Зеҳн

Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ - Ғазалҳо

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

Гирифт хоҳам зулфайни анбарини туро,
Ба бӯса нақш кунам барги ёсамини туро.
Ҳар он замин, ки ту як раҳ бар ӯ қадам биниҳӣ,
Ҳазор саҷда барам хоки он замини туро.
Ҳазор бӯса диҳам бар сахойи номаи ту,
Агар бибинам бар мӯҳри ӯ нигини туро.
Ба теғи ҳинду, бигӯ, дасти ман ҷудо бикунанд,
Агар нагирам рӯзе ман остини туро.
Агарчи хоҳиши мардум, ки шеър бояд гуфт,
Забони ман ба равӣ гардад офарини туро.


Дило, то кай ҳамеҷӯйӣ манеро?!
Чӣ дорӣ дӯст ҳарза душманеро?!
Чаро ҷӯйӣ вафо аз бевафое?!
Чӣ кӯбӣ беҳуда сардоҳанеро?!
Аё савсанбаногӯшо, чӣ дорӣ
Ба рашки хештан ҳар савсанеро?!
Яке з-ин барзани нороҳ бар шав,
Ки бар оташ нишонӣ барзанеро!
Дилам чун арзане, ишқи ту кӯҳе,
Чӣ сойӣ зери кӯҳе арзанеро?!
Бибахшо, ай писар, бар ман бибахшо,
Макуш дар ишқ хира чун манеро!
Биё, инак нигаҳ кун Рӯдакиро,
Агар бе ҷон равон хоҳӣ танеро!!


Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромушт!
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набид аст ба чархушт!
Исо ба раҳе дид яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигрифт ба дандон сари ангушт.
Гуфто, ки «Киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?!
То боз ки ӯро бикушад, он ки туро кушт?!»
Ангушт макун ранҷа ба даркӯфтани кас,
То кас накунад ранҷа ба даркӯфтанат мушт!


Шод зӣ бо сиёҳчашмон, шод,
Ки ҷаҳон нест ҷуз фасонаву бод!
З-омада шодмон бояд буд
В-аз гузашта накард бояд ёд!
Ману он ҷаъдмӯйи ғолиябӯй,
Ману он моҳрӯйи ҳурнажод!
Некбахт он касе, ки доду бихӯрд,
Шӯрбахт он, ки ӯ на хӯрду на дод!
Боду абр аст ин ҷаҳон, афсӯс,
Бода пеш ор, ҳар чи бодо, бод!
Шод будаст аз ин ҷаҳон ҳаргиз
Ҳеч кас, то аз ӯ ту бошӣ шод?!
Дод дидаст аз ӯ ба ҳеч сабаб
Ҳеч фарзона, то ту бинӣ дод?!


Ҳар бод, ки аз сӯйи Бухоро ба ман ояд,
Бо бӯйи гулу мушки насими суман ояд.
Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,
Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд?!
Не, не, зи Хутан бод чунин хуш навазад ҳеч,
К-он бод ҳаме аз бари маъшуқи ман ояд!
Эй турки камарбаста, чунонам зи фироқат,
Гӯянд, қабойи ту маро пираҳан ояд!
Ҳар шаб нигаронам ба Яман, то ту баройӣ,
Зеро ки Суҳайлию Суҳайл аз Яман ояд!
Кӯшам, ки бипӯшам, санамо, номи ту аз халқ,
То номи ту кам дар даҳани анҷуман ояд.
Бо ҳар ки сухан гӯяму гар хоҳаму гар не,
Аввалсуханам номи ту андар даҳан ояд!


Биёр он май, ки пиндорӣ, равон ёқути ноб астӣ
Ва ё чун баркашида теғ пеши офтоб астӣ!
Ба покӣ, гӯйӣ, андар ҷом монанди гулоб астӣ,
Ба хушшӣ, гӯйӣ, андар дидаи бехоб хоб астӣ!
Саҳоб астӣ қадаҳ, гӯйиву май қатра саҳоб астӣ,
Тараб, гӯйӣ, ки андар дил дуъои мустаҷоб астӣ!
Агар май нестӣ, яксар ҳама дилҳо хароб астӣ,
Агар дар колбад ҷонро надидастӣ, шароб астӣ!
Агар ин май ба абр андар ба чанголи уқоб астӣ,
Аз он то нокасон ҳаргиз нахӯрдандӣ, савоб астӣ!


Ба Ҳаққ нолам зи ҳаҷри дӯст зоро,
Саҳаргоҳон чу бар гулбун ҳазоро.
Қазо гар доди ман настонад аз ту,
Зи сӯзи дил бисӯзонам қазоро!
Чу ораз барфурӯзӣ, мебисӯзад
Чу ман парвона бар гирдат ҳазоро!
Нагунҷам дар лаҳад, гар з-он ки лахте
Нишинӣ бар мазорам сӯгворо!


Гули садбаргу мушку анбару себ,
Ёсамини сапеду мӯрди базеб,
Ин ҳама яксара тамом шудаст
Назди ту, ай бути мулукфиреб!

Шаби ошиқ-т лайлатулқадр аст,
Чун ту берун кунӣ рух аз ҷилбеб.
Ба ҳиҷоб андарун шавад хуршед,
Гар ту бардорӣ аз ду лола ҳиҷеб.
В-он занахдон ба себ монад рост,
Агар аз мушк хол дорад себ!


Рӯдакӣ чанг баргирифту навохт,
Бода андоз, к-ӯ суруд андохт!
З-он ақиқин мае, ки ҳар кӣ бидид,
Аз ақиқи гудохта нашнохт!
Ҳар ду як гавҳаранд, лек аз табъ
Ин бияфсурду он дигар бигдохт.
Нобисуда ду даст рангин кард,
Ночашида ба торак-андар тохт.


Ин ҷаҳон пок хобкирдор аст,
Он шиносад, ки дил-ш бедор аст.
Некии ӯ ба ҷойгоҳи бадист,
Шодии ӯ ба ҷойи темор аст.
Чӣ нишинӣ бад-ин ҷаҳон ҳамвор,
Ки ҳама кори ӯ на ҳамвор аст?!
Дониши ӯ на хубу чеҳраш хуб,
Зишткирдору хубдидор аст!


Май орад шарафи мардумӣ падид,
Озоданажод аз дирамхарид.
Май озода падид орад аз бадасл,
Фаровон ҳунар аст андар ин набид!
Ҳар он гаҳ, ки хурӣ май, хуш он гаҳ аст,
Хосса чун гулу ёсаман дамид!
Басо ҳисни баландо, ки май кушод,
Басо курраи навзин, ки бишканид!
Басо дуни бахило, ки май бихӯрд,
Каримӣ ба ҷаҳон-дар пароканид!

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2