Абӯалӣ ибни Сино - Эҷодиёт
ЭҶОДИЁТИ ШАЙХУРРАИС ДАР КАЛОМИ НАФИС Ашъори тоҷикии Абӯалӣ ибни Сино.
Мазмун ва мундариҷаи ғоявии шеърҳои тоҷикии Абӯалӣ ибни Сино бо мазмуни осори илмӣ ва ашъори арабиаш робитаи ногусастанӣ доранд. Соли 1980 дар Душанбе таҳти унвони «Авҷи Зуҳал» маҷмӯаи ашъори Абӯалӣ ибни Сино ба табъ расид. Дар он 4 ғазал, 5 қитъа, 38 рубоӣ ва 2 фард шеърҳои тоҷикии шайхурраис ҷой дода шудааст. Инчунин, дар он маҷмӯа тарҷумаи форсии «Қасидаи айния» иборат аз 42 байт дар шакли маснавӣ, асли он қасида ва чанд порча шеъри арабии аллома нашр гардидааст. Мазмуни ин шеърҳоро фалсафа, ахлоқ, панд, ҳикмат, ишқ, муҳаббат, май ва танқид ташкил мекунад. Ҷустуҷӯ ва дарёфти рози ашёву ҳодисаҳо, умед аз кашфи ҳақоиқи илоҳӣ ва, ниҳоят, ба хулосае омадан, ки асрори ғайб хоси Аллоҳ таъоло буда, барои бандагон кашфнашаванда аст. Абӯалӣ ибни Сино бо афсӯс мегӯяд:
Эй кош, бидонаме, ки ман кистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз паи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!
Ҳангоми зиндагӣ ва баъди марги Абӯалӣ ибни Сино ҳам асрҳо аҳли хурофоту таассуб ӯро ба бединӣ айбдор мекарданд, чунки шайхурраис нотарсона ва бериё бар алайҳи нодонию ҷаҳл хурӯҷ мекард. Ин гурӯҳҳо, ки худро донои чаҳон мешумурданд, аксар одамони дар ақида маҳдуд, камдониш ва дар биниш тангназар буданд. Онҳо ба алломаи замон Абӯалӣ ибни Сино бо чашми адоват нигариста, бар зидди ӯ ҳамлаҳои девонавор оварда, ӯро кофир мегуфтанд. Абӯалӣ ибни Сино ҳам ба онҳо ба оҳанги худашон чавоб медиҳад:
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз чаҳл, ки донои чаҳон эшонанд.
Ҳар бош, ки ин ҷамоа аз фарти харӣ,
Ҳар к-ӯ на хар аст, кофираш мехонанд.
Абӯалӣ ибни Сино эътироф менамояд, ки ӯ аксари асрори оламро кашф карда бошад ҳам, дар маърифати Ҳақ ва ҳастии Худованд, ки воҷибулвучуд аст, натавонистааст, ки чизеро бифаҳмад:
Дар парда сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълумам шуд, ки ҳеч маълум нашуд.
Албатта, ин эътирофи аллома дуруст аст, ки ӯ ба кунҳи вуҷуди Худованд нарасидааст, зеро он аз иқтидори инсон берун ва хоси худи Парвардигор аст. Аммо дар ҳамин ҷо ҳам Абӯалӣ ибни Сино ба дарки бисёр нуқтаҳои борики асрори худовандӣ расидааст. Масалан, ӯ кашф кардааст, ки Ҳақ - яъне воҷибтаъоло, ҷони чаҳон, боис ва офаридагори ҷумла ҳастиҳост, ҷаҳон гуё баданест, ки ҳама мавҷудот, яъне одаму малоика метавонанд дарк бинамоянд, ки тамоми ҷамодоту наботот ва ҳайвоноти ҷаҳон аз унсурҳои чаҳоргона - хоку обу оташу бод сохта шудаанд, ки ҳамаи инро тавҳид, яъне як будани хилқат, яъне офариниш мегӯянд. Дигар ҳамаи таълимот дар бораи хилқат ва ваҳдати холиқ -офаранда ва махлуқ - офаридашудаҳо дурӯғ буда, қобили пазируфтан нест. Абӯалӣ ибни Сино дар як рубоии худ мефармояд:
Ҳақ - ҷони ҷаҳон асту ҷаҳон ҷумла - бадан,
Аҷноси малоика - ҳавоси ин тан.
Аҷром - аносиру маволид - аъзо,
Тавҳид ҳамин асту дигарҳо ҳама - фан.
Фарқи ашъори Абӯалӣ ибни Сино аз шеърҳои шоирони дигар он аст, ки аксари онҳо аз мазмунҳои фалсафӣ сиришта шуда, андешаҳои файласуфи чаҳониро роҷеъ ба нуқтаҳои борики ин фан ифода намуда, дар ағлаби онҳо кашф нагардидани асрори илоҳӣ таъкид мешавад.
Эй зоти ту мар вуҷудро буда асос,
Ҷуз зоти ту нест ҳеҷ кас зотшинос.
Касро ба камолу кунҳи зотат раҳ нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту қиёс.
Ба андешаи Абӯалӣ ибни Сино олам ва ҳаводиси он ҳамеша дар гардиш буда, ободӣ ва харобӣ доимо якдигарро метавонанд, ки иваз кунанд:
Ҳар ҳайъату ҳар нақш, ки шуд маҳв кунун,
Дар махзани рӯзгор гардад маҳзун.
Чун боз ҳамин вазъ шавад вазъи фалак,
Аз пардаи ғайбат оварад ҳақ бурун.
Аммо аз ин тағйироту ивазшавиҳо, ки ҳамеша дар хазинаи рӯзгор маҳфуз аст, таҷриба бояд гирифт, зеро Худованд қодир аст, ки харобиҳоро ба ободонӣ ва ободиҳоро ба вайронӣ табдил диҳад. Инро ба чашми ибратбин бояд дид. Таълимоти ахлоқии Абӯалӣ ибни Сино ба андӯхтани дониш, омӯхтани ҳунар, гиромидошти дӯстӣ, ситоиши рафоқат, талқини адлу инсоф ва тарғиби некӣ нигаронида шудааст. Ӯ аз хонандагону шунавандагони худ дархост менамояд, ки имрӯз бояд кореро, ки аз дасташон меояд, анҷом диҳанд, зеро пагоҳ дер хоҳад шуд:
Пеш аз он, ки аз ҷаҳон фурӯ монӣ фард,
Он беҳ, ки набоядат пушаймонӣ хӯрд.
Имрӯз бикун, чу метавонӣ коре,
Фардо чӣ кунӣ, ки ҳеч натвонӣ кард.
Панду насиҳатҳои Абӯалӣ ибни Сино мисли ҳикмату андарзҳои Рӯдакӣ ва Фирдавсӣ ба арзиши баланди тарбиявӣ молик буда, ахлоқи шоистаи ҷамъиятиро тарғиб менамоянд. Дар ғазале Абӯалӣ ибни Сино хислатҳои бадеро бар мешуморад, ки инсони ҳақиқӣ аз онҳо бояд пок бошад. Ин хислатҳои номатлуб инҳоянд: ҳасад, пастӣ, дурӯғ, талбандагӣ, тарсончакӣ, мумсикӣ, нолидан аз рӯзгор, дунёпарастӣ, аз аҷал тарсидан ва ниҳоят, ғусса хӯрдан аз наздик шудани марги худ:
Ҳаром аст даҳ чиз бар родмард,
К-аз он шаш бувад марди озода фард,
Ҳасад бурдану сифлагию дурӯғ,
Намудан ниёзу заъифию дард.
Чу неъмат бувад, даст бар дӯстон
Бибояд кушудан ба доду ба хӯрд.
Чу шиддат бувад, роз пайдо макун,
Биҳил, то шавад рӯят аз дард зард.
Саволе наярзад саросар чаҳон,
Чу фарҷом бошад яке оқи сард.
Аҷал нардбоз асту мо мӯҳраем,
Фалак каъбатайну ҷаҳон тахти нард.
Аз рӯи фармудаи Абӯалӣ ибни Сино оқибатандеш ва дурустпаймон будан аз хислатҳои хуби одамист:
Бо душмани ман чу дӯст бисёр нишаст,
Бо дӯст набоядам дигар бор нишаст.
Парҳез аз он шакар, ки бо заҳр омехт,
Бигрез аз он магас, ки бар мор нишаст.
Аммо андешаҳои таълимии Абӯалӣ ибни Сино бо тарғиби дӯстӣ ва танқиди душманӣ маҳдуд намегарданд. Ғанимат донистани умр ва онро ба корҳои хайр сарф кардан аз талабҳои ҷиддии ӯст. Дар ин бора мегӯяд:
Рафт он гуҳаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона тоқи сармояи умр.
Аз мӯйи сапедам сари пистони умед,
Бингар, ки сиёҳ мекунад дояи умр!
Масъалаҳои мураккаби фалсафа ва ахлоқро бо суханҳои ширини рӯҳпарвар самимона ифода кардан маҳорати баланди шоирии Абӯалӣ ибни Синоро намоиш медиҳад. Дар рубоии зерин ба инсонҳо панд дода мешавад, ки кас набояд побанди нафс, гирифтори ҳавову ҳавас шавад, дунёталабу чоҳхоҳ бошад, ки ин одамро аз дӯстон ҷудо ва ба душманон гирифтор мегардонад, ки инсон нофаҳмида мемонад, Абӯалӣ ибни Сино на ин ки худи инсон, балки нафсро ташхисонда, онро мухотаб қарор медиҳад:
Эй нафс, ки бастаи ҳавову ҳавасӣ,
Биштоб, ки дар ҳимояти як нафасӣ.
Дунё маталаб, ҷоҳ маҷӯ, ишва махар,
К-аз дӯст бароиву ба душман бирасӣ.
Суханро бо санъатҳои баланд адо намудан сабки шоирии Абӯалӣ ибни Синост. Бунёди қитъаи зайл саросар ба санъати ташхис ниҳода шудааст:
Ба ҳар диёр, ки хашми ту корзор кунад,
Замона бар сари хунобаи ҷигар гардад.
Магар, ки баҳр ба хоки дари ту наздик аст,
Ки рӯзгор аз ӯ даст пургуҳар гардад.
Корзор кардани хашм - ташхис ва хунобаи ҷигару сари хунобаи ҷигар маҷоз буда, дар дохили ташхис омадаанд. Ду мисраи охир низ бо ҳамин сабк эҷод гардидаанд. Рубоии зерин низ бо ташхис, суханбозӣ, муболиғае, ки дар дохилаш тазод ҳаст, гуфта шудааст:
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як мӯй надонист, вале мӯй шикофт.
Андар дили ман ҳазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае роҳ наёфт.
Баъзе шеърҳои Абӯалӣ ибни Сино бо камтар ороиш ва соддаву фаҳмо иншо гардидаанд. Матлаб бо маҷозҳо, сифатҳо ва истиораҳо баён мегардад, ки гӯё соф даъвати маҳз аст:
Бо ҳар хасе зи рӯи ҳаво дӯстӣ мадор,
Бо ҳар касе зи содадилӣ рози худ магӯй.
Бо мардуми музаввири бадасли бадгуҳар,
Дар кӯи мардум зи паи дӯстӣ мапӯй.
Гар боядат, ки кам нашавад обрӯи ту,
Фармону ихтилоти фурӯмоягон маҷӯй,
Дар обрӯй кӯш, зеро ки оби рӯй.
Чун кам шавад, бад-ӯ напазиранд обрӯй.
Шеърҳои Абӯалӣ ибни Сино ҳар чанд аз ҷиҳати миқдор кам бошанд ҳам, дар таърихи назми форсу тоҷик мақоми арҷмандеро ишғол намуда, барои бисёриҳо чун сармашқ будаанд. Шеърҳои форсӣ-тоҷикии ӯ, чунон ки мо то ҳол гумон мекардем, на фақат ҳамон чаҳор-панҷ рубоӣ ва як ғазал дар ҳаққи бода будаасту бас. Таҳқиқотчиён, аз ҷумла Саид Нафисӣ, аз сафинаҳои қадима ва дигар сарчашмаҳо чандин рубоӣ, ғазал ва қитъаҳои нави форсӣ-тоҷикии Ибни Синоро ё ки ба вай нисбат додашударо ёфта, гирд овардаанд.
АШЪОРИ АРАБӢ
Асарҳои манзуми Ибни Сино ба забони арабӣ ва порсии дарӣ-тоҷикӣ таълиф шудаанд. Ашъори арабии Ибни Сино масъалаҳои муҳими ҳаёти маънавию иҷтимоии замони ӯро инъикос намудаанд. Мавзӯи асосии ин ашъор ба табиати Ибни Сино мувофиқ буда, ба муқобили ҳосидону бадбинон, аҳкоми динӣ равона карда шудаанд. Эътирозу танқиди замон, масъалаҳои илмию фалсафӣ, ишқ ва моҳияти он, мубориза бар зидди душманони илму маърифат ва тарғиби илму дониш, панду ахлоқ, май ва тарзи истеъмоли он, эътироз нисбат ба ҳокимони замону шикоят аз замона, кӯшишу ғайрат намудан барои ба мақсадҳои олии худ расидан, ба хотир овардани айёми ҷавонӣ ва бузургони гузашта, масъалаи маргу ҳаёт ва монанди ин низ аз мавзӯъҳои ашъори ӯ мебошанд. Бузургии шоир аз ҳамин ҷо маълум мегардад, ки масъалаҳои асосии иҷтимоии замони худро дар шеърҳояш мавриди баҳс қарор дода, нуқсону камбудиҳои замонаро бо қалами сеҳрангези худ эҷодкорона фош кардааст ва ҷустуҷӯи ҳақиқати зиндагиро дар асоси эҷодиёташ гузошта, ба ин восита зиддиятҳои асосии замонро тасвир кардааст. Хонанда дар процесси мутолиаи эҷодиёти баландмазмуни ӯ бевосита бо ҳаёти маънавии замони зиндагии Ибни Сино шинос мешавад ва нисбат ба носозиҳои он нафрати худро баён мекунад. Яке аз мавзӯъҳои муҳимми ашъори арабии шоир саъю кӯшиш дар роҳи ба даст овардани илму маърифат мебошад. Камолу пешрафти ҷон — ҷавҳари одам фақат бо роҳи илм омӯхтан мумкин аст. Бе илм пешравӣ, тараққиёт нест, асоси ҳар гуна дигаргунӣ, пешрафту беҳиро илм ташкил медиҳад:
Тарк бинмо ҷумларо, ҷон бар ҳама маъво бувад,
Пешрафту беҳтарӣ ҷонро яқин бо илмҳост.
Дар байтҳои дигари ҳамин қитъа шоир ҷонро бо шиша, илмро бо чароғ ва «ҳикмати инсонӣ»-ро ба равған монанд мекунад. Чуноне ки бе равған шӯъла нест, бе ҳикмати инсонӣ дониш ҳам нест:
Ҷон мисоли шиша асту илм монанди чароғ,
Ҳикмати инсониро равған ҳисобидан равост,
Дар ҳақиқат зинда ҳастӣ дар дами рахшиданаш,
Гар шавад торик, он лаҳза ҳаётат дар фаност.
Бо тамоми ҳастии худ ба илм дода шудан лозим аст, ҷони одамизод ҳам бад ва ҳам некро қабул карда метавонад ва танхо бо чароғи илм, ки равғани ғизобахши он ҳикмати инсонӣ мебошад, мунаввар гашта, аз шӯълаи хирад дурахшон мешавад. Агар он шӯълаи дурахшони хирад хомӯш гардад, ҳаёти инсон ҳам хомӯш мешавад. Ибни Сино ҳамеша кӯшиш мекард, ки илмҳои замони худ ва маҷмӯи донишҳоро аз худ кунад, барои дарёфти ҳақиқатҳои олӣ ҳаракат менамуд. Ӯ роҳи донишро на ҳамчун роҳи рости бехатар, балки онро роҳи пур аз каҷию килебиҳо, ноҳамвор ва касногузар тасаввур менамуд. Ӯ мегӯяд:
Майли ман бар мунтаҳои мақсади олӣ бувад,
Пояи поён нахоҳад ҳеҷ гоҳ хотир маро.
Хоҳам ин ки ворасам то қуллаи мақсуди худ,
Ё ки дар ин роҳ хобонад аҷал охир маро.
Ибни Сино дар ҳақиқат ҳам ба қуллаҳои баландтарини илми замони худ расида буд ва зӯфунуни замон шуморида мешуд. Бо вуҷуди донишманди забардасти замони худ буданаш, амалдорону ҳокимони замон қадру қимати ӯро пос намедоштанд. Дар натиҷа ӯ гирифтори маҳрумиятҳо ва азобу таъқибҳо мешуд. Дар замоне, ки аҳли таассуб ва хурофот асоси сиёсату муносибатҳои иҷтимоиро пеш мебурданд, доираи вусъати илму дониш маҳдуд, майдони амали аҳли ҳикмат ниҳоят танг буд. Ин аст, ки Ибни Сино дар байти зерини қасидае, ки дар вақти аз таъқиби Султон Маҳмуд гурехта ба Ҷурҷон расиданаш навишта буд, бо ҳиссиёти пурандӯҳи худ чунин мегӯяд:
Бузург гаштаму майдон васеъ нест маро,
Фузуд қимати ман, муштарист нопайдо.
Аммо чунин мисраъҳоро ифодаи ғаму андӯҳ, афтодарӯҳӣ ва пессимизм шуморидан мумкин нест, балки аз чунин сатрҳои оташин бӯи як навъ эътирози қатъие нисбат ба замонаи пур аз кину адоват ва сохти мавҷудаи тоқатфарсо меояд, ки ин ифодаи норозигии шоир аз муҳити иҷтимоӣ мебошад. Ҳамин қабил байтҳои зидди замонавӣ боиси таъқибҳои душманони аҳли илм ва хурофотпарастон гардидани шоир мешуданд. Ибни Сино, ки тамоми умр дар асарҳои худ фикру андешаҳои пешқадами хилофи аҳкоми исломро пеш меронд, ба ҳучумҳои пуршиддати онҳое, ки душманони ҳақиқат, хомӯшкунандагони чароғи илму маърифат буда, исбот намудани ҳаққонияти ислом хизмати шоҳу султонро вазифаи асосии файласуфҳо ва олимон мепиндоштанд, пайваста гирифтор мегардид. Бинобар ин оҳангҳои шикоятӣ ва зиддизамонавӣ дар ашъори Ибни Сино туғёни ботиние дорад. Ин туғёни маънавӣ яке аз мавзӯъҳои асосии эҷодиёти ӯ, яъне мубориза ба муқобили ҳосидон ва бадандешон гардидааст. Шоир он шахсонеро, ки ӯро таҳқир менамуданд ва дар паи озораш буданд ва ба илму дониши ӯ ҳасад мебурданд, сахт ба зери танқид гирифта, мегӯяд:
Чи қавме, ки ҳосид ба фазли мананд,
Зи ғайбат бихоҳанд азоби маро.
Камолу фану ҳикматам сарзаниш
Намоянд аз нуқси худ ҳар куҷо.
Чу бузҳои ваҳшӣ ба кӯҳи баланд
Зада шох, ҷӯянд таҳқири мо.
Бо вуҷуди таъқиби душманон рӯҳи қавии ӯ ҳеч гоҳ нашикаста, боз ҳам ба саъйи бештаре меҳнат мекард ва аз ғайбати бадзабонони иртиҷоъпарастону ҳосидон наметарсид. Ин аст, ки ӯ дар охири қитъаи мазкур чунин мегӯяд:
Вале бар ҷавон то яқин гашт роҳ,
Натарсад зи гуфтори нофаҳмҳо.
Ибни Сино баъзан аз таъқибҳои ҳосидон ҳатто илҳом мегирифт ва мегуфт, ки агар онҳо аз ман наметарсиданд, маро таҳқир намекарданд. Чунончи:
Ба дилҳо ваҳм агар аз ман намебудӣ, намегуфтанд
Сухан аз бахшиши айбам, намекарданд таҳқирам.
Дар поёнтари ҳамин қитъа Ибни Сино худро ба шер монанд карда, душманонашро ба саг, ки овози онҳо аз аккосзанӣ гирифтааст, ташбеҳ медиҳад ва мегӯяд:
Зи тарси шери ғуррон чоҳ кобанду зананд ав-ав,
Гирифт овози ин сагҳо валекин ман ҳамон шерам.
Пагоҳӣ ҷаста аз ҷо каҷ назар созанд сӯи ман,
Зи бас бедораму шабҳо зи меҳнат дил намегирам.
Дар ҳақиқат ҳам агар душманони шоир ба ҷои кинаю адоват нисбат ба ӯ роҳи адолатро пеш мегирифтанд, Ибни Сино ҳеҷ гоҳ бар зидди онҳо сухан намеронд:
Агар чашми адолат будӣ дар ҷои адоват, пас
Намедидӣ қабеҳ он корҳои нағзтаъсирам.
Ибни Сино ба муқобили он гурӯҳи одамоне, ки худро донишманди замон метарошиданд, вале дар асл аз майдони мубориза дурӣ меҷустанд, мубориза бурдааст. Чунончи, дар охири яке аз қитъаҳояш чунин мегӯяд:
Хирад рад мекунад ҳар тири ҳуҷҷатро, ки меоранд,
Ба ҳалли мушкиле, гар аз масоил мешавад туғён,
Агар коре шавад пайдо, ки душвор аст ҳалли вай,
Намебинӣ яке аз муддаиҳоро дар он майдон.
Чунин суханони сахту дурушт нисбат ба мудаиёни камдонишу сердаъво боиси зиндагии пур аз сарсонию саргардонӣ ва таъқибҳои пай дар паи ӯ гардидаанд. Ҳатто баъд аз марги Ибни Сино низ ба осори илмию адабии ӯ аҳли хурофот ҳамла оварда, китобҳои бузурги ӯро сӯзонданд ва несту нобуд карданд. Яке аз уламое, ки бо вуҷуди фаҳму заковати беҳамто доштанаш, равияи муртаҷеи исломро дастгирӣ мекард, Муҳаммад Ғазолӣ (1058-1110) буд. Ӯ дар асарҳои худ «Таҳофутулфалосифа» ва «Алмунқиз миназзилол» Ибни Синоро сахт танқид мекунад, бо фармони рӯҳониёни ислом дар Бағдод соли 1160 асарҳои фалсафии ин мутафаккири бузург сӯзонда шуданд. Баъдтар, олими бузург ва пайрави ҷараёни фалсафии машоъ Ибни Рушд ба воситаи асари худ «Таҳофутултаҳафут» бар зидди имом Ғазолӣ баромада, ақидаҳои Ибни Синоро ҳимоя кард ва онҳоро инкишоф дод. «Таълимоти философии Абӯалӣ Сино — менависад муҳаққиқи советӣ Е. Э. Бертелс — дар бисёр бобатҳо ба аҳкоми шаръӣ зид буда, аз ҳамин сабаб боиси ҳамлаҳои девонавори ҳомиёни ислом мегардид».
Яке аз мавзӯъҳои дигари ашъори арабии Ибни Сино панду ахлоқ мебошад. Мавзӯи панду ахлоқ дар шеърҳои форсӣ-тоҷикии Ибни Сино низ мақоми махсусе дорад, вале дар ашъори арабии ӯ ин мавзӯъ доманаи маҳдудтаре дорад. Ибни Сино дар зимни мавзӯъҳои таблиғи илму дониш, мубориза ба муқобили душманону ҳосидон ва ғайраҳо дар хусуси баъзе хусусияту хислатҳои неки инсонӣ сухан ронда, ба ин восита панду ахлоқ бо мавзӯъҳои дигари шеъри ӯ алоқаи мустаҳкаме пайдо кардааст. Вай дар хусуси мулоҳизакорӣ ва барҳазар будан аз ҳар кас ва ҳар чиз сухан ронда, дуруст қайд мекунад, ки яке аз роҳҳои асосии мулоҳизакорӣ ба ҳар кас нагуфтан ва пинҳон кардани сирри худ мебошад. Ҳазар кардан сифати мулоҳизакории инсон аст:
Ба пурсиши ҳама кас сирри хеш пинҳон кун,
Касе ки ба ҳазар аст, ӯ бувад мулоҳизакор.
Ибни Сино дуруст мегӯяд, ки агар инсон сирри худро ба ҳар касу нокас гуфтан гирад, он гоҳ, албатта, ӯ мулоҳизакор шуда наметавонад ва асири сирри худ мешавад, вале агар сирру асрори худро пинҳон карда тавонад, сирраш асири ӯ хоҳад шуд. Ҳамин маънӣ дар яке аз қитъаҳои шоир ин тавр ифода ёфтааст:
Асири туст ҳама сиррат, ар ниҳон дорӣ,
Асири сирр бишавӣ, гар ҳамекунӣ изҳор.
Аз нуқтаи назари Ибни Сино роҳи дурусту ҳақиқии ҳаёт барои ононе, ки душманони илму маърифат, душманони аҳли фазл мебошанд, ниҳон аст, ба монанди он ки офтоби дурахшон ба мардуми нобино ноаён мебошад:
Пинҳон раҳи дуруст бувад баҳри чоҳилон,
Он сон, ки офтоб ба кӯрон аён нашуд.
Фикрҳои ахлоқии Ибни Сино дар асарҳои оид ба ахлоқ навиштаи ӯ, ки яқ қисми фалсафаи амалӣ ба шумор меравад, бо вусъату амиқ ва ҳаматарафа тасвир шудаанд. Ибни Сино доир ба масъалаи май таваққуф карда, истеъмоли онро ҳамчу дору барои беҳтар кардани саломатӣ тавсия мекунад. Дар яке аз шеърҳояш қайд мекунад, ки майро аз ҳад зиёд истеъмол кардан лозим нест, балки дар мавридҳои зарурӣ, ба кам-кам нӯшидани он қаноат кардан лозим аст. Чунин тавсияю пешниҳоди Ибни Сино ба талаботи имрӯзаи тиб ҳам мувофиқ аст:
Нӯшидани бисёрро одат магиру гӯш кун:
Аз бода қонеъ шав ба кам, гоҳею андак нӯш кун.
Ё ин ки:
Пайваста бар каф ҷомро бигрифтанат набвад раво,
Сархуш ба моҳе як карат бошӣ кифоят мар туро.
Ибни Сино дар баъзе шеърҳои худ даргузар будани ҳаёти ҳамаи набототу ҳайвонотро қайд карда, чунин изҳори ақида мекунад, ки ҳамаи чизҳо, ашёву предметҳо пайдо мешаванд, инкишоф меёбанд ва боз нест мешаванд. Ҳамин мазмунро ӯ дар як ташбиб ин тавр ба қалам додааст:
Ин манозил, ёди онҳоро намесозӣ магар?
Ҷояшон шуд маҳв бар тарзе ки нашносӣ дигар.
Селҳо шустанд асарҳои манозилро тамом,
Ончунон ки дида рухро шуст аз хуни ҷигар.
Ба ҳамин мазмун гузаштани умри одамиро низ шоир дар назар дорад ва гузаштани айёми ҷавонии худро ба хотир оварда чунин мегӯяд:
Нест гаштанд он асарҳо, ҳам ҷавониҳои ман,
Ин сафедии гулу мӯ кард бар ҳар ду зафар.
Омад аз пирӣ нишона ранги байзоӣ ба риш,
Аз бадӣ тарсонда мегӯянд: «Зи бад мекун ҳазар?»
«Ранг бинмо риши худ»—гуфтанд, гуфтам:«Хуб, нест,
Мӯсафеду мӯсияҳро марг кай созад назар»
Аз шеъри Рӯдакӣ ва дигарон мо медонем, ки дар он замон ранг кардани мӯи сафед як навъ расм будааст. Ибни Сино ҳам баъди дар мӯяш афтодани сафедӣ ногузир дар кори рӯзгори худ меандешид, ки бо гузашти умр саранҷоми умр амри воқеъ буда, дар пеши вай мӯи сафеду сиёҳ як аст. Инчунин дар яке аз қитъаҳои дигари худ бо афсӯсу ҳасрат ва шикастадилӣ аз тақдири худ дар назди «худованд» шикоят мекунад ва гузаштани даврони ҷавониашро ба хотир меорад:
Зи тақдиру аз гардиши сарнавишт,
Шикоят кунам бар худованд ман:
Ҷавонӣ гирифту ҷавон аст худ,
Ман оҳанрабо гаштам, оҳан-миҳан.
Мавзӯи дигаре, ки дар ашъори арабии шоир то андозае инъикос ёфтааст, мавзӯи ишқ мебошад. Аз он порчаҳои шеърие, ки то замони мо омада расидаанд, ба хулосае омадан мумкин аст, ки Ибни Сино моҳияти ишқро хеле хуб мефаҳмид ва ишқи модии инсониро дар эҷодиёташ тараннум кардааст. Тавсифи ёр ва хислатҳои неки он, орзӯи висол, зебоии маъшуқа бовафо будан дар роҳи ишқу муҳаббат ва устуворию-қавииродагии маҳбуба мазмунҳои асосии порчаҳои шеърии оид ба васфи ишқ сароидаи шоирро ташкил медиҳанд. Масалан, ӯ дар як шеъри худ таъсири зебоии мижаҳои маъшуқаро ба ошиқ қайд карда мегӯяд, ки онҳо ошиқро ҳам касал месозанд ва ҳам парасторӣ мекунанд:
Хаста гардидам зи мижгоне, ки мебошад сиҳат,
Ҳам касал созанд онҳо, ҳам парасторӣ яқин.
Шоир ба висоли маъшуқа расиданро барои ошиқ хушбахтию хурсандӣ медонад ва дар шеъри мазкур мегӯяд:
Лутф бар ман кун висолатрою хушбахтам намой!
Медиҳад табдил ҷавҳарро араз баъзан чунин
Дар мисраъҳои поён аз ташбеҳи духтару зан ба май гӯянда маънии аҷибе ҳосил кардааст:
Аё мижгонсияҳ! Оё на ҳар як духтару занро
Зи рӯи хислати хубӣ ба май ташбеҳ месозанд?
Чу май ҳастанд тиллоӣ, ки душман бохабар з-онҳо,
Ба дасти содиқон афтанд агар, бо лутф бинвозанд.
Шикояти бевафоӣ, сабри дилу, қалби сахти маъшуқа, тавсифи зулфу рух нишон медиҳанд, ки барои Ибни Сино завқи дақиқии шоирона бегона набуд:
Дорои сабр шуд диламу қалби туст сахт,
Ҳастем санги сахт ману ту ба роҳи ишқ.
Дар байте дигар мегӯяд:
Хост аз гесӯи худ шабро кунад зоҳир, вале
Рахшиши рӯяш надод имкон, ки шабро оварад.
Ба ин тариқ, ишқ дар баъзе шеърҳои Ибни Сино тасвири реалию воқеӣ дорад. Чунин ишқи реалӣ, моддӣ, инсоние, ки Ибни Сино дар ашъори худ тараннум намудааст, на фақат заминаи завқӣ, балки асоси фикрӣ ҳам дорад. Ибни Сино масъалаҳои мухталифи ҳаёти инсонӣ ва аз ҷумла ишқро ҳам хуб медонист. Ин завқу мароми поки инсониро ӯ на танҳо хуб ҳис мекард, балки муаммоҳои илмии онро ҳам медонист. Умуман гуфтори шоиронаи Ибни Сино, ки такя ба андешаю дониш дорад, маънии чуқури бадеӣ ва иҷтимоӣ дорад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё