Мероси илмӣ ва адабии Абӯалӣ ибни Сино
Абӯалӣ ибни Сино дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон аст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18-солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо чиҳил сол давом кардааст. Ӯ асарҳояшро бо насру назм ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ навиштааст. Сабаби бисёр асарҳои илмии худро ба забони арабӣ навиштани Абӯалӣ ибни Сино он аст, ки забони арабӣ мисли забони лотинӣ, ки дар тамоми кишварҳои насронӣ забони умумии илм буд, дар саросари олами ислом забони илмӣ шинохта шуда буд. Ҳамчунин, китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро мефаҳмонданд, дар он забон устувор гардида буданд.
Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои Х-ХІ фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт. Осори Абӯалӣ ибни Сино ниҳоят зиёд аст. Аз рӯи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абӯалӣ ибни Сино, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари ӯ нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай ба забони модариаш тоҷикист. Бар болои ин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ ибни Сино низ то ба замони мо боқӣ мондааст. Асарҳои Абӯалӣ ибни Сино аз чиҳати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошанд. «Китобулинсоф», ки аз байн рафтааст, 20 ҷилд буд. «Алҳосил валмаҳсул» 20 ҷилд, «Китобушшифо» - 18 ҷилд, «Лисонулараб» 10 ҷилд, «Алқонун» - 5 китоб, «Наҷот» - 3 ҷилд. Ин китобҳо бо «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома» ва ғайраҳо дар инкишофи илми дунё нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд.
Тамоми асарҳои Абӯалӣ ибни Синоро метавон ба чаҳор гурӯҳ тақсим кард: Якум, асарҳо доир ба ҳикмат, фалсафа, ахлоқ ва мантиқ. Дуввум, асарҳо оид ба тиб. Сеюм, асарҳо дар бораи илмҳои дақиқ. Чаҳорум, асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат. Аммо бисёр асарҳои ӯ чандин илмро фаро мегиранд. Барои мисол «Донишнома»ро бигирем. Он аз қисматҳои мантиқ, илоҳиёт, табииёт, ҳайъат ва мусиқӣ таркиб ёфтааст. «Шифо» илоҳиёт, мантиқ, табиёт ва мусиқиро фаро мегирад. Осори фалсафии Абӯалӣ ибни Сино. Дар дунё Абӯалӣ ибни Сино пеш аз ҳама чун файласуф ва пизишки номӣ шинохта шудааст. Асарҳои машҳури ӯ дар соҳаи фалсафа ва мантиқ «Китобушшифо», «Наҷот», «Ишорот ва танбеҳот», «Донишнома» мебошанд. Ин асарҳо умдатарин масъалаҳои фалсафаро фаро мегиранд. «Китобулинсоф», ки аз 20 ҷилд иборат буда, оид ба 28 ҳазор масъала ва нуқтаҳои фалсафӣ баҳс мекард, боқӣ намондааст.
Таносуби Худо ва табиат, шаклҳои ҳастӣ, моддаву сурат, нафсу тан, сабабу натиҷа, зарурат, моҳияти ҳаракат, замону макон, моҳияти зиндагӣ ва амсоли инро фаро мегиранд. Доир ба назарияи маърифат фикрҳои аҷоиб пеш рондааст. Ин асарҳои Абӯалӣ ибни Сино дар тӯли асрҳо ба забонҳои лотинӣ, яҳудӣ, инглисӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, фаронсавӣ, русӣ, туркӣ ва ғайра тарҷума ва нашр шудаанд. Масъалаҳои ахлоқ, ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, тарбия ва таълим дар «Рисола фӣлахлоқ», «Рисолаи илми пешин ва барин», «Рисола дар адли подшоҳ», «Мантиқи форсӣ», «Рисолаи тилисмоти форсӣ», «Тадбири манзил» ва амсоли инҳо низ баён карда мешаванд. Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино қабл аз ҳама файласуфи бузург ва пизишки сутург буд. Вай дар инкишофи бисёр соҳаҳои илмҳои дақиқ, мусиқӣ ва ахлоқ низ саҳми пурарзише гузоштааст. Нақши Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илмҳои вобаста ба забону адабиёт низ хурд нест. Вай пеш аз ҳама истилоҳоти илмии забонҳои арабӣ ва тоҷикиро хеле такмил дод.
Ба туфайли «Донишнома» ва рисолаҳои тоҷикии Абӯалӣ ибни Сино ва асарҳои алоҳидаи муосирони ӯ исбот шуд, ки забони тоҷикӣ қодир аст маъниҳои амиқи фалсафӣ ва илмиро ифода намояд. Ҳамчунин, Абӯалӣ ибни Сино «Лисонулараб» ном асаре таълиф карда буд, ки мисли он дар луғатшиносӣ дида нашудааст. Асари дигаре бо номи «Махориҷулҳуруф» дар бораи савтиёт (фонетика) баҳс мекунад. Рисолаҳои зиёди Абӯалӣ ибни Сино роҷеъ ба илмҳои дигари адаб ва сураҳои алоҳидаи Қуръон низ маълуманд, ки чанде аз онҳо боқӣ мондаанд. Як нуктаро таъкид кардан лозим аст, ки дар аксари асарҳои Абӯалӣ ибни Сино масъалаҳои ахлоқ, ки ба адабиёт иртиботи зич дорад, мавриди баҳс қарор мегирад. Бинобар таълимоти ахлоқии Абӯалӣ ибни Сино мард пеш аз ҳама бояд дар ислоҳи нафси худ бикӯшад, хештанро солеҳу некӯ гардонад, покдину парҳезгор бошад, дар ахлоқу одоб, адолату мурувват, ростӣ ва шуҷоъат намуна бошад. Ин гуна мард барои осоиш ва давом додани насли худ бояд зан бигирад, зане, ки аз чиҳати ақл солим ва тандуруст бошад.
Мард баъд аз оне, ки ба балоғат расиду соҳиби маълумоту касби хуб шуд, ӯро зарур аст, ки аввал ғами хонаву манзилро бихӯрад, худ ва аҳли хонаводаро бо пӯшок ва хӯрок, ки мояи ҳаёт аст, таъмин намояд. Абӯалӣ ибни Сино ба арабӣ ва тоҷикӣ шеър ҳам навиштааст. Асарҳои манзуми ӯ ба забони арабӣ аз қасоид, қитъаҳои фалсафӣ, панду ахлоқ, танқид, ишқ ва муҳаббат, ҳамчунин урҷузаҳо иборатанд. Урҷуза ашъоре, ки дар баҳри раҷаз эҷод гардидаанд. Яке аз асарҳои машҳури Абӯалӣ ибни Сино манзумаи «Урҷуза фиттиб» аст, ки дар ҳаҷми 1326 байт бо шеър ба забони арабӣ таълиф шуда, бисёр нуктаҳои назарӣ ва амалии тибро, ки дар «Алқонун» мавҷуданд, ба тарзи содда, оммафаҳм ва мухтасар баён мекунад. Дар ин асар доир ба тамоми дарди бадан, мизоҷ ва табъи инсон сухан меравад. Абӯалӣ ибни Сино бо эҷоди ин манзума анъанаи устод Рӯдакӣ ва Майсариро давом додааст. Манзумаи Рӯдакӣ «Даврони офтоб» илми нуҷумро бо шеър баён мекард.
Майсарӣ бошад, дар замони Рӯдакӣ доир ба илми тиб ба тоҷикӣ манзумае навишта буд, ки 5500 байтро фаро гирифта, имрӯз ҳам боқист. Абӯалӣ ибни Сино боз даҳ урҷузаи дигар доир ба соҳаҳои гуногуни илм навишта будааст. Қасидаи айният, яъне қасидае, ки қофияи он бо ҳарфи «айн» тамом мешавад, мазмуни фалсафӣ дошта, дар он роҷеъ ба сайри ақл, нисбати тану ҷон сухан меравад. Рисолаҳои «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Қадр», «Тайр» ва «Ишқ» бо рамзу киноя ба тариқи тамсил эҷод шуда, дар бораи сарнавишт, таносуби ақлу ҷисм, камолоти ақл, ангезаҳои ишқ, тасвири оламҳо, кирдор ва атвори бошандагони он оламҳо, ахлоқи ҳамида, дурӯғ, хиёнат, зулм, ситам, худписандӣ, бухл, тамаъ ва дигар падидаҳои ахлоқи разила ва дурӣ ҷустан аз он баҳс мекунанд. Инсонро дӯст ва ёр бояд. Абӯалӣ ибни Сино мефармояд: "Ёр барои он бояд, бор аз дили ёри худ бардорад ва дӯст аз баҳри он бошад, то ранҷ аз дӯсти худ баргирад. Аммо дар ин рӯзгор чунин дӯсту ёр куҷо ба даст ояд?!" Дар мавзӯи илоҳиёт манзумаи фалсафии «Алҷамоият улилоҳият фиттавҳид»-ро (334 байт) навиштааст, ки бо номи «Қасидаи нуния» машҳур аст.
АСАРҲОИ ШАЙХУРРАИС БА ФОРСИИ ДАРӢ
То имрӯз асарҳои ба забони модарии худ навиштаи Ибни Синоро, ғайр аз «Донишномаи Алоӣ», боз дуто гумон мекарданд: «Рисолаи набз» ва «Меъроҷнома» («Рисолатулмеъроҷия»). Аммо Саид Нафисӣ дар китоби номбаршудааш рӯихати 23 ном асари ба форсии дарӣ навиштаи Ибни Сино ё ки ба вай нисбат додашударо меоварад. Инак, номгӯи он асарҳо (ғайр аз се асари дар боло номбаршуда):
- «Мабдаъ ва маод» (муаллиф аввал ба арабӣ навишта, баъд худаш барои Алоуддавла ба форсии дарӣ тарҷима карда будааст).
- «Ташреҳалаъзо» ё «Рисолаи ҳақоиқи вуҷуд» (шаш нусха дар китобхонаи Исломбул мавҷуд будааст).
- «Ҳикматулмавт» (як нусха дар Исломбул будааст).
- «Ҳалли мушкилоти муайяна» (ин асар ба Насириддини Тӯсӣ ҳам нисбат дода мешавад).
- «Рисолат фи зикралисботалмабдаъ валмаод» (Нафисӣ ба асари Ибни Сино будани ин шак дорад).
- Рисолаи «Тасаллулилал ва мусаббабот».
- Рисолаи «Ҷирсақил»(?)
- «Рисолаи ҷудия»
- Шарҳи «Китобуннафс» - и Арасту (ба Афзалиддини Кошонӣ ҳам нисбат дода мешавад).
- «Зафарнома» (тарҷимаи Ибни Сино панду ҳикматҳои барои Анӯшервон навиштаи Бузарҷмеҳри ҳакимро).
- Рисолаи «Қарозат фиттабииёт» (ба дигар муаллифон ҳам нисбат дода мешавад).
- «Рисолаи алмаод» (дар Эрон бо номи «Равоншиносӣ» чоп шудааст).
- «Канузалмуаззимин фӣ алнайранҷот ватталосим» (ин асари Ибни Синоро худи ӯ ё каси дигар аз арабӣ тарҷима кардааст).
- «Рисолат фӣ алмабдаъ валмаодал...» (калимаи охирин хонда нашуд, рисола матни арабӣ ва форсӣ доштааст).
- «Рисолаи нубувват».
- «Илми пешин ва барин»,
- «Рисолаи тилисмот»,
- «Шарҳи рисолататтайр» (соли 1935 дар Штутгарт дар маҷмӯае дарҷ шудааст).
- «Мантиқи форсӣ»,
- «Рисолаи адли шоҳӣ» (дар Машҳад як нусха будааст).
Нафисӣ бо эҳтиёт изофа мекунад, ки мумкин аст баъзе аз ин асарҳо аз Ибни Сино набошанд ё тарҷимаи касони дигар асарҳои ҷудогонаи ӯро аз арабӣ ба форсӣ бошанду азбаски матни арабӣ ва форсиашон мавҷуд аст, онҳоро тарҷимаи худи Ибни Сино пиндошта бошанд.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё