Зеҳн

Ҳусайн Воизи Кошифӣ — «Футувватномаи султон» Боби Ҳафтум

КИ
Китобдор30 октябри 2024 · 19 дақиқа хондан

ФАСЛИ АВВАЛ

ДАР МАЪНИИ ҚАБЗА ВА ШАРҲИ ОН, КИ ҚАБЗА ЧАНД АСТ

Бидон, ки қабза дар луғат чизеро гўянд, ки ўро ба панҷаи даст фаро гиранд, чун қабзаи камону теғ. Он низ, ки ба панҷа фаро гиранд ва ба касе диҳанд қабза бошад чун қабзаи хурмо ва он ки ба кафи даст фаро гирифта ба касе диҳанд, ҳам қабза аст... Пас, ҳар кӣ чизеро фаро мегирад ва қабз мекунад онро қабза мегўянд ва қабзаҳо чанд навъ аст: Аввал, он ки соҳиби қабза кори худ ба он тамом мекунад, чун қабзаи теғ ва қабзаи бел ва монанди он. Дуюм, он ки соҳиби қабза кори худ бад-он тамом мекунад, балки он низ яке аз адвоти кори ўст, чун қабзаи мола ва қабзаи теша. Ав-валро қабзаи ал-асл ва сониро қабзаи ал-фаръ (нисбӣ) гўянд.

Қабзаи аслу фаръ ба тамомӣ (якҷоя) бисту се ҳаст: Аввал, қабзаи теғ. Дуюм, қабзаи сипар, Сеюм, кабзаи гурз. Чаҳорум қабзаи камони ҳарб, Ин чаҳор аз они сипоҳиён аст. Панҷум, қабзаи тағмоқ, ин хосаи фаррошон аст. Шашум, қабзаи корд. Ҳафтум, қабзаи сотур. Ҳаштум, қабзаи корди мол, Нўҳум, қабзаи табар. Ин чаҳор қабза аз они саллоҳон ва қассобон аст, Даҳум, қабзаи бел. Ёздаҳум, қабзаи ниём. Ин ҳар ду қабза аз они деҳқонону паҳлавонон аст. Дувоздаҳум, қабзаи мола, ин аз они банноён аст. Сездаҳум, қабзаи дос, ин азони даравгарон аст. Чаҳордаҳум, қабзаи хоиск. Понздаҳум, қабзаи путк ва ин азони аҳли даму кўра аст. Шонздаҳум қабзаи теша ва арра аст ва ин аз они аҳли тешаву арра аст. Ҳафдаҳум, қабзаи камони надаф ва ин азони ҳаллоҷону намадмолон аст. Ҳаждаҳум, қабзаи хаданг ва ин азони козурон ва рангрезон аст. Нуздаҳум, қабзаи кува ва ин аз они аҳли дирафшу бахия аст. Бистум, қабзаи уту ва ин азони дарзиён ва тоқиядўзон аст. Бисту якум, қабзаи кафча ва ин азони ҳалвогарону қаннодон аст. Бисту дуюм, қабзаи сих, ин азони пуштакашон аст. Бисту сеюм, қабзаи конг ин азони чоҳканон аст.

Агар пурсанд, ки ин қабзаҳо, ки зикр карда шуд кадом ба як қабза тамом шавад ва кадом ба ду қабза тамом гардад, бигўй, дувоздаҳ қабзаи он ба яке тамом шавад: қабзаи теғ, сипар, камони ҳарб, корд, сотур, корди мол, камони надаф, молаву дос ва хоиску уту ва кува. Чаҳори он ба ду қабза тамом шавад: бел, путк, кафча, сихипушта. Ҳафти он ба як ё ду тамом шавад: гурзу табар, тағмоқу теша, каданг, кулангу ниём.

ФАСЛИ ДУЮМ

ДАР ҚАБЗАИ ТЕҒ

Теғ оинаи ҳарб аст ва ҳурмати бисёр дорад ва пушту паноҳи соҳиби худ аст ва ба мадади он дафъи душман тавон кард ва ба воситаи он аст, ки бузургонро ба теғ нисбат кардаанд, ки эшон паноҳи мулозимони худанд ва ба сабаби эшон душман мағлуб мегардад.

Агар пурсанд, ки пушти теғ кадом аст, бигўй, бозўи марде, ки ба мадади он теғ тавон зад.

Агар пурсанд, ки рўи теғ кадом аст, бигўй, таваҷҷўҳ намудан ба дафъи душман.

Агар пурсанд, ки забони теғ чӣ мегўяд, бигўй, аз рўи ҳол қабза баён мекунад.

Агар пурсанд, ки теғро ба чӣ нисбат кардаанд, бигўй, ба гули райҳон, ки ҳар замон дар бўстони маърака шукуфта бошад.

Агар пурсанд, ки сари теғ кадом аст, бигўй, бо ҳунари мардӣ бардоштан.

Агар пурсанд, ки ҷавҳари теғ кадом аст, бигўй, ба нияти пок мубориза кардан.

Агар пурсанд, ки банди теғ кадом аст, бигўй, ба ҷа-вонмардӣ бардоштан ва ба мардӣ нигоҳ доштан.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи теғ чӣ маънӣ дорад, бигўй, «Т» — таманно, «Й» — якдилу якҷиҳат будан, ки ҳар ки дар кори худ бо тараддуд бувад, лоиқи қабза набошад, балки дархўри теғ бувад. «Ғ» — ғафлат наварзидан ва дар маросими ҳарб ҳушёру бохабар будан.

Агар пурсанд, ки даст бо теғ чӣ мегўяд, бигўй, мегўяд: «кор кун, то сарафроз шавӣ».

Агар пурсанд, ки теғ бо даст чӣ мегўяд, бигўй, мегўяд: «маро нигоҳ дор, то туро нигоҳ дорам».

Агар пурсанд, ки теғ чанд навъ аст, бигўй, ҳафт навъ: Аввал теғи ҷафо ва он теғе бошад, ки бар рўи мардуми меҳнатӣ кашанд. Дуюм, теғи сафо ва он теғе бошад, ки бад-он касеро, ки мустаҳиқи куштан шуда бошад, бикушанд. Сеюм, теғи вафо ва он теғе бошад, ки ба мадади бародар баркашонанд ва шарри золиме аз сари вай дафъ кунанд. Чаҳорум, теғи ғазо ва он асли ҳамаи теғҳост, ки бад-он душманонро несту нобуд кунанд. Панҷум, теғи ҷазо, он теғест, ки ҳамеша бо худ доранд, ки агар душмане қасди он кунад ҷазои он ба вай расонад. Шашум, теғи баҳо —он теғест, ки барои зиннат бо худ доранд ва ҳаргиз кор нафармоянд. Ҳафтум, теғи ҳаво он чунон бошад, ки касе теғе мебандад, ба ҳавои дилу орзуи нафси худ аст, на ба тариқи суннат ва на ба иҷозати мардону пирон. Чунин касро теғ бастан нарасад.

Агар пурсанд, ки одоби соҳиби ин қабза чанд аст, бигўй, ҳашт; Аввал пок будан, ва нопок даст ба қабзаи теғ набурдан... Сеюм, чун теғ баркашад, биҷунбонад, чунон ки дар рўи касе наорад. Чаҳорум, теғ бар гардани худ ниҳад, яъне нафси худро кушад. Панҷум, бўса бар қабзаи теғ ниҳад ва ишорат ба он аст, ки дасти марде, ки бад-ин ҷо расидааст бўса медиҳад. Шашум, то зарурат нашавад, теғ барнакашад, чун аз миён боз кунад ба ҳурмат ҷое биниҳад... Ҳаштум, теғеро бараҳна нагузорад ва агар бе ғилоф бошад ва чизе онро пўшонад.

ФАСЛИ СЕЮМ

ДАР ҚАБЗАИ СИПАР

Бидон, ки сипар ҳисори сипоҳиён аст ва паноҳи мубо-ризон. Сипар ҳамоил кардан суннат аст ва ҳар кӣ даст ба қабзаи сипар мерасонад, мебояд ки ба тариқи суннат расонад, то дар он мусоб (мукофоти нек) бошад.

Агар пурсанд, ки сипар аз кӣ монд, бигўй, аз Каю-марс, ки ў шикор дўст дошт. Рўзе ба шикор рафта буд, ҷонваре пеш омад, ки онро гург гуфтандӣ. Чандон, ки Каюмарс олоти ҳарб бар ў зад, мутлақан кор накард, Каюмарс андешид, ки пўсти вай барои олотҳои ҳарб некўст. Пас бифармуд, то ба тилисме он ҷонварро ба даст оваранд ва бикушанд. Пўсти ўро ба шакли сипар бибурид ва бар ҷое баст ва вақти ҳарб дар пеши рўю сар медошт ва баъд аз вай дар он тасарруфҳо карданд, то бад-ин мартаба расид, ки ҳоло воқеъ аст.

Агар пурсанд, ки сипар бар чанд гуна аст, бигўй, ба чаҳор гуна: Аввал сипари ҳазр. Дуюм, сипари қадр. Сеюм, сипари сабр. Чаҳорум, сипари ҳилм.

Агар пурсанд, ки баёни ҳар як чӣ гуна аст, бйгўй, сипари ҳазр сипарест, ки онро аз абрешиму ресмон бофта бошанд ва онро бо худ доранд, то ба сабаби он шояд, ки аз захми тиру шамшер эмин гарданд. Аммо сипари қадр он аст, ки дар сурати қазои муаллақ истифода мешавад. Сипари сабр он аст, ҳар кӣ онро пеша созад, охир ба мурод бирасад. Сипари ҳилм он аст, ки ба воситаи он захми теғи ғазабро дафъ гардонад. Ҳалим аз шарри оташи ғазаб эмин аст.

Агар пурсанд, ки ҳакиқати сипар чист, бигўй, паноҳ гирифтан ба кори ҳақ.

Агар пурсанд, ки одоби сипар гирифтан чанд аст, би-гўй, панҷ: Аввал, он ки эътимод доштан. Саъдӣ фармудааст:

Сипар ба дўш гирифтӣ барои тири аҷал,

Чу тир бар ҷигар омад, сипар чӣ суд кунад?

Дуюм, пок даст ба қабзаи сипар бурдан... Чаҳорум, чун сипар баргиранд, қабзаи онро бўса диҳанд. Панҷум, чун аз гардан берун кунанд ба таъзими тамом ҷое биниҳанд.

Агар пурсанд, ки шакли сипару қабзаи ў ба чӣ монад, бигўй, ба доира.

Агар пурсанд, ки маънии доира ва марказ чист, бигўй, маънӣ он аст, ки он кӣ сипар ба даст гирад, бояд дар доираи мардӣ ва мурувват ҳамчу марказ пойдор бошад. Чунон ки сипар ҳимояти ў мекунад ў низ ҳимояти фақирон ва дармондагон кунад, то шоистаи он қабза бошад.

Агар пурсанд, ки қабзаи сипар ишорат ба чист, би-гўй, ба оина.

Агар пурсанд, ки маънии оина чист, бигўй, он ки чун хасм дар вай нигарад, ўро танбеҳе шавад, ки чун оина софдил бояд ва аз сари хусумат бигзарад.

Агар пурсанд, ки домани сипар ишорат ба чист, би-гўй, бад-он ки заифонро дар зери домани (ҳимоя) худ аз зарари ситамкорон нигоҳ дорад.

Агар пурсанд, ки банди сипар чист, бигўй, дар банди мададгорӣ ва ҳимояти бечорагон будан.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи сипар ба чист, бигўй, «С»— ишорат ба саховат, «П» — ба пурдилӣ, «Р» — ба ризо, яъне соҳибн ин қабза бояд ки сахиву ҷавонмард бошад, ки дар вақти ҷанг, агар касе аз вай зинҳор хоҳад, ўро зинҳор диҳад. Ва дигар, бояд ки пурдилу боҷуръат бошад, то сустӣ наварзад. Дигар, бояд ки розӣ бошад, то агар захме ё офате ба вай расад, бад-он сабаб дилаш аз ҷой наравад ва дар кори худ фурў намонад.

ФАСЛИ ЧАҲОРУМ

ДАР ҚАБЗАИ ГУРЗ

Ин силоҳи паҳлавонон ва саромадони майдони ҳарб аст. Агар пурсанд, ки соҳиби ин қабзаро чанд адаб риоят бояд кард, бигўй, панҷ: Аввал, он ки ба покӣ бояд даст ба вай расонанд. Дуюм, дар вақти бардоштан боварӣ доштан... Сеюм, ҳар ҷо биниҳад, аз рўи таъзиму эҳтиром биниҳад. Чаҳорум, барои бозӣ кор нафармояд, Панҷум, чун даст ба вай кунад, пиру устоди худро ёд кунад.

Агар пурсанд, ки рўи гурз кадом аст, бигўй, дафъи зулму ситам.

Агар пурсанд, ки сари гурз кадом аст, бигўй, душма-нонро сар гирифта доштан. Агар пурсанд, ки қабзаи гурз кадом аст, бигўй, бар хасм зафар ёфтан ва бад-он сарфароз гаштан. Агар пурсанд, ки дастаи гурз ишорат ба чист, бигўй, даст дар ростӣ задан ва ба дурустӣ кор кардан.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи гурз ишорат ба чист, би-гўй, «Г» гузаштагӣ аст, «Р» — расидагӣ ва «3» — зиракӣ, яъне ҳар кӣ соҳиби ин қабза аст бояд, ки  дар мақоми гузаштагӣ ва ҷавонмардӣ бошад ва дигар, бояд то хасм бар вай даст наёбад.

ФАСЛИ ПАНҶУМ

ДАР ҚАБЗАИ КАМОНИ ҲАРБ ВА ОН ЧӢ БАД-ОН ТААЛЛУҚ ДОРАД

Бидон, ки камондорӣ илми шариф аст, Дар ў қонуну рукнҳои бисёр баён кардаанд.

Агар пурсанд, ки асли камондорӣ аз куҷо пайдо шуд, бигўй, одам дар маҳалле, ки ба зироаткорӣ машғул Гардид, мурғон меомаданд ва киштзори ўро хароб мекарданд. Одам чун эшонро аз як ҷониб дур кардӣ, аз ҷониби дигар даромадандӣ. Одам... даст ба қабзаи камон бурд ва таълими тир андохтан ёд гирифт. Баъд аз он ки чанд мурғ ба тир бизад, дигарон бирамиданд ва зироати ў ба саломат бимонд.

Агар пурсанд, ки камондориро аввалин чизе ки дар-боистаст, чист, бигўй, устоди машқ, ки агар касеро устод набувад худ дар ин кор шурўъ натавонад намуд ва агар намояд ба ҳеҷ ҷо нарасад ва аз ў ҳеҷ кор наояд.

Агар пурсанд, ки одоби соҳиби ин қабза чанд аст, бигўй, дувоздаҳ: Аввал пок будан. Дуюм, камон ба нияти дафъи шарри золимон ба даст гирифтан. Сеюм, ҳамвора такбир фиристодан. Чаҳорум, дар салавот додан тақсир накардан. Панҷум, устоду пири худро ёд кардан. Шашум, шастро пўшида доштан. Ҳафтум, аз ҳарду нишона тир андозад. Ҳаштум, ба нишонаҷой бараҳна равад... Даҳум, агар тираш хато кунад, малул нашавад. Ёздаҳум, агар дигаре росттару дурусттар андозад, бар вай ҳасад набарад ва ўро таҳсин кунад. Дувоздаҳум, ба кори худ тааҷҷуб накунад ва фахр накунад, ки даст болои даст бисёр аст.

Агар пурсанд, ки қабзаи камон гирифтан чанд навъ аст, бигўй, машҳур чаҳор навъ аст: Аввал қабзаи корд. Дуюм, қабзаи камони шикорӣ. Сеюм, чанголи боз, ки онро хандон низ гўянд. Чаҳорум, қабзаи мудаввар.

Агар пурсанд, ки камон кашидан чанд навъ аст, бигўй, ду навъ: Аввал буруткаш; дуюм, сурмакаш.

Агар пурсанд, ки сутуни камон кадом аст, бигўй, дасти чап.

Агар пурсанд, ки камон ба чӣ тамом шавад, бигўй, ба зеҳ, ки камони бе зеҳ ноқис бошад.

Агар пурсанд, ки камон бо тир чӣ мегўяд, бигўй, ме-гўяд «ростравиш бош, то ба нишонаи мурод бирасӣ».

Агар пурсанд, ки тир бо камон чӣ мегўяд, бигўй, ме-гўяд, «бо ростон сар дарор, то бар сари даст ҷой ёбӣ».

Агар пурсанд, ки ҳарфи камон чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «К» — ишорат ба карам аст. Яъне соҳиби ин қабза бояд, ки карим ва ҷавонмард бошад. «М» — ишорат ба марҳамат аст, яъне бар зердастони худ раҳм намояд. «О» — ишорат ба эътиқод аст, бояд ки некният ва покақида бошад ва «Н» — ишорат ба насиҳат аст, бояд ки таълим ва пандро аз ҳамкорон ва мусоҳибон боз нагирад. Ҳар кӣ ин чаҳор сифат надорад, ҳаққи ин қабза надорад.

ФАСЛИ ШАШУМ

ДАР БАЕНИ ҚАБЗАИ ТУҒМОҚ (БОЛҒАИ ЧЎБИН)

Бидон, ки ин қабза азони фаррошон аст ва эшон тои-фае олиқадранд ва мақбули маҷлиси салотин... Корҳои эшон навъҳо дорад: барафроштани хаймаву саропарда ва соябон, хиргоҳ, барафроштани фарш, афрўхтани шамъу чароғ, тартиби фонусу ҷорўб ва ҳар як аз ин корҳо қоида доранд.

Агар пурсанд, ки афроштани хаймаро аз куҷо гириф-таанд, бигўй, аз шакли осмон ва хаймаро сутуне ҳаст, аммо маръӣ нест.

Агар пурсанд, ки сутуни хайма ишорат ба чист, бигўй, ба маркази доира ва он ишорат ба ростӣ аст.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи хайма чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «X» — аз хилват. «Й» — аз яқин, «М» -- аз мурувват ва «Ҳ» — аз ҳиммат аст, яъне ҳар кӣ хайма меафрозад, бояд ки дили холис дошта бошад ва яқини ў дурусту муруввати ў комил бошад. Ҳиммати ў олӣ бувад, то дар кори худ ба камол бошад.

Агар пурсанд, ки қабзаи туғмоқ, кӣ тавонад ба даст гирифт, бигўй, касе ки ба сифати мардиву ҷавонмардӣ ороста бошад.

Агар пурсанд, ки ду сари туғмоқ ишорат ба чист, би-гўй, яке ба иззат ва дигаре ба ҷуръат.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи туғмоқ чӣ маънӣ дорад, би-гўй, маънии «Т» — талаб аст, яъне соҳиби ин қабза пайваста дар талаби маонӣ ва ҳақоиқ бошад ва ҷидду ҷаҳд намояд. «Ғ» — ғайрат аст, яъне соҳиби ин қабза бояд ки ғаюр бошад, «М» — марҳамат аст, яъне бояд, ки бар фурўдастони худ бибахшояд ва ҳамвора мискинону бечорагонро дастгирӣ кунад ва чун аксар вақт ин тоифа соҳибихтиёр мебошанд. «А» — истиғно аст, яъне соҳиби ин қабза, бояд ки тавонгардил ва бузургҳиммат бошад ва ба ҷузъиёт сар фуруд наорад, то мартабаи ў ҳар рўз олитар гардад. «Қ» — қабул аст, бояд ки ба тавозўъ худро мақбули дилҳо созад.

Агар пурсанд, ки пўшиши хиргоҳ ишорат ба чист, бигўй, ба пўшидани асрори мардумон ва пўшидани чашм аз айби эшон...

Агар пурсанд, ки ҳақиқати маънии соябонӣ чист, би-гўй, он ки мазлумеро аз тоби офтоби ситам дар сояи инояту риояти худ ҷой диҳад...

Агар пурсанд, ки дар фарш андохтан чанд адаб аст,

бигўй, даҳ адаб: Аввал, он ки фаршро дар замини пок афкананд. Дуюм, ҷое афкананд, ки соҳиби вай хоҳад. Сеюм, пеш аз андохтан вайро аз хошоку ғубор пок созанд. Чаҳорум, баъд аз андохтан низ мулоҳиза кунад, ки агар чизе ба ў омехта бошад бардорад... Шашум, дар вақти бардоштан боз пок созад. Ҳафтум, ба ҳамон замин таҳ кунад. Нўҳум, сару пои он фаршро бишносад, то дар вақти густурдану бардоштан тартиб донад. Даҳум, пирону мардон ва устодонро ёд кунад.

Агар пурсанд, ки ҳақиқати фарш андохтан чист, бигўй, ок ки фарши худро кафи пои мардон донад. Бо худ андешад, ки чунончи ин фарш дар зери кадами мардон зинат дорад, тани ман ҳам аз ғубори роҳравони олам зебу ороиш меёбад. Чун ин андеша кунад, ҳамвора дар талаби он бошад, ки худро ба мардӣ расонад:

Гар мо ба гарди домани миарде намерасем,

Шояд, ки гарди домани марде ба мо расад.

Агар пурсанд, ки одоби шамъ равшан кардан чанд аст, бигўй, дувоздаҳ: Аввал, бисмиллоҳ гўяд. Дуюм, ояти Нур бихонад. Сеюм, чун ба маҷлис дарояд, салом гўяд, Чаҳорум, бар ҳазрати расолат саловот фиристад. Панҷум, пайваста мутаваҷҷеҳ бошад, то шамъ тира насўзад ва ногоҳ намирад. Шашум, дар вақти нишондан мулоҳиза кунад, то дуди вай касеро зарар насозад. Ҳаштум, дар маҷлис наншонад, балки берун барад ва биншонад. Нўҳум лаганро покиза дорад. Даҳум, лаганро ба суфра ба маҷлис наорад. Ёздаҳум, пирону устодонро ёд кунад. Дувоздаҳум, рўшноӣ аз ҳеҷ мустаҳиқ во надорад.

Агар пурсанд, ки маънии шамъ чист, бигўй, дилсўзӣ ва меҳру муҳаббат ва афрўхтагӣ.

Агар пурсанд, ки маънии лаган чист, бигўй, дар му-ҳаббат ва афрўхтагӣ собитқадам будан.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи шамъ ишорат ба чист, би-гўй, «Ш» — шавқ аст. «М» — муҳаббат. Пас, ҳар кӣ шамъ равшан мекунад, бояд ки дили худро ба нури шавқ афрўхта, ба оташи муҳаббат парвариш дода бошад, то дар назари бузургон шамъ равшан созад.

Агар пурсанд, ки маънии чароғ чист, бигўй, равша-нии ботин ва ошноии зоҳир.

Агар пурсанд, ки шўълаи чароғ бо фатила чӣ мегўяд, бигўй, мегўяд: афрўхтан дар сўхтан аст. То худро насўзӣ дигареро наяфрўзӣ.

Агар пурсанд, ки фатила бо шўъла чӣ мегўяд, бигўй, мегўяд, ман тани худ дарбохтам ва ҷисми худ бигдохтам ва дар сўхтан бо маҳбуби худ бисохтам.

Ағар пурсанд, ки одоби чароғ равшан кардан чисту чанд аст, бигўй, дувоздаҳ: Аввал, бисмиллоҳ. Дуюм, ояти Нур, Сеюм, Саловот фиристодан. Чаҳорум, чун ба маҷлис дарояд, салом гўяд. Панҷум, дар мавзўи ваъз ҳозиронро равшанӣ бахшад. Шашум, аз воқеот бохабар бошад ва ғофил нашавад. Ҳафтум, он чӣ аз сари чароғ бардорад аз маҷлис берун барад. Ҳаштум, дар ҳузури мардум наншонад. Нўҳум, ҳеҷ касро аз рўшноии ў манъ накунад. Даҳум, дар вақти нишонидан шартҳси гуфтаро иҷро кунад. Ёздаҳум, чароғпояро покиза ба маҷлис оварад. Дувоздаҳум, суфраи чароғ наафканад.

Агар пурсанд, ки маънии фонус чист, бигўй, маънии фонус он аст, ки дил дар бадан ба мисли шамъ аст дар фонус.

Пас, ҳамчуноне ки фонус шамъро аз боду ҳаво муҳофизат мекунад, то намирад, шамъи дилро низ аз ҳавои нафс нигоҳ бояд дошт, то ба воситаи васвасаи ў фурў намирад, ки шамъи мурдаро ба як дам зинда тавон кард, аммо диле ки баъд аз ҳаёти маърифат ба васвасаи нафс мурда шуд, дигар бўи зиндагй ба ў нарасад...

ФАСЛИ ҲАФТУМ

ДАР БАЁНИ ҚАБЗАИ КОРД ВА СОТУРУ КОРДИ МОЛ ВА ТАБАР

Ин чаҳор кабза азони фарзандони ҷавонмард аст. Бидон, ки аз ҷумлаи камарбаста... яке ҷавонмарди қассоб буда, қассобон ва саллохиёнро дар санади худ ба ҷавонмард дуруст мебояд намуд. Ўро дар асл Абдулло ном аст ва ҷавонмард лақаби ў аст. Падари ўро Омири Басрӣ гуфтандӣ. Бибояд донист, ки асли қассобӣ се кор аст: Аввал, сар буридан; дуюм, аз пўст баровардан; сеюм, пора сохтан...

Агар пурсанд, ки қабзаи корд киро расад ба даст гирифтан, бигўй, касеро ки сари нафси бадкеш ба теғи риёзат бурида бошад...

Агар пурсанд, ки одоби ин қабза гирифтан чанд аст, бигўй, ҳафт: Аввал, он ки ба покӣ даст ба вай расонад. Дуюм, он ки ба ноҳаққу нораво кор нафармояд. Сеюм, надониста наронад. Чаҳорум, он ки дар вақти кор фармудан эҳтиёт бошад. Панҷум, ўро покиза нигоҳ дорад.

Шашум, аз кундӣ ва рахна шудан муҳофизат намояд. Ҳафтум, гар ўро халале падид ояд зуд тадоруки он кунад.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи корд ишора ба чист, бигўй, «К» — карам аст. Соҳиби ин қабза бояд, ки бокараму ҷавонмард бошад. «А» (алиф)—эҳсон аст. Соҳиби ин қабза бояд ки накўкор бошад ва аз озор дур бувад. «Р» — равшанӣ аст. Бояд ки ҳар кӣ ин қабза ба даст гирад, равшандил бошад. «Д» — дилдорӣ аст. Бояд ки соҳиби ин қабза дар мақоми хушахлоқиву дилчўӣ бошад, то гирифтани ин қабза бар вай ҳалол бувад.

Агар пурсанд, ки қабзаи сотур (табарчаи қассобӣ) кӣ тавонад гирифтан, бигўй, он кас ки ҳавои нафсро пароканда карда бошад ва аз тааллуқоти нафсон ва шайтонӣ дур гашта бошад.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи сотур ишора ба чист, бигўй, сотур панҷ ҳарф аст ва ҳар як ишорат ба сифатест. «С» — аломати саломатии нафс аст. «О» — бо пирон гирад ва дар роҳи худ комил гардад. «Т» ва «У» — нигоҳ доштани ҳоли худ кунад ва «Р» — риёзаткаш (тоқатовар) бошад.

Агар пурсанд, ки маънии канора (чангаки қассобӣ, ки гўшт меовезанд) чист, бигўй, дили худ дар бозори шавқ ҷилва додан, то ба нури маърифат дарёфт гардад.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи канора чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «Қ» — қаноат, «Н» — ниёз, «О» — эҳтиёт, «Р» — ростист ва «Ҳ» — аз ҳиммат аст. Яъне соҳиби қанора бояд қаноат кунад, ниёзманд бошад, дар кори худ эҳтиёт ба ҷой орад ва ростӣ варзад, беҳимматӣ накунад, то канора ниҳодан ўро мусаллам бошад.

Агар пурсанд, ки қабзаи тир аз они кист, бигўй, аз они касест, ки бути нафсро ба тири табарро (қаноат) шикаста бошад.

Агар пурсанд, ки ҳақиқати табар чист, бигўй, шикас-тагии сурат ва дурустии маънӣ.

Агар пурсанд, ки ҳуруфи табар чӣ маънӣ дорад, би-гўй, «Т» — табарро, «Б» — бурдборӣ ва «Р» —риёзат аст. Ҳар кӣ ин қабза дар даст гирад, бояд ки парҳез кунад ва бурдбор бувад ва нафсро риёзат фармояд.

Агар пурсанд, ки маънии пешовез чист, бигўй, ин маънӣ он аст, ки дили худро ба қулоби муҳаббат вобастаем.

Агар пурсанд, ки қабзаи корди молӣ ҳаққи кист, бигўй, ҳаққи касест, ки ҷавонмард бошад. Барои он ки ин васларо сари ҷавонмардони олам ба ҷавонмарди басрӣ ҳавола карданд. Пас, ҳар кӣ ҷавонмардӣ надошта бошад, даст ба ҳаққи ҷавонмардон натавонад кард.

Агар пурсанд, ки «А»-и корди мол чист, бигўй, ростӣ ва дўстӣ, Ки ҳар кӣ корди молӣ овезад, бояд росту дуруст бошад.

Агар пурсанд, ки се ҳалқае, ки дар «А»-и корди мол бошад, ишорат ба чӣ чиз аст, бигўй, ҳар кӣ ин қабза дорад бояд, Ки аз мартабаҳои роҳ бохабар бошад.

Агар пурсанд, ки ҳақиқати қассобӣ чист, бигўй, ҷавонмардӣ.

Агар пурсанд, ки ҳақиқати саллоҳӣ (қассобӣ) чист, бигўй, аз пўсти худбинӣ берун омадан.

Агар пурсанд, ки одоби қассобон чан даст, бигўй, чаҳор ва онро аз чаҳор ҳарфи номи қассоб гирифтаанд. «Қ» - қабул, «С»- сидқ. Бояд ки дар харидану фурўхтан ва гуфтану шунидан ростӣ варзад ва роҳи каҷ наравад. «А»- ишорат ба инсоф аст, яъне дар қисмат кардани гўшт инсоф нигоҳ дорад, то ҳиссаи ҳар васла аз устухону чарбуи он миқдоре бидиