сотсиология бо дигар илмҳо
Инкишофи сотсиология ҳамчун илм дар бораи ҷомеа
Сотсиология илми ҷавон буда, солҳои 30–40-уми асри XIX дар Фаронса ба вуҷуд омадааст. Асосгузори ин илм донишманди бузурги фаронсавӣ Огюст Конт (1798–1857) мебошад. Аммо ин маънои онро надорад, ки масъалаҳои сотсиологӣ дар асрҳои гузашта мавриди омӯзиш ва таҳлили илмӣ қарор нагирифта бошанд. Баръакс, масъалаҳое, ки имрӯз предмети омӯзиши сотсиология мебошанд, пештар дар доираи фалсафа ва баъдан фалсафаи иҷтимоӣ таҳлил мешуданд. То пайдоиши сотсиология донишҳои сотсиологӣ дар дохили фалсафа ва фалсафаи иҷтимоӣ рушд мекарданд.
Аввалин факултети сотсиология соли 1892 дар Донишгоҳи Чикагои Амрико таъсис ёфт. Инқилобҳои асри XVIII, рушди илмҳои табиатшиносӣ ва пешрафти муносибатҳои иқтисодӣ аз ҷумлаи заминаҳои пайдоиши сотсиология буданд. Рушди илмҳои табиатшиносӣ нишон дод, ки агар одамон қонунҳои табиатро омӯхта тавонанд, пас қонунҳои ҷомеаро низ омӯхтан мумкин аст.
Аввалин шуъбаи сотсиология дар Россия соли 1920 дар назди факултети илмҳои ҷомеашиносӣ таъсис ёфт. Роҳбарии онро сотсиологи рус Питирим Сорокин ба уҳда дошт. Соли 1923 илми сотсиологияро «материализми таърихӣ» номида, ба ҷузъи таркибии фалсафа табдил доданд. Баъдан, бо супориши И. В. Сталин, сотсиология илми буржуазӣ эълон шуд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ таҳқиқоти назариявию амалии сотсиологӣ қатъ гардиданд ва худи мафҳуми «сотсиология» аз доираи илм берун карда шуд. Танҳо аз соли 1960 ба гузаронидани таҳқиқоти амалии сотсиологӣ иҷозат дода шуд. Дар Россия 7 июни соли 1988 сотсиология расман ҳуқуқи мавҷудияти қонуниро пайдо кард.
Дар Тоҷикистон, пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, аз соли 1991 сотсиология ҳамчун илми мустақил шинохта шуд. Соли 2005 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бори аввал кафедраи сотсиология таъсис ёфт. Имрӯз ин илм босуръат рушд мекунад. Дар Тоҷикистон зиёда аз 21 маркази таҳқиқоти сотсиологӣ фаъолият дошта, масъалаҳои гуногуни иҷтимоӣ ва бозорро меомӯзанд. Масалан, яке аз марказҳои маъруфи таҳқиқоти сотсиологӣ «Зеркало» ном дорад. Дар Россия «Маркази умумиҷаҳонии омӯзиши афкори умум» ва дар Амрико «Гэллап» аз марказҳои машҳур ба ҳисоб мераванд. Дар ИМА зиёда аз 90 ҳазор сотсиолог фаъолият мекунанд ва 250 факултети сотсиология вуҷуд дорад. Ҳамасола барои гузаронидани таҳқиқоти сотсиологӣ дар ин кишвар даҳҳо миллиард доллар харҷ мешавад.
Аз охири асри XX ва ибтидои асри XXI сотсиология ба яке аз илмҳои маъруфи ҷомеашиносӣ табдил ёфтааст. Имрӯз масъалаҳои гуногунро метавон бо ёрии ин илм омӯхт. Сотсиология барои муайян кардани омилҳои пайдоиш ва паҳншавии мушкилоти иҷтимоӣ, ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо, пешгӯии оқибатҳои равандҳои иҷтимоӣ, таҳлили ҳодисаҳои сиёсӣ ва омӯзиши бозор васеъ истифода мешавад.
