Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Пандҳо
Пандҳои Рӯдакӣ
Зиндагӣ дар назари Рӯдакӣ якнавохт нест. Ӯ дар кӯҳаншуданҳо, навшавиҳо, ҷои вайрониҳоро гирифтани ободониҳо ва баръакс, ба харобиҳо мубаддал гардидани ободиҳо ва тазоди табиат ҳаракати доимии ҳаёт ва мавҷудотро мебинад. Ӯ қонуни диалектикии пайдоиш ва нест шудани ҳаётро дарк намуда, аз он доир ба моҳияти ҷаҳони моддӣ ва сиришти ҳаёти инсонӣ хулосаҳои ибратбахш мебарорад. Шоир мазмуннокӣ ва ширинии зиндагии одамро дар партави кӯтоҳ будани умр ва ҳатмӣ будани марг ба қалам медиҳад. Аз рӯи ақидаи ӯ, модоме ки шахс наметавонад, ки ҷисман зиндагии ҷовидонӣ ёбад, зарур аст, ки бо амали писандида ва корҳои шоиста номи нек ба даст орад. Ҳамин номи нек барои инсон умри бобақост.
Азбаски шодӣ ва хурсандиҳои ҷаҳон низ пойдор нестанд, инсон бояд, ки фурсатро ғанимат шуморад, аз лаҳзаҳои гуворо дуруст баҳра гирад, бо тинати пок, ахлоқи нек, корҳои хуб, тараҳҳум ба дармондагон, меҳр варзидан ба мардум, хизмат ба халқ ва хуш гузаронидани умр зиндагии худашро пурмазмун гардонад. Тамоми фикрҳои пандомезу ахлоқии Рӯдакӣ аз ҳамин ақидаи ӯ сарчашма мегиранд. Дар панду андарз ва ҳикматҳои Рӯдакӣ мазмунҳои умумиинсонӣ, аз қабили тарғиби илму дониш, раҳму шафқат, рафоқату дӯстӣ ва кӯшишу кор ҷои асосиро мегиранд. Шоир бо ин роҳ дар тарбия намудани инсони комил ва парвардани ахлоқи хуб то имрӯз ҳисса мегузорад.
Вай ақида дорад, ки барои дарки ҳақиқати зиндагӣ кас бояд ақлу донишро кор фармояд. Вай ба воқеаю ҳодисаҳо бо чашми хирад нигариста, кӯшиш намояд, ки моҳияти онро фаҳмад, ба дидани намуди зоҳирӣ маҳдуд нашавад, аз мушоҳидаи воқеаҳо ба хулосаҳои рӯякӣ фирефта нагардад. Ӯ ақлу донишро ба тарзи шоирона чашми дил меномад ва панд медиҳад:
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон.
Бад-ин ошкорат бубин ошкор,
Ниҳонӣ-тро бар ниҳонӣ гумор1
Азбаски Рӯдакӣ таҷрибаи зиндагиро нахустмуаллим ва роҳбари асосии инсон барои пешрафт ва ҳалли мушкилиҳо мешуморад, даъват менамояд, ки ҳар як шахс онро омӯзад. Шоир таъкид мекунад:
Бирав, зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигир,
Ки баҳри дафъи ҳаводис2 туро ба кор ояд.
Вале таҷрибаи рӯзгорро фақат аз рӯи илму дониш дарк намудан мумкин аст. Бинобар ҳамин, инсон барои он ки хирадманд шавад, даставвал бояд дониш омӯзад. Ба фикри Рӯдакӣ, ки хеле ҳаётист, дониш хирадро сайқал медиҳад, чун чароғи равшанкунандаи роҳи зиндагӣ ба инсонҳо роҳи нек нишон медиҳад, аз ҳама бадиҳо, зарарҳо ва офатҳо ӯро ҳимоят менамояд ва дар чашми мардум шахси донишманд ва хирадмандро мӯҳтарам мегардонад. Пас инсони ҳақиқиро зарур аст, ки илм омӯзад, дониш андӯзад ва ҳунар ёд гирад. Ин сифатҳо дараҷаи баланди мақоми ҷамъиятии касро таҷассум мекунанд. Фарҳанг дараҷаи олии пайвастагии ақл, дониш, маърифат, адаб ва маданият мебошад. Рӯдакӣ онро беҳтарин сарвати маънавии инсоният шумурда, аз он ҳар чӣ бештар баҳра бардоштанро талқин мекунад:
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг3 беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ, ниҳ.
Шоири инсондӯст, чун муаллими ахлоқ тарафдори он аст, ки фарзандон бо одоби писандида, ахлоқи нек, ҳунар ва дараҷаи илму дониш номбардори падару модар, аҷдод, миллат ва халқу ватани худ бошанд. Фарзандон набояд ба аслу насаби худ мағрур шаванд, зеро аз донишу хирад ва обрӯи падарон ба фарзандони ноқобилу нолоиқ нафъе нест:
Эй дареғо, ки хирадмандро
Бошад фарзанду хирадманд не.
В-арчи адаб дораду дониш падар,
Ҳосили мерос ба фарзанд не.
Баръакс, устод Рӯдакӣ ба шахсони ҳамадон, ки мисли дарё ҳамаро аз илми худ шодоб мегардонанд, бо эҳтироми фавқулодда нигариста, аз дониши онҳо шод мегардад:
Тан-т яку ҷон якеву чандин дониш,
Эй аҷабо, мардумӣ ту ё дарёӣ?!
Дар панду ҳикматҳои Рӯдакӣ масъалаҳои ташвиқи далерию мардӣ, меҳр варзидан ба инсонҳо, муҳаббат ба кишоварзу ҳунарманд, кӯшишу кор, некӣ, саховат, дӯстию рафоқат, шафқату мурувват нисбат ба дармондагон ва амсоли инҳо ҷои муҳимро мегирад. Ин сифатҳоро кас бо роҳи фаъолтар намудани қобилияти худ ва побанд нашудан ба тақдир зиёд мекунад. Аммо шоир қаноат, сабр, бурдборӣ, тавозӯъ, фурӯтанӣ ва хоксориро бо роҳи маҳдуд гардонидани нафс, пешгирии орзую ҳавасҳои беҳуда ва худдорӣ аз бадию зиштӣ тарғиб менамояд:
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ,
Бар кӯру кар ар нукта нагирӣ, мардӣ.
Мардӣ набувад фитодаро пой задан,
Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ!
Ба ақидаи Рӯдакӣ, барои инкишофи шахсияти инсон бар замми андӯхтани дониш ва ба кор бурдани таҷрибаи рӯзгор тани сиҳат, феълу атвори нағз, номи нек ва хирад низ зарур аст. Ҳар касе соҳиби ин чаҳор неъмати илоҳӣ бошад, инсони хушбахт аст ва метавонад, ки бе ташвиш зиндагӣ ба сар барад:
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад:
Тани дурусту хӯи неку номи неку хирад.
Ҳар он кӣ эзидаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард,
Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нах(в)арад.
Ҳамаи ин далолат бар он мекунад, ки ҳар як фард бояд пеш аз ҳама барои хештаншиносӣ, муайян намудани мақоми худ дар ҷомеа ва тақдири ояндаи хеш мубориза барад:
Замона аспу ту роиз4, барои хешат тоз,
Замона гӯю ту чавгон, барои хешат боз!
Набояд аз хотир баровард, ки дар баробари дороён одамони бенаво ва мӯҳтоҷ кам нестанд. Рӯдакӣ аҳволи вазнини аҳли меҳнат ва нодоронро бо зиндагии бофароғати давлатмандон муқоиса намуда, мегӯяд:
Басо касо, ки бара(а)сту фархаша5 бар хонаш,
Басо касо, ки ҷавин нон ҳаме наёбад сер.
Вале аз ин набояд ғамгин шуд ва ғусса хӯрд, балки шоиста он аст, ки ҳар кас ба бизоати худ қонеъ бошад, ба зиндагии серу пури дигарон ҳасад набарад, ба рӯзгори онҳое нигарад, ки зиндагии аз ӯ бадтар доранд ва шукр намояд, ки хотири ҷамъ ва ҳаёти осоишта дорад:
Бо дода қаноат куну бо дод бизӣ,
Дар банди такаллуф машав, озод бизӣ.
Дар беҳ зи худе назар макун, ғусса махӯр,
Дар кам зи худе назар куну шод бизӣ.
Суханвари бузург дӯстиӣ ва рафоқатро барои ҳаёти одам эҳтиёҷи табиӣ мешуморад. Вай дӯсти ҳақиқӣ ва беғаразро меписандад. Аммо инсон набояд бо дӯстони мавҷудааш конеъ шавад. Одами нек ҳамеша хоҳони некию сулҳ аст, вай ба ҷангу фитнаю ғавғо бо нафрат менигарад. Инсони ҳақиқӣ хавфнок будани душманро дониста, на танҳо бо он муросою мадоро ва созиш мекунад, балки кӯшиш менамояд, ки бо рафтори ибратбахш, муомилаи сулҳхоҳона ва суханони нарм душманро ба худ дӯст гардонад. Дар ҳақиқат ҳам, бо душман дӯстӣ ҷустан ва душманро дӯст гардонидан мардонагии шоёни таъриф аст. Дӯст ёру мададгори инсон ва аз бародари ӯ ҳам беҳтар аст. Як душман доштан ҳам, мегӯяд Рӯдакӣ, барои одам зиёдатист, чунон ки ҳазор дӯст камӣ мекунад:
Маялфанҷ душман, ки душман яке
Фузун аст, дӯст ар ҳазор, андаке.
Инсондӯстӣ волотарин ғояест, ки Рӯдакӣ дар тамоми эҷодиёти худ тарғиб мекунад. Нигоҳ доштани хашм, нафрат ба мардумозорӣ, ҳазар аз зулму ситам, мазаммати куштору рехтани хуни ноҳақ, дур будан аз ҳама гуна ахлоқи нописанд мазмуни андарзҳои дигари Рӯдакист. Дар ин қабил андарзҳо таъкид мешавад, ки подоши бадӣ ҳатман бадӣ буда, бадкарда рӯзе ба ҷазо хоҳад расид:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорӣ карданд,
Ангур на аз баҳри набиз6 аст ба чархушт7.
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад-он кӣ туро кушт.
Ангушт макун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
Ҳангоми муҳокимаи ҷангу сулҳ Рӯдакӣ ҳамеша ташвиқи сулҳро пеш гузошта, ҷанг, фитна ва ғавгоро чун кори бехирадон талқин менамояд:
Ҳама наюшаи8 хоҷа9 ба некӯию ба сулҳ аст,
Ҳама наюшаи нодон ба ҷангу фитнаву ғавгост.
Кам гуфтану забонро аз ҳарза нигоҳ доштан аз сифатҳои беҳтарини одамист ва баръакс забони сурх сари сабзро барбод дода, метавонад, ки ба кас кулфатҳо биёрад:
Замона гуфт маро: "Хашми хеш дор нигоҳ,
Киро забон на ба банд аст, пой дар банд аст".
Бадтарин шахс сифла, яъне каси бадгавҳари мунофиғ, дурӯя ва бадкирдор аст. Шоир ин қабил одамро ба мор ташбеҳ медиҳад, онҳоро ислоҳнопазир мешуморад, оқибати дӯстӣ бо онҳо фақат пушаймонӣ буда, дурӣ ҷустан аз онҳо воҷиб аст:
Морро ҳарчанд беҳтар парварӣ,
Чун яке хашм оварад, кайфар10 барӣ.
Сифла табъи мор дорад бехилоф,
Ҷаҳд кун, то рӯи сифла нангарӣ.
Панду насиҳатҳои Рӯдакӣ дурдонаҳои тобноки ганҷинаи ҳикмати халқи моро ташкил мекунанд. Онҳо аз имтиҳони таърих гузашта, чун ҳикмати рӯзгорон боқӣ мондаанд. Онҳо барои покии ахлоқ, кӯшишу кор, хизмат ба халқ, мудофиаи обу хоки Ватани азиз ва равшан гардонидани дилҳо хизмат мекунанд:
-
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он ки ӯ нахӯрду надод. -
Чӣ хуш гуфт он мард бо он хадеш11
Макун бад ба кас, гар нахоҳӣ ба хеш. -
Андар балои сахт падид оранд
Фазлу бузургмардию солорӣ.
Пандҳои Рӯдакӣ бисёр гиро ва пуртаъсиранд. Чунки онҳо баробари ҳикматомез будан бо суханҳои обдор, санъати баланд, афкори фалсафӣ ва ташбеҳҳои равшан эҷод гардидаанд. Бубинед оқибати зиндагии инсонро ӯ чӣ гуна баён мекунад:
Гӯспандему ҷаҳон ҳаст ба кирдори нағил12,
Чун гаҳи хоб шавад, сӯи нағил бояд шуд.
1 Гумор - вогузоштан, ҳавола кардан.
2 Ҳаводис - ҳодисаҳо.
3 Фарҳанг - дониш, илм, маърифат.
4 Роиз - савор, чобуксавор.
5 Фархаша - нони қандине, ки дар мағзаш мавиз ҳам дорад.
6 Набиз - шароб, май.
7 Чархушт - дастгоҳе, ки шираи ангурро ҷудо мекунад.
8 Наюша - гуш додан, маслиҳат пазируфтан.
9 Хоҷа - инҷо ба маънои донишманд.
10 Кайфар - подоши амал, ҷазо, сазо.
11 Хадеш - 1. подшоҳ; 2. сардори оила, мард; 3. бонуи хона, соҳибхоназан.
12 Нағил - оғилхона, молхона.
Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеҷ омӯзгор!
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
Кас набуд аз рози дониш бениёз.
Мардумони бихрад андар ҳар замон
Рози донишро ба ҳар гуна забон
Гирд карданду гиромӣ доштанд,
То ба санг-андар ҳаме бингоштанд.
Дониш андар дил чароғи равшан аст
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст!
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ ниҳ!
Он к-ро донам, ки ӯям душман аст
В-аз равони пок бадхоҳи ман аст;
Ҳам ба ҳар гаҳ дӯстӣ ҷӯям-ш ман,
Ҳам сухан б-оҳистагӣ гӯям-ш ман.
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон!
Ҳеҷ талхӣ нест бар дил талхтар
Аз фироқи дӯстони пурҳунар!
Ҳар кӣ ёри хешро ёвар шавад,
Ер бояд буд, агар кофар шавад!
Вақти нокомӣ тавон донист ёр,
Чун бувад дар комронӣ сад ҳазор!
Баски бар гуфта пушаймон будаам,
Баски бар ногуфта шодон будаам.
Зишту нофарҳахтаву нобихраде,
Одамирӯеву дар ботин баде...
Нони он мудхил зи бас зиштам намуд,
Аз пайи хӯрдан гувориштам набуд.
В-агар паҳлавонӣ надони забон,
Варазрӯдро Моваруннаҳр дон.
Ба чашми дилат дид бояд ҷаҳон,
Ки чашми сари ту набинад ниҳон!
Бад-ин ошкорат бибин ошкор,
Ниҳонӣ-тро бар ниҳонӣ гумор!
Маялфанҷ душман, ки душман яке
Фузун асту дӯст ар ҳазор, андаке!
Ҳар киро роҳбар заған бошад,
Гузари ӯ ба марғазан бошад.
Хештан пок дору бепархош,
Рӯ ба оғош-андарун махрош!
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё