Зеҳн

Ҳофизи Шерозӣ — Ғазалҳо 2

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 10 дақиқа хондан

Дар назарбозии мо бехабарон ҳайронанд,
Ман чунинам, ки намудам, дигар эшон донанд.
Оқилон нуктаи паргори вуҷуданд, вале
Ишқ донад, ки дар ин доира саргардонанд.
Ҷилвагоҳи рухи ӯ дидаи ман танҳо нест,
Моҳу хуршед ҳамин оина мегардонанд.
Аҳди мо бо лаби шириндаҳанон баст Худо,
Мо ҳама бандаву ин қавм худовандонанд.
Муфлисонему ҳавои маю мутриб дорем,
Оҳ агар хирқаи пашмин ба гарав настонанд.
Васфи рухсораи хуршед зи хаффош мапурс,
Ки дар ин оина соҳибназарон ҳайронанд.
Лофи ишқу гила аз ёр,— зиҳӣ лофи дурӯғ,
Ишқбозони чунин мустаҳиқи ҳиҷронанд.
Магарам чашми сиёҳи ту биёмузад кор,
Варна мастуриву мастӣ ҳама кас натвонанд.
Гар ба нузҳатгаҳи арвоҳ барад бӯи ту бод,
Ақлу ҷон гавҳари ҳастӣ ба нисор афшонанд.
Гар шаванд огаҳ аз андешаи мо муғбачагон,
Баъд аз ин хирқаи сӯфӣ ба гарав настонанд.
Зоҳид ар риндии Ҳофиз накунад фаҳм, чӣ бок?
Дев бигрезад аз он қавм, ки қуръонхонанд.


Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони хароботӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Имори дори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро, дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузор орад.
Баҳори умр хоҳ эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад бар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.


Даст аз талаб надорам, то коми ман барояд,
Ё тан рассад ба ҷонон ё ҷон зи тан барояд.
Бикшой турбатамро баъд аз вафоту бингар,
К-аз оташи дарунам дуд аз кафан барояд.
Бинмой рух, ки халқе вола шаванду ҳайрон,
Бикшой лаб, ки фарёд аз марду зан барояд.
Ҷон бар лаб асту ҳасрат дар дил, ки аз лабонаш,
Нагрифта ҳеч коме ҷон аз бадан барояд.
Аз ҳасрати даҳонаш омад ба танг ҷонам,
Худ коми тангдастон, кай з-он даҳан барояд?
Гӯянд зикри хайраш дар хайли ишқбозон,
Ҳар ҷо, ки номи Ҳофиз дар анҷуман барояд.


Дидӣ, эй дил, ки ғами ёр дигар бор чӣ кард?
Чун бишуд дилбару бо ёри вафодор чӣ кард?
Оҳ аз он наргиси ҷоду, ки чӣ бозӣ ангехт,
Оҳ аз он маст, ки бо мардуми ҳушёр чӣ кард?
Ашки ман ранги шафақ ёфт зи бемеҳрии ёр,
Толеи бешафақат бин, ки дар ин кор чӣ кард?
Барқе аз манзили Лайлӣ бидурахшид саҳар,
Ваҳ, ки бо хирмани Маҷнуни дилафгор чӣ кард?
Соқиё, ҷоми маям деҳ, ки нигорандаи ғайб,
Нест маълум, ки дар пардаи асрор чӣ кард?
Он, ки пурнақш зад ин доираи миноӣ,
Кас надонист, ки дар гардиши паргор чӣ кард?
Фикри ишқ оташи ғам дар дили Ҳофиз заду сӯхт,
Ёри дерина бубинед, ки бо ёр чӣ кард?


Дил меравад зи дастам, соҳибдилон, худоро
Дардо, ки рози пинҳон хоҳад шуд ошкоро.
Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез,
Бошад, ки боз бинем дидори ошноро.
Даҳрӯза меҳри гардун, афсонаест афсун.
Некӣ ба ҷои ёрон фурсат шумор, ёро.
Дар ҳалқаи гулу мул, хуш хонд дӯш булбул,
Ҳоти-с-сабӯҳу ҳуббу ё айюҳа-с-сикоро!
Эй соҳиби каромат, шукронаи саломат,
Рӯзе тафаққуде кун дарвеши бенаворо.

Осоиши ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст,
Бо дӯстон мурувват, бо душманон мадоро.
Дар кӯи некномӣ моро гузар надоданд,
Гар ту намеписандӣ, тағйир кун қазоро.
Он талхваш, ки сӯфӣ уммулхабоисаш хонд,
Ашҳолано ва аҳло мин қиблат-ил-узоро.
Ҳангоми тангдастӣ дар айш кӯшу мастӣ,
К-ин кимиёи ҳастӣ Қорун кунад гадоро.
Саркаш машав, ки чун шамъ, аз ғайратат бисӯзад
Дилбар, ки дар кафи ӯ мум аст санги хоро.


Дӯш аз масҷид сӯи майхона омад пири мо,
Чист, ёрони тариқат, баъд аз ин тадбири мо.
Мо, муридон, рӯй сӯи қибла чун орем, чун
Рӯй сӯи хонаи хаммор дорад пири мо.
Дар хароботи муғон мо низ ҳамдастон шавем,
К-ин чунин рафтаст дар аҳди азал тақдири мо.
Ақл агар донад, ки дил дар банди зулфаш чун хуш аст,
Оқилон девона гарданд аз паи занҷири мо.
Рӯи хубат ояте аз лутф бар мо кашф кард,
З-он замон ҷуз лутфу хубӣ нест дар тафсири мо.
Бо дили сангинат оё ҳеҷ даргирад шабе,
Оҳи оташноку сӯзи синаи шабгири мо?
Тири оҳи мо зи гардун бигзарад, Ҳофиз, хамӯш,
Раҳм кун бар ҷони худ, парҳез кун аз тири мо!


Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд,
Гили одам бисириштанду ба паймона заданд.
Сокинони ҳарами сатру афофи малакут,
Ба мани роҳнишин бодаи мастона заданд.
Осмон бори амонат натавонист кашид,
Қуръаи кор ба номи мани девона заданд.
Ҷанги ҳафтоду ду миллат ҳамаро узр бинеҳ,
Чун надиданд ҳақиқат, раҳи афсона заданд.
Шукри Эзид, ки миёни ману ӯ сулҳ афтод,
Сӯфиён рақскунон соғари шукрона заданд.
Оташ он нест, ки аз шӯълаи ӯ хандад шамъ,
Оташ он аст, ки дар хирмани парвона заданд.
Кас чу Ҳофиз накушод аз рухи андеша ниқоб,
То сари зулфи суханро ба қалам шона заданд.


Дӯш меомаду рухсора барафрӯхта буд,
То куҷо боз дили ғамзадае сӯхта буд.
Расми ошиқкушиву шеваи шаҳрошӯбӣ,
Ҷомае буд, ки бар қомати ӯ дӯхта буд.
Ҷони ушшоқ сипанди рухи худ медонист
В-оташи чеҳра бад-ин кор барафрӯхта буд.
Гарчи мегуфт, ки зорат бикушам, медидам,
Ки ниҳонаш назаре бо мани дилсӯхта буд.
Куфри зулфаш раҳи дин мезаду он сангиндил,
Дар паяш машъале аз чеҳра барафрӯхта буд.
Дил басе хун ба каф овард, вале дида бирехт,
Аллаҳ, Аллаҳ, кӣ талаф карду кӣ андӯхта буд.
Ёр мафрӯш ба дунё, ки басе суд накард
Он, ки Юсуф ба зари носара бифрӯхта буд.
Гуфту хуш гуфт: «Бирав хирқа бисӯзон, Ҳофиз»
Ё Рабб, ин қалбшиносӣ зи кӣ омӯхта буд.


Эй бехабар бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ,
То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ?
Дар мактаби ҳақоиқ пеши адиби ишқ
Ҳон, эй писар, бикӯш, ки рӯзе падар шавӣ.
Даст аз миси вуҷуд чу мардони раҳ бишӯй,
То кимиёи ишқ биёбиву зар шавӣ.
Хобу хӯрат зи мартабаи хеш дур кард,
Он гаҳ расӣ ба хеш, ки бехобу хӯр шавӣ.
Гар нури ишқи Ҳаққ ба дилу ҷонат уфтад.
Биллаҳ, к-аз офтоби фалак хубтар шавӣ.
Як дам ғариқи баҳри Худо шав, гумон мабар,
К-аз оби ҳафт баҳр ба як мӯй тар шавӣ.
Аз пой то сарат ҳама нури Худо шавад,
Дар роҳи зулҷалол чу бепову сар шавӣ.
Ваҷҳи Худо агар шавадат манзари назар,
З-ин пас шаке намонд, ки соҳибназар шавӣ.
Бунёди ҳастии ту чу зеру забар шавад,
Дар дил мадор ҳеч, ки зеру забар шавӣ.
Гар дар сарат ҳавои висол аст, Ҳофизо,
Бояд, ки хоки даргаҳи аҳли ҳунар шавӣ.


Эй нури чашми ман, сухане ҳаст, гӯш кун!
Чун соғарат пур аст, бинӯшону нӯш кун!
Дар роҳи ишқ васвасаи аҳриман басест,
Пеш ову гӯши дил ба паёми сурӯш кун!
Барги наво табаҳ шуду сози тараб намонд,
Эй чанг, нола баркашу эй даф, хурӯш кун!
Тасбеҳу хирқа лаззати мастӣ набахшадат,
Ҳиммат дар ин амал талаб аз майфурӯш кун!
Пирон сухан зи таҷриба гӯянд, гуфтамат,
Ҳон, эй писар, ки пир шавӣ, панд гӯш кун!
Бар ҳушманд силсила нанҳод дасти ишқ,
Хоҳӣ, ки зулфи ёр кашӣ, тарки ҳуш кун!
Бо дӯстон музояқа дар умру мол нест,
Сад ҷон фидои ёри насиҳатниюш кун»
Соқӣ, ки ҷомат аз маи софӣ тиҳӣ мабод,
Чашми инояте ба мани дурднӯш кун!
Сармаст дар қабои зарафшон чу бигзарӣ,
Як бӯса назри Ҳофизи пашминапӯш кун!


Эй подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки бозоӣ!
Доим гули ин бӯстон шодоб намемонад,
Дарёб заифонро дар вақти тавоноӣ.
Дишаб гилаи зулфаш бо бод ҳамекардам,
Гуфто: «Ғалате, бигзар з-ин фикрати савдоӣ».
Сад боди сабо ин ҷо бо силсила мерақсанд,
Ин аст ҳариф, эй дил, то бод напаймоӣ.
Муштоқиву маҳҷурӣ дур аз ту чунонам кард,
К-аз даст нахоҳад шуд поёби шикебоӣ.
Ё рабб, ба кӣ бояд гуфт ин нукта, ки дар олам
Рухсора ба касс нанмуд он шоҳиди ҳарҷоӣ.
Соқӣ, чамани гулро бе рӯи ту ранге нест,
Шамшод хиромон кун, то боғ биороӣ.
Эй дарди туам дармон, дар бистари беморӣ,
В-эй ёди туам мӯнис, дар гӯшаи танҳоӣ.
Дар доираи қисмат мо нуқтаи паргорем,
Лутф он чӣ ту андешӣ, ҳукм он чӣ ту фармоӣ.
Фикри худу рои худ дар олами риндӣ нест,
Куфр аст дар ин мазҳаб худбиниву худроӣ.
З-ин доираи мино, хунинҷигарам, май деҳ,
То ҳал кунам ин мушкил дар соғари миноӣ.
Ҳофиз, шаби ҳиҷрон шуд, бӯи хуши васл омад,
Шодит муборак бод, эй ошиқи шайдоӣ.


Эй шоҳиди қудсӣ, ки кашад банди ниқобат
В-эй мурғи биҳиштӣ, кӣ диҳад донаву обат?
Хобам бишуд аз дида, дар ин фикри ҷигарсӯз,
К-оғӯши кӣ шуд манзили осоишу хобат?
Дарвеш намепурсиву тарсам, ки набошад
Андешаи омурзишу парвои савобат.
Роҳи дили ушшоқ зад он чашми хуморӣ,
Пайдост аз ин шева, ки маст аст шаробат.
Тире, ки задӣ бар дилам аз ғамза, хато рафт,
То боз чи андеша кунад рои савобат.
Ҳар нолаву фарёд, ки кардам, нашунидӣ,
Пайдост, нигоро, ки баланд аст ҷанобат.
Дур аст сари об аз ин бодия, ҳуш дор,
То ғӯли биёбон нафиребад ба саробат.
То дар раҳи пирӣ ба чӣ ойин равӣ, эй дил,
Боре ба ғалат сарф шуд айёми шабобат.
Эй қасри дилафрӯз, ки манзилгаҳи унсӣ,
Ё раб, макунад офати айём харобат.
Ҳофиз на ғуломест, ки аз хоҷа гурезад,
Лутфе куну бозо, ки харобам зи итобат.


Гуфтам: «Ғами ту дорам», Гуфто: «Ғамат сар ояд».
Гуфтам, ки: «Моҳи ман шав!» Гуфто: «Агар барояд».
Гуфтам: «Зи меҳрварзон расми вафо биёмӯз!».
Гуфто: «Зи хубрӯён ин кор камтар ояд».
Гуфтам, ки: «Бар хаёлат роҳи назар бибандам»,
Гуфто, ки: «Шабрав аст ӯ, аз роҳи дигар ояд».
Гуфтам, ки: «Бӯи зулфат гумроҳи оламам кард».
Гуфто: «Агар бидонӣ, ҳам ӯт раҳбар ояд».
Гуфтам: «Хушо ҳавое, к-аз боди субҳ хезад».
Гуфто: «Хунук насиме, к-аз кӯи дилбар ояд».
Гуфтам, ки: «Нӯши лаълат моро ба орзу кушт».
Гуфто: «Ту бандагӣ кун, к-ӯ бандапарвар ояд».

Гуфтам: «Дили раҳимат кай азми сулҳ дорад?»
Гуфто: «Магӯй бо кас, то вақти он дар-ояд».
Гуфтам: «Замони ишрат дидӣ, ки чун сар омад?»
Гуфто: «Хамӯш, Ҳофиз, к-ин ғусса ҳам сар ояд».


Гуфтам, ки: «Хато кардиву тадбир на ин буд»
Гуфто: «Чӣ тавон кард, ки тақдир чунин буд».
Гуфтам, ки: «Басе хатти хато бар ту кашиданд»,
Гуфто: «Ҳама он буд, ки бар лавҳи ҷабин буд».
Гуфтам, ки: «Қарини бадат афганд бад-ин рӯз?»
Гуфто, ки: «Маро бахти бади хеш қарин буд».
Гуфтам: «Зи ман, эй моҳ, чаро меҳр буридӣ?»
Гуфто, ки: «Фалак бо мани бадмеҳр ба кин буд».
Гуфтам, ки: «Басе ҷоми тааб хӯрдӣ аз ин пеш?»
Гуфто, ки: «Шифо дар қадаҳи бозпасин буд».
Гуфтам, ки: «Ту, эй умр, чаро зуд бирафтӣ?»
Гуфто, ки: «Фалонӣ, чӣ кунам? Умр ҳамин буд».
Гуфтам, ки: «На вақти сафарат буд чунин зуд».
Гуфто, ки: «Магар маслиҳати вақт дар ин буд».


Гул бе рухи ёр хуш набошад,
Бе бода баҳор хуш набошад.
Тарфи чаману тавофи бӯстон
Бе лолаузор хуш набошад.
Рақсидани сарву ҳолати гул
Бе савти ҳазор хуш набошад.
Ҳар нақш, ки дасти ақл бандад,
Ҷуз нақши нигор хуш набошад.
Ҷон нақди муҳаққар аст, Ҳофиз,
Аз баҳри нисор хуш набошад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2