Равшангарӣ бузургӣ таърих-Қисми 2
Мақсад аз ҷӯяндагиҳо он буд, ки шахс ва ҷомеа ба худшиносии маънавӣ бирасанд ва чунонки Аҳмади Дониш гуфтааст, «Халқ бидонанд, ки барои чӣ омаданд ва бар чӣ буданд ва чӣ карданд»5. Мақсад таъмини худогоҳии маънавии миллат буд, то ки дар ҷомеаи тоза, ки дар садади бунёд кардани он буданд, пояҳои маънавии зиндагӣ устувор бошад.
Охири садаи нуздаҳ давраи ташаккули асосҳои илмиву назарии маорифпарварӣ, марому маслак ва идеалҳои иҷтимоъиву маънавии равшангарӣ буд, ки ин кор асосан бо кӯшиши Аҳмади Дониш анҷом ёфт. Дигарон дар оғози садаи бист онро такмил доданд. Ибтидои қарни бист давраи дувуми ҷунбиши маорифпарварӣ — давраи амалӣ шудани марому маслакҳо буд. Равшангарон дар ибтидои қарни бист худро тараққихоҳон меномиданд, гоҳ ҷавонбухорӣ ҳам мегуфтанд, вале бештар бо~(8—225) номи ҷадидон шӯҳрат ёфтанд, зеро «мактаби усули ҷадид» кушоданд, дарсномаҳои нав, рӯзномаву маҷаллаҳо чоп карданд, фаъолияти таблиғгариву равшангарӣ ривоҷ доданд. Ҷадидони Туркистон, аз ҷумла маорифпарварони Самарқанд ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъиву сиёсӣ бештар рағбат зоҳир намуданд, дар роҳи фарҳанггустарӣ фаъолияти амалӣ вусъат доданд, аммо дар Бухоро бунёди маънавии фаъолияти амалии равшангарӣ бештар муҳофизат шуд.
Садриддини Айнӣ аз фаъолони ҳамин давраи дувуми маорифпарварӣ буд. Таҳаввули фикрӣ ва фаъолияти иҷтимоъии ӯ аз дигар равшанфикрони тозаназари замон тавофут дошт. Ӯ чи пеш аз инқилоб ва чи баъд аз он роҳе ба худ хос тай намуд.
Фаъолияти равшангарии Садриддини Айнӣ асосан аз таъсиси мактаби усули нав оғоз ёфт.
Пас аз ииқилоби Русияи 1905 равшанфикрони тоҷик ҷуръат пайдо карда, барои фаъолияти амалӣ қадам бардоштанд. Осори Аҳмади Дониш ва равшангарони дигар, китоби Зайнулобидини Мароғаӣ «Саёҳатномаи Иброҳимбек», рӯзномаҳои форсиву туркӣ, ки аз кишварҳои гуногун меомад, чунончи ба форсӣ «Ҳаблулматин» аз Ҳинд, «Чеҳранамо» ва «Парвариш» аз Миср, «Сироҷул- ахбор» аз Афғонистон, «Тарҷумон»-и туркӣ аз Боғчасарои Қирим, «Мулло Насриддин»-и озарӣ аз Тифлис мерасид, маҷаллаҳое, ки аз Тотористону Бошқирдистон мегирифтанд, роҳи фикрро қушода, ҷавонони навназарро ба фаъолияти амалӣ омода карда буд. Айнӣ, ки мисли аксари мардуми Бухоро забони ӯзбекиро намедонист, ба мақсади хондани рӯзномаву маҷаллаҳои туркӣ ба омӯхтани ин забон аз девони Навоӣ шурӯъ кард (ва чунон омӯхт, ки баъди инқилоб ба ӯзбекӣ шеъру повесту романҳо навишт). Барои равшангарии амалӣ оғоз кардани зиёиёни тоҷик матбуоти туркӣ таъсири бузург дорад ва Айнӣ чун нахустин бор аз омилҳои бедории худ ёдовар шуда буд, чанд рӯзномаву маҷаллаи туркиро низ ном бурда буд:
Рӯзгор охир зи хоби ғафлат бедор кард,
Чун ба худ дидам,зиҳоли худ хиҷолат доштам,
«Тарҷумонӣ» кард аҳволи замон аз ҳоли ман,
«Вақт»-ро дар пеши худ «Миръоти ибрат» доштам…
Дар ҷароидномаи аъмоли худ дидам аён,
Нек санҷидам, ки як олам қабоҳат доштам.
Ин ҷо рӯзномаи туркии «Тарҷумон», ки нашрияи сарвари ҷадидияи туркони Русия Исмоили Ғаспарӣ (1851—1914) буд, рӯзномаи туркии «Вақт», ки тоторҳои Оренбург чоп мекарданд, инчунин маснавии форсии «Миръоти ибрат» (1913), ки ба қалами шоири тоҷик Сайид Аҳмадхоҷаи Саддиқии Аҷзӣ тааллуқ дорад ишора шудааст.
Сарчашмаҳои афкори нави равшанфикрони тоҷик дар ибтидои садаи бист хеле гуногун буда, гоҳ аз кишварҳои дурдасти Шарқу Ғарб оғоз меёбад. Ҷустуҷӯҳои андешапардозони варзидаи мусулмонони туркнажоди Русия, фалсафаи иҷтимоии баъзе озодандешони Эрон, Ҳинд, Туркия, Миср ва ғайра дар равшангарии тоҷикӣ нақше дорад. Назариёти Ҷалолиддини Афғонӣ (1838—1897) ва Муҳаммади Абдӯҳ (1849—1905) низ то андозае ба дастраси ҷадидони Осиёи Миёна, аз ҷумла, ҷавонбухориён қарор доштааст. Равшангарони тоҷӣк дар Бухоро маҳз ба тақлиди ҷавонтуркони Туркия ҷавонбухориён низ номида шудаанд, ки ин худ ишорае ба таъсири равшанфикрони Туркия аст. Чунон ки ҳама олами ислом ба ҷунбиш омада, ҳама Шарқи мазлум ба сӯи ҷаҳони наве роҳ пеш гирифта буд, мунавварфикрони ҷавони тоҷик низ миллатро аз чанголи ҷавру зулм, аз хориву афсурдагӣ ва ақибмондагӣ наҷот додан хостанд.
Ҳамчунон ки дар садаи нӯҳу даҳи мелодӣ, дар аҳди оли Сомон масъалаи растагорӣ — раҳоӣ ва наҷот дар афкори иҷтимоъӣ аз мавзӯъҳои асосӣ буд, аз охирҳои садаи XIX дар навиштаҳои Аҳмади Дониш ва дигарон боз растагории миллӣ фармудаи таърих дониста шуд. Растагории миллиро аз «кушодани фикр» ва расидан ба фарҳанги замонӣ оғоз ниҳодан хостанд ва ин корро аз омӯзишу парвариши кӯдак ибтидо кардан лозим донистанд. Абдуррауфи Фитрат дар тарбия рисолае навшит, ки «Роҳбари наҷот» ном дорад. Айнӣ ба кӯдак чунин муроҷиат кард:
Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад.
Мактаб ба ту дод илму одоб,
Мактаб ба ту дод дурри ноёб.
(8-238).
Ин аст, ки «илму одоб»-ро «дурри ноёб» ва мактабро «сабаби наҷот» ба шумор оварданд, яъне маънавиятро шаҳсутуни бинои нави зиндагонии одамвор ҳисобиданд ва бо ин андеша амал сар карданд.
Соли 1903 мулло Абдулқодири Шакурӣ (1875—1943) дар Самарқанд мактаби усули нав кушод ва муваффақ шуд, ки бача дар шаш моҳ хатту савод бароварад ва сипас аз ҳисоб, ҷуғрофия, таърих ва ғайра маълумоти ибтидоӣ пайдо кунад. Ҷавонбухориён аз ин илҳом гирифта шоирони намоёни замон Мирзо Абдулвоҳвди Мунзими мазкур, ки низ аз дастпарвардони Садри Зиё буд, Садриддини Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ (1884— 1946) ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ (ки 9-и марти 1918 аз дасти ҷаллодони амир кушта шуд) соли 1908 дар Бухоро мактаби нав кушоданд. Садри Зиё ва ду-се нафари дигар барои харҷи ин мактаб ва таблиғоти равшангарон ҳар моҳ маблағи муайян медоданд. Айнӣ дар ин мактаб омӯзгор буд ва китобҳои дарсие ба номи «Таҳзибуссибён» (китоби хониш, 1910 ва 1917), «Заруриёти диния» («Таълими имон», 1914) ва «Тартилулқуръон» (ки соли чопаш маълум нест) навишт. Ин мактаб ба иғвои муллоҳои иртиҷоъӣ баъди як сол баста шуд ва чанде ба тарзи пинҳонкорӣ амал кард. Айнӣ, Мунзим, Меҳрӣ, Ҳамдӣ ва чанд нафари дигар соли 1910 дар Бухоро ба номи «Тарбияи атфол» як «ҷамъияти махфӣ» таъсис доданд, ки мактабҳои усули нав мекушод, ба вилояту кишварҳои дигар барои таълим талаба мефиристод. Айнӣ гуфтааст, ки «маромномаи ин ҷамъият фақат илмӣ буда, дар низомномаи он барои эҳтиёт «ҷамъ- ият мутлақо ба сиёсат дахл намекунад» навишта шуда бошад ҳам, аъзоёни ҷамъият халқро ба ислоҳоти умумӣ ташвиқ карда, фасодҳои тарзи идораи амирро фош намуда, аҳолиро бар зидди ин идораи золимона бармеангехтанд»6-Мақсадҳои асосӣ дар ин ҷамъият дар арафаи ииқилоб — соли 1917 боло гирифт, аммо то ин гоҳ «Тарбияи атфол» асосан як созмони фарҳангӣ буда, фаъолияти густурдаи равшангарӣ дошт.
Мароми аслии матбуоти ҷадида, аз ҷумла «Бухорои Шариф» (1912), ки якумин рӯзномаи форсии тоҷикист, рӯзномаи «Тӯрон» (1912), ки равшангарони тоҷик барои ноҳияҳои ӯзбекзабони Бухоро ба забони туркӣ таъсис доданд , низ маорифпарварӣ ва фарҳанггустарӣ буд. Нашрияҳои ҷадидони Самарқанд— рӯзномаи «Самарқанд» (49-14—19:15) ва маҷаллаи «Ойина» (1914—1915), ки ҳардуро муфтӣ Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ ба туркию форсӣ нашр мекард, низ масъалаҳои мухталифи зиндагиро аз дидгоҳи равшангарӣ баррасӣ кардаанд. На танҳо дар ин баррасӣ дахл шудани сиёсат, балки кӯшиши тараққихоҳон барои кушодани чашми мардум ба оламу одам, ба ҳоли кишвару миллат, кӯшише барои раҳнамоӣ ба сӯи ҳаёти маънавӣ, фарҳанги замонӣ ва илму дониши нави аврупоӣ буд.(Чунончи он гуфтаи Сиддиқии Аҷзӣ, ки «Агар аз зиндагӣ доред уммед, Урупо ҳар чи медонад, бидонед»7) '— ин ҳама боис мешуд, ки кӯтоҳбинони каҷфаҳм онҳоро такфир мекарданд, ҳамеша зери назорат медоштанд, мактабу матбуоташонро мебастанд, китобҳояшонро мусодира мекарданд.
Дар ин шароит накӯҳиши сахти тартиби мавҷудаи фуқародорӣ, ҷаҳолати муллоҳои иртиҷоъӣ, хурофот ва расму одатҳои зарарнок хеле хавф дошт. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки Садриддин Айнӣ дар осори адабӣ аз танқиди сахти замон даст кашид. Он ифшогарӣ, он талху тунд ва неши забон, кинояҳои обдор, ки дар навиштаҳои Аҳмади Дониш мебинем ва дар оғози садаи бист дар рисолаҳои Фитрат «Мунозара» (1911) ва «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ» (1912) ё дар осори Садри Зиё, чунончи дар «Тазкиратулҳумақо»-и ӯ ба назар мерасад, дар асарҳое, ки Айнӣ то соли 1917 навиштааст, дида намешавад.
Инро ақибнишинӣ аз равияи Аҳмади Дониш ва марому маслаки равшангарӣ набояд донист. Худдории Айнӣ аз танқиди ошкоро на ақибнишинӣ аз як шарти маорифпарварӣ, балки нишонаи ҷустуҷӯи имконоти бештаре барои иҷрои барномаи мусбат, нишонаи марказият додани диққат бар сари тарбияи маънавӣ буд. Маънавиятҷӯӣ ва маънавиятгустарӣ асли мақсади маорифпарварӣ буд ва дар фаъолияти Айнӣ мақоми асосӣ ба он дода шуд. Ӯ «инқилоби илмӣ» мехост, ки маънои он дигаргунии куллии фарҳангӣ буд. Ва мужда медод, ки «дар байни мардуми Бухоро фикри инқилоби илмӣ пайдо шуд»8- Маорифпарварони тоҷик барои эҳёи маънавии миллат мубориза мекарданд.
Садриддини Айнӣ муборизи роҳи маънавият буд ва ҷавҳари таълимоти равшангарии тоҷикӣ дар эҷодиёту фаъолияти ӯ аз баъзе ҷиҳатҳо барҷаста падид омадааст. Вай чунон ки баъд аз инқилоб гуфтааст, «кушодани фикри мардуми Бухороро, ки дар зери идораи асримиёнагии сахти амир ва таъсири муллоҳои мутаассиб ях баста буд» (1 — 59), лозим медонист ва ин яхро бо нури матбуот, илму дониш ва маърифатомӯзӣ об кардан мехост.
Аз ин ҷиҳат як шеъри ӯ, ки ба номи «Нидо ба ҷавонон» соли 1914 дар маҷаллаи «Ойина»~и Самарқанд (№5) чоп шуда буд, ҷолиб аст. Ин шеър дар тазмини байти:
Ҳар сарви саҳӣ, ки боғбон кишт,
Охир ҳама ҳезум асту ангишт.
гуфта шудааст. Матни пурраи шеъри Айнӣ ин аст:
Ҳар сарвқаде, ки қад барафрохт,
Охир ба мағоки хок ҷо сохт
Ҳар маҳрухе, ки рух барафрӯхт,
Охир ба шарораи фано сӯхт.
Ҳар гул, ки ба навбаҳор бишкуфт,
Охир ҳамаро хазон чу хас рӯфт.
Ҳар ҷост, ки обшору гулгашт,
Охир шуданист хушк чун дашт.
Ҳар қаср, ки сохт дасти меъмор,
Дар дасти фаност охири кор
Ҳар моҳ, ки ёфт авҷи иқбол,
Гардид ҳилол охири ҳол.
Дар сафҳаи рӯзгор аз кас
Номи баду нек монаду бас.
Эй дил, чу гузаштанист, айём,
Бар хурду бузург, кому ноком,
Он беҳ, ба замини зиндагонӣ.
Тухми амали накӯ фишонӣ.
Чун моҳ, ба авҷи комронӣ
Бар рӯи ҷаҳон зиё фишонӣ.
Чун боғ ба вақти навбаҳорон
Бикшой дили ҳазини ёрон.
Чун сарв агар самар надорӣ,
Аз сояи худ бубахш боре
Чун меҳр туро чу нест тобе,
Боре чун абр пош обе.
Чун абр гар оби дилкашат нест,
Охир на зи оҳ оташат нест.
Дар мавриди эҳтёҷ оташ
Кам нест зи оби хубу дилкаш
Бахшой ба қадри иститоат
Аз умр ба хидмати ҷамоат.
(8—289—240).
Ин аст, ки устод Айнӣ ба қадри тавон адо кардани хидмати ҷамоатро вазифаи асосӣ медонад. Агар дар мавриди зарурат истифода аз оташро ҷоиз шумурдааст, на оташи оламсӯзи хашму ғазаб, балки оташе, ки масалан дар зимистон тану ҷонро роҳате бахшад, дар назар аст. Хосту ниёзи ӯ аз ҳар касе ин аст, ки чун моҳ «бар рӯи ҷаҳон зиё фишонад» ва шаби торикро равшан кунад.
Аз ҳама назму насре, ки устод солҳои фаъолияти равшангарӣ — аз оғози қарн то соли 1917 навиштааст, ошкор аст, ки ӯ васияти Аҳмади Донишро ба ҷо овардан мехоҳад, дар роҳи дафъи ноинсофиву беадолатӣ, дар роҳи ислоҳи инсон ва ҷомеа ҷаҳду ҷадал карданист, вале на ба роҳи инқилоб, балки ба роҳи равшангарӣ ва ислоҳоти маорифпарварона ба сарманзили мақсуд расидан ният дорад.
Дар Бухоро ва Туркистон бисёр ҷадидон роҳи инқилобии расидан ба дигаргуниҳои иҷтимоъиву иқтисодӣ ва фарҳангиро рад карда.
роҳи ислоҳоти маорифпарварона ва равшангаронаро пеш гирифта буданд. Аз ҷумла Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ, ки яке аз сарварони ҷадидони Туркистон буда, андешаи ӯ дар байни ҷавонони тараққихоҳ эътибори баланде дошт, чунин ақидае пеш рондааст. Шояд дар маҷаллаи «Ойина», ки Беҳбудӣ чоп мекард, нашр гардидани шеъри Айнӣ «Нидо ба ҷавонон» як нишонаи ҳамфикрии муаллифу ношир дар масъалаи роҳҳои амалӣ кардани фикрҳои маорифпарварӣ бошад.
Ба пиндори мо, муносибати Садриддин Айнӣ ба Абдуррауфи Фитрат низ аз ҳамин бинишгоҳ муайян шудааст ва баъд тағйир ёфтааст.
Медонем, ки Айнӣ Фитратро бағоят ҳурмат мекард, дар китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» ӯро «бародар Фитрат» номидааст ва «муҳаррири оташзабон» донистааст. Соли 1921 дар бораи маҷмӯаи шеърҳои Фитрат «Сайҳа», ки соли 1910 дар Истанбул ба чоп расида буд, гуфтааст: «Шоир дар ин маҷмӯа аз ҷабру зулме сухан меронад, ки олами ҷаҳонгирон дар ҳакқи олами Шарқ ва ислом мекарданд. Агар бигӯем, ки ин асар ба хонандагон чун қувваи электр таъсири сареъ ва қавӣ дошт, ҳаргиз муболиға накардаем» Он гоҳ Айнӣ равияи танқидии Фитратро низ маъқул дониста, фазилати рисолаи «Баёноти сайёҳи ҳиндӣ»-ро дар ин дида буд, ки «дар ин асар аҳволи илмӣ, сиёсӣ ва иқтисодии Бухоро бераҳмона, гоҳо ба тариқи ҳаҷв танқид шуда буд»10. Рисолаҳои баъдии Фитрат «Раҳбари наҷот» (1915) ва «Оила» (1916) ба марому маслаки Айнӣ бештар наздикӣ доштанд. Вай якумиро «китоби ахлоқ ва иҷтимоиёт» (асосҳои иҷтимоии ҳаёт) ва дувумиро асаре оид ба «ислоҳи ҳаёти оилавӣ» ҳисобидааст.Алҳақ, Фитрат дар ду рисолаи охир бунёди маънавию ахлоқии ҳастии инсон ва ҷомеаи ояндаро муайян кардан мехоҳад ва гӯё ҷузъе аз барномаи навсозии маорифпарваронаи ҳаёт пешниҳод намудааст.
Лекин бо наздик расидани инқилоб миёни Айнӣ ва Фитрат носозӣ пайдо шуд. Пас аз инқилоби феврали 1917, ки дар Русия тахту тоҷи Романовро сарнагун карданд, ҷамъияти махфии равшангарони Бухоро қатъан ба ду гурӯҳ тақсим шуд. Айнӣ дар як гурӯҳ ва Фитрат дар гурӯҳи дигар қарор ёфтанд. Ҷадиди ҷавон Файзулло Ҳоҷаев (1896—1938), ки дар гурӯҳи Фитрат буд, бо сарзаниш гуфтааст, ки гурӯҳи ҷадидони солхӯрда Айнӣ, Мунзим, Ҳамдӣ, Меҳрӣ ва дигарон «тарафдори ислоҳоти бидуни тазалзулҳо, бахусус талотумҳои инқилобӣ буданд» ва «мегуфтанд, ки намоишу тазоҳуроти инқилобӣ, метавонад ҳатто хунрезӣ ба бор оварад»11 Ба гуфти Ф. Хоҷаев гурӯҳи дувум—гурӯҳи ҷадидони ҷавон ҳавои амалиёти қатъӣ дар сар дошт, иборат аз «як ҷараёни фаъолу инқилобӣ буд, ки ҳатто аз шӯриши мусаллаҳона наметарсид»12-
Ба ақидаи мо он чи Файзулло Хоҷаев дар бораи худдории Айнӣ ва баъзе тараққихоҳони солдида аз муборизаи инқилобӣ гуфтааст, ба ҳақиқат рост меояд, зеро ба он чи худи Айнӣ навиштааст, мухолиф нест.
Дар ҳақиқат Айнӣ дар соли 1917 зидди ҳаракатҳое буд, ки ба ҷунбиши инқилобӣ монандие дошта бошад. Чун амири Бухоро 7 апрели 1917 фармони ислоҳот нашр кард ва «ҷадидони ҷавон» хостанд «намоиши шодиёна ва шукрона» барпо намоянд, Айнӣ якё аз онҳое буд, ки қатъиян ба муқобили намоиш бархостанд. Айнӣ мегуфт, ки агар намоиш шавад, амир «намоишро баҳона карда, аксулҳаракат мехезонад» (1 — 78). Дар ҳақиқат 8 апрел «ҷадидони ҷавон» ба «намоиши шукрона» баромада буданд, ки аксулҳаракат хост, «одамони амир баъзе ба намоиш иштирок кардагонро дастгир карда ҳабс карданд» (1 — 79). Айнӣ дар ин тазоҳурот ширкат наварзид. Бо вуҷуди ин 9 апрел Айниро дастгир намуда, 75 дарра таъзир карданд.Ҳукми 75 дарра баробари ҳукми қатл буд ва дар ҳақиқат Мирзо Нарзуллоҳи ҷадид, ки он рӯз баробари Айнӣ 75 чӯб -хӯрд, пас аз се рӯз фавтид. Вале Айнии ҷонсахт намурд ва баъди 52 рӯзи муолиҷаи пизишкони касалахонаи Русия андаке сиҳат ёфта, ба Самарқанд паноҳ бурд ва дигар то охири умр он ҷо зиндагӣ кард.
Сабаби асосии ин, ки Айнӣ аз Фитрат, Файзулло Хоҷаев ва шарикони онҳо алоқа бурид, он буд, ки баъзе «ҷадидони ҷавон» аз рӯи худғаразӣ ҳаракати инқилобӣ сар карда буданд ва аз инқилоб мақсадҳое доштанд, ки аз озодихоҳӣ ва маърифатпарварӣ дур буд.
Инқилобхоҳии онҳо натиҷаи таҳаввули ақидаҳои маорифпарварӣ, пайомади як фароянди тадриҷӣ ва кам-кам аз маорифпарварӣ ба демократияи инқилобӣ гузаштани онҳо набуд.Баръакс онҳо хилофи идеалҳои маорифпарварӣ рафта, бо мақсадҳои нопоке ба роҳи моҷароҷуӣ даромада буданд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё