Зеҳн

Дар маҷлиси Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ8 октябри 2026 · 3 дақиқа хондан

Баҳори соли 1483 буд. Ҳар ду писари Хоҷа Аҳрор¹ аз Самарқанд ба зиёрати Машҳад рафта, аз он ҷо ба Ҳирот омаданд ва дар Хиёбон меҳмони Ҷомӣ шуданд. Ҷомӣ ба шарафи онҳо зиёфат ороста, ба ҷуз шогирдонаш баъзе бузургонро низ хабар кард. Ҳусайни Бойқаро² ҳам ба ин маҷлис омад.

Суҳбат гарм шуд. Ҷомӣ, чун ҳарвақта, дар поён менишасту сухан намегуфт. Ҳусайни Бойқаро ба ӯ рӯ оварда гуфт:

— Ҳазрати Махдумӣ, ҳозирон ҳама муштоқи суҳбати Шумоанд.

Сипас илова кард:

З-он лаби ширинтакаллум як сухан гар бишнавам,
То қиёмат он сухан вирди забони ман шавад.

— Шумо гап занед, мо чӣ ҳам мегӯем?! — посух дод Ҷомӣ. — Аҳли суҳбат мехоҳанд аз суханони Шумо файзёб шаванд.

Аз адолату раиятпарварии подшоҳ сухан карданду шеърҳо хонданд. Аз афти кор, тамоюли суҳбат ба подшоҳ хуш наомад ва ӯ суханро ба мавзӯи шеър ва қудрати шоирӣ баргардонд. Дар бораи ҳусну қубҳи шеър мулоҳизаҳои зиёде баён шуданд. Ҳозирон аз Ҷомӣ хоҳиш карданд, ки назари худро бигӯяд.

— Шеър мӯъҷизаи осмонист, вале афсӯс, ки дар ин рӯзгор касоне пайдо шудаанд, ки аз бехирадӣ шеърро аз шоир, яъне аз бофтаи маҳз, фарқ намекунанд. Онҳо шабу рӯз чун сагони посӯхта кӯй ба кӯй мегарданд, то музахрафоти худро фурӯхта, дар ивазаш мурдоре биёбанд ва меъдаи худро пур кунанд. Ҳол он ки шоирони пешин бо фазлу ҳунар ороста буда, дар ахлоқи поку сирати нек мумтоз буданд. Сухани онҳо аз мағзи ҷон бармеомад ва бо умқи маъно ва лутфи адо шунавандаю хонандаро мафтун мекард.

Ҳозирон гуфтори Ҷомиро тасдиқ мекарданд, зеро дар ҷомеаи шаҳри Ҳирот намояндагони ҳама табақаҳо аз шеър ва шоирӣ сухан мегуфтанд. Аксари онҳо қолаби латифи шеърро бо мазмунҳои дағал ва сафсаттаҳои пуч пур карда, онро ба лафзбозиҳои холӣ аз эҳсос табдил дода буданд.

Сухан ба ҳар сӯ мерафт. Биноӣ³ гуфт:

— Камоли қудрати шоирӣ бадеҳагӯист.

Ҳусайни Бойқаро ин суханро шунида гуфт:

— Биёед, азизон, бадеҳагӯӣ мекунем. Мо чаҳор калима мегӯем, ҳар кӣ хоҳад, онҳоро ба силки назм мекашад.

Ҳосидони Ҷомӣ боре назди Ҳусайни Бойқаро ӯро бадгӯӣ карда, гуфта буданд, ки Ҷомӣ дар бадеҳагӯӣ оҷиз аст. Подшоҳ фурсатро муносиб донист, то дурустии ин суханро бисанҷад.

— Бифармоед, — хоҳиш карданд ҳозирон.

— Чароғ, ғирбол, нардбон, турунҷ, — гуфт подшоҳ.

Аз рӯйи одоби ҷорӣ, ҳар корро бояд Ҷомӣ оғоз мекард. Ӯ лаҳзае дар олами хаёл сайр карда, гуфт:

Эй гашта чароғи давлатат бадри мунир,
Ғирбол шуда синаи аъдот зи тир.
Бар паллаи нардбони ҳиммат неҳ пой,
Аз авҷи фалак турунҷи давлат баргир.

Шеърдӯстон ҳамроҳи подшоҳ Ҷомиро таҳсин гуфтанд. Подшоҳ ба Биноӣ рӯ оварда гуфт:

— Мавлоно, акнун навбати шумост.

Сипас ин калимаҳоро ном бурд:

— Манқал⁴, тос⁵, «Шарҳи Шамсия»⁶, кулоҳи намадӣ.

Баъди каме тааммул Биноӣ гуфт:

Чун манқал, агарчи дуди оҳе дорем,
Бар тоси фалак на коргоҳе дорем.
Бо мо сухане зи «Шарҳи Шамсия» магӯй,
Мо низ аз ин намад кулоҳе дорем.

Баъд аз ин подшоҳ калимаҳо мегуфт ва довталабон дар асоси онҳо шеър месохтанд. Ҳар кӣ шеърро пештар мехонд, ғолиб ҳисоб мешуд.


¹ Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор — шайхи машҳури самарқандӣ, ки ба Мавлоно Ҷомӣ эҳтироми зиёд дошт.
² Султон Ҳусайни Мирзо, машҳур ба Ҳусайни Бойқаро — яке аз подшоҳони машҳури темурӣ.
³ Камолиддини Биноӣ — шоири номдори тоҷик, ки парвардаи мактаби адабии Ҷомӣ буд.
⁴ Манқал — оташдоне, ки дар он оташ афрӯхта, дар миёни хона мегузоранд; кӯрае, ки дар он кабоби сихӣ мепазанд.
⁵ Тос — ташт, лаған, ҷом ё коса.
⁶ «Шарҳи Шамсия» — китобе доир ба мантиқ.

(Аз китоби Аълохон Афсаҳзод, «Абдураҳмони Ҷомӣ».)

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2