Мафҳуми «сотсиология» аз ду калима таркиб ёфтааст: калимаи лотинии societas — «ҷомеа» ва калимаи юнонии logos — «дониш», «таълимот». Яъне сотсиология илми омӯзиши ҷомеа мебошад. Донишмандон ин илмро ба тарзҳои гуногун таъриф кардаанд; зиёда аз 100 таърифи сотсиология мавҷуд аст. Дар ин ҷо чанд таърифи маъруф оварда мешавад:
- Сотсиология илмест, ки ташаккул, рушд ва тағйирёбии умумиятҳои иҷтимоӣ, инчунин шаклҳои гуногуни зуҳури онҳоро — низомҳо, сохторҳо ва институтҳои иҷтимоиро — меомӯзад.
- Сотсиология илмест, ки сохтори иҷтимоии ҷомеа ва унсурҳои асосии онро, аз ҷумла умумиятҳо, институтҳо, ташкилотҳои иҷтимоӣ ва рафтори одамонро меомӯзад. Ҳамчунин раванду тағйироте, ки дар дохили ин сохтор ба амал меоянд, мавриди омӯзиши он қарор мегиранд.
- Сотсиология илмест, ки рафтори одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро меомӯзад.
- Сотсиология илмест, ки қонунҳои умумии инкишофи ҷомеаро меомӯзад.
- Ба андешаи сотсиологи амрикоӣ Н. Смелзер, сотсиология усули омӯзиши одамон аст. Сотсиологҳо мекӯшанд фаҳманд, ки чаро одамон чунин рафтор мекунанд ва аз рӯйи аломатҳою нишонаҳои гуногун ба гурӯҳҳо муттаҳид мешаванд; чаро оиладор мешаванд, дар интихобот овоз медиҳанд, корпартоӣ мекунанд ё ба дуздӣ даст мезананд.
- Сотсиология илмест дар бораи рафтори одамон, ки робитаҳо ва муносибатҳои иҷтимоии сабабу натиҷавии байни одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро ошкор мекунад.
- Ба андешаи сотсиологи рус А. Ядов, сотсиология илмест дар бораи ташаккул, рушд ва фаъолияти умумиятҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои ташкили онҳо: низоми иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ ва институтҳои иҷтимоӣ. Умумиятҳои иҷтимоӣ аз робитаҳои байни одамон ба вуҷуд меоянд. Ин робитаҳо бар манфиатҳои умумӣ, монандии шароити зиндагӣ, фарҳанг ва фаъолияти муштараки онҳо асос ёфтаанд.
- Сотсиологи англис Э. Гидденс сотсиологияро илм дар бораи ҳаёти иҷтимоии одамон, гурӯҳҳо ва ҷомеа мешуморад.
Объект ва предмети омӯзиши сотсиология
Барои дарки моҳият, сохтор ва вазифаҳои сотсиология пеш аз ҳама объект ва предмети омӯзиши онро муайян кардан зарур аст. Объект чизе мебошад, ки раванди маърифат ба он равона шудааст. Предмет бошад, он паҳлуҳо, робитаҳо ва муносибатҳои объект аст, ки мавриди омӯзиш қарор мегиранд.
Объекти сотсиология дар маънои васеъ тамоми ҷомеа ҳамчун низоми том ва ягона мебошад. Аммо ҷомеа объекти омӯзиши на танҳо сотсиология, балки дигар илмҳои ҷомеашиносӣ низ ҳаст. Масалан, ҷомеа аз ҷониби сиёсатшиносӣ, фарҳангшиносӣ, иқтисодиёт, омор, таърих ва дигар илмҳо низ омӯхта мешавад.
Пас, фарқи сотсиология аз дигар илмҳо дар чист? Ин илмҳоро предмети омӯзишашон аз ҳам фарқ мекунад. Ҳар яке аз илмҳои номбаршуда як қисм ё паҳлуи махсуси ҷомеаро меомӯзад.
Предмети сотсиология он паҳлуҳо, робитаҳо ва муносибатҳои махсуси ҷомеа мебошад, ки муҳаққиқон вобаста ба шавқи илмӣ ё талаботи ҷомеа дар объект ҷудо карда, мавриди омӯзиш қарор медиҳанд. Сотсиология сохтори иҷтимоӣ, умумиятҳои иҷтимоӣ — аз ҷумла умумиятҳои синфию иҷтимоӣ, касбию иҷтимоӣ, ҳудудӣ, этникӣ ва иҷтимоию демографӣ — инчунин институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоиро меомӯзад. Низоъҳо ва тағйироти иҷтимоӣ, муносибатҳо ва нобаробарии иҷтимоӣ, хусусиятҳои иҷтимоии шахс, раванди иҷтимоишавӣ, рафтори иҷтимоӣ ва шуури ҷамъиятӣ низ аз ҷумлаи мавзӯъҳои омӯзиши он мебошанд.
Ҳамаи ин паҳлуҳои ҷомеа, ки предмети омӯзиши сотсиология мебошанд, дар маҷмӯъ низоми сотсиумро ташкил медиҳанд. Калимаи «сотсиум» аз забони лотинӣ гирифта шуда, маъноҳои «умумӣ», «муштарак» ва «якҷоя»-ро дорад.
Сатҳу дараҷаҳои донишҳои сотсиологӣ
Сотсиология низ мисли дигар илмҳо сохтори худро дорад. Умуман, онро шартан ба ду бахш ҷудо мекунанд:
-
Сотсиологияи назариявӣ — ташаккул, рушд ва фаъолияти умумиятҳои иҷтимоии сатҳҳои гуногун, муносибатҳои байни онҳо, равандҳои оммавии иҷтимоӣ ва амалҳои маъмулии иҷтимоии инсонҳоро меомӯзад. Сотсиологияи назариявӣ масъалаҳоеро ҳал мекунад, ки ба шарҳи зуҳуроти иҷтимоӣ, таҳияи маҷмӯи категорияҳо ва методологияи илмӣ алоқаманданд.
-
Сотсиологияи амалӣ — маҷмӯи усулҳо ва воситаҳои методию техникӣ барои ба даст овардани маълумоти аввалияи сотсиологӣ мебошад. Он роҳҳои ноил шудан ба мақсадҳои муайянро кор карда мебарояд ва тарзу воситаҳои истифодаи қонуниятҳоеро муайян мекунад, ки сотсиологияи назариявӣ таҳия кардааст.
Олимон ҳамчунин дар бораи назарияҳои сатҳи миёна — назарияҳои соҳавӣ ва махсуси сотсиологӣ — сухан мегӯянд. Доираи предметии ин назарияҳо нисбат ба назарияи умумӣ маҳдудтар аст. Мафҳуми «назарияҳои сатҳи миёна»-ро соли 1947 сотсиологи амрикоӣ Роберт Мертон ба илм ворид кардааст. Он барои ифодаи донишҳои илмие истифода мешавад, ки байни назарияи умумии сотсиологӣ ва таҳқиқоти амалӣ нақши миёнарав доранд.
Ба назарияҳои сатҳи миёна инҳо дохил мешаванд: назарияҳои институтҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сотсиологияи оила, маориф, сиёсат ва дин; назарияҳои муносибатҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла назарияҳои гурӯҳҳои хурд, ташкилотҳо ва этносҳо; инчунин назарияҳои махсуси равандҳои иҷтимоӣ, аз қабили каҷрафторӣ, ҷойивазкунии иҷтимоӣ ва шаҳришавӣ (урбанизатсия).
Сотсиология ҷомеаро дар ду сатҳ меомӯзад:
-
Макросотсиология — ҷомеа, низом ва сохтори иҷтимоӣ, умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ, инчунин равандҳои бузурги иҷтимоиро меомӯзад. Он фарҳанг, дин, миллат, синф ва ҷомеаро дар маҷмӯъ ҳамчун низоми том баррасӣ мекунад. Ба ин самт, масалан, назарияи функсионалӣ (Э. Дюркгейм, Т. Парсонс ва дигарон) ва назарияи низои иҷтимоӣ (К. Маркс, Р. Дарендорф ва дигарон) дохил мешаванд.
-
Микросотсиология — омилҳои рафтори одамон, арзишҳои онҳо ва амалҳои байниҳамдигарии онҳоро дар гурӯҳҳои нисбатан хурди иҷтимоӣ меомӯзад.
Категорияҳо ва қонунҳои сотсиология
Категорияҳо ва қонунҳо барои ҳар як илм аҳаммияти асосӣ доранд, зеро донишҳо дар шакли мафҳумҳо ва категорияҳо ҷамъбаст мешаванд. Барои сотсиология яке аз категорияҳои муҳимтарин ва фарогир мафҳуми «иҷтимоӣ» ё «иҷтимоиёт» мебошад. Мафҳуми иҷтимоиёт дар маркази илми сотсиология қарор дорад.
Калимаи «иҷтимоиёт» ҳаммаънои калимаи русии социальное ва калимаи лотинии socialis буда, маъноҳои «муштарак», «шарикӣ», «рафоқат» ва «умумият»-ро дорад. Иҷтимоиёт маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятии як ҷомеа мебошад, ки дар ҷараёни фаъолияти муштараки фардҳо ва гурӯҳҳои фардҳо, дар шароити муайяни макону замон ба вуҷуд меояд. Иҷтимоиёт натиҷаи фаъолияти муштараки фардҳои гуногун буда, аз муошират ва робитаи байниҳамдигарии онҳо сарчашма мегирад.
К. Маркс ва Ф. Энгелс дар асарҳои худ мафҳумҳои «ҷамъиятӣ» ва «иҷтимоӣ»-ро васеъ истифода кардаанд. Вақте сухан дар бораи ҷомеа дар маҷмӯъ — соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра — мерафт, мафҳумҳои «ҷамъиятӣ» ва «муносибатҳои ҷамъиятӣ» истифода мешуданд. Мафҳуми «иҷтимоӣ» бошад, ҳангоми таҳқиқи табиати муносибатҳои байни одамон, омилу шароити зиндагӣ ва фаъолияти онҳо, инчунин мақому нақши инсон дар ҷомеа ба кор мерафт.
Ба маънои маҳдуд, «иҷтимоиёт» он қисми муносибатҳои ҷамъиятиро ифода мекунад, ки мақом ва нақши одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро дар сохтори иҷтимоии ҷомеа инъикос менамоянд.
Ба қатори мафҳумҳо ва категорияҳои муҳими сотсиология инҳоро дохил кардан мумкин аст: низоми иҷтимоӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ, институтҳои иҷтимоӣ, гурӯҳҳои иҷтимоӣ, ташкилотҳои иҷтимоӣ, масъалаҳои иҷтимоӣ, сохтори иҷтимоӣ, таҳқиқоти сотсиологӣ, усулҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, пурсиши сотсиологӣ, тағйироти иҷтимоӣ, рушди ҷомеа, табақабандии иҷтимоӣ ва ҷойивазкунии иҷтимоӣ.
Дар назарияи таҳлили сохтори функсионалии ҷомеа омӯзиши низомҳои иҷтимоиро предмети асосии сотсиология меҳисобанд. Дар сотсиологияи шӯравӣ ва имрӯз дар сотсиологияи Россия умумиятҳои иҷтимоӣ ҳамчун категорияи асосии таҳлили сотсиологӣ ба ҳисоб мераванд.
Аз замонҳои қадим мутафаккирон кӯшиш мекарданд қонунҳои инкишофи ҷомеаро муайян намоянд. Асосгузори сотсиология Огюст Конт қонуни рушди ҷомеаро дар шакли қонуни се марҳилаи инкишофи таърихӣ пешниҳод кардааст. Ба ақидаи К. Маркс, ҷомеа бар асоси қонунҳои объективии худ тағйир меёбад: ягон форматсияи нав бе фароҳам омадани шароити зарурии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ пайдо намешавад.
Классики сотсиологияи австриягӣ Л. Гумплович исбот мекард, ки қонуни олии рушди ҷомеа майли гурӯҳҳои иҷтимоӣ ба худнигоҳдорӣ ва пайваста баланд бардоштани некӯаҳволии худ мебошад. Сотсиологи амрикоӣ Т. Парсонс таъкид мекард, ки дар замони ҳозира раванди гузариш аз «инқилоби саноатӣ» ба «инқилоби демократӣ» ва сипас ба «инқилоби иттилоотӣ» идома дорад.
Қонуни сотсиологӣ робитаи муҳим, зарурӣ ва такроршавандаи байни низомҳо ва зернизомҳои иҷтимоӣ, умумиятҳо, равандҳо, ниҳодҳо ва дигар бахшҳои ҷомеа мебошад. Мағзи ҳар як илмро қонунҳои он ташкил медиҳанд. Сотсиология қонунҳои иҷтимоиеро меомӯзад, ки дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти инсон амал мекунанд ва аз рӯйи хусусияти таъсиру паҳншавӣ аз ҳам фарқ доранд.
Қонунҳои сотсиологӣ дар ҷомеа ба вуҷуд меоянд ва амал мекунанд, яъне табиати иҷтимоӣ доранд. Ҷомеаро инсон — мавҷуди дорои ақлу шуур — ташкил медиҳад. Одамон низомҳо ва зернизомҳои иҷтимоӣ, ниҳодҳо, равандҳо ва бахшҳои ҷомеаро бунёд намуда, инкишоф медиҳанд. Агар фаъолияти эҷодкорона ё ғайриэҷодкорона, тасодуфӣ ё нақшавӣ, ҷисмонӣ ё зеҳнии одамон вуҷуд намедошт, қонунҳои рушди форматсионӣ ва тамаддунӣ, инқилобӣ ва таҳаввулӣ низ амал намекарданд.
Аз ин рӯ, қонунҳои сотсиологӣ ҷанбаи субъективӣ доранд. Ин ҷанба на танҳо аз он бармеояд, ки инсон онҳоро кашф, омӯзиш ва баён мекунад, балки ҳамчунин аз он сабаб аст, ки худи ин қонунҳо табиати иҷтимоӣ дошта, дар натиҷаи фаъолияти одамон ба вуҷуд меоянд ва инкишоф меёбанд.
Аз рӯйи асосҳои гуногун қонунҳои иҷтимоиро ба намудҳои зерин ҷудо мекунанд:
-
Қонунҳои умумӣ (иҷтимоию иқтисодӣ) — қонунҳои ташаккул, ба вуҷуд омадан, рушд ва тағйирёбии ҷомеа мебошанд. Онҳо робита ва вобастагии сабабии ҳодисаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва идеологиро ифода мекунанд. Масалан, қонуни муайянкунандаи нақши тарзи истеҳсолот дар рушди ҷомеа ва қонуни ягонагии қувваҳои истеҳсолкунандаю муносибатҳои истеҳсолӣ.
-
Қонунҳои сохторӣ — қонунҳои низомҳои гуногун, аз ҷумла низомҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва маънавӣ мебошанд, ки дар доираи сохтори муайяни ҷамъиятӣ амал мекунанд.
-
Қонунҳои хусусӣ — қонунҳое мебошанд, ки дар шароити мушаххаси макону замон, дар натиҷаи таъсири маҷмӯи вазъиятҳо ва омилҳои гуногун зоҳир мешаванд. Масалан, муҳаққиқони муосир зиёд шудани нақши ниҳодҳои ҷамъиятиро дар пешрафти ҷомеа махсус қайд мекунанд. Ҳамчунин, афзоиши фаъолнокии иқтисодии занон метавонад эҳтимоли зиёд шудани талоқҳоро ба миён орад.
Парадигмаҳои сотсиологӣ
Ба ақидаи ҷомеашиносони муосир, ҳар як илм вақте ба сатҳи камолот мерасад ё мустақил мешавад, ки ба мавқеи парадигмавӣ гузарад. Мавқеи парадигмавии илмро мавҷудияти як ё якчанд парадигма муайян мекунад. Агар илм мавқеи парадигмавӣ надошта бошад, ин метавонад маънои онро дошта бошад, ки он ҳанӯз предмети омӯзиши худро аз предмети дигар илмҳо ҷудо накардааст ва ҳамчун илми мустақил ташаккул наёфтааст.
Мафҳуми «парадигма» маъноҳои гуногун дорад. Дар асари олими амрикоӣ Т. Кун «Сохтори инқилобҳои илмӣ» зиёда аз 20 маънои ин мафҳум оварда шудааст. Ӯ ҳар як илми давраи муайянро бо парадигмаи хос тавсиф мекунад. Парадигма сохтори махсусест, ки тасаввуроти гуногунро дар бораи предмети илм, назарияҳои асосӣ ва усулҳои махсуси таҳқиқи он дар бар мегирад.
Дар доираи як парадигмаи илмӣ метавонанд консепсияҳо, принсипҳо ва нуқтаи назарҳои гуногун ҷой дошта бошанд. Масалан, парадигмаи «далелҳои иҷтимоӣ» бо номи Э. Дюркгейм ва мактаби функсионалӣ алоқаманд аст. Асосгузорони ин мактаб Г. Спенсер ва Э. Дюркгейм ба ҳисоб мераванд. Далелҳои иҷтимоӣ сохторҳо ва институтҳои иҷтимоиро дар бар мегиранд. Ҷонибдорони ин парадигма далелҳои иҷтимоиро мустақил ва новобаста аз иродаю шуури одамон маънидод карда, онҳоро предмети омӯзиши сотсиология мешуморанд.
Баъдан дар доираи ин парадигма таҳлили сохторию функсионалии Талкотт Парсонс ва Роберт Мертон, инчунин назарияи низои иҷтимоии Р. Дарендорф ва Л. Козер ташаккул ёфта, мустақилона инкишоф ёфтанд.
Парадигмаи фаҳмиш ё амали иҷтимоӣ, ки асосҳои онро М. Вебер гузоштааст, воқеияти иҷтимоиро аз нуқтаи назари фаҳмиши субъектҳои амали иҷтимоӣ, яъне фардҳои алоҳида, баррасӣ мекунад. Ба ақидаи М. Вебер, асоси ҳар як амалро маънои он ташкил медиҳад. Сотсиология бояд ин маъноро ошкор намуда, ангезаҳои оқилонаи фардҳо — субъектҳои амалро фаҳмад.
Парадигмаи «рафтори иҷтимоӣ» дар назарияи «бихевиоризми иҷтимоӣ»-и Б. Скиннер ва назарияи «мубодилаи иҷтимоӣ»-и Ҷ. Хоманс ва П. Блау таҷассум ёфтааст. Парадигмаи детерминизми иҷтимоию таърихӣ бо номи К. Маркс ва пайравони ӯ алоқаманд аст. Парадигмаи детерминизми психологӣ дар натиҷаи пайвастани сотсиология ва психология, бар асоси консепсияи таҳлили психологии З. Фрейд, ташаккул ёфтааст.
Мафҳуми «парадигма» нисбат ба мафҳуми «назария» васеътар аст. Ҳар як парадигма, ба ғайр аз тасаввурот дар бораи предмети илм, назарияҳои асосӣ, усулҳои махсуси таҳқиқ ва категорияҳои илмии худро дорад.
Вазифаҳои илми сотсиология
Вазифаи сотсиология аз он иборат аст, ки барои фаҳмидани ҷаҳони имрӯзу оянда ва ҷомеа ба мо ёрӣ расонад. Сотсиология имконият медиҳад, ки дар бораи худ ва ҳаёти ҷамъиятӣ маълумот ба даст орем. Сотсиологияи муосир ҳамчун илм вазифаҳои зиёдеро иҷро мекунад.
-
Вазифаи маърифатӣ. Вазифаи асосии сотсиология, мисли ҳар як илм, маърифат аст. Сотсиология қонуниятҳои рушди иҷтимоиро дар сатҳҳои гуногуни низоми ҷамъиятӣ меомӯзад ва шарҳ медиҳад. Иҷрои ин вазифа таҳияи назарияҳо ва усулҳои таҳқиқоти сотсиологӣ, инчунин роҳҳои ҷамъоварӣ ва коркарди маълумотро дар бар мегирад. Донишҳои сотсиологӣ дар амалияи иҷтимоӣ истифода шуда, ба мутобиқшавии одамон ба муҳити иҷтимоӣ ёрӣ мерасонанд.
-
Вазифаи пешгӯӣ. Дар асоси қонуниятҳои рушди ҷомеа сотсиология метавонад пешгӯиҳои кӯтоҳмуддат, миёнамуддат ва дарозмуддатро дар соҳаҳои демография, сохтори иҷтимоӣ, сатҳи зиндагӣ, бозор, маъракаҳои интихоботӣ ва ғайра таҳия намояд. Чунин пешгӯиҳо дар идоракунии сиёсӣ ва иҷтимоӣ истифода мешаванд. Донишҳои сотсиологӣ ҳамчун асоси назариявии таҳияи нақшаҳои рушди ҷомеа хизмат мекунанд.
-
Вазифаи нақшагирии иҷтимоӣ. Ин вазифа таҳияи моделҳои муносибро барои ташкили умумиятҳои иҷтимоӣ, коллективҳои меҳнатӣ, шаҳрҳои нав, ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсӣ, инчунин идоракунии онҳо бо мақсади расидан ба ҳадафҳои муайян дар бар мегирад.
-
Вазифаи идоракунӣ. Сотсиология, махсусан сотсиологияи амалӣ, бо фаъолияти идоракунӣ робитаи бевосита дорад. Дар замони ҳозира бе истифодаи донишҳои сотсиологӣ идоракунӣ самаранок буда наметавонад. Масалан, тағйир додани тартиби кор дар коллективи меҳнатӣ бе таҳлили оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ дуруст нест.
-
Вазифаи идеологӣ. Сотсиология низ мисли дигар илмҳои ҷомеашиносӣ вазифаи идеологиро иҷро мекунад. Дар давраи шӯравӣ ин вазифа яке аз вазифаҳои асосии сотсиология ба ҳисоб мерафт. Ҳарчанд сотсиолог кӯшиш мекунад дар бораи равандҳои иҷтимоӣ донишҳои объективӣ ба даст орад, ӯ наметавонад ҳамеша аз арзёбиҳои сиёсӣ комилан озод бошад.
-
Вазифаи таҳқиқотию методологӣ. Сотсиология усулҳои хоси худро дорад. Тавассути онҳо сабабҳои пайдоиши мушкилоти ҷомеа ошкор ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод карда мешаванд.
Алоқамандии сотсиология бо дигар илмҳо
Имрӯз сотсиология дар байни дигар илмҳои ҷомеашиносӣ мақоми худро пайдо кардааст. Ин чанд сабаб дорад. Аввалан, сотсиология равандҳо ва ҳодисаҳои иҷтимоиро пайваста меомӯзад. Дуюм, он барои дигар илмҳои ҷомеашиносӣ ҳам заминаи назариявӣ ва ҳам заминаи амалӣ фароҳам меорад. Натиҷаҳои таҳқиқоти сотсиологӣ дар соҳаҳои гуногуни илмҳои ҷомеашиносӣ истифода мешаванд. Намояндагони ин илмҳо низ бо ёрии усулҳои сотсиологӣ таҳқиқоти худро мегузаронанд.
Сотсиология махсусан бо фалсафаи иҷтимоӣ робитаи зич дорад. Бисёре аз масъалаҳои иҷтимоие, ки ин ду илм меомӯзанд, ба ҳам наздиканд, аммо онҳо аз ҷиҳати равиш ва мақсад фарқ мекунанд. Фалсафаи иҷтимоӣ як бахши фалсафа буда, асосан муносибати байни ҷомеа ва табиатро таҳқиқ мекунад. Он моҳияти мавҷудияти ҷомеа, пайдоишу ояндаи он ва самтҳои ташаккулашро меомӯзад. Ҳаёти иҷтимоиро аз нуқтаи назари ташаккули ҷаҳонбинӣ баррасӣ мекунад.
Сотсиология бо истифода аз усулҳои мушаххаси худ қонуниятҳои тағйирот ва рушди ҷомеаро меомӯзад. Фалсафаи иҷтимоӣ масъалаҳои умумии иҷтимоиро бо такя ба ақлу мантиқ ва ба таври назариявӣ таҳқиқ мекунад. Сотсиология бошад, масъалаҳои мушаххасу рӯзмарраро бо усулҳои муайяни маърифатӣ меомӯзад. Бо ёрии он метавон масъалаҳои рӯзмарраи одамон ва гурӯҳҳои иҷтимоиро таҳқиқ карда, барои сари вақт ҳал намудани онҳо кӯшиш намуд.
Алоқамандии сотсиология бо сиёсатшиносӣ дар он зоҳир мегардад, ки умумиятҳо, институтҳо ва ташкилотҳои иҷтимоӣ аз субъектҳо ва объектҳои муҳими сиёсӣ ба ҳисоб мераванд. Ҳаёти сиёсии ҷомеаро сотсиология низ меомӯзад. Ин ду илм бо ҳам робитаи зич доранд. Ҳатто дар сотсиология бахши мустақиле бо номи сотсиологияи сиёсӣ вуҷуд дорад.
Робитаи сотсиологияро бо илми иқтисод низ ба хубӣ мушоҳида кардан мумкин аст. Сотсиология фаъолияти иқтисодӣ ва рафтори иқтисодии одамону гурӯҳҳои иҷтимоиро меомӯзад. Муносибатҳои иқтисодӣ, моликият, манфиатҳои иқтисодӣ, шароити меҳнату зиндагии одамон, бозор ва маркетинг, рақобати иқтисодӣ ва ғайра аз масъалаҳои муҳими таҳқиқоти сотсиологӣ мебошанд.
Умуман, сотсиология дар робита бо психология, омор, демография, математика ва дигар илмҳо инкишоф меёбад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё