Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Сеюм
ДАР БАЁНИ НАҚИБ ВА ПАДАРИ АҲДУ УСТОДИ ШАДД ВА ШОГИРДУ БАЙАТИ ШАДД ВА ШАРОИТУ ОДОБ ВА АРКОНИ ОН
ФАСЛИ АВВАЛ
ДАР БАЁНИ НАҚИБ
Агар пурсанд, ки нақиб чӣ маънӣ дорад, бигўй, нақиб дар луғати араб шиносандаро гўянд. Яъне нақиб шиносандаест ва ўст гуваҳи қавму замони эшон. Дар истилоҳ нақиб онро гўянд, ки тафаҳҳуси холҳо кунад, яъне нақиб ан кас, аст, ки ўро фазоили бисёр ҷамъ шуда бошад (яъне донишманди забардаст бошад).
Агар пурсанд, ки киро бояд нақиб номид, бигўй, он кас, ки даҳ сифат вайро ҷамъ бошад: Аввал, он ки олим бошад. Дуюм, омил бошад. Сеюм, роҳрафта бошад. Чаҳорум, раҳнамо бошад. Панҷум, носеҳ бошад. Шашум, некхоҳ бошад. Ҳафтум, сахӣ бувад. Ҳаштум, хушхўй бошад. Нўҳум, ҳақгўй бошад. Даҳум, сирпўшон бошад.
Агар пурсанд, ки ҳуруфи нақиб чӣ маънӣ дорад; би-гўй, «Н» — ниёз «Қ» — ишорат ба қабул аст; Нақиб бояд ки ҳама фарзандони тариқро ба муҳаббат қабул кунад, то мақбули умум бошад. «Й» — ишорат бэ ёриву ҳаводорӣ аст. «Б» — ишорат ба беҳбудӣ аст. Нақиб бояд беҳбудии аҳли футувват талабад, то аз ҳама беҳтару меҳтар бувад....
ФАСЛИ ДУЮМ
ДАР БАЁНИ ПАДАРИ АҲД
Агар пурсанд, ки падари аҳд кист, бигўй, он кӣ фар-занд ба аҳд дарозарад.
Агар пурсанд, ки чӣ гуна ба аҳд дароварад, бигўй, чунон ки падар гўяд ба аҳл даромадӣ, ки мутобиати шайтон накунӣ ва аз макруҳош бипарҳезӣ, гўяд даромадам ва аҳд кардам, ки хилоф накунам.
Агар пурсанд, ки аҳдномаи тариқ кадом аст, бигўй, он кӣ мурид дар иҳотаи ҳозирон, ки гувоҳанд ният карда ба ҳалқаи фатиён дохил гардад...
ФАСЛИ СЕЮМ
ДАР БАЁНИ УСТОДИ ШАДД (КАМАРБАНДИ ВАФОДОРӢ) ВА ШАРОИТИ ОН
Бидон, ки ҳеҷ коре бе устоде муяссар намешавад ва ҳар кӣ бе устод коре кунад, бебунёд бошад. Нақл аст, ки агар касе ба мартабаи кашфу каромат расад ва корҳои куллӣ аз ў дар вуҷуд ояд ва ўро устоде (ҳеҷ устоде) ба устодӣ дуруст набошад, аз ў хеҷ коре наояд ва кори ў ҳеҷ чизро нашояд ва ин ҷо гуфтаанд:
Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Пас, ҳар кӣ хоҳад (ки коре) ба асл бошад, ибтидо ба устоди комил бояд кард... Ба ғояти далел равшан аст, бар он ки устод. бояд ва бе мутобиати устод аз хеҷ кас коре наояд:
Ҳар кӣ бе устод кард оғози кор,
Кору бори ў надорад эътибор.
Домани устод гиру шод шав,
Муддате хидмат куну устод шав.
Ва дар нн роҳ он касро ки миёни касеро бандад, ўро устоди шадд гўянд ва шогирдро, ки даъвои миён бастан дорад, халаф гўянд ва фарзанди тариқ низ хонанд.
Баъд аз он ки шахси соҳибсаодат ба баракати нури иродат домани пири соҳибкамол ба даст овард ва доияи он кард, ки дар зумраи футувват дохил гардад ва аз ҷамъи миёнбастагон шавад, ўро аз устоди шадд чора нест... Ҳар касе устодиро нашояд, балки марде комилу мукаммал бояд, то қавоиди ии кор ба ҷой оварад.
Агар пурсанд, ки шароити устоди шадд чанд аст, бигўй, шаш: Аввал, он ки устоди комил миёни вай баста бошад, ки агар марде даст ба миёни ў нарасонида бошад, ўро нарасад, ки даст ба миёни фарзанде (шогирд) расонад. Дуюм, он ки ҳар сифате, ки дар футувват аст ўро ҳосил бошад.
Сеюм, он ки хурдаҳои тариқат дониста бошад ва нуқтаҳои муҳаққиқон маълум карда, то ба фарзаад расонад.
Агар пурсанд, ки устоди комил кист, бигўй, он ки покмазҳаб ва бино бо айби худ, доно ва соҳибтамиз бошад, ҳасуду кинадор ва бахил набошад.
...Чаҳорум, бояд ки устоди миён бастан... онро аз рўи ростӣ донад, то пай ба асл бурда бошад.
Панҷум, бояд миёни фарзандро дар маҳфиле бан-дад, ки шайху нақибу бародарони тариқ бошанд ва агар муяссар нашавад ба ҳузури ҷамъе миён бастан бояд, на дар гўшаи хилвате.
Шашум, бояд ки мулоҳизаи ҳоли фарзанд намояд. ки лоиқ ҳаст, ки шадд ба ў расонад ё не? Агар лоиқ надонад, тарки миён бастани ў кунад, вагарна зулм карда бошад...
Агар пурсанд, ки аркони миён бастан чанд аст, би-гўй, шаш: Аввал он ки устод қисматҳои шадд ва навъҳои онро донад ва баён кунад. Дуюм, фарзандро то чиҳил рўз хидмат фармояд, баъд аз он бардошт кунад. Сеюм, обу намак ба маҷлис ҳозир кунад. Чорум, чароғи панҷ фатила равшан кунад. Панҷум, миёни фарзанд ба шарт бибандад, Шашум, ҳалвои шадд тартиб диҳад.
Агар пурсанд, ки мустаҳиботи миён бастан чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, саҷҷодаи (рўйҷой) шаддро андохтан; дуюм, дасти чап ба сари фарзанд ниҳодан; Сеюм, ба дасти рост фарзандро гирифтан; ...Ҳафтум, баъд аз се рўз миёни фарзанд кушодан.
Агар пурсанд, ки одоби миён бастан чанд аст, би-гўй, даҳ: Якум, пирону пешқадамонро ёд кардан; дуюм, фарзандро сафои назари бародарони тариқ кардан; сеюм, чун дасти фарзанде ба даст бигарад фотеҳаю салавот фиристодан; чорум, се қадам аз канори саҷҷода пас рафтан; панҷум, шаддро аз кафи худ ба дасти чап фуруд овардан; шашум, дар ҳар маҳалле ояте, ки маъқул аст хондан; ҳафтум, фарзандро бар қоида рўй ба роҳ кардан, яъне ҳар сухане, ки бо ў бояд, ба ростӣ гуфтан; ҳаштум, ҳалворо мизон гирифтан; нўҳум, вақти даст гирифтани фарзанд ангушти ишоратро ба ангушти ишорати ў ниҳодан; даҳум, ҳар амале, ки кунад маънии онро ба исбот боз намудан.
Агар пурсанд, ки устоди комил дар миён бастан кист, бигўй, он ки покмазҳабу бино ба айби худ ва доно ба кори мурид ва соҳибтамиз бошад ва ҳусуду кинадору бахил набошад.
ФАСЛИ ЧАҲОРУМ
ДАР ШАРОИТИ ШОГИРД
Агар пурсанд, ки бинои шогирдӣ бар чӣ чиз аст, би-гўй, ба сари иродат. Агар пурсанд, ки иродат чист, бигўй, самъу (гўш кардан) тоат. Агар пурсанд, ки самъу тоат чист, бигўй, ҳар чӣ устод гўяд, ба ҷон бишнавад ва ба дил қабул кунад ва ба тан фармон барад. Агар пурсанд, ки шогирдро чӣ беҳтар, бигўй, эътиқоди пок, ки ҳар кӣ ба мурод расид, аз рўи эътиқод расид,
Агар пурсанд, ки шогирд аз чӣ чиз ба матлуб ра-сад, бигўӣ, аз хидмат. Агар пурсанд, ки бинои хидмат бар чист, бигўй, ба тарки роҳат ва кашидани меҳнат.
Агар пурсанд, ки аркони шогирдӣ чанд аст, бигўй, чаҳор: Аввал, он ки мардона шурўъ кунад, ки шурўъ нокардан беҳ аз фурўгузошту аз роҳ баргаштан аст... Дуюм, ба сидқи тамом хидмат кардан. Сеюм, дилу забонро ба ҳам рост доштан. Чаҳорум, панд пазируфтан ва ҳар чӣ аз устод шунавад, ёд гирифтан.
Агар пурсанд, ки одоби шогирд чанд аст, бигўй, ҳашт: Аввал чун дарояд, ибтидо ба салом кунад. Дуюм, дар пеши устод кам сухан гўяд. Сеюм, сар дар пеш андозад. Чаҳорум, чашм ба ҳар ҷой накшояд. Панҷум, агар хоҳад, ки масъала пурсад, аввал дастур (иҷозат) талабад. Шашум, чун ҷавоб гўяд, эътироз накунад. Ҳафтум, дар пеши устод ба касе сухани саргўшӣ (гўшакӣ) накунад. Ҳаштум, ба ҳурмати тамом нишасту бархост кунад.
ФАСЛИ ПАНҶУМ
ДАР МАЪНИИ ШАДД ВА ОН ЧӢ БАД-ОН МУТААЛЛИҚ АСТ
Агар пурсанд, ки шадд чӣ маънӣ дорад, бигўй, шадд аз рўи луғат панҷ маънӣ дорад: Аввал, устувор кардан. Дуюм, ҳамла бурдан. Сеюм, давидан. Чорум, қувват додан. Панҷум, баланд баромадани офтоб. Аммо аз рўи истилоҳ шадд вафо карданро гўянд ба аҳли мардон ва таслим шудан ба амри пирон.
Агар пурсанд, ки миёни луғат ва истилоҳ дар маъ-нии шадд чист? Бигўй, аввал аҳд кардан устувории кори солик аст, чун шахсе миёнбаста шуд, албатта ба аҳд вафо кунад. Дуюм, миёни вай баста шуд, дарҳои мухолифати нафс бихоҳад кушод, пас, гўё ки бар душман ҳамла макунад ва ба душмантарини душманон муҳориба мебарад. Сеюм, чун миён баста шуд, дар роҳи сулук тезтар меравад ва огоҳтар сўй манзили мақсуд меравад. Чорум, ба воситаи миёни бастагӣ қуввати дигаре дар ботини ў падид меояд... Панҷум, фарди миёнбастаро иртифое бар фалаки тариқат падид меояд, чуноне ки офтобро бар фалаки сурат ва аз партави аввори ҷамол дилаш равшан мегардад. Мисли он ки аз шуои офтоб замин нур ёбад.
Агар пурсанд, ки шаддро аз чӣ ранг гирифтаанд, бигўй, аз шиддату шаддат суханеро гўянд. Яъне ҳар кӣ аҳли шадд аст, ўро ба нафсу ҳаво сахтӣ бояд кард. Ҳар чӣ аз халқ ранҷу сахтӣ ба вай расад, бабояд кашид, то шадди ў дуруст бошад. Ва гуфтаанд ин лафзро аз шаддата гирифтаанд ва он некўӣ ва қуввати тамом бояд дар марди ҷавон... Инчунин ҳар киро шадд бирасад, кори ў тамом шавад ва қуввати ў ба ниҳоят расад.
Агар пурсанд, ки ҳақиқати шадд чист, бигўй, сидқу сафо, меҳру вафо ва таслим.
ФАСЛИ ШАШУМ
ДАР ҚИСМАТҲОИ ШАДД
Агар пурсанд, ки ин шадд, ки дар миёнбастагон зикр мешавад чӣ чиз аст, бигўй, шадд миёнбанд аст ва он сурати аҳду вафост. Агар пурсанд, ки миён бастан чанд қисм аст, бигўй, даҳ; Аммо он чӣ машҳур аст, панҷ аст: Якум, нафси худро куштан... Дуюм, тарки макру ҳила кардан ва файз ба халқ расонидан. Сеюм, тарки исроф ва хўрдану пўшидан... Чорум, аз сари ҳастии худ даргузаштан, яьне худро фидои халқ кардан...
Агар пурсанд, ки шадди ҳуфия кадом аст, бигўй, он кн сирри дили худ дар пеши ҳеҷ бегона фош накунад ва ба зоҳиру ботин бо ёрону бародарон муҳаббат варзад ва шафқат намояд. Бо нафс ки душмани ниҳон аст, сахтӣ кунад ва бо ў дар мақоми мадоро набошад!
Агар пурсанд, ки шадд чанд навъ аст, бигўй, ҳафт аст ва даҳ сифат дорад. Якум, салмонӣ; дуюм, сулаймонӣ; сеюм луқмонӣ; чорум, юсуфӣ; панҷум, румӣ; шашум, довудӣ; ҳафтум, мисрӣ. Агар пурсанд, ки он даҳ сифат кадом аст, бигўй: Якум, шадди алиф; дуюм, лом алиф; Сеюм, мим; чорум, мадд; панҷум, меҳробӣ; шашум, сайфӣ; ҳафтум, қавлӣ; ҳаштум, салмонӣ: нўҳум, юсуфӣ даҳум, ҳуфия.
Агар пурсанд, ки сурати ҳар як чӣ навъ аст ва та-аллуқ ба кӣ дорад, бигўй, шадди, «алиф» тааллуқ ба маддоҳон дорад; «лош алиф», ин шадди ом аст ва нодоштон; «мим» ба аҳли илму ҳикмат аст; мадд, он гиреҳ надорад ва хосаи омиён аст; меҳробӣ тааллуқи саққоён (обкашон) аст; сайфӣ тааллуқи сипоҳиён аст; қавсӣ, ин шадди аҳли қабза аст; салмонӣ шадди фаррошон аст; юсуфӣ, хоси аҳли касаба аст; хуфия, ин шаддест, ки маънии ўро нақиб донад, ки маҳрами ин тоифа аст ва ҳар киро қобилияту истеъдоди он бошад, ўро низ аз ин сирр огоҳ дорад.
Агар пурсанд, ки маънии ҳар шадд чист ва ишорати он ба куҷост, бигўй, маънии шадди «алиф» ишорат аст ба ростӣ. Маънии «ломи алиф», ишорат аст ба тарқи ҳавову ҳаваси пуч. Маънии «мим», гиреҳ бар нафс, баъзе гуфтаанд маломат кашидан аст. Маънии «мадд», кашидани бори ишқ аст. Чунон ки Ҳофиз мегўяд:
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи фол ба номи мани девона заданд.
Маънии меҳробӣ — бо нафс ҳарб кардан аст... Маъ-нии шадди сайфӣ — он ки солик ба шамшери муҷоҳидат душманони илмро, ки сифоти замима доранд, барандозад. Маънии шаддӣ қавлӣ, дар мақоми қурбу мартаба ва сирр доно гардад. Байт:
Чу тир дар талабаш рост бош, то бишносӣ,
Ки нест ҷуз ду камон аз ту роҳ то ба нишона.
Маънии шадди салмонӣ он аст, ки... навъе маош кунад, ки мардум аз ў ба саломат бошанд. Маънии шадди юсуфӣ он, ки дар тариқ бо парҳезкорӣ собитқадам бошад ва ба сухани Зулайхое ҳавои домани исмат аз даст нагузорад, то Азизи Мисрӣ каромот гардад. Маънии шадди ҳуфия — ин аст, ки сиррест аз забони покон ба гўши покон расад...
Агар пурсанд, ки шадд дар вақти бастан чанд гуна аст, бигўй, ду гуна аст: якум — таҳтонӣ, дуюм — фавқонӣ. Агар пурсанд, ки таҳтонӣ кадом аст, бигўй, он ки аввал гиреҳ ба номи шаҳмардон занад, дуюм ба номи устоди худ, сеюм ба номи худ, он гоҳ гиреҳро воруна кунад, то гиреҳи аввал боло ояд ва инро такмил хонанд. Агар пурсанд, ки фавқонӣ кадом аст, бигўй, он ки аввал ба номи худ занад ва дуюм ба номи устоди худ.
ФАСЛИ ҲАФТУМ
ДАР САНАДИ МИЁН БАСТАН
... Агар пурсанд, ки миёнбастагони аввал кадомҳо-янд, бигўй, ҳабдаҳ: якум, Салмони Форсӣ; дуюм, Абузарри Ғаффорӣ, сеюм, Аммори Ёсар; чорум, Миқдори Асвад; панҷум, Ҳисони Собит; шашум, Абўубайди Ҷарроҳ ҳафтум, Ҷобири Ансорӣ; ҳаштум, Суҳайли Яманӣ; нўҳум, Муслими Маккӣ; даҳум, Малики Аштар; ёздаҳум, Довуди Мисрӣ; дувоздаҳум, Суҳайли Румӣ; сездаҳум, Амрў бинни Умияи Замрӣ; чордаҳум, Сайфи Яманӣ; понздаҳум, Қанбари Алӣ; шонздаҳум, Ҷавонмарди қассоб; ҳабдаҳум, Абулмуҳаҷҷан.
Санади миёнбастагони Мовароуннаҳру Хуросон ва Табаристону Ироқ ва Аҷаму Араб ба Салмон мутаалиқ аст. Санади сокинони Мисру Искандария ва Ҳалабу тобеи он ба Давуди Мисрӣ, Санади аҳли Руму Мағриб ва баъзе аз ҷойҳои Озарбойҷон ба Суҳайли Румӣ ва санади аҳли Яман ва Адану Барбар, Ҳиндустон то сарҳади Чин ба Абулмуҳаҷҷан мерасанд.
Агар пурсанд, ки санади Салмониён чӣ гуна аст, бигўй, ҳар тоифаеро санади дигар бошад. Барои он ки Салмони Порсӣ миёни Алии Ансорӣ баст ва Алии Ансорӣ миёни Ашҷани Маданӣ баст ва ў миёни Абўмуслими Хуросонӣ баст ва ҳамчунин ҳар як миёни дигаре, ки мебастанд, иловаю фарқиятҳо падид меомад, ки сабаби гурўҳҳои мухталиф; риёзия, шаҳна, ҳулдия, матвия, муслимия, мавлоия ва монанди инҳо пайдо шуд. Ҳосили ҷамъ он ки ҳар миёнбастаи аҳли Хуросону Ироқ ва Мовароуннаҳр, ки санади худро ба Салмони Порсӣ дуруст мекунад, марди комил аст.
ФАСЛИ ҲАШТУМ
ДАР ҲАЛВОИ ХУФИЯ
Агар пурсанд, ки ҳуфия чӣ маъно дорад, бигўй, ҳу-фия дар луғати араб лоқӣ (зарфи) чўбинро гўянд ва чун ҳалвои шадд дар чунин лоқӣ ба ҳам марасад, онро ба ҳуфия боз хонанд. Агар пурсаад, ки ҳалвои хуфия аз чӣ чиз бувад, бигўй, аз равғани тоза, ҳурмо ва нон. Ҷумларо дар ҳуфия чангол карданд, чун ширин буд, онро ҳалво гуфтанд. Ин ҳалво оташ надида... аст.
ФАСЛИ НЎҲУМ
ДАР КАЙФИЯТИ МИЁН БАСТАН
... Чун устод хоҳад, ки миёни касе бубандад, аввал бояд ки дар макони васеи покиза маҷлис созанд. Пас, фарзанди тариқат дар маҷлиси пиру падари аҳд ва устоди шадд таъин кунад ва нақиб фармояд, ки эй азизон, фалон рўз дар он маҳфил шайху нақиб ва бародарони тариқ ҳозир гарданд, Он гоҳ саҷҷодаи шаддро биандозанд, пас саҷҷодаи шаддро биандозанд ва ҳарду саҷҷодаро гўша ба гўша пайваста бояд ва саҷҷодаи шайх бояд ки бар дасти рост бошад ва шайх бар саҷҷода биншинад ва устоди тариқат, ки падари аҳд гўянд рў ба рўи шайх биншинад ва ду бародари тариқат ба дасти чапи падари аҳд биншинанд ва ба паҳлўи якдигар... Косаи оби софи дар маҷлис ҳозир гардонанд ва қадре намаки сафеди пок, ки ҳеҷ чиз бо вай омехта нашуда бошад. Нақиб он обу намакро дар якдигар омезад.
Пас, чароғе, ки панҷ фатила дошта бошад, равшан гардонад. Бародарон, ки камарбаста бошанд, агар ҳама ҳозир натавонанд шуд, албатта ду бародар бояд, ки ҳозир бошанд. Пас, падари аҳд фарзандро ба аҳд дароварад: То... бухлу кибр ва ҳасаду бадӣ бар бародарон раво надорад; дар амонат хиёнат накунад; инсоф бидиҳад; инсоф наситонад; мурид бошад; мурод диҳад; карим бошад; ин тоифаро мукаррам дорад; бар ноқобил нахандад.
Пас, устоди шадд бар пой хезад ва фарзандро бар чапи худ нигоҳ дорад ва ҳарду рўй ба шайх биистанд. Шайх дасти фарзанд бигирад ва ўро аз ҳар гуна гуноҳҳо тавба диҳад ва шаддро аз китфи худ бигардонад ва ба дасти чап фуруд оварад. Пас, шаддро рост ба миёни саҷҷода андозад ва хутба хонад. Пас, чун хутба хонда шуд, арконе, ки дар футувватнома зикр аст, бихонанд ва бар фарзанд ҳуҷҷат гиранд. Он гоҳ устоди шадд бархезад ва ҳарду даст ба зери шадд бароварад. Аввал, дасти рост ва чаҳор ангушт дар зери шадд оварад ва ангушти ишорат зери шадд дорад ва он гоҳ сухане, ки бояд гуфт, дар гўши фарзанд бигўяд. Пас, обу намакро ба ҳозирон чашонад ва агар ҳалво бошад, ба шарте бирасонад, Пас, баъд аз се рўз фарзанд назди устод ояд ва гиреҳ аз миёни вай бикшояд...
ФАСЛИ ДАҲУМ
ДАР МАОНӢ ВА ФАВОИДИ МУТАФАРРИҚА, КИ ТААЛЛУҚ БА ШАДД ДОРАД
Агар пурсанд, ки шайху падари аҳд чаро мебояд, ки дар маҳфил бошанд, бигўй, ки шайх ба ҷои қозӣ аст, падари аҳд ба ҷои вакил.
Агар пурсанд, ки чаро камтар аз ду бародари тариқ намебошад, бигўй, барои он ки эшон мисли ду гувоҳанд бар иқрори фарзанд ва гувоҳ бар иқрор аз ду камтар намебояд. Агар пурсанд, ки маънии обу намак, ки дар маҷлис ҳозир мекунанд, чист, бигўй, ишорат ба он ки аҳли тариқ бояд чун об софу равшандил бошанд ва ҳаққи .намаки якдигар риоят кунанд, то чун обу намак дар ҳама ҷо роҳ дошта бошанд.
Агар пурсанд, ки маънии чароғи панҷ фатила чист, бигўй, ишорат аст бад-он ки чароғи дил ба муҳаббат бояд афрўхт, то олами вуҷуд бад-он равшан гардад.
Агар пурсанд, ки фарзандро чаро дар вақти миён бастан ба дасти рост чой диҳанд, бигўи, ки ба ростӣ хўй кунад ва донад, ки миён ба ростӣ бояд баст на ба бозӣ.
Агар пурсанд, ки чаро дар дасти чап низ медоранд ва он ишорат ба чист, бигўй, ишорат бад-он ки мебояд ҳар коре, ки фарзанд кунад ба дил кунад, ки дил бар ҷониби чап мебошад.
Агар пурсанд, ки се қадаме, ки устод аз сари шадд дур шуд чӣ маънӣ дорад, бигўй, ишорат аст, бад-он ки як қадам бар сари нафс... ниҳодам ва яке бар сари шайтони лаин ва яке бар сари сарват, то касе ин се чизро поймол накунад, даст ба шадд натавонад расонид.
Агар пурсанд, ки сухане ки дар гўши фарзанд ме-гўянд, кадом аст, бигўй, се нафс (сухан) аст, ки устод ба фарзанд мегўяд, чунончи пир ҳам се нафс мегўяд. Аммо нафсҳои устод ин аст: Бархез ба хидмат, биншин ба ҳурмат ва бигўй ба ҳикмат!
Агар пурсанд, ки калимоте, ки устод дар вақти миён бастан ба шогирд мехонад чанд аст, бигўй дувоздаҳ: аввал, меҳрубонӣ ба дўстон; дуюм, табарро аз душманон; ... панҷум, адл кардан; шашум, аз ҳасад дил бардоштан; ҳафтум, шароити футвват донистан ва ба ҷой овардан; ҳаштум, ҷавонмардӣ кардан; нўҳум, бо пир мурид будан; даҳум, муридро пир будан; ёздаҳум, ғолибро нозил будан; дувоздаҳум, нозилро ғолиб шудан.
Агар пурсанд, ки бастану кушодани шадд ишорат бар чист, бигўй, ишорат аст ба он ки дар тариқ чанд чиз бастанӣ асту чанд чиз кушоданӣ. Агар пурсанд, ки бастанӣ чанд аст ва кушоданӣ чанд аст, бигўй, дувоздаҳ чиз бастанӣ ва чаҳордаҳ чиз кушоданӣ.
Агар пурсанд, ки бастаниҳо кадом аст, бигўй: Аввал бастани чашм аз ҳарому нодиданиҳо; дуюм, бастани гўш аз ношуниданиҳо; сеюм, бастани забан аз ногуфтаниҳо; чорум, бастани фикр аз ғайр; панҷум, бастани сина аз ҳасаду кина; шашум, бастани дил аз шак; ҳафтум, бастани даст аз озори халқ ва ногирифтаниҳо; ҳаштум, бастани ҳалқ аз нохўрданиҳо...; нўҳум, бастани банди футувват аз зино ва нокарданиҳо; даҳум, бастани пой аз мавозеи тўҳмат ва норафтаниҳо; ёздаҳум, бастани хотир аз фикрҳои беҳуда; дувоздаҳум, бастани роҳи бухлу тамаъ.
Агар пурсанд, ки кушоданиҳо кадом аст, бигўй: аввал кушодани дар ба рўи меҳмон; дуюм, кушодани банди суфра барои гуруснагон; сеюм, кушодани пешонӣ барои мулоқоти мардумон; чорум, кушодани чашм ба дидани пирон ва муридон; панҷум, кушодани гўш ба сухани устодон ва орифон; шашум, кушоданя забан ба зикри субҳон; ҳафтум, кушодани даст ба шафқат ва эҳсон; ҳаштум, кушодани сина ба муҳаббати мардумон; нўҳум, кушодани дил ба ишқ; даҳум, кушодани дари фикр ба ҳақоиқи ашё; ёздаҳум, кушодани қадам ба корҳои хайру савоб; дувоздаҳум, кушодани хотир ба нуктаҳои хуб; сездаҳум, кушодани дари ахлоқ ба некўӣ; чаҳордахум, кушодани роҳи саховат ва дилҷўӣ.
Агар пурсанд, ки падар миёни ту ба чӣ баст, би-гўй, ин сухан муғлата аст ва муғлата дар сухан раво нест. Падар миён набандад, падар аҳд хонад ва устод миён бандад. Агар пурсанд, ки устод миёни ту ба чӣ баст, бигўй, ба шадд ва талқини мардон.
Агар пурсанд, ки миёни ту ва устод чӣ нишон аст, бигўй, ду ҳарф, ки забони хосон гўяд ва гўши хосон шунавад. Агар пурсанд, ки миён ба чанд чиз бояд баст, бигўй, ба се чиз, ки се гиреҳ ишорат бар он аст: аввал, аҳд; дуюм, байат, сеюм, васият. Агар пурсанд, ки меҳри миён бастан чист, бигўй парҳезкорӣ. Агар пурсанд, ки ҳақиқати шадд чист, бигўй, феъл аст на қавл.
Агар пурсад, ки шарти миёни шогирду устоди шадд чист, бигўй, он ки ҳазору як рўз хидмати устод кунад ва бе иҷозати ў аз хидмат ғофил нашавад...
Агар пурсанд, ки мурод аз миён бастан чист, бигўй, пешбурд.
Агар пурсанд, ки пешдбурд чист, бигўй, се чиз аст: аввал, салом; дуюм, таом; сеюм, калом.
Агар пурсанд, ки маънии ин нафс чист, ки то яке набувад ду нагардад ва дуто набувад се нашояд, бигўй, ин сухан он аст, ки то пир набувад, падари аҳд нашояд ва то пири падари аҳд набувад, устоди шадд натавонад гирифт.
Агар пурсанд, ки се нафси аслӣ кадом аст, бигўй, он се нафс аст, ки қадам вақте ки муридро равон кунанд бо вай гўянд ва яке фарз аст ва яке суннат ва яке шарт.
Агар пурсанд, ки ҳар яке кадом аст, бигўй, фарз он аст, ки зоҳиру ботини худро пок дорад, суннат он аст, ки ҳурмати бародарон ба ҷой орад ва шарт он аст, ки пирро қибла донад.
Агар пурсанд, ки пиру мурид се нафс мегўянд ва устод ба шогирд се нафс мегўяд ва падари аҳд ба фарзанд чанд нафс мегўяд? бигўй, ҳама се нафс: аввал, он ки чун ба ғолиб расӣ, сокит (хомўш) бош ва чун ба нозил расӣ, нотиқ бош ва чун ба мусовӣ, расӣ мушфиқ бош.
Агар пурсанд, ки маънии ин суханон чист, бигўй, он ки чун касе ба касе расад, ки аз ў ғолибтар аст, бояд ки бо вай ба тариқи адаб зиндагонӣ кунад ва хомўш бошад, то аз вай қоидае гирад ва чун ба касе расад, ки аз ў фурўтар бошад, ба суханони ҳақ гўё гардад ва ба хулқу карам зиндагонӣ намояд, то ба он кас фоида расонад; чун ба касе расад, ки бо ў баробар бошад, тариқи шафқат ва марҳамат фурў нагузорад...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё