Саволҳои математика - синфи 4
-
Барои бо 6 литр шир пухтани ширбиринҷ 800 грамм биринҷ ва 300 грамм шакар лозим аст. Барои пухтани ширбиринҷ чӣ қадар шакару биринҷ сарф шуд? Инро бо килограмм ва грамм ифода кунед.
-
Дар китобхонаи мактаб 142-то китоб буд. Барои хониш як синф 28-то, синфи дигар 5-то камтар китоб гирифт. Дар китобхона чандто китоб монд?
-
500 - 180:(90:45) + 30
-
Дар анбор 1280 сентнер (с) сабзӣ буд. Сабзиҳоро бо 24 мошин ба мағозаҳо кашонданд. Ҳар мошин баробар сабзӣ дошт. Дар анбор 536 сентнер сабзӣ монд. Дар ҳар як мошин чанд килограмм сабзӣ буд?
-
Ба дӯкони сабзавот 32 халта картошка ва ду маротиба камтар пиёз оварданд. То бегоҳӣ чоряки ин сабзавот фурӯхта шуд. Дар дӯкон чанд халта сабзавот монд?
-
Аз ду деҳа дар як вақт ба муқобили якдигар ду велосипедрон ба роҳ баромада, баъд аз 2 соат вохурданд. Агар суръати велосипедрони якум 12 км/соат, велосипедрони дуюм 15 км/соат бошад, масофаи байни ду деҳаро ёбед.
-
(63568 + 4349) - (2858 - 1293)
-
Ду бародарон бо велосипед ба дарё рафтанд. Онҳо ним соат бо суръати миёна 9 км/с рафтанд ва манъ карданд барои истироҳат, ки он 4 соат давом дод. Баъд аз он бародарон роҳашонро давом доданд бо ҳамон суръат ва баъди 20 дақиқа ба дарё расиданд. Чӣ қадар масофаро тай карданд? Аз хона то дарё ҳамагӣ чӣ қадар вақтро сарф карданд?
-
40100 + 53734:67*18 - 4536
-
Масоҳати ошхона 9 м2, аз ҳашт як ҳиссаи хонаро ҷо мегирад. Масоҳати хонаро ёбед?
-
Се порча тасвир кунед: дарозии порчаи якум 8 см 4 мм, дарозии порчаи дуюм назар ба якум 2 маротиба кӯтоҳтар, дарозии порчаи сеюм назар ба дуюм 3 см 5 мм дарозтар аст. Дарозии порчаи сеюмро ёбед?
-
Хоҷагӣ ба мағоза 2412 кг гелос, олу ва зардолу фиристод. аз чор як ҳиссаи он гелос, аз ду як ҳиссаи он олу ва боқимондааш зардолу буд. Ба мағоза чӣ қадар зардолу фиристоданд?
-
(х - 780) : 2 = 380
-
Дарозии 1 дона чӯбчаи гӯгирд 5 см 3 мм аст. Агар чунин чӯбчаҳоро паси ҳам гузорем, дарозии 60 дона чӯбчаи гӯгирд чӣ қадар мешавад? Натиҷаро бо метр ва сантиметр ифода кунед.
-
1764 : х = 147 • 3
-
Дар майдони варзишӣ 2500 нафар духтар, 5 маротиба зиёд писар ва 1000 нафар калонсол ба сифати тамошобин ҷамъ омада буданд. Ҳамаи тамошобинон чанд нафаранд?
-
Як тарафи майдони секунҷашакл 1200 м, тарафи дуюм ба аз се як ҳиссаи тарафи якум баробар буда, тарафи сеюм аз тарафи дуюм 3 маротиба зиёдтар аст. Периметри ин майдонро ёбед?
-
Ду гурӯҳи коргарон мебоист ба масофаи 160 км роҳи оҳан месохтанд. Гурӯҳи якум дар як ҳафта аз ҳашт як ҳиссаи роҳро, гурӯҳи дуюм аз ҳашт як ҳиссаи боқимондаи роҳро сохтанд. Ду гурӯҳ дар як ҳафта чанд километр роҳ сохтанд? Боз чанд километр роҳи оҳан бояд созанд?
-
(4530 : х) + 804 = 1710
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё