Ҳусайн Воизи Кошифӣ - «Футувватномаи султон»
«Футувватномаи султонӣ» боарзиштарин осори панду ахлоқии Хусайн Воизи Кошифӣ буда, дар заминаи "Футувватнома"-ҳои қаблӣ мисли: рисолаи Қушайрӣ, «Китобал-футувват»-и Абдукарими Бағдодӣ, «Китобалфутувват»-и Меъмори Бағдодӣ, «Китобалфутувват»-и Абдураҳмони Суламии Нишопурӣ, «Кашвулмаҳчўб»-и Ҳаҷвирӣ, «Футувватнома»-и Хоҷа Камолиддини Абдураззоқи Кошифӣ, «Тўҳфатулихвон»-и Абдулло ибни Ҳусайн ал-Кошӣ ва дигарҳо ба вуҷуд омадааст. Инчунин дар таълифи ин асар муаллиф аз «Кимиёи саодат»-и Муҳаммади Ғаззолӣ, «Асроруттавҳид»-и Абўсаиди Абулхайр, «Қобуснома»-и Кайковус ва ашъори дилпазири шоирони классикии форсу тоҷик ва араб истифода бурдааст.
«Футувватномаи султонӣ» аз ҷиҳати дар бар гирифтани асосҳои футувват ва роҳу равиши ҷавонмардон комилтарин асари тарғибот, дар таърихи адабиётамон ба ҳисоб меравад, зеро Ҳусайн Воиз дар тадкиқи ин масъала ба тамоми майдаву чуйдаҳо ақамият медиҳад. Асар аз муқаддимаву дувоздаҳ боб иборат будааст. Аммо на хамаи бобҳо то ба мо расидаанд. Масалан, асар бо боби ҳафтум хотима ёфтааст ва панҷ боби дигар вуҷуд надорад. Боби ҳафтуми китоб низ ноқис аст. Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷўб — олими эронӣ нусхаи музеи Британияро ба нусхаи дар Теҳрон буда, ки ҳарду дорои ҳафт боб мебошанд, муқоиса намуда дар асоси нусхаи Британия «Футувватномаи султонӣ»-ро соли 1971 чоп намудааст. Муқаддима дорои се фасл аст. Боби якуму боби дуюм чор фасл, боби сеюм аз даҳ фасл, боби чорум аз ёздаҳ фасл, боби панҷум аз шонздаҳ фасл, боби шашум аэ се фаслу чаҳордаҳ қисмат ва боби ҳафтум аз ҳафт фасл иборат мебошад.
Ҷавонмардӣ ва ташкилоти он то рўзгори Ҳусайн Воиз ҳамчун ҷараёни иҷтимоӣ, ахлоқӣ ва сиёсию фалсафӣ вуҷуд дошта, муҳимтарин рукнаш ҳимоя намудани манфиати мазлумону ҳунармандон аз ҷабру ситами ситамгорон будааст. Ҳусайн Воиз ҳамчун муҳаққиқи нуктасанҷ марому ғояи аҳли футувватро нек дарк намуда, «ақсоми ҷавонмардӣ мухтасар дар ду қисм аст: яке нафъ ба дўстон расонндан ва он ба саховат ҳосил шавад. Дуюм, зарари душман аз эшон боз доштан, ки он ба шуҷоат вуҷуд гирад» гуфта будааст. Муаллиф дар муқаддима оид ба шарафи илми футувват чунин овардааст:
Дидаи дил аз футувват равшан аст
Равзаи ҷон аз футувват гулшан аст.
Гар бувад илми футувват бар сарат,
Ҳар замон бахшад сафои дигарат.
Дар воқеъ, ҳар дақиқаи зиндагии футувватдорони ҷавонмард пур аз комёбиву саодатҳо ва нерўмандиву кушодадастиҳост. Зеро мавзўи илми футувват нафси (ҷони) инсонро дар бар гирифта, одамро аз костагиву нобудӣ ва ночизиву беаслӣ ба сўи феъли ҷамилаву сифоти ҳамида ва сафову саодати абадӣ раҳнамун месозад.
«Футувватномаи султонӣ » ҳамчун дастури ҷавонмардӣ барои муайян гардидани ахлоқи ҳамидаи пайравони оини ҷавонмардӣ 72 тарафро номбар кардааст, ки чунин андешаро мо дар романи «Самаки айёр» ҳангоми саволу ҷавоби Шағоли Пилзўр ва Хуршедшоҳ низ нек дарёфт менамоем:
«Ё паҳлавон, ҷавонмардӣ чанд хел дорад?
Шағол гуфт: — Ҳадди ҷавонмардӣ аз ҳад фузун аст, аммо он чи фузунтар аст, ҳафтоду ду тараф дорад ва аз он дуро ихтиёр кардаанд, яке нон додан ва дуюм роз пўшидан».
Ҷавоби сарҳанги ҷавонмардон — Шағоли Пилзўр, ки асосан нон додан ва роз пўшиданро тарғиб кардааст, аз ташкилоти оппозитсионии аввали асрҳои миёна будани пайравони ҷавонмардӣ хабар медиҳад, зеро онҳо тайёранд барои паноҳандагон амон бидиҳанд ва рози ўро ба қимати ҷон нигоҳ доранд. Ба мусофирону ғарибон ва паноҳандагон нон доданашон гувоҳи он аст, ки аз ҷиҳати моддӣ паноҳанда озору осебе набинад. Албатта, чунин рафтори ҷавонмардон пеш аз ҳама ба вазъияти бисёр мураккаби табақотии асрҳои миёна мансуб будааст.
Ҷавонмардон, асосан, мардони амалӣ, ҳама аҳли хунари шаҳр мебошанд. Онҳо пайваста дар набардҳои табақотӣ ба муқобили аҳли ситам дар муборизаанд. Бинобар ин чунин қавмро аз даҳ хислат чора нест: онҳо ҳамеша кори ҳақро пайраванд, ба халқ аз рўи инсоф муомила доранд, нафси худро ҳар лаҳза сарзанишу таҳқир доранд, ба бузургон хидмат менамоянд, хурдонро аз рўн шафқату навозиш эҳтиром доранд, дўстонро бо насиҳат, уламоро бо тавозўъ, Ҳукаморо ба нармиву ҳалимӣ, душманонро ба саховат ва ҷоҳилонро ба хамўшӣ пешвоз мегиранд.
Дар назди футувватдорони ҷавонмард омўхтани илм, махсусан, ваҳдати илму амал муҳимтарин рукни ахлоқиву фалсафии ин ҷараён мебошад. Аз ин рў, муаллиф ҳангоми муайян намудани рукнҳои асили тариқат аввалу дуюми онро ба омўхтани илм чорасозӣ менамояд: «Агар пурсанд, ки аркони тариқат чанд аст. Бигўй, шаш: аввал омўхтани илму он чи бар ў фарз бошад, дуюм илмро ба амал расонидан, ки илми бе амал дарахтест бемева ва чароғест беравған».
Ҷавонмардон дар роҳи интихобкардаи худ зери назари устоди комил илми футувватро аз бар менамоянд. Вале дар ин роҳи бисёр мушкил на ҳар кас метавонад устод бошад.
Ҷавонмардон ҳамон шахсеро устоди худ меҳисобанд, ки назари хиёнат ба ҳеҷ кас накунад, мушфиқу меҳрубон бошад. Шабзиндадорӣ, омўхтани илм, бо бадон нанишастан, эминӣ аз ғайбату дурўғ ва хушнудии халқро хоҳону ҷўён бошад.
Ҳусайн Воиз оини ҷавонмардиро, ки аз шуҷоату саховат ва дигар хислатҳои писандидаи умумиинсонӣ иборат аст, обуранги тасаввуфӣ дода, ҳатто илми ҷавонмардӣ — футувватро яке аз шўьбаҳои илми тасаввуф қаламдод менамояд. Чунин маҳдудияти ғоявӣ, пеш аз ҳама, ба муҳити зиндагӣ ва идеологияи ҳукмрони замони адиб муносибати ногусастанӣ дорад.
Дар «Футувватномаи султонӣ» беҳтарин ва баргузидатарин хислату хусусияти ахлоқи инсонӣ тараннум мегардад, аз ин рў, ин асари ахлоқӣ дар тарғиби ахлоқи неку хамида мақоми шоистаро дорост.
«Футувватномаи султонӣ» бо фароҳам гирифтани мавзўоти гуногун, ки ба тамоми тарафҳои ҷараёни ҷавонмардӣ бахшида шудааст, аҳамияти бузурги ахлоқиву илмӣ, адабиву маданӣ ва услубиву фолклориро доро мебошад. Муаллиф яке аз кисматҳои асарро «Дар баёни қиссахонон ва афсонагўён» унвон додааст, ки доир ба қиссахонӣ, афсонагўӣ ва умуман, эҷодиёти шифоҳии халқ маълумоти фаровон медиҳад. Дар ҳамин боб Ҳусайн Воиз ба тоифаҳои гуногуни бозигарон, аз қабили гўштигирон, санггирон, новакашон, саллакашон, муғиргирон, расанбозон, тосбозон, лўъбатбозон ва ҳуққабозон қисматҳои алоҳида бахшида, хусусиятҳои ҳар кадоми онҳоро муфассал шарҳу маънидод менамояд. Ин ҷиҳат барои таҳқики таърихи илми варзиши бадан, ки то имрўз чандон омўхта нашудааст, қимати илмиву амалиро молик аст.
Дар «Футувватномаи султонӣ» порчаҳои назмии фаровоне аз эҷодиёти бузургтарин шоироии классикиамон (Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Мавлавӣ, Саъдиву Ҳофиз ва Хусрави Деҳлавӣ) оварда шудааст. Аз ин рў он ҳамчун сарчашмаи бадеӣ низ хидмат хоҳад кард.
Қисмати аз ҳама муҳими ин асар ба тасаввуф бахшида шудааст. Ҳусайн Воиз тасаввуфро хеле муфассал баён кардааст, ки ин барои, таҳқиқи яке аз тарафхои камомўхташудаи таърихи адабиётамон ёрии калон мерасонад.
«Футувватномаи султонӣ» забону услуби хосро дорост. Баёни муаллиф бисёр равону содда буда, асар аз ибтидо то интиҳо ба тариқи саволу ҷавоб баён мегардад. Саволҳо низ хеле кўтоҳу мўъҷаз буда, ҷавобҳояш соддаву ошкоро мебошад. Дар охир бояд гуфт, ки мутолиаи ин асар бисёр ҷиҳатҳои ахлоқи неки гузаштагонамонро ёдрас менамояд ва дар тарбияи инсони имрўза нақшн шоистае дорад.
Дар таҳияи «Футувватномаи султонӣ» чопи Муҳаммад Ҷаъфари Маҳҷўб, ки то кунун саҳеҳтарин нашр ба шумор меравад, асос қарор гирифт. Ҳангоми таҳия баъзе ҷойҳои матн кўтоҳ ва ба сабаби барои хонандаи имрўза зарурат надоштанашон сарфи назар шуда, он ҷойҳо бо (...) ишора шуданд.
Қурбон Восеъ
"Футуватномаи султонӣ" рисолаест дар баёни тариқи аҳли футувват ва қавонину одоби шадду байъат ва пўшидани тоҷу хирқа ва шарҳи адабу сирати ҳар фирқа ва шароити шайху мурид ва шогирду устод ва лавозими такмилу таълим ва талқину иршод,ки фақири ҳақиру касир ат-тақсир Ҳусайн ал-Қошифӣ аз китоби мўьтабара ва расоили машҳура истинбот(натиҷа) намуда ва дар силки таъмир кашида, онро «Футувватномаи султонӣ» ном ниҳод. Асоси ин рисола бар муқаддима ва дувоздаҳ боб ва хотима лоиқ афтод. Муқаддима дар шарафи илми футувват аст вз маззўи ин илм ва баёни маънии футувват ба ҳасби луғат ва истилоҳ дар се фасл.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё