Зеҳн

Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Дуюм

АХ
Ахбор29 октябри 2024 · 9 дақиқа хондан

ДАР БАЁНИ ПИРУ МУРИД ВА ОН ЧӢ ТААЛЛУҚ БАД-ОН ДОРАД

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР БАЁНИ ОН КИ ДАР ТАРИҚ, ЭҲТИЁҶ БА ПИРИ КОМИЛ ҲАСТ Ё НЕ?

Бидон, ки дар роҳи тариқат ба пир эҳтиёҷи тамом аст... Оид ба ин масъала Салмони Соваҷӣ фармудааст:

Раҳбаре чў, ки дар ин бодия ҳар сў роҳ аст, Марди саргашта чӣ донад, ки куҷо бояд рафт!

...Ҳамчунин, Ҷалолиддини Румӣ мефармояд:

Пир тобистону халқон тирамоҳ,

Халқ монанди шабанду пир моҳ...

Барнавис аҳволи пири роҳдон,

Пирро бигзину айни роҳ дон.

ФАСЛИ ДУЮМ

ДАР ШАРОИТИ ШАЙХӢ

Бидон, ки дар роҳи тариқат роҳзанон бисёранд, ки доми ҳилла ниҳодаанд, то кўтаҳназаронро ба донаи зарқу фиреб гирифтор созанд. Пас, касеро ба пирӣ бояд гузид, ки шароити пирӣ ва аркону меъёри он дониста бошад ва ҳосил карда, чуноне ки Мавлавӣ гуфтааст:

Чун басе иблиси одамрўй ҳаст,

Пас, ба ҳар дасте нашояд дод даст.

Агар пурсанд, ки шайх ,чӣ маънӣ дорад, бигўй, шайх дар луғат пирро гўянд ва дар истилоҳи аҳли фақр шайх касеро гўянд, ки худ комил бошад ва тавонад, ки дигарро ба камол расонад ва ба шароиту аркони шайхӣ доно бошад.

Агар пурсанд, ки шароити шайхӣ ва мурид гирифтан чанд аст, бигўй, бист шарт мебояд, то касе пири комил бошад ва мурид тавонад гирифт. Аввал, он ки эътиқоди ў пок бошад, то мурид ба воситаи ақидаи ў аз роҳи рост наяфтад. Дуюм, бояд ки ба қадри зарурат илм дониста бошад ва аз илми фақр ва тариқат низ баҳраманд бувад, то ҳар мушкиле, ки муридро пеш ояд ҳал кунад. Сеюм, бояд ки бо ақли меодӣ (қавлу қарор кардан) ақли маош дошта бошад, то дар тар-бияи мурид ба шарт истодагӣ тавонад кард. Чаҳорум, бояд, ки сахӣ ва ҷавонмард бошад, то муридро аз ғуссаву дағдағаи хўроку либоси зарурӣ фориғ тавонад сохт. Панҷум, шуҷоъ бояд, то аз маломати халқ ва фитнаи эшон наандешад ва муридиро ба қавли ҳар касе рад накунад. Шашум, афиф-ал-нафс ва покдоман бояд, ки ба номаҳрам назар накшояд, то мурид аз вай дар гумон наяфтад. Ҳафтум, олиҳиммат бояд ва тамаъ аз моли мурид бурида дорад. Ҳафтум, мушфиқ бояд, то дар ҳаққи муридон марҳамат фурў нагузорад. Нӯҳум, ҳалим бояд, то бар ҳар ҳаракате, хашм нагирад. Даҳум, соҳиби авф бояд, то агар аз мурид ҳаракате, ки ба тариқ рост набошад, дар вуҷуд ояд, авфро кор фармояд. Ёздаҳум, хушхулқ бояд, то мурид дар сӯҳбати ў дуруштхўй нашавад. Дувоздаҳум, соҳибнисор бояд, то аз худ боз гирад ва ба мурид расонад. Сездаҳум, карим бояд, то муридро ба ҳиммат аз худ баҳраманд гардонад. Чаҳордаҳум, мутамаккил бояд, то муридро парвариш тавонад кард. Понздаҳум, соҳиби ризо ва таслим бояд, то зиёдат ҳирс нанамояд. Шонздаҳум, бояд ки бо виқор башад, то бо муридон ба ҳурмат зиндагонӣ кунад. Ҳабдаҳум, бояд ки сокин ва собитҳол бошад ва таъҷил нанамояд, то ба оҳистагӣ дар мурид тасарруф тавонад кард. Ҳаждаҳум, бояд ки боҳайбат бошад, то муридро аз ў шукўҳ дар хотир бошад ва сухани ўро ба маҳалли қабул расонад. Нуздаҳум, бояд ки муаддаб (боадаб) бошад, то дар ғайбату ҳузури ў мурид адаб нигоҳ дорад. Бистум, бояд ки хидмати пири муршид карда бошад, то ҳар чӣ аз пир дида бошад бо мурид ба кор барад.

Агар пурсанд, ки аркони шайхӣ чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, маърифати комил, яъне худро шинохта бошад. Дуюм, фаросати тамом, ки чун назараш бар мурид афтад донад, ки аз мурид чӣ меояд ва ўро чӣ кор мебояд фармуд. Сеюм, қуввате ба камол, ки чун мурид ба ақбае дармонад, ба қуввати маънавӣ тавонад, ки ўро аз он бираҳонад. Чаҳорум, истиғнои тамом. Панҷум, ихлоси болиғ, ки аз рўю риё бартараф бошад ва ҳеҷ касро ба воситан молу чоҳу мансаб таъзим накунад. Шашум, ростӣ ва дўстӣ, ки сухани ҳақ аз ҳеҷ кас боз нагирад ва дар сухан гуфтан майлу мудоҳана (дурўягӣ) накунад. Ҳафтум, шафқате ба ғоят, то масолеҳи мурид ва умумро бар масолеҳи худ муқаддам дорад.

Агар, пурсанд, ки меъёри шайхӣ кадом аст, бигўй, он ки мурид ба куллӣ аз дили вай салб (ғорат) карда бошад, то муридро мурод тавонад сохт.

Агар пурсанд, ки воҷиботи шайхӣ чанд аст, бигуй, чаҳор: Аввал, он ки муридро аз ҷамии қудуратҳо бираҳонад. Дуюм, он ки ҳар чӣ муридро фармояд, бояд ки ба ҷой оварда бошад ва ҳар чӣ муридро ба рад даъват кунад, худ низ тарк карда бошад. Сеюм, он ки худро чун чўпон донад ва муридро чун рама, ба ҳеҷ навъ дар муҳофизати эшон тақсир накунад. Чаҳорум, он ки дар моли мурид ба ҷиҳати худ тасарруф накунад ва дар муҳиммоти худ ба кор набарад.

Агар пурсанд, ки исботи шайх чист, бигўй, бар мисоли дарё будан, яъне ба ҳеҷ нав тағйиру табдил ба худ роҳ надиҳад ва ҳама чизро таҳаммул кунад...

Агар пурсанд, ки нури шайхӣ чист, бигўй, он ки му- ридро аз зулмоти куфру ширк (шубҳа) бираҳонад ва ба сарманзили ҳидоят ва сарҳади наҷот бирасонад.

Агар пурсанд, ки адаби шайхӣ чист, бигўй, он ки назари хиёнат ба ҳеҷ кас накунад ва бар ҳама мушфиқу меҳрубон башад.

Агар пурсанд, ки пири ҳақиқӣ кист, бигўй, он ки шаш панд: аз бедории шаб, омўхтани илм, наншастан бо бадон, аз ғайбату дурўғ эмин доштан, хушнудии халқ ва ғайра аз мурид бознадорад.

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР ОДОБИ МУРИД ВА ШАРОИТИ ОН

Бидон, ки ирода давлати бузургест ва дар дили мурид чун пайдо шавад, тухми ҳамаи саодатҳост. Чунончи, Шайх Саъдӣ фармудааст:

Иродат надорӣ саодат маҷўй,

Ба чавгони хидмат тавон бурд гўй.

Шак нест, ҳар он кӣ беиродат аст, бесаодат аст...

Агар пурсанд, ки мурид чӣ маънӣ дорад, бигўй, му-рид аз рўи луғат хоҳандаро гўянд ва то хости ботин набувад, ҳеҷ муомилае неку зоҳир наояд ва мурид ба забони тариқат он бувад, ки аз ҳама муродҳои нафс озод бошад ва ўро ҳеҷ хост набувад магар ба хости пир.

Агар пурсанд, ки муридро чанд сифат бояд, то муридро шояд, бигўй, даҳ сифат: Аввал, бояд ки болиғ бошад, ки агар болиғ набошад ўро тавба натаван дод ва чун тавба надошта бошад, муридиро нашояд. Дуюм, оқил бошад, ки агар оқил набошад, суханро дарнаёбад. Сеюм, бояд ки муслим бошад, то тавба бар ў тавон хонд. Чаҳорум, бояд ки толиб бошад, яъне ба ҷидду ҷаҳд қадам дар роҳи талаб ниҳад, то тараққӣ тавонад кард. Панҷум, бояд ки содиқ бошад, ки агар содиқ набошад маърифати пир дар дили вай ҷой нагардад ва чун сухани пирро дар дили ў асар набошад ба мақсад нарасад. Шашум, бояд ки тобеъ бошад, яъне дар мутобиати пир ҳеҷ нукта фурў нагузорад. Ҳафтум, мударрик бошад, яъне тезҳушу зирак, то роҳи дурустро ба зудӣ дарёбад, Ҳаштум, қобил бошад, яъне сухани пирро ба ростӣ қабул кунад, то мақбули хотири вай гардад. Нўҳум, бояд ки қонеъ бошад, яъне бад-он чӣ зарурат аст аз хўрдан: ва пўшиданӣ қаноат кунад ва зиёдатӣ наталабад, то аз кору бор намонад. Даҳум, бояд ки солим бошад, яъне даст ба пири дигар надода бошад ва дар байати дигаре наомада, зеро ки байат якест.

Агар пурсанд, ки одоби мурид чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал, он ки дар кори худ нек нигоҳ кунад. Дуюм, ба эътиқоди дуруст пеш ояд. Сеюм, чун ба назари пир расад, тарки одат ва ҳаловати худ гирад. Чаҳорум, чашм аз ҳама нодиданиҳо барканад. Панҷум, гўш аз ҳама ношуниданиҳо бибандад. Шашум, даст аз ҳама нокарданиҳо кўтоҳ кунад. Ҳафтум, ба касе ки мухолифи пири вай бошад, муносибат накунад.

Агар пурсанд, ки аркони муридӣ чанд аст, бигўй, шаш: Фармонбардорӣ, ростгўӣ, вафодорӣ, пандпазирӣ, камозорӣ ва роздорӣ...

Агар пурсанд, ки мунтахаботи муридӣ чанд аст, би-гўй, панҷ: Покӣ кунад. Айёртабъ ва маломативазъ бошад ва аз гуфту шуниди мардум бок надорад.. Қаландарсират бошад, яъне ному нанг ва мадҳу санои халқ ба нисбати ў яксон бошад. Қавидил бошад ва аз хотирҳо наандешад. Ниёзманд бошад.

Агар пурсанд, ки ҷавҳари муридӣ чист, бигўй, хуш-нудии бародарони тариқ.

Агар пурсанд, ки зинати муридӣ чист, бигўй, он ки ба бист сифат ароста бошад: Зўҳд; тақво; муҷоҳида; шуҷоат, ки дар муҳарибати нафси худ далер бошад; базлу исор (бахшиш) аст, ки дар ҳаққи ҳама ба ҷой оварад; сидқ, ки бинои кори худ ба ростӣ ниҳад; омўхтани илм бад-он миқдор, ки аз худ берун ояд, яъне худшинос гардад; адаб, ки пайваста риоят кунад; ҳусни хулқ, ки ба ёрон тангдилӣ накунад ва дуруштхўӣ наварзад; фидокор бошад; инсоф, яъне ҳамеша инсоф диҳад ва инсоф наталабад..., камозорӣ, ки ранҷ аз ў ба касе нарасад; хомўшӣ, ки андаксухан бувад ва он чӣ гўяд айни савоб бувад; олиҳиммат, яъне хасистабъ набошад ва ба корҳои хурд сар фурў наорад; амонатдор бошад; раҳмат, яъне бар ҳама кас мушфиқ бошад; фармонбардори падару модар ва пиру устод бошад, Ҳар кӣ ба ин сифатҳо ороста бошад, муриде бувад дар ғояти оростагӣ.

Агар пурсанд, ки ғусли мурид чист, бигўй, он ки аз сӣ сифат пок бошад: сарватдўстӣ; ҷоҳталабӣ; ҳуббӣ (дўст доштани) ному номус (шўҳрат); майли ҳусну ҷамол ба нопокӣ; ҳирс; ҳасад; ҳиллаву макр; кибр; кинаву адоват; ғурур; фисқу фасод; озмандӣ; ғафлат; шакку ваҳм; дурўғ; бўҳтон; нифоқ; риё; ҳаромхўрӣ; ҳавас; тамаъ; лаҳву лаъб; ғаразпардозӣ; тақсир дар тоат; фаҳш: суханчинӣ; айбҷўӣ; ғаммозӣ ва дурўӣ. Ҳар кӣ аз ин сӣ сифат пок бувад муриде бошад, ки дар сарчашмаи таҳорат ғусли тариқат бароварда бошад.

Агар пурсанд, ки сармояи муридӣ чист, бигўй, эъти-қоди пок ва дилравшанӣ.

Агар пурсанд, ки қонуни муридӣ чист, бигўй, ҳар чӣ бахуд писандад ба дигаре писандад ва ҳар чӣ ба худ раво надорад ба дигаре раво надорад.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР КАЙФИЯТИ МУРИД ГИРИФТАН

Агар пурсанд, ки аз мурид гирифтан чанд чиз ме-бояд, бигўй, бисту ҳашт: Аввал, ан ки шароити шайхӣ пеши вай ҷамъ бошад. Дуюм, тавба. Сеюм, байат, ки дасти ў бигиранд ва бигўянд: бигў байат кардам ва дар силсилаи аҳли футувват даромадам. Чаҳорум, калимаи тариқат бар вай хонанд, ки баъзеҳо тариқатро бар тавба вобаста донистаанд. Панҷум, саҷҷода андохтан. Шашум, бародарони тариқро ҷамъ свардан. Ҳафтум, муридро эҳтиёт кардан. Ҳаштум, ба ду зону нишастани пиру ҷамоат. Нўҳум, сухани бисёр нагуфтан. Даҳум, бисёр дар худ нигоҳ накардан...

Агар пурсанд, ки аз пир чӣ дорӣ, бигўй, нақши хуш-нудӣ. Агар пурсанд, ки перояи пиру муридӣ чист, бигўй, аз мурид хидмату вафо ва аз пир ҳиммату ато...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба