Зеҳн

Ҳофизи Шерозӣ — Ғазалҳо 3

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Гул дар бару май дар кафу маъшуқ ба ком аст, Султони ҷаҳонам ба чунин рӯз ғулом аст.
Гӯ, шамъ маёред дар ин ҷамъ, ки имшаб Дар маҷлиси мо моҳи рухи дӯст тамом аст.
Дар мазҳаби мо бода ҳалол аст, валекин Бе рӯи ту, эй сарви гуландом, ҳаром аст.
Гӯшам ҳама бар қавли наю нағмаи чанг аст, Чашмам ҳама бар лаъли лабу гардиши ҷом аст.
Дар маҷлиси мо атр маёмез, ки моро Ҳар лаҳза зи гесӯи ту хушбӯй машом аст.
Аз чошнии қанд магӯ ҳеҷу зи шаккар З-он рӯ, ки маро аз лаби ширини ту ком аст.
То ганҷи ғамат дар дили вайрона муқим аст, Ҳамвора маро кӯи харобот мақом аст.
Аз нанг чӣ гӯӣ, ки маро ном зи нанг аст в-аз ном чӣ пурсӣ, ки маро нанг зи ном аст.
Майхораву саргаштаву риндему назарбоз, в-он кас, ки чу мо нест дар ин шаҳр, кадом аст?
Бо мӯҳтасибам айб магӯед, ки ӯ низ Пайваста чу мо дар талаби айши мудом аст.
Ҳофиз, манишин бе маю маъшуқ замоне, к-айёми гулу ёсуману иди сиём аст.


Гулъузоре зи гулистони ҷаҳон моро бас,
Аз чаман сояи он сарви равон моро бас.
Ману ҳамсӯҳбатии аҳли риё? – Дурам бод!
Аз гаронони ҷаҳон ратли гарон моро бас.
Қасри фирдавс ба подоши амал мебахшанд,
Мо, ки риндему гадо, дайри муғон моро бас.
Бинишин бар лаби ҷӯю гузари умр бубин,
к-ин ишорат зи ҷаҳони гузарон моро бас.
Нақди бозори ҷаҳон бингару озоди ҷаҳон,
Гар шуморо на бас ин суду зиён, моро бас!
Ёр бо мост, чӣ ҳоҷат, ки зиёдат талабем,
Давлати сӯҳбати он мӯниси ҷон моро бас.
Аз дари хеш, Худоро, ба биҳиштам мафирист,
Ки сари кӯи ту аз кавну макон моро бас.
Ҳофиз, аз машраби қисмат гила беинсофист,
Табъи чун обу ғазалҳои равон моро бас.


Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.
Аз димоғи мани саргашта хаёли рухи дӯст,
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.
Дар азал баст дилам бо сари зулфат пайванд,
То абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.
Ҳар чӣ ҷуз бори ғамат бар дили мискини ман аст,
Биравад гар сари ман в-аз дили ман он наравад.
Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон ҷой гирифт,
Ки агар сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.
Гар равад аз паи хубон дили ман, маъзур аст,
Дард дорад, чӣ кунад, к-аз паи дармон наравад?
Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надиҳад в-аз паи эшон наравад.


Имрӯз шоҳи анҷумани дилбарон якест,
Дилбар агар ҳазор бувад, дил бар он якест.
Ман баҳри он яке дилу дин додаам ба бод,
Айбам макун, ки ҳосли ҳар ду ҷаҳон якест.
Савдоиёни олами пиндорро бигӯй,
Сармоя кам кунед, ки суду зиён якест.
Халқе забон ба даъвии ишқаш кушодаанд,
Эй ман ғуломи он, ки дилаш бо забон якест.
Ҳофиз бар остонаи давлат ниҳода сар,
Давлат дар он сар аст, ки бо остон якест.


Кай шеъри тар ангезад, хотир, ки ҳазин бошад,
Як нукта дар ин маънӣ гуфтему ҳамин бошад.
Аз лаъли ту гар ёбам ангуштарии зинҳор,
Сад мулки Сулаймонам дар зери нигин бошад.
Ғамнок набояд буд аз таъни ҳасуд, эй дил,
Шояд, ки чу вобинӣ, хайри ту дар ин бошад.
Ҳар, к-ӯ накунад фаҳме з-ин килки хаёлангез,
Нақшаш ба ҳаром, ар худ суратгари Чин бошад.
Ҷоми маю хуни дил ҳар як ба касе доданд,
Дар доираи қисмат, авзоъ чунин бошад.
Дар кори гулобу гул ҳукми азалӣ ин буд,
к-ин шоҳиди бозорӣ в-он парданишин бошад.

Он нест, ки Ҳофизро риндӣ бишуд аз хотир,
к-ин собиқаи пешин то рӯзи пасин бошад.


Марҳабо, эй пайки муштоқон, бидеҳ пайғоми дӯст,
То кунам ҷон аз сари рағбат фидои номи дӯст.
Волаву шайдост доим ҳамчу булбул дар қафас,
Тӯтии табъам зи ишқи шаккару бодоми дӯст.
Зулфи ӯ дом асту холаш донаи он дому май,
Бар умеди донае афтодаам дар доми дӯст!
Сар зи мастӣ барнагирад то ба субҳи рӯзи ҳашр,
Ҳар кӣ чун ман дар азал як ҷуръа хӯрд аз ҷоми дӯст.
Бас нагӯям шаммае аз шарҳи шавқи худ аз он-к,
Дарди сар бошад намудан беш аз ин иброми дӯст.
Гар диҳад дастам, кашам дар дида ҳамчун тӯтиё,
Хоки роҳе, к-он мушарраф гардад аз иқдоми дӯст.
Майли ман сӯи висолу қасди ӯ сӯи фироқ,
Тарки коми худ гирифтам, то барояд коми дӯст,
Ҳофиз, андар дарди ӯ месӯзу бедармон бисоз,
З-он, ки дармоне надорад дарди беороми дӯст.


Маро меҳри сиёҳчашмон зи сар берун нахоҳад шуд,
Қазои осмон аст ину дигаргун нахоҳад шуд.
Рақиб озорҳо фармуду ҷои оштӣ нагзошт,
Магар оҳи саҳархезон сӯи гардун нахоҳад шуд?
Маро рӯзи азал коре ба ҷуз риндӣ нафармуданд,
Ҳар он қисмат, ки он ҷо рафт, аз он афзун нахоҳад шуд.
Худоро, мӯҳтасиб, моро ба фарёди дафу най бахш,
Ки сози шаръ аз ин афсона беқонун нахоҳад шуд.
Маҷоли ман ҳамин бошад, ки пинҳон меҳри ӯ варзам,
Канори бӯсу оғӯшаш чӣ гӯям, чун нахоҳад шуд?
Шароби лаълу ҷои амну ёри меҳрубон соқӣ,
Дило, кай беҳ шавад корат, агар акнун нахоҳад шуд?
Машӯй, эй дида, нақши ғам зи лавҳи синаи Ҳофиз,
Ки захми теғи дилдор асту ранги хун нахоҳад шуд.


Мужда, эй дил, ки дигар боди сабо бозомад,
Ҳудҳуди хушхабар аз тарфи Сабо бозомад.
Баркаш, эй мурғи саҳар, нағмаи довудӣ боз,
Ки Сулаймони гул аз боди сабо бозомад.
Орифе ку, ки кунад фаҳм забони савсан,
То бипурсад, ки чаро рафту чаро бозомад?
Мардумӣ карду карам бахти худодод ба ман,
к-он бути сангдил аз роҳи вафо бозомад.
Лола бӯи маи нӯшин бишунид аз булбул,
Доғдил буду ба уммеди даво бозомад.
Чашми ман дар раҳи ин қофилаи роҳ бимонд,
То ба гӯши дилам овози «даро» бозомад.
Гарчи Ҳофиз дари ранҷиш заду паймон бишикаст,
Лутфи ӯ бин, ки ба сулҳ аз дари мо бозомад.


Расид мужда, ки айёми ғам нахоҳад монд,
Чунон намонду чунин низ ҳам нахоҳад монд.
Ман арчи дар назари ёр хоксор шудам,
Рақиб низ чунин мӯҳтарам нахоҳад монд.
Чу пардадор ба шамшер мезанад ҳамаро,
Касе муқими ҳарими ҳарам нахоҳад монд.
Чӣ ҷои шукру шикоят зи нақши неку бад аст,
Чу бар саҳифаи ҳастӣ рақам нахоҳад монд.
Суруди маҷлиси Ҷамшед, гуфтаанд, ин буд,
Ки ҷоми бода биёвар, ки Ҷам нахоҳад монд.
Ғанимате шумар, эй шамъ, васли парвона,
Ки ин муомила то субҳдам нахоҳад монд.
Тавонгаро, дили дарвеши худ ба даст овар,
Ки махзани зару ганҷи дирам нахоҳад монд.
Бар ин равоқи забарҷад навиштаанд ба зар,
Ки ҷуз накӯии аҳли карам нахоҳад монд.
Зи меҳрубонии ҷонон тамаъ мабур, Ҳофиз,
Ки нақши ҷавру нишони ситам нахоҳад монд.


Рӯзи васли дӯстдорон ёд бод,
Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!
Комам аз талхии ғам чун заҳр гашт,
Бонги нӯши шодхорон ёд бод!
Гарчи ёрон фориғанд аз ёди ман,
Аз ман эшонро ҳазорон ёд бод!
Мубтало гаштам дар ин банду бало,
Кӯшиши он ҳақгузорон ёд бод!

Гарчи сад рӯд аст дар чашмам мудом,
Зиндарӯди боғкорон ёд бод!
Рози Ҳофиз баъд аз ин ногуфта монд,
Эй дареғо, роздорон ёд бод!


Салоҳи кор куҷову мани хароб куҷо?
Бубин тафовути раҳ аз куҷост то ба куҷо!
Дилам зи савмаа бигрифту хирқаи солус,
Куҷост дайри муғону шароби ноб куҷо?
Чӣ нисбат аст ба риндӣ салоҳу тақвиро,
Самои ваъз куҷо, нағмаи рубоб куҷо?
Зи рӯи дӯст дили душманон чӣ дарёбад,
Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо?
Чу кӯҳли биниши мо хоки остони шумост,
Куҷо равем, бифармо, аз ин ҷаноб куҷо?
Мабин ба себи занахдон, ки чоҳ дар роҳ аст,
Куҷо ҳамеравӣ, эй дил, ба ин шитоб куҷо?
Бишуд, ки ёди хушаш бод рӯзгори висол,
Худ он карашма куҷо рафту он итоб куҷо?
Қарору хоб зи Ҳофиз тамаъ мадор, эй дӯст,
Қарор чист, сабурӣ кадому хоб куҷо?


Санамо, бо ғами ишқи ту чӣ тадбир кунам,
То ба кай дар ғами ту нолаи шабгир кунам.
Дили девона аз он шуд, ки насиҳат шунавад,
Магараш ҳам зи сари зулфи ту занҷир кунам.
Он чӣ дар муддати ҳаҷри ту кашидам, ҳайҳот,
Дар яке нома муҳол аст, ки таҳрир кунам.
Бо сари зулфи ту маҷмӯи парешонии хеш
Ку маҷоле, ки саросар ҳама тақрир кунам?
Он замон, к-орзуи дидани ҷонам бошад,
Дар назар нақши рухи хуби ту тасвир кунам.
Гар бидонам, ки висоли ту бад-ин даст диҳад,
Дину дилро ҳама дарбозаму тавфир кунам.
Дур шав аз барам, эй воизу беҳуда магӯй,
Ман на онам, ки дигар гӯш ба тазвир кунам.
Нест уммеди салоҳе зи фасоди Ҳофиз,
Чунки такдир чунин аст, чӣ тадбир кунам?


Сина моломоли дард аст, эй дареғо марҳаме!
Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро, ҳамдаме!
Чашми осоиш кӣ дорад аз сипеҳри тезрав?
Соқиё, ҷоме ба ман деҳ, то биосоям даме!
Зиракеро гуфтам: «Ин аҳвол бин!» Хандиду гуфт:
«Саъб рӯзе, булаҷаб коре, парешон оламе!»
Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил,
Шоҳи туркон ғофил аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?
Дар тариқи ишқбозӣ амну осоиш балост,
Реш бод он дил, ки бо дарди ту хоҳад марҳаме!
Аҳли кому нозро дар кӯи риндӣ роҳ нест,
Раҳраве бояд ҷаҳонсӯзе, на хоме, беғаме!
Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст,
Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме!
Хез, то хотир бад-он турки самарқандӣ диҳем,
к-аз насимаш: «Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме».
Гиряи Ҳофиз чӣ санҷад пеши истиғнои ишқ,
к-андар ин дарё намояд ҳафт дарё шабнаме.


Солҳо дил талаби ҷоми Ҷам1 аз мо мекард,
в-он чӣ худ дошт, зи бегона таманно мекард.
Гавҳаре, к-аз садафи кавну макон берун аст,
Талаб аз гумшудагони лаби дарё мекард2.
Мушкили хеш бари пири муғон3 бурдам дӯш,
к-ӯ ба таъйиди назар ҳалли муаммо мекард.
Дидамаш хурраму хандон, қадаҳи бода ба даст,
в-андар он оина садгуна тамошо мекард.
Гуфтам: «Ин ҷоми ҷаҳонбин ба ту кай дод ҳаким?
Гуфт: «Он рӯз, ки ин гунбади мино мекард»4
Бедиле дар ҳама аҳвол Худо бо ӯ буд,
Ӯ намедидашу аз дур, «Худоё», мекард.
Ин ҳама шӯъбадаи хеш, ки мекард ин ҷо,
Сомирӣ5 пеши асову яди байзо6 мекард.
Гуфт он ёр к-аз ӯ гашт сари дор баланд,
Ҷурмаш ин буд, ки асрор ҳувайдо мекард7.
Файзи рӯҳулқудус8 ар боз мадад фармояд,
Дигарон ҳам бикунанд, он чӣ Масеҳо9 мекард.
Гуфтамаш: «Силсилаи зулфи бутон аз паи чист?»
Гуфт: «Ҳофиз гилае аз дили шайдо мекард».


  1. Ҷоми Ҷам, Оинаи Сикандар, ҷоми ҷаҳонбин – дар шеърҳои ирфонӣ дили софишудаи ориф (Инсони комил) 2. Маънии байт: Инсон он гавҳари гаронқимматро, ки дар худи ӯст, дар аъмоқи вуҷуди ӯст (ҳақиқати инсонӣ - Ман, Худӣ) ва дар садафи ҳеч кавну маконе гунҷоиш надорад, нашинохта ва аз ҷои дигар, дар осмонҳову замин меҷӯяд - Худро бояд шинохт, оинаи дилро (ҷоми ҷаҳоннаморо) бояд аз зангор (кибру ғурур, рашку ҳасад ва ғ.) тоза кард, ки Маъшуқи азалӣ (Шоҳиди ҳарҷоӣ = Худо) дар он рӯй намояд. Байтҳои якум ва шашум низ ишора ба ноогоҳии инсон аст: ноогоҳӣ аз худ, ноогоҳӣ аз гавҳари зиқиммате, ки нуҳуфта дар садафи вуҷуди ӯст.
  2. Пири муғон – рӯҳонии зартуштӣ; дар ирфон пири роҳнамо, муршид, намояндаи роҳи Ҳаққ, Инсони комил.
  3. Ишора ба рӯзи офариниш.
  4. Сомирӣ – яке аз соҳирони (ҷодугарони) замони Мӯсои пайғамбар.
  5. Асо ва яди байзо – аз мӯъҷизаҳои Мӯсо.
  6. Ишора ба орифи шаҳид Ҳусайни Мансури Ҳаллоҷ, ки гӯё бо гуноҳи ошкор кардани сирри Худо (гуфтани «Аналҳаққ» - ман Худо ҳастам) ба дор кашида шуд.
  7. Рӯҳулқуддус – Рӯҳи муқаддас, ки Марям аз ӯ ҳомила гардид ва Исо зода шуд.
  8. Исои Масеҳ, ки кӯмаки Рӯҳи муқаддас мурдаро зинда ва нобиноро бино мекард.

Соқӣ ар бода аз ин даст ба ҷом андозад,
Орифонро ҳама дар шурби мудом андозад.
В-ар чунин зери хами зулф ниҳад донаи хол,
Эй басо мурғи хирадро, ки ба дом андозад.
Эй хушо давлати он маст, ки дар пои ҳариф,
Сару дастор надонад, ки кадом андозад?
Зоҳиди хом, ки инкори маю ҷом кунад,
Пухта гардад, чу назар бар май хом андозад.
Рӯз дар касби ҳунар кӯш, ки май хӯрдани рӯз
Дили чун оина дар занги залом андозад.
Он замон вақти маи субҳфурӯғ аст, ки шаб
Гирди хиргоҳи уфуқ пардаи шом андозад.
Бода бо мӯҳтасиби шаҳр нанӯшӣ, зинҳор,
Бихӯрад бодаату санг ба ҷом андозад.
Ҳофизо, сар зи кулаҳгӯшаи хуршед барор,
Бахтат ар қуръа бад-ин моҳи тамом андозад.


Соқӣ, ба нури бода барафрӯз ҷоми мо,
Мутриб, бигӯ, ки кори ҷаҳон шуд ба коми мо,
Мо дар пиёла акси рухи ёр дидаем,
Эй бехабар, зи лаззати шурби мудоми мо.
Ҳаргиз намирад он, ки дилаш зинда шуд ба ишқ,
Сабт аст бар ҷаридаи олам давоми мо.
Чандон бувад карашмаву нози сиҳиқадон,
к-ояд ба ҷилва сарви санавбархироми мо.
Эй бод, агар ба гулшани аҳбоб бигзарӣ,
Зинҳор арза деҳ бари ҷонон паёми мо.
Гӯ: номи мо зиёд ба амдо чӣ мебарӣ,
Худ ояд он, ки ёд наёрӣ зи номи мо.
Мастӣ ба чашми шоҳиди дилбанди мо хуш аст,
З-он рӯ супурдаанд ба мастӣ зимоми мо.
Тарсам, ки сарфае набарад рӯзи бозхост
Нони ҳалоли шайх зи оби ҳароми мо.
Дарёи ахзари фалаку киштии ҳилол,
Ҳастанд ғарқи неъмати Ҳоҷӣ Қавоми мо.
Ҳофиз, зи дида донаи ашке ҳамефишон,
Бошад, ки мурғи васл кунад қасди доми мо.


Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт:
«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»
Гул бихандид, ки: «Аз рост наранҷем, вале
Ҳеч ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт».
Гар тамаъ дорӣ аз он ҷоми мурассаъ маи лаъл,
Эй басо дур, ки ба нӯки мижаат бояд суфт.
То абад бӯи муҳаббат ба машомаш нарасад,
Ҳар кӣ хоки дари майхона ба рухсор нарӯфт.
Дар гулистони Ирам дӯш чу аз лутфи ҳаво
Зулфи сунбул ба насими саҳарӣ меошуфт,
Гуфтам: «Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат ку?»

Гуфт: «Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт».
Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,
Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт.
Ашки Ҳофиз хираду сабр ба дарё андохт,
Чӣ кунад? Сӯзи ғами ишқ наёрист нуҳуфт.


Танат ба нози табибон ниёзманд мабод!
Вуҷуди нозукат озурдаи газанд мабод!
Саломати ҳама офоқ дар саломати туст,
Ба ҳеҷ ориза шахси ту дардманд мабод!
Ҷамоли сурату маънӣ зи амни сиҳҳати туст,
Ки зоҳират дижаму ботинат нажанд мабод!
Дар ин чаман чу дарояд хазон ба яғмоӣ,
Раҳаш ба сарви сиҳиқомати баланд мабод!
Дар он бисот, ки ҳусни ту ҷилва оғозад,
Маҷоли таънаи бадбину бадписанд мабод!
Ҳар он, ки рӯи чу моҳат ба чашми бад бинад,
Бар оташи ту ба ҷуз ҷони ӯ сипанд мабод!
Шифо зи гуфтаи шаккарфишони Ҳофиз ҷӯй,
Ки ҳоҷатат ба илоҷи гулобу қанд мабод!


То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд,
Сари мо хоки раҳи пири муғон хоҳад буд.
Ҳалқаи пири муғон аз азалам дар гӯш аст,
Бар ҳамонем, ки будему ҳамон хоҳад буд.
Бар сари турбати мо чун гузарӣ, ҳиммат хоҳ,
Ки зиёратгаҳи риндони ҷаҳон хоҳад буд.
Бирав, эй зоҳиди худбин, ки зи чашми ману ту,
Рози ин парда ниҳон асту ниҳон хоҳад буд.
Турки ошиқкуши ман маст бурун рафт имрӯз,
То дигар хуни кӣ аз дида равон хоҳад буд.
Чашмам он дам, ки зи шавки ту ниҳад сар ба лаҳад,
То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд.
Бахти Ҳофиз гар аз ин гуна мадад фармояд,
Зулфи маъшуқа ба дасти дигарон хоҳад буд.


Воизон ин ҷилва дар болои минбар мекунанд,
Чун ба хилват мераванд, он кори дигар мекунанд,
Мушкиле дорам зи донишманди маҷлис бозпурс:
Тавбафармоён чаро худ тавба камтар мекунанд?
Гӯиё бовар намедоранд рӯзи доварӣ,
к-ин ҳама қалбу дағал дар кори довар мекунанд.
Ё раб, ин навдавлатонро бар хари худшон нишон,
к-ин ҳама ноз аз ғуломи турку астар мекунанд.
Эй гадои хонақаҳ, барчаҳ, ки дар дайри муғон
Медиҳанд обеву дилҳоро тавонгар мекунанд.
Ҳусни бепоёни ӯ чандон, ки ошиқ мекушад,
Зумраи дигар ба ишқ аз ғайб сар бар мекунанд.
Бар дари майхонаи ишқ, эй малак тасбеҳ гӯй,
к-андар он ҷо тинати одам мухаммар мекунанд.
Субҳдам аз арш меомад хурӯше, ақл гуфт:
«Қудсиён гӯӣ, ки шеъри Ҳофиз аз бар мекунанд».


Ёрӣ андар кас намебинем, ёронро чӣ шуд?
Дӯстӣ кай охир омад, дӯстдоронро чӣ шуд?
Оби ҳайвон тирагун шуд, Хизри фаррухпай куҷост?
Хун чакид аз шохи гул, боди баҳоронро чӣ шуд?
Кас намегӯяд, ки ёре дошт ҳаққи дӯстӣ,
Лаъле аз кони мурувват барнаёмад, солҳост,
Тобиши хуршеду саъйи боду боронро чӣ шуд?
Шаҳри ёрон буду хоки меҳрубонон ин диёр,
Меҳрубонӣ кай сар омад, шаҳриёронро чӣ шуд?
Гӯи тавфиқу каромат дар миён афгандаанд,
Кас ба майдон дарнамеояд, саворонро чӣ шуд?
Сад ҳазорон гул шукуфту бонги мурғе барнахост,
Андалебонро чӣ пеш омад, ҳазоронро чӣ шуд?
Зӯҳра созе хуш намесозад, магар удаш бисӯхт?
Кас надорад завқи мастӣ, майгусоронро чӣ шуд?
Ҳофиз асрори илоҳӣ кас намедонад, хамӯш!
Аз кӣ мепурсӣ, ки даври рӯзгоронро чӣ шуд?


Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр
Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр!
Эй дили ғамдида холат беҳ шавад, дил бад макун,
в-ин сари шӯрида бозояд ба сомон, ғам махӯр!

Гар баҳори умр бошад, боз бар тахти чаман
Чатри гул дар сар кашӣ, эй мурғи хушхон, ғам махӯр!
Даври гардун гар ду рӯзе бар муроди мо нарафт,
Доиман яксон намонад ҳоли даврон, ғам махӯр!
Ҳон машав навмед, чун воқиф наӣ аз сирри ғайб,
Бошад андар парда бозиҳои пинҳон, ғам махӯр!
Эй дил, ар сели фано бунёди ҳастӣ барканад,
Чун туро Нӯҳ аст киштибон, зи тӯфон, ғам махӯр!
Дар биёбон гар ба шавқи Каъба хоҳӣ зад қадам,
Сарзанишҳо гар кунад хори муғелон, ғам махӯр!
Гарчи манзил бас хатарнок асту мақсад бас банд,
Ҳеҷ роҳе нест, к-онро нест поён, ғам махӯр!
Ҳоли мо дар фурқати ҷонону иброми рақиб,
Ҷумла медонад худои ҳолгардон, ғам махӯр!
Ҳофизо, дар кунҷи фақру хилвати шабҳои тор,
То бувад вирдат дуову дарс Қуръон, ғам махӯр!


Зоҳиди хилватнишин дӯш ба майхона шуд,
Аз сари паймон бирафт бо сари паймона шуд.
Сӯфии маҷлис, ки дӣ ҷому қадаҳ мешикаст,
Боз ба як ҷуръа май оқилу фарзона шуд.
Шоҳиди аҳди шабоб, омада будаш ба хоб,
Боз ба пиронасар ошиқу девона шуд.
Муғбачае мегузашт роҳзани дину дил,
Дар паи он ошно аз ҳама бегона шуд.
Оташи рухсори гул, хирмани булбул бисӯхт,
Чеҳраи хандони шамъ офати парвона шуд.
Гиряи шому саҳар, шукр, ки зоеъ нагашт,
Қатраи борони мо гавҳари якдона шуд.
Наргиси соқӣ бихонд ояти афсунгарӣ,
Ҳалқаи авроди мо, маҷлиси афсона шуд.
Манзили Ҳофиз кунун боргаҳи подшост,
Дил бари дилдор рафт, ҷон бари ҷонона шуд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2