Зеҳн

Абӯалӣ Ибни Сино - «Саргузашт»

АГ
Агенти Зеҳнӣ9 октябри 2026 · 38 дақиқа хондан

Падарам аз мардуми Балх буд ва дар замони Нӯҳ ибни Мансур*(Нӯҳ ибни Мансури Сомонӣ аз подшоҳони сулолаи Сомониён буда, дар соли 976, яъне чаҳор сол пеш аз таваллуди Ибни Сино ба тахти подшоҳӣ нишаста буд) аз он ҷо ба Бухоро кӯчида омад. Дар замони вай дар деҳаи Хармайсан, ки аз деҳҳои бузурги Бухоро (Ҳурмитан (Урмитани ҳозира) — яке аз ноҳияҳои хеле ободи наздики Бухоро) аст, корманди идораи давлат буд. Дар наздикии он деҳае буд, ки онро Афшана мегӯянд. Падарам дар он ҷо бо модарам хонадор шуд ва дар ҳамон ҷо монд. Ман дар он деҳа ба ҷаҳон омадам ва пас аз ман бародарам ба дунё омад.
Сипас аз он ҷо ба Бухоро кӯчидем, падарам маро ба омӯзгори «Қуръон» ва омӯзгори адабиёт супурд. Вақте ки ба даҳсолагӣ расидам, «Қуръон» ва миқдори зиёде аз илми адабиётро ёд гарифта будам. Мардум аз ҳолати ман дар тааҷҷуб буданд.
Падари ман аз касоне буд, ки бо исмоилиҳо
(Исмоилия — яке аз ҷараёнҳои дин, дар ислом аст. Тарафдорони ин ҷараёнро исмоилиҳо мегӯянд. Ин ҷараён дар заминаи ҳаракати зиддифеодалии деҳқонон ташкил ёфт ва қувват гирифт. Ин ҳаракат дар асрҳои IX—XI ба муқобили дини расмӣ, халифаи арабҳо ва ҳукмронии ислом, як қувваи хеле хавфоваре гардид.) ҳамақидагӣ дошт, ӯ бо бародарам, ки ӯ ҳам исмоилимазҳаб буд, он чиро исмоилиҳо роҷеъ ба ақлу рӯҳ мегуфтанд, қабул карда буданд... Онҳо - ҳар ду дар бораи масъалаҳои ин мазҳаб баҳс мекарданд. Ман ки ба баҳси онҳо гӯш медодам, тамоми мақсад - мароми онҳоро дарк мекардам, аммо тарзи далел овардани онҳо маро қонеъ намекард ва дар ин маврид онҳо оғоз карданд, ки маро низ ба фаҳми ҷиҳати маъруфи исмоилия даъват кунанд. Гоҳе бо обу тобе дар атрофи фалсафа, ҳандаса, ҳисоб низ баҳс мекарданд.
Сипас падарам маро барои ёд гирифтан назди марде, ки сабзӣ мефурӯхт
(* Номи он шахс Маҳмуди Масоҳ аст.) ва ҳисобро некӯ медонист, раҳнамоӣ кард, то аз вай таълим гирам ва ин илмро аз вай омӯхтам. Каме баъд аз ин Абӯабдуллоҳи Нотилӣ* (Абуабдуллоҳи Нотилӣ — яке аз донишмандони асри X, соҳиби асарҳои оид ба фалсафа ва илоҳиёт аст. Нотил яке аз шаҳрҳои қадими Табаристон (Мозандарон) буд) ба Бухоро омад. Ин шахс даъвоии он буд, ки фалсафаро хуб медонад. Падарам ба умеди ин ки ман аз ин шахс фалсафаро бояд омӯзам, хоҳиш намуд, ки дар хонаи мо маскан бигирад. Лекин пеш аз омадани вай ман дар назди Исмоили зоҳид (Исмоили Зоҳид — шогирди Муҳаммад ибни Фазли Бухорӣ ва аз фуқаҳои машҳури Бухоро дар асри X буд.) машғули омӯхтани фиқҳ (дониши ҳуқуқ) будам ва аз беҳтарин ҷӯяндагони ин роҳ будам...
Сипас назди Нотилӣ ба хондани китоби «Исоғӯҷӣ»
(Исоғӯҷӣ — ба маънии муқаддима (мадхал) аст. Ва қисмате аз илми мантиқи донишманди Юнони қадим Арасту мебошад.) шурӯъ кардам. Вақте ки ман қонунҳои илми мантиқро аз ӯ меомӯхтам ва масъалаҳои мушкил ва печ дар печи онро бо далелу бурҳон бо шитоб ҷавоб медодам, ки ҳаргиз ӯ нашунида буд ва бениҳоят устод дар ҳайрат мемонд... ва масъалаеро, ки ба ман мегуфт, аз вай беҳтар тасаввур мекардам. Ин шахс падари маро огоҳ намуд, ки ман ба ғайр аз омӯхтани дониш ба ҳеч кори дигар набояд машғул бошам...
Сипас ман пеши худ ба хондани китобҳои мантиқ шурӯъ намудам ва гуфтор — сухани шарҳдиҳандагонро мутолиа намудам, то ин ки дар илми мантиқ пухта шудам. Ҳамчунин аз китоби Уқлидус
(Уқлидус (Эвклид) — донишманди ҳандасадони Юнони қадим буда (323 — 283), пеш аз милод зиндагӣ кардааст) панҷ то шаш назди ӯ хондам ва аз он баъд бо худ аҳд бастам, ки бақияи масъалаҳои китобро худам ҳал намоям. Баъд аз он ба омӯхтани «Маҷастӣ» (*«Алмаҷастӣ» — китоби Батлимус (Птоломей) оид ба математика, физика ва астрономия. Батлимус файласуф ва риёзишиноси машҳури Юнони қадим аст) майл намудам. Вақте ки аз муқаддимоти он огоҳ шудам ва ба шаклҳои ҳандасӣ расидам, устоди ман Нотилӣ гуфт:
— Акнун худат ба хондан машғул бош ва масъалаҳоро низ худат мустақил ҳал намо. Агар ягон мушкилӣ пеш ояд, пеши ман биё ва бар ман арз кун, то дуруст ва нодурусти онро ба ту баён кунам.

Ҳақиқат ин аст, ки Нотилӣ воқеан ин китобро барои ман ёд надод; ман худ ба ҳалли он иқдом ниҳодам. Шаклҳои мушкил ва печ дар печ, ки Нотилӣ аз онҳо хабар надошт, бисёр буд, ман онҳоро ба ӯ шинос намуда, фаҳмонидам.
Баъд аз ин Нотилӣ аз ман ҷудо шуд ва ба сӯи Гурганҷ* (Гурганҷ (Урганҷ) — маркази Хоразм буда, ба гуфтаи муаллифони гузашта ин шаҳр маркази тиҷорат (савдо) ва рафтуомади корвонҳо буд) рафт, ман бе муаллим мондам. Пас аз ин ман ба хондани китобҳо ва шарҳҳои табииёт ва илоҳиёт шурӯъ намудам ва дарҳои дониш бар ман кушода мешуд.
Пас аз он ба ёд гирифтани илми тиб рағбат намудам. Аз ин рӯ ҷамеи китобҳое, ки дар ин илм навиштаанд, хондам. Илми тиб аз донишҳои душвор нест. Аз ин ҷиҳат дар камтарин фурсат сирри онро донистам ва табибони донишманд дар назди ман ба омӯхтани илми тиб машғул шуданд ва беморонро парасторӣ мекардам. Дарҳои муолиҷаҳо, ки аз таҷрибаҳои табибӣ ба даст овардам, ончунон ки васфаш ҳайратангез аст, бар ман кушода мешуд. Бо вуҷуди ҳамаи ин ба мутолиа ва мубоҳисаи илми фиқҳ (ҳуқуқ) машғул будам. Дар он ҳангом шонздаҳсола будам.
Сипас, як солу ними дигар дар дониш омӯхтан ва китоб хондан кӯшидам, хондани мантиқ ва тамоми қисматҳои фалсафаро аз нав мутолиа кардам. Дар тамоми ин муддат ягон шаб то субҳ нахобидам ва дар рӯз ҳам ба ғайр аз хондани илм ба чизи дигар майл надоштам. Феҳристе омода карда будам. Ҳар масъаларо, ки бо ҳар далел мутолиа мекардам, натиҷаи муҳокимаҳои онро дар он феҳрист, мураттабан менавиштам, сипас ба натиҷа баровардан машғул мешудам. Ҳар гоҳ ягон масъаларо устувор ва маҳкам медидам, ба канор мегузоштам ва бо он умед, ки шояд далели дигаре ёбам, ба низому тартиби ҳолатҳо ва муҳокимаҳо диққат мекардам ва ба ҳамин тартиб пеш мерафтам, то ҳақиқати ҳар масъала махсус барои ман ошкор мешуд... Шаб ба хонаам боз мегаштам ва чароғро дар пеши худ мениҳодам, ба хондан ва навиштан саргарм мешудам...
Баъд аз он ки ман ба хондан машғул мешудам ва агар хоб бар ман ғалаба мекард... ҳамон масъалаҳои илмиро, ки мутолиа мекардам, дар хоб медидам.
Ба ҳамин тариқа ҳангоми хоб бисёре аз масъалаҳои илм, барои ман ошкор мешуданд, то он ки дар ҳамаи илмҳо устод шудам. Ба ҳамин гуна ба таҳсил машғул будам.
Акнун ман он илмҳоро то ба он андоза, ки қувваи инсон, тавоноӣ дорад, воқиф шудам ва он чи дар он замон омӯхтам, акнун ҳамаро ба тамом медонам ва ба дониш то имрӯз чизе изофа нашудааст.
Вақте ки ман дар донишҳои мантиқ, табииёт, сипас риёзиёт мустаҳкам шудам, ба илмҳои ақлӣ таваҷҷӯҳ пайдо карда, ба хондани ҳикмат (фалсафа) машғул шудам ва китоби «Мобаъд-ут-табиат»-ро хондам
(*«Мобаъд-ут-табиат» — мақсад метафизика аст. Метафизика таълимотест, ки дар асоси олам қувваи тағирнаёбандаеро иқрор ҳаст, ки дар вуҷуди хориҷӣ ва ақлӣ (зеҳнӣ) ба модда мӯҳтоҷ нест, гуфта даъво мекунад ва ҳодисаҳои табиату ҷамъиятро ба ҳам алоқаманд накарда, ба тараққӣ ва такомули ҳодисаҳо эътибор надода, муҳокима меронад). Вале он чи дар он китоб буд, чизе нафаҳмидам. Андешаи муаллифи он бар ман пӯшида монд, то чиҳил бор ин китобро хондам ва матни онро аз бар кардам ва бо вуҷуди ин ҳам онро намефаҳмидам ва мақсади муаллифро фарқ накардам. Аз худам маъюс шуда мегуфтам:
— Ин китобест, ки маро барои фаҳмидани он роҳ нест!

Дар ҳамон рӯзҳо, рӯзе чоштгоҳ ба бозори китобфурӯшон рафтам. Даллоле дар дасташ китобе дошт ва бо овози баланд мардумро ба харидани он даъват мекард. Даллол китобро ба ман таклиф намуд, ман онро сахт рад кардам, чунки ба ин ақида будам, ки дар ин дониш аз он фоидае нест. Вале он даллол аз нав маро ба харидани китоб даъват кард ва изҳор намуд, ки:
— Китоб арзон аст, онро ба чаҳор дирҳам* (Дирҳам — сиккаи қадимӣ, баробари 0,25 пули тилло,, сиккаи нуқра) мефурӯшам, соҳиби китоб ба он пул мӯҳтоҷ аст.
Ниҳоят он китобро ба ҳамин маблағ харидам. Вақте ки диққат кардам, дидам, ки «Мобаъд-ут-табиат»-и Арасту
(Арасту (Аристотел)— бузургтарин файласуф ва донишманди ҷаҳон, аст, ки дар соли 384 ё 380 пеш аз мелод дар шаҳри Стагиравели Юнони қадим ба дунё омад ва аз овони кӯдакӣ аз падару модар ятим монд ва дар синни 18-солагӣ ба ҳавзаи илмии Афлотун дохил шуд ва муддати бист сол дар ҳузури Афлотун маълумот касб карда, пас аз он бо даъвати Филип — подшоҳи Македон, ба таълим додани писараш Искандар машғул шуд. Донишмандони ҷаҳон Арастуро «муаллими аввал» мегӯянд. Дар синни 63-солагӣ, дар соли 322 пеш аз мелод вафот кард) аст, ки Абӯнасри Форобӣ (*Муҳаммад бинни Тархон ё ки Абӯнасри Форобӣ аз донишмандон буда, дар соли 260 ҳиҷрӣ дар деҳаи Васиҷ наздикии Фороб, ки дар ҳудуди Қазоқистони имрӯза воқеъ аст, таваллуд ёфт ва дар соли 950 дар синни 80 - солагӣ, яъне сӣ сол пеш аз таваллуди Ибни Сино вафот кард. Ӯро баъд аз Арасту муаллими сонӣ лақаб додаанд. Асарҳои бисёр, то 120 ҷилд китоб, рисола ва мақолаҳо дорад. Шарҳе, ки Форобӣ ба китоби Арасту навиштааст, қимати ӯро дучандон зиёд кард) онро ба унвони «Ағрози (мақсадҳои) «Мобаъд-ут-табиат»-и Арасту навиштааст.
Шитобон ба хона баргашта, ба хондани он машғул шудам. Азбаски онро аз ёд карда будам, дар ҳамон ҳангом мақсадҳои он барои ман ошкор шуд. Пас ман аз ин пешомад шод шудам. Рӯзи дигар ба шукронаи он ба бечорагон чизи бисёре садақа додам.
Дар он миён подшоҳи Бухоро Нӯҳ бинни Мансур ба беморие дучор шуд, ки куллияи табибон аз сиҳати он касалӣ оҷиз монданд. Ман ки дар миёни онон ба воситаи фузунии дониш ва бисёрии китоб хондан машҳур шуда будам, аз ман ном бурда хостанд, ки маро ба ҳузураш талаб намоянд. Пас ман ба иҷозати подшоҳ ба хонаи бемор даромадам ва дар муолиҷа кардани бемор бо табибон ҳамкорӣ намудам. Ба ҳамин тариқ ба хидмати подшоҳ ёр шудам.
Рӯзе аз ӯ барои дидани китобхонаи шоҳӣ, ба муроди он ки аз китобҳои тиббии он истифода кунам, иҷозат талабидам. Нӯҳ бинни Мансур хоҳиши маро қонеъ гардонд. Ман ба қасре дохил шудам, ки чандин хонаҳо дошт ва дар ҳар хонае сандуқҳои китоб буд, ки бо як тартибу низом сандуқҳоро пур карда буданд. Дар як хона китобҳои луғату шеър, дар дигаре китобҳои фиқҳ (қонуни шариат). Ба ҳамин тартиб ҳар хона барои як соҳаи илм махсус ҷудо шуда буд.
Пас ба феҳристи китобҳои юнониҳои қадим назар намуда ва он китобҳое, ки мавриди эҳтиёҷам буд, талаб намудам ва ба мутолиаи онҳо шурӯъ намудам.
Дар он китобхона китобҳои бисёре дидам, ки ҳатто номашон ба бисёр касон номаълум буд ва ман ҳам пеш аз он надида будам ва то кунун ҳам надидаам. Он китобҳо ба масъалаҳое пайвастагӣ дошт, ки ҳанӯз ҳам номаълум аст. Ман он китобҳоро мутолиа намуда, аз онҳо ёддоштҳо бардоштам. Ман дар ин китобхона мақом ва мартабаи ҳар як муаллиферо нисбат ба илмаш шинохтам.

Пас, вақте ки ба ҳаждаҳсолагӣ расидам, тамоми ин илмҳоро ҷавҳаркашӣ намуда будам. Ҳофизаи ман дар он рӯзҳо барои дарки илмҳо — донишҳо беҳтар буд, аммо акнун комилтар ҳастам. Сарфи назар аз инҳо огоҳӣ ва маърифати ман айнан ҳамон аст, ки пеш аз ин буд, ба захираи илмии ман то ба ҳол чизе изофа нашудааст.
Дар айёме ки ман 21-сола будам, Абулҳасани Арӯзӣ ном шахсе бо ман ҳамсоягӣ дошт. Вай аз ман навиштани китобе оид ба илми арӯз, ки қобили фаҳм бошад, талаб кард. Ман барои вай китоби маҷмӯеро навиштам ва онро ба номи вай — «Аларӯзия» ниҳодам. Дар он китоб ба ғайр аз илми риёзиёт ҳама донишеро ҷамъ намудам. Боз дар ҳамсоягии мо марди дигаре буд, ки ӯро Абӯбакри Барқӣ мегуфтанд. Вай аз аҳли Хоразм ва марди поксиришт буд. Ӯ ба илми фиқҳ, тафсир ва порсоӣ майли тамом дошт. Вай аз ман хоҳиш намуд, ки ба китобҳояш шарҳе бинависам. Ман барои ӯ китоби «Алҳосил валмаҳсул»-ро ки тақрибан аз 21 ҷилд иборат буд, навиштам. Боз барои вай китоби дигаре ҳам дар мавзӯи ахлоқ навиштам, ки онро «Китоб-ул-бар вал-асм» ном гузоштам. Ин ду китоб танҳо дар китобхонаи шахсии ӯ мавҷуд буда ва ҳеҷ касро нагузоштааст, ки аз онҳо нусха бардорад.
Дар ин айём падарам вафот кард, вазъияти ҳоли ман дигаргуна шуд. Пас, корҳои давлатиро ба гардан гирифтам ва зарурат маро водор кард, ки аз Бухоро баромада ба ҷониби Гурганҷ ҳаракат намоям* (Сабаби аз Бухоро ба Хоразм рафтани Ибни Сино ин буд, ки пас аз марги Нӯҳ бинни Мансур (замони ҳукмронӣ — 976—997), асоси давлати Сомониён ба ларза омада буд, чунки аз чаҳор гӯшаи мамлакати Сомониён фитнаву ошӯб бархост, дар Хуросон ва Мовароуннаҳр нооромиҳо рӯй доданд. Абӯалӣ ибни Сино он вазъияти номуносибро дида, ба Хоразм ва Гурганҷ сафар кард.) Дар он ҷо Абулҳусайни Суҳайлӣ (Абулҳусайни Суҳайлӣ — марди бағоятдараҷа ҳунарпарвар ва донишдӯст ва худаш низ аз адибон ва донишмандони замон ба шумор мерафт. Ба забони арабӣ бисёр шеърҳо сурудааст.), ки дӯстдори донишҳо буд, вазир буд. Ӯ маро ба назди Амир Алӣ (Абулаббоси Маъмун аз соли 387 ҳиҷрӣ (997—98 мелодӣ) то соли 390 ҳиҷрӣ (1000—1001 мелодӣ) ба ҷои падараш Маъмун подшоҳӣ кард. Баъд аз ҳамин сол бародараш Алӣ бинни Маъмун подшоҳи Хоразм шуд. Ин силсиларо Хоразмшоҳони оли Маъмун ё Маъмуниён мегӯянд.) бурда шинос намуд ва ман дар он замон дар бар ҷомаи фақеҳон доштам (Дар он замон ҳар яке аз табақаи донишмандон либоси махсус дар бар доштанд. Фақеҳон ҷомаи остинаш васеъ (тайласон) пӯшида файи дарози (фаши дарози) салларо аз зери манаҳ гузаронида, ба китф мепартофтанд.)... Барои ман моҳиёнаи мувофиқ муқаррар – таъин карданд, ки ба зиндагӣ кифоят мекард (*Абӯалӣ ибни Сино дар дарбори Алӣ бинни Маъмун якчанд муддат бо осоиштагӣ зиндагӣ ба сар бурд ва дар маҳфили илмие, ки бузургтарин донишмандон, адибон ва шоиронро дар бар мегирифт, иштирок мекард. Аз ҷумлаи донишмандони он маҳфил инҳо буданд:

  1. Абӯсаҳл Исо бинни Яҳёи Ҷурҷонӣ (дар фалсафа, тиб, адабиёт ва ҳусни хат машҳур буда, вақте ки ҳамроҳи Абӯалӣ ибни Сино аз Хоразм сафар карда буд, дар биёбони Хоразм дар соли 401 ҳиҷрӣ — 1011 мелодӣ вафот кард);

  2. Абулхайри Хаммор (дар соли 440 ҳиҷрӣ — 1049—50 мелодӣ дар синни 108-солагӣ вафот кард, донишманди тиб).

  3. Абӯрайҳони Берунӣ (бузургтарин донишманди илми нуҷум, таърих, фалсафа ва табииёт аст. Дар соли 362 ҳиҷрӣ — 973 мелодӣ таваллуд ёфт ва дар соли 440 ҳиҷрӣ — 1049—50 мелодӣ вафот кард).

  4. Абӯнасри Арроф, муосири Абӯрайҳони Берунӣ аст (аз олимони риёзидон буда, дар айни замон дар наққошӣ ва суратгарӣ устоди моҳир ба шумор мерафт.) Сипас, ман маҷбур шудам, ки* (Сабаби аз Хоразм рафтани Абӯалӣ ибни Сино ин буд, ки пас аз барҳам хӯрдани давлати Сомониён Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ҳокимияти худро барқарор ва васеътар намуд. Ӯ ба баҳонаи Хоразмро низ забт кардан ба Хоразмшоҳ номае навишт, ки донишмандоне, ки дар он ҷо ҷамъ омадаанд, ба Ғазнин, ба ихтиёри вай бифиристад. Аз ин нома ҳамаи донишмандон огоҳ шуданд, Абӯалӣ ибни Сино ва Абӯсаҳл ба Ғазнин рафтан розӣ нашуданд ва аз Хоразм баромада рафтанд, чунки он подшоҳи хеле мутаассиб ва хунрез, махсусан ба файласуфон, хусусан ба тарафдорони мазҳаби исмоилия душманоии башиддат дошт ва ба дараҷаҳои бераҳмӣ ба онҳо рафтор менамуд ва фармони куштани онҳо медод. Хонаводаи Ибни Сино, ки исмоилимазҳаб буданд, намехост ба даргоҳи Маҳмуд рафта, гирифтори шиканҷаҳои Маҳмуд гардад. Аз ин рӯ вай барои ҷони худро саломат нигоҳ доштан аз Хоразм ҳам баромада рафт) ба Нисо (Нисо — дар Хуросон номи шаҳр аст. ҳоло харобаҳои он дар Туркманистон воқеъ аст.) ва аз он ҷо ба Овард* (Бовард.Абевард — номи шаҳр дар Хуросон буда, дар байни Сарахсу Нишопур воқеъ аст) ва аз он ҷо ба ҳамин тартиб ба Тӯс (Тӯс — номи шаҳр дар Хуросон, таваллудгоҳи Фирдавсӣ аст), Шаққон (Шиққон — яке аз ноҳияҳои тобеи Нишопур аст.), Самангон (Самангон (Саманкон) — номи деҳа буда, ба Ҷоҷарм наздик аст.), Ҷоҷарм (Ҷоҷарм — дар Хуросон номи вилоят) ва Ҷурҷон (Ҷурҷон (Гургон) — номи шаҳрест, ки даргузашта ба ду ноҳия тақсим шудааст: яке ноҳияи Деҳистон, ки дар шимол воқеъ буда, ба соҳили ҷануби шарқии дарёи Хазар (баҳри Каспи) пайваста буда, қисмати зиёди хоки Гургони имрӯз аст; дигаре ноҳияи Варгон ё Ҷурҷон буда, қисмате аст, ки рӯди Гургон аз он ҷо мегузарад) ҳаракат кунам. Мақсадам ин буд, ки ба назди амир Қобус (Қобус бинни Вушмагир номи подшоҳи Гургон, Табариетон ва Омул аст. Ӯ аз нависандагони замони худ буд, ба форсӣ, арабӣ шеър низ мегуфт. Қобус ба бузургони давлат хеле сахт рафтор менамуд, аксарияти онҳоро ба ҳабс мегирифт ё мекушт. Дар соли 402 ҳиҷрӣ (мутобиқи 1012—13 мелодӣ) бар зидди вай шӯриданд ва аз тахт фароварда, дар қалъае зиндонаш намуданд ва оқибат қатл карданд.) биравам. Лекин иттифоқан дар ин мобайн Қобусро дастгир карда, дар қалъае ҳабс намуданд ва дар ҳамон ҷо ӯ вафот кард. Сипас, ман ба Деҳистон рафтам ва дар он ҷо бемори сахт шудам ва баъд аз он боз ба Ҷурҷон (Гургон) бозгашта, дар он ҷо ба Абӯубайди Ҷузҷонӣ (*Абӯубайд Абдулвоҳид, аз шогирдони бисёр наздики Абӯалӣ ибни Сино, дар соли 403 ҳиҷрӣ (1013—14 милодӣ) дар Гургон ба хидмати Ибни Сино расида, то дами марг дар тамоми корҳои устод ёру ёвар будааст) ошно ва дӯст шудам. Дар бораи аҳволи худ қасидае сурудам, ки дар он байти зеринро гуфтам:

Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро,
Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо!


(Дар ҳамин ҷо ҳикояи Ибни Сино, ки аз саргузашт баён кардааст, тамом шуд. Бозмондаи онро то дами охири ӯ шогирдаш Абӯубайдуллоҳ Абдулвоҳиди Гургонӣ давом додааст.) Абӯубайдуллоҳ гуфт:
Ин буд он чи Шайх (Ибни Сино) ба забони худ барои ман ҳикоят кард, аз ин пас ман он чизе, ки дар борааш шунидаам ё дидаам, гувоҳӣ медиҳам:
Мегӯянд, ки вай дар овони кӯдакӣ аз зеботарини мардуми рӯзгор буд. Мардум рӯзи ҷумъа дар роҳҳо ва гузарҳо дар паноҳгоҳ меистоданд, то ҳангоме ки аз хона ба масҷиди ҷомеъ мерафт, зебоии ҷамолашро тамошо кунанд.
Дар Гургон марде буд, ки ӯро Абӯмуҳаммади Шерозӣ* (Абӯмуҳаммади Шерозӣ — шахси адиб ва донишманд, дӯстдори фалсафа ва яке аз шогирдони наздики Абӯалӣ ибни Сино буд) мегуфтанд. Вай дӯстдори ҳамаи ин донишҳо буд. Ӯ дар ҳамсоягии худ барои Шайх хонае харида, ба он ҷо фуруд овард. Ман ҳар рӯз бо вай ҳамнишинӣ доштам. Ман ба вай китоби «Маҷастӣ»-ро мехондам, ӯ бошад, мантиқро аз рӯи китоби «Мухтасар-ул-васат» («Алмухтасар-улавсат» — номи рисолаи Абӯалӣ ибни Сино), ки оид ба мантиқ аст, мегуфт, ман менавиштам. Бинобар хоҳиши Абӯмуҳаммади Шерозӣ китоби «Алмабдаъ-валмиод» ва «Китоб-ал-ирсод-ал-кулия»-ро навишт. Инчунин вай дар он ҷо боз дигар китобҳои бисёре, монанди китоби аввали «Қонун» (Қисмати аввали «Қонун»-ро Шайх (Абӯалӣ ибни Сино) дар Ҷурҷон (Гургон, дар соли 403 ҳиҷрӣ — 1013 мелодӣ), қисмати дигарашро дар Рай (дар соли 405 ҳиҷрӣ — 1015- 16 мелодӣ) ва боқимондаашро дар Ҳамадон (байни солҳои 405 ҳиҷрӣ — 1015 мелодӣ ва 414 ҳиҷрӣ — 1024 мелодӣ) навишт. Шайх ин китобро ба шогирдон меомӯзонд. Китоби «Қонун» яке аз беҳтарин ва машҳуртарин китоби Шайх буда, чандин асрҳо дар мамлакатҳои Шарқ ва кишварҳои Ғарб (Европо) маъруф ва аз китобҳои дарсӣ дар мадраса ва донишгоҳҳо буд. Дар соли 1593 дар Рим ин китоб ба забони лотинӣ тарҷума шуда, бар вай шарҳе навишта шуд), «Мухтасари маҷастӣ» ва дигар рисолаҳои бисёре навишт. Дигар бозмондаи китобҳои худро дар сарзамини «Ҷабал» навишт.
Сипас, вай ба Рай
(Шайх Абӯалӣ ибни Сино аз сабаби номувофиқатии вазъияти ҳол дар Гургон малӯл шуд, чунки аз як тараф Манучеҳр — писари Қобус аҳли илму адабро чунон ки бояд иззату икром намедошт ва аз тарафи дигар, мобайни Султон Маҳмуд ва подшоҳи он замон Манучеҳр муносибатҳои дӯстонае барқарор шуд. Бинобар ин, ин гуна ҳол барои Шайх мувофиқ намебуд ва Гургонро тарк карда ба сӯи Рай раҳсипор шуд. Рай дар ҷануби шаҳри Теҳрон воқеъ буда, дар гузашта бисёр ободу сераҳолӣ буд, пойтахти силсилаи Дайламиён ба шумор мерафт) рафт ва ба хидмати Саида (*Саида, модари Маҷдуддавла, зани бисёр оқила, ботадбир буда, ба ҷои писараш шахсан мамлакатро идора мекард. Аммо Маҷдуддавла лаёқат ва тадбири мамлакатдорӣ надошт) ва писараш Маҷдуддавла пайваст. Эшон шӯҳрат ва овозаи дониши Абӯалӣ Синоро ба воситаи китобҳояш, ки ба онҳо расида буд, дониста буданд. Дар ин ҳангом Маҷдуддавла ба бемории молихулиё (савдо,) гирифтор шуда буд, ӯро дар муддати кӯтоҳ муолиҷа кард. Дар он ҷо китоби «Алмиод-ал-асғар»-ро навишт. Вале Шайх то ғалабаи Шамсуддавла бар Ҳилол бинни Бадриддини Ҳаснавия ва шикасти лашкари Бағдод ва ҳаракати ӯ ба ҷониби Рай монд.

Сипас, барои вай пешомаде ногувор ба амал омад* (Дар вазъияти дохилӣ ҳарҷумарҷи калон ба вуҷуд омад. Саида дар соли 419 ҳиҷрӣ (1023—30 мелодӣ) вафот кард. Сардорони лашкар ба корҳои идораи мамлакат мудохила карданд. Аз ин гуна вазъияти номусоид истифода намуда, Султон Маҳмуд бо таъҷил ба тарафи Рай ҳаракат намуд (соли 1015) ва ниҳоят ба Рай ворид шуда, мардумро ба баҳонаи исмоилимазҳабӣ айбдор намуда, қатли ом кард, ба дорҳо овехт, молу мулки онҳоро тороҷ кард, китобхонаи машҳури Райро оташ зад.), лозим шуд, ки шаҳри Райро тарк намуда, ба Қазвин (Қазвин — номи шаҳр дар Эрон.) биравад. Вақте ки ба Қазвин расид, дар ин ҷо ҳам истоданро ба худ мувофиқ надонист, аз Қазвин ба тарафи Ҳамадон (Ҳамадон — номи шаҳр дар Эрон.) ҳаракат намуд... Ҳокими Ҳамадон Шамсуддавла (Шамсуддавла — бародари Маҷдуддавла аст. Маҷдуддавла дар Рай, Шамсуддавла дар Ҳамадон ҳукмронӣ мекард.) буд, ӯ бо Шайх ошно шуд ва ба ҷиҳати касалии қулинҷ (дарди хала ва рӯдаҳо), ки ӯро озор дода буд, Шайхро ба ҳузураш даъват кард. Абӯалӣ ибни Сино ӯро дармон кард ва ниҳоят шифо ёфт. Баъд аз ин чиҳил шабонарӯз дар қасри Шамсуддавла монд ва либосҳои қиматбаҳо ба вай доданд. Пас аз он Абӯалӣ ба манзили худ баргашт ва бо ин кайфият вай яке аз наздикони подшоҳ гардид.
Дар ин миён Шамсуддавла барои несту нобуд кардани хонадони Анноз
(Хонадони Аннозиён — аз хонадони маъруфи Эрон дар асри X ба шумор мерафт.) ба тарафи Кирмоншоҳ ҳаракат намуд ва Шайх низ ҳамроҳи ӯ буд. Аммо Шамсуддавла дар ин ҷанг шикаст хӯрда, ба Ҳамадон бозгашт (Ин ҳодиса дар соли 406 ҳиҷрӣ (1016—17 мелодӣ) воқеъ гардида буд.). Пас аз муроҷиат ба Ҳамадон ӯ аз Шайх хостор шуд, ки вазоратро қабул намояд. Ӯ низ онро қабул кард (Ду бор вазорати Ибни Сино дар солҳои 405 ҳиҷрӣ (1015—16 мелодӣ) ва 411 ҳиҷрӣ (1021 — 22 мелодӣ) воқеъ гардида будааст.).
Дар ин замон лашкариёни подшоҳ аз муваффақияти ӯ тарсида, бо иғвои ҳасадхӯрон бар зидди Шайх шӯриш бардошта, хонаашро муҳосира намуданд. То кор ба он ҷо расид, ки хонааш тороҷ шуд ва ҳар чй дошт, ҳамаро гирифтанд ва аз амир – подшоҳ талаб карданд, ки ӯро қатл намояд. Лекин подшоҳ аз куштани вай худдорӣ кард. Фақат барои ором кардани онҳо Шайхро аз кори вазорат озод кард. Шайх дар хонаи Саъиди Духдук то чиҳил рӯз пинҳон шуд...
Сипас, иттифоқан подшоҳ аз нав ба дарди қулинҷ гирифтор шуд. Шайхро талаб кард ва Шайх ба дарбори подшоҳ ҳозир шуд. Подшоҳ аз вай узрхоҳӣ кард. Шайх низ ба муолиҷаи ӯ машғул шуд. Амир ба вай иззату икром нишон дод ва бори дигар вазифаи вазоратро ба вай супорид.
Сипас, ман аз ӯ хостам, ки ба китобҳои Арасту шарҳ бинвисад. Вале Шайх гуфт:
— Ман дар ин ҳангом фароғат барои ин кор надорам (?) Аммо агар бихоҳӣ барои ту китобе менависам, ки дар он он чи аз ин донишҳо дар назди ман дуруст аст, биёварам. Ин корро бе мунозира бо мухолифон хоҳам кард. Пас ман бад-ин кор розӣ шудам. Вай барои мо қисматҳои табииёти китоберо, ки онро «Китоб-уш-шифо» ном гузошт, оғоз кард. Пеш аз он вай китоби аввали «Қонун»-ро низ навишта буд ва онро гирд овард.
Ҳар шаб донишҷӯён дар хонаи ӯ ҷамъ мешуданд, ман қисмате аз «Шифо» мехондам ва дигаре
(*Шайх чандин шогирдони маъруф дошт: яке аз онҳо Абӯабдуллоҳи Маъсумӣ буд, ки китоби «Қонун»-ро мехонд. Ин шахс аз бузургтарин шогирдони Шайх аст. Шайх дар бораи Маъсумӣ гуфтааст: «Ал-Маъсумӣ ҳува манӣ биманзила Арасту инда Афлотун». (Маъсумӣ барои ман ба манзилати Арасту аст дар назди Афлотун) Султон Маҳмуд Абуабдуллоҳро бо гурӯҳе аз файласуфон дар соли 420 ҳиҷрӣ (1029 — 30 милод) қатл кард.

Дигар аз шогирдони машҳури Шайх Абӯмансур ибни Тоҳир, ибни Зила, ки аз Исфаҳон аст, дар риёзӣ ва мусиқӣ маҳорати беназир дошт. Китоби «Шифо»-и Шайхро хулоса карда, ба рисолаи «Ҳай ибни Яқзон» низ шарҳе навиштааст. Соли вафоташ санаи 440 ҳиҷрӣ (1043—50 мелодӣ) мебошад.
Дигар аз шогирдони машҳури Шайх Баҳманёр бинни Марзбон буда, озарбойҷонӣ аст. Ӯ бо зеҳну заковати худ маъруф буд, бо Шайх мубоҳисаҳои бисёр мекард. Дар соли 457 ҳиҷрӣ (1065—66 мелодӣ) вафот кардааст.) аз китоби «Қонун» мехонд. Вақте ки мо вазифаи худро адо мекардем, навозандагон талаб мекард ва маҷлиси базм меоростанд. Мо ба ин кайфият машғул мешудем. Ба ҳамин дарсхонӣ ва мутолиаи мо дар шабҳо мегузашт, чунки Шайх, бинобар он ки рӯзона дар хидмати амир буд, фурсате боқӣ надошт. Мо муддатеро бо ҳамин тартиб гузарондем.
Сипас, Шамсуддавла ба ҷониби Торам барои ҷанг кардан ба амири он ҷо ҳаракат кард. Дар ин замон дар наздикии Торам* (Торам — сарзамини ҷузъи қаламрави Солориён дар Эрон аст, ки акнун ба вилояти Зинҷону Қазвин тобеъ аст.) касалии қулинҷ аз нав шиддат гирифт. Ин дафъа бемории ӯ хеле сахт буд ва аз сабаби парҳез накардан ва эътибор надодан ба суханони Шайх дардҳои дигар низ афзуд. Лашкариён аз аҳволаш тарсиданд, ӯро ба Ҳамадон бозгардонданд, вайро бо тахти равон мебурданд, дар роҳ вафот кард.
Баъд аз вафоти Шамсуддавла писараш Самоъуддавларо сонишини ӯ интихоб карданд ва ба вай аҳду паймон доданд.
Сипоҳиён хостор шуданд, ки Шайх вазоратро қабул намояд. Аммо ӯ ин таклифро рад кард
(Сабаби қабул накардани вазорат он буд, ки Шайх дар замони Шамсуддавла аз лашкариён ва дигар мардумон бисёр ранҷу кулфатҳо дида буд.) Лекин Шайх пинҳон, ба Алоуддавла (Алоуддавла аз амирони машҳури охирҳои асри X ва аввалҳои асри XI Эрон аст. Ҳокими Исфаҳон, Ҳамадон ва Рай гардид. Дар соли 433 ҳиҷрӣ (1042 — 43 мелодӣ) вафот кард.
Мактуби Шайх ба Алоуддавла дар соли 413 ҳиҷрӣ (1022 мелодӣ) воқеъ гардид.) мактубе навишт ва аз вай хостор шуд, ки ба хидматаш ба назди ӯ шавад. Шайх аз тарси душманон пинҳон шуда, дар хонаи Абӯғолиби Аттор
(Абӯғолиби Аттор — аз ҷумлаи шогирдон ва дӯстони хоси Шайх буд.) мезист.
Вақте ки Шайх дар хонаи Ғолиби Аттор пинҳон буд, ман аз вай хоҳиш кардам, ки китоби «Шифо»-ро навишта ба поён расонад. Вай Абӯғолибро бихонд (ҷеғ зад), аз ӯ коғазу давот талабид. Вай онҳоро овард. Шайх масъалаҳои асосиро, ки пешниҳоди онҳоро рехта буд ва тақрибан бист ҷузъ, ки ҳар кадом ҳашт варақ аст, ба дасти худ навишт. Ӯ дар зарфи ду рӯз тамоми масъаларо ба ягон маъхазе муроҷиат накарда, ба таври мукаммал аз ёд ва аз дили худ менавишт. Сипас, ин ҷузъҳоро рӯ ба рӯ гузошта, ҳар кадоми онро аз нав мутолиа менамуд ва онро шарҳ медод. Ба ҳамин тариқ ӯ ҳар рӯз панҷоҳ варақ менавишт. Шайх дар ин муддат ба ғайр аз китоби «Ҳайвонот ва наботот» тамоми табииёт ва илоҳиёти китоби «Шифо»-ро такмил дод. Баъд аз он ба навиштани «Мантиқ» шурӯъ карда, як қисмати ин китобро ҳам навишта буд, ки Тоҷулмалик
(*Тоҷулмалики Кӯҳӣ — фармондеҳи лашкари Ҳамадон буда, нисбат ба Шайх кинаи дерина дар дил дошт. Ӯ ба ин сабаб ба подшоҳ Самоъуддавла шикоят карда, ӯро шӯронида буд) вайро ба номанависии пинҳонӣ бо Алоуддавла айбдор кард. Самоъуддавла фармуд, ки Шайхро дастгир карда, зиндонаш бикунанд. Пас аз ҷустуҷӯи бисёре, ба далолати яке аз душманони Шайх, ӯро аз хонаи Абӯғолиби Аттор дастгир намуда, ба қалъае, ки онро Фардҷон (Нардвон) мегӯянд, бурданд.

Шайх дар зиндони қалъаи Фардҷон дар хусуси шарҳи ҳоли худ қасидае навишт, ки як байти он чунин аст:

Духули фил-яқину камо туроҳ,
Ва кул-уш-шак фӣ амр ул-хуруҷ.

(Яъне: вуҷудам чунон ки мебинӣ яқине аст, вале хуруҷам комилан мавриди шакку тардид аст). Шайх дар муддати чаҳор моҳ дар он ҷо монд* (Шайх дар ин чаҳор моҳ, ки дар ҳабс буд, бекор нанишаст ва аз навиштани асарҳо даст накашид ва якчанд китобҳояшро дар ҳамин зиндон навиштааст. Аз ҷумла рисолаи «Ҳай ибни Яқзон» (дар соли 414 — 1024—25), «Рисолат-ут-тайр» ва ғайра).
Сипас, Алоуддавла ба мақсади танбеҳ додан ба Тоҷулмалик (вазири Самоъуддавла) ба сӯи Ҳамадон лашкар кашида, он ҷоро гирифт. Тоҷулмалик дар ин ҷанг шикаст хӯрд...
Сипас, Алоуддавла аз Ҳамадон бозгашт. Баъд аз муроҷиати Алоуддавла Тоҷулмалик ва Самоъуддавла аз Шайх узр хостанд ва ба Ҳамадон баргаштанд ва Шайхро низ бо худ оварданд ва дар хонаи яке аз бузургзодагон, ки аз дӯстони қадими ӯ буд, фуруд омад ва ба навиштани қисматҳои «мантиқ»-и «Шифо» саргарм шуд.
Шайх дар он қалъаи Фардҷон китоби «Ал-ҳидоя» ва рисолаи «Ҳай ибни Яқзон» ва китоби «Қулинҷ»-ро навишта буд. Муддате ба ҳамин тариқ мегузашт.
Бо вуҷуди ин ки Тоҷулмалик дар ин миён ба Шайх ваъдаҳои некӯ медод, лекин вай ба ягон ваъдае боварӣ ва ҳавсала надошт, зеро ӯ аз тарафи одамони кинаҷӯ ва ҳатто фозилнамои Ҳамадон бисёр озорҳо дида буд, нисбат ба онҳо ва дастгоҳи ҳукумати он ҷо нафрати зиёде дошт.
Сипас, Шайх мавқеъро муносиб дида, худро ношинос карда, ман, Шайх, бародараш ва ду ғулом ҷомаи сӯфиён пӯшида, берун шудем ва баъд аз ранҷу сахтиҳои бисёр, ки дар роҳ кашидем, ба Табарон
(Табарон — яке аз деҳаҳои наздики шаҳри Исфаҳони Эрон аст), ба дарвозаи Исфаҳон расидем. Дӯстони Шайх ва надимони амир Алоуддавла (*Алоуддавла Ҳисомиддин машҳур ба Ибни Кокуя — ҳокими Исфаҳон, аз соли 338 ҳиҷрӣ (1008 — 9 милодӣ) то 433 ҳиҷрӣ (1042 — 43 мелодӣ). Ин воқеа баъд аз соли 414 ҳиҷрӣ (1024 — 25 милодӣ) рӯй дода будааст) ва гурӯҳе аз шахсони мӯътабари ӯ моро пешвоз гирифтанд ва барои Шайх ҷомаҳои зебо ва аспҳои хосаи подшоҳӣ оварданд ва бо камоли иззату эҳтиром ба Исфаҳон оварда, дар маҳаллаи Кавнгунбаз дар хонаи Убайдуллоҳ бинни Бибӣ манзил гирифт. Хонаи ин шахс ба ҳадди мувофиқат зебо ва ороста гардида буд. Онҳо ба ниҳояти эъзозу икром барои Шайх ҳар чӣ лозим буд, ба ҷо оварданд.
Сипас, рӯзи дигар Алоуддавла Шайхро ба қасри худ даъват намуд, ӯро ба таваҷҷӯҳ ва эҳтироми комил қабул кард.
Алоуддавла қарор дод, ки ҳар шаби ҷумъа дар ҳузури ӯ барои гуфтугӯи илм, маҷлисе тартиб диҳанд ва дар он маҷлис ҷамеи табақаҳои гуногуни донишмандон даъват карда шаванд ва Шайх дар миёни онҳо ба он андозае буд, ки ҳеҷ кас дар дониш бо вай баробар шудан чуръате надошт.
Шайх дар он асно ба тамом кардани китоби «Шифо» саргарм шуд; чунончи, аз мантиқ ва маҷастӣ фориғ шуд, Уқлидус ва арисмотиқию мусиқиро мухтасар карда, хубтар намуд ва дар ҳар қисмате аз китобҳои риёзӣ, масъалаҳоеро, ки ҳосили фикри ӯ буданд ва бад-он бештар эҳтиёҷ доранд, афзуд... Ҳамчунин, дар охири маҷастӣ дар илми ҳайат чизҳое навишт, ки собиқ ҳеҷ касе бар онҳо мисол наёварда буд. Дар Уқлидус чанде шубҳае эрод кард ва дар арисмотиқӣ хосиятҳои некӯ ҳосил намуд ва дар мусиқӣ масъалаҳое афзуд, ки пешгузаштагон аз он ғофил монда буданд.

Ба ҳамин тариқ «Китоб-уш-Шифо» ба як тартиби муайян ба охир расид.* (Дар ин айём Шайх ба синни 40 расида буд.) Қисмати наботот ва ҳайвонро дар соле, ки Алоуддавла ба сӯи Шопур ҳаракат мекард, дар роҳ ба поён расонд. Ва ҳам дар он роҳ китоби «Наҷот»-ро (Китоби «Наҷот» аз китоби «Шифо» мухтасартар буда, қисмати табииёт, мантиқ, риёзиёт ва илоҳиётро дар бар мегирад) таълиф кард.
Хуллас, Шайх шахси хоси Алоуддавла ва наздикони ӯ шуд. Вақте ки Алоуддавла барои хомӯш кардани фитнаву фасод ба сӯи Ҳамадон ҳаракат кард, Шайх низ ҳамроҳи ӯ рафт.
Як шаб дар пеши Алоуддавла сухан дар бобати нуқсонҳои тақвими ҷория, ки ба воситаи расадҳои қадим сохта шуда буд, ба миён омад ва амир ба Шайх фармон дод, ки ба расади ситорагон
(Роҳ ва тариқи назар кардан, усули тартиби тақвим (календар) дар замони гузашта.) машғул шавад. Амир ҳар чизе барои ин кор лозим буд, ба вай дод. Шайх ба ин кор сар кард ва маро талаб кард ва анҷоми ин корро ба ман супорид, то ин ки ҳама асбоб ва олоти лозимаро омода намоям. Вале ба сабаби машғулияти зиёди Шайх ва сафарҳои бисёри ӯ ва дигар мамониатҳо ба такмил - анҷоми кори расад халал расид...
Шайх дар Исфаҳон китоби «Улоӣ» («Донишномаи Улоӣ») - ро навишт.
(Ин китоб яке аз китобҳои муҳимми Абӯалӣ ибни Сино буда, ба забони дарӣ - тоҷикӣ аст, ки барои Алоуддавла навшнтааст. Қисматҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт ва риёзиётро дар бар мегирад.)
Ман дар муддати бисту панҷ сол дар сӯҳбат ва хидмати ӯ будам; ҳар гоҳ вай дар ин муддат ягон китоби наве, ки ба дасташ бидиҳанд, ҳаргиз надидам, ки бо тартиб аз сар то охир бихонад. Балки ҷоҳои душвор ва масъалаҳои мушкили он китобро медид ва аз мутолиаи он масъалаҳои мушкил пай мебурд, ки нависандааш чӣ мегӯяд ва андозаву дараҷаи онро дар дониш мефаҳмид.
Рӯзе Шайх назди амир нишаста буд ва Абӯмансури Ҷабон
(Яке аз донишмандони Исфаҳон ва пешвои забоншиносони замон ба шумор мерафт.) низ дар он маврид ҳозир буд. Дар он маҷлис дар бораи масъалаҳои илми забоншиносӣ (луғат) низ сухан пеш омад. Шайх дар ин масъала он чи медонист, баён кард. Абӯмансур рӯ ба Шайх намуда гуфт:
— Ту файласуф ва марди ҳаким ҳастӣ, аммо дар соҳаи луғат чизе нахондаӣ. Бинобар ин мо аз гуфтаҳои ту розӣ ва хурсанд шуда наметавонем.
Шайх аз ин гуна таъна озурда шуд. Баъд, ду сол ба хондани китобҳо оид ба луғат машғул шуд ва китоби «Таҳзиб-ул-луғат»-ро, ки аз китобҳои Абӯмансури Азҳарӣ
(Машҳуртарин аз донишмандони илми луғат (забон) буда, китоби ӯ «Таҳзибул-луғат» аз даҳ ҷилд иборат будааст. Ӯ дар соли 481 ҳиҷрӣ (1089—90 мелодӣ) дар Ҳирот вафот кард.) мебошад, аз Хуросон талабид ва боз дигар китобҳои оид ба луғатро ба даст овард ва тамоми онҳоро омӯхт. Пас, дар ин илм ҳам ба дараҷае расид, ки камтар касе ба он дараҷа расидааст.
Шайх се қасида суруд ва дар онҳо истилоҳоти қариб (душворфаҳм)-ро кор фармуд ва пас аз он се китоб навишт, ки ҳар китоб аз чанд фасл иборат буд. Яке ба равиши китоби Ибн-ал-Амид
(Абулфазл Муҳаммад ибн ал-Ҳамид аз донишмандони машҳури Хуросон буда, махсусан дар луғат ва забони арабӣ машҳур буд. Ӯ дар саҷъу ҳусня баён ангуштнамои замони худ ба шумор мерафт, дар соли 360 ҳиҷрӣ (971—72 мелодӣ) вафот кардааст), дигаре ба тарзи Собӣ (Марди адиб, шоир, донишманд ва котиб буд. Насраш ҳунармандона аст. Ӯ дар соли 320 ҳиҷрӣ (933—34 мелодӣ) дар синни 80-солагӣ вафот кард.) ва китоби сеюм ба тариқи Соҳиб бинни Ибод (*Яке аз бузургтарин адиб ва донишмаиди замони худ буд. Рисолаҳояш машҳур буда, ҳамаи онҳо ба тариқи насри саҷъ — бо қофия навишта шудаанд. Дар соли 385 — 395 ҳиҷрӣ вафот кардааст.) Фармуд, ки онҳоро ба ҷилдҳои кӯҳна ҷилд кунанд. Сипас, он ҷилдҳоро назди Алоуддавла бурд, ки ба Абӯмансур нишон диҳад ва бигӯяд, ки онҳоро бо ин ҷилдҳо дар биёбон дар ҳангоми шикор ёфтам. Бигӯ, ки ин китобҳоро бо диққат назар кун ва мазмуни онро ба мо маълум кун, ки чист?

Сипас, Абӯмансури Ҷабон он китобҳоро гирифт ва бо диққат мутолиа кард, бисёр ибора ва масъалаҳои он китоб бар вай мушкил намуд, дар ҳайрат монд.
Пас Шайх ба ӯ гуфт:
— Он чи ту аз ин китоб намедонӣ, барои ҳалли мушкилоти худ дар фалон китоби луғат, ки дар фалон мавзӯъ омадааст, ёфта метавонӣ. Баъд китобҳои маъруфе, ки дар илми луғат навиштаанд, ба вай гуфта дод, чунки Шайх он ибораҳоро аз он китобҳо ба хотир гирифта буд. Абӯмансур он луғатҳоро, ки Шайх ба онҳо ишора карда буд, бе ҳеҷ гуфтугӯ қабул намуд ва баъд донист, ки ин китобҳоро худи Шайх навишта будааст ва ҳар чӣ имрӯз пеши ӯ овардааст, натиҷаи он чиз аст, ки ду сол пеш Шайхро сарзаниш - таъна карда буд.
Баъд, Абӯмансур аз гуфтаҳояш хиҷолат кашида, аз Шайх узр хост.
Сипас, Шайх он чизе, ки дар ин бора навишта буд, ба шакли китоби луғат дароварда, онро «Лисон-ул-араб» (забони араб) ном гузошт. Дар луғат монанди он ҳаргиз китобе нанавиштаанд. Лекин он китоб то замони вафоти Шайх покнавис нашуд* (*Ин китоб аз даҳ ҷилд иборат будааст.) ва баъд аз он касе роҳе пайдо накард, ки онро ба тартиб оварад.
Шайх дар ҳоли беморӣ бисёр доруҳоро озмуда, онҳоро ҷамъ карда буд ва нияте дошт, ки ҳамаи онҳоро дар китоби «Қонун» илова кунад. Лекин гум шуданд...
Шайх китоби «Ал-Мухтасар»-ро дар илми мантиқ дар Гургон навишта буд. Ин ҳамон китобест, ки сипас онро дар оғози китоби «Наҷот» ҷой додааст. Яке он китобро ба Шероз бурданд. Гурӯҳе аз олимону донишмандони он шаҳр дар бораи чанде аз мавзӯъҳои он китоб дар шубҳаҳо афтоданд ва он шубҳаю эродҳои худро ба дафтаре навиштанд. Қозии Шероз, ки худ аз он гурӯҳ буд, он дафтарро бо мактубе назди Абулқосими Кирмонӣ... фиристод ва бо қосиди махсус ин матлабро равона карда, хоҳиш намуда буд, ки он ҷузвро бар Шайх арз намояд ва аз ӯ ҷавоб биталабад. Сипас Шайх Абулқосим дар рӯзи тобистон наздики ғуруб - фурӯшинии офтоб назди Шайх омад. Номаи хусусии қозии Шероз ва он дафтарро ба вай тақдим намуд. Шайх номаро бихонд, баъд ба вай баргашта дод ва дафтарро рӯ ба рӯи худ гузошт. Дар ҳоле ки аҳли маҷлис то бевақтӣ бо ҳам дар гуфтугӯ буданд, Шайх бар рӯи дафтар менигарист. Сипас, Абулқосим берун рафт.
Шайхурраис маро фармуд, ки коғази сафед биёварам. Ман панҷ ҷузва (дафтар), ки ҳар кадоми онҳо аз даҳ варақ иборат буд... барояш бурдам. Баъд аз адои намози хуфтан Шайх шамъро пеш кашид ва фармуд, ки бода биёваранд. Маро ва бародарашро нишонд ва фармуд, ки май бихӯрем ва худ то ними шаб ба навиштани ҷавобҳо ба он масъалаҳо машғул шуд... То он ки маро ва бародарашро хоб ғалаба кард. Баъд, ба мо иҷозат дод, ки биравем ва хоб кунем. Қариби бомдод касе дарро мекӯфт. Ӯ фиристодаи Шайх буд, ки маро мехост. Ман бо шитоб назди Шайх рафтам. Ӯ рӯи ҷойнамоз нишаста буд ва дар баробараш он панҷ дафтар истода буд.
Пас ба ман гуфт:
— Ин дафтарҳоро гирифта ба назди Шайх Абулқосими Кирмонӣ бибар ва ба ӯ бигӯ, ки дар навиштани ҷавоби онҳо шитоб кардам, ки то рикобдор маътал нашавад.
Вақте ки ҷавоби он иштибоҳот ва эродҳоро ба Шайх Абулқосим бурда додам, онҳоро бо диққат мутолиа кард, бениҳоят дар тааҷҷуб монд. Пас, қосиди шерозиро талаб кард ва ӯро аз ин ҳол огоҳ намуд ва дафтарҳоро ба ӯ дод, то ба Шероз бозгардад. Ин воқеаи таърихӣ дар миёни мардум машҳур гардид.

Дар боби расадхона афзорҳое сохта буд, ки пеш аз ӯ набуд ва дар он бобат рисолае низ навишт. Ман ҳашт сол дар сохтмони расадхона вақт сарф кардам...
Шайх «Китоб-ул-инсоф»-ро навишт* (Ин китоб яке аз бузургтарин ва қиматбаҳотарин асарҳои Шайх буда, 20 ҷилд аст ва 28 ҳазор масъаларо дар бар гирифтааст, ки як қисми он ҳоло мавҷуд буда, бо номи «Ал-машриқин» машҳур аст). Он рӯзе, ки Султон Масъуд - писари Маҳмуди Ғазнавӣ шаҳри Исфаҳонро гирифт (Ин воқеа, яъне ҳамлаи Масъуд, дар соли 421ҳ. — 1030м. воқеъ шудааст), лашкариёни вай хонаи Шайхро тороҷ карданд ва аз он ҷумла «Китоб-ул-инсоф» низ ба ғорат рафт ва аз он пас касе огоҳ нашуд.
Шайх нерӯ (қудрат)-и бисёр солим дошт... Дар сиришти ӯ сустӣ ва мондашавӣ роҳ надошт. Дар ин бора ба вай гуфтанд...
Пас вай гуфт:
— Ба ман нируҳои берунӣ ва дарунӣ бисёр додааст ва ман ба ҳаққи ҳар қудрате вафо мекунам...
Вай ба қудрати сиришти худ (мизоҷи худ) бисёр бовар, дошт, то ин ки Алоуддавла бо Тоши фаррош дар даромадгоҳи шаҳри Караҷ (Карх) ҷанг мекард, кораш ба ҷое расид, ки ба дарди қулинҷ (дарди рӯда) гирифтор шуд
(Дар натиҷаи пешомадҳои зиндагии ноором — аз шаҳре ба шаҳре овора гаштанҳо, озорҳои душманон, ранҷҳо, машаққатҳо ва кашмакашҳое, ки дар ҷараёни зиндагӣ рӯй додаанд, ҳама нороҳатиҳо ва зиндонӣ шуданҳо, дар шабҳои бехобӣ бо навиштанҳо ва бо корҳои давлатӣ ва мардум машғул шуданҳо рафта-рафта қувваташ суст гардид ва дучори қулинҷи шадиде шуд.) Ӯ барои доруву дармони худ шитоб кард, зеро метарсид, ки дар ин маврид (ҳолати ҷанг) онро дафъ карда натавониста, ба дасти душман наафтад. Дар як рӯз ҳашт бор худро ҳуқна (клизма) кард. Сипас яке аз рӯдаҳои ӯ захмдор шуд... Бо ин ҳол вай маҷбур буд, ки бо Алоуддавла шитобон ба Эзач (*Эзач — номи шаҳре байни Исфаҳону Хузистон дар Эрон буд) биравад ва дар он ҷо дарди саръ, ки дунболаи бемории қулинҷ аст, дар вай пайдо шуд. Бо ин ҳама вай танҳо ба худаш тадбир меҷуст... ва худро ҳуқна мекард, ки бозмондаи қулинҷро аз байн бибарад.
Сипас, рӯзе фармуд, ки ду донг (0,2 грамм) тухми карафс (селдерей - гиёҳе) гирифта ба ҳуқна бирезанд, то боди қулинҷро бартараф намояд. Сипас, яке аз табибоне, ки барои даво кардани ӯ машғул буд, панҷ донг тухми карафс ба оби ҳуқна рехта ба кор бурд. Намедонам, ки корро ӯ қасдан кард ё ин ки саҳван карда буд, зеро ки ман бо вай набудам. Сипас ба воситаи зиёдии ин тухми карафс ба шиддат исҳол (хунравӣ) афзуд. Дар ин ҳангом митрудитус (mithradatus) барои дафъи саръ истеъмол мекард. Вале яке аз ғуломонаш, ки ба мол ва ашёҳои ӯ хиёнат карда ва аз оқубати кораш метарсид, ба он даво афъюни бисёре омехта ба Шайх бурд ва вай хӯрд. Баъд, Шайхро бо ҳамон ҳол ба Исфаҳон бурданд ва ӯ аз паи тадбири худ шуд. Ӯ ба куллӣ аз қувват рафта буд, ҳатто наметавонист аз ҷояш бархезад. Бо вуҷуди ин худро муолиҷа мекард, то тавонист андак беҳбудие ҳосил кард ва бо ҳамин ҳол гоҳе ба ҳузури Алоуддавла мерафт. Аммо, бо ин ҳама беморӣ, парҳез намекард. Ҳар вақт ки беморӣ аз нав шиддат мегирифт, парҳез ба кор мебурд.
Сипас, Алоуддавла ба Ҳамадон сафар кардан хост. Шайх низ бо ӯ ҳамроҳ рафт. Дар роҳ бемории ӯ шиддат гирифт ва муолиҷа намуданҳо суде набахшиданд. Вақте ки ба Ҳамадон расиданд, Шайх донист, ки қувваи ӯ аз байн рафтааст ва наметавонад бемориро дафъ кунад. Пас аз доруву дармон кардани худ маъюс шуд ва гуфт:
— Чорасозе, ки бар бадани ман тадбир мекард, акнун аз чора дидан бозмонда ва ба оҷизии худ эътироф кардааст, пас, муолиҷа кардан суде нахоҳад бахшид.
Сипас, чанд рӯз бо ҳамин ҳол монд. Ниҳоят чашм аз дунё пӯшид. Вай ба ҷаҳон дар соли 380 (980 м.) омад, 57 сол зиндагӣ кард, дар соли 428 (1037 м.) дар Ҳамадон ба хокаш супориданд...
ЁДОВАР:
Сузсонӣ дар хулосаи китоб номи 70 асари мукаммали устодашро сабт намудааст.
Ба гуфтаи баъзе муаллифон Абӯалӣ ибни Сино, ҳангоме ки дар бистари беморӣ мехобид, ин байтро такроран бар забон меронд (мазмунан аз арабӣ):
Мурдему он чиро, ки бо худ бурдем,
Ин аст, ки донистем, ки ҳеҷ надонистем.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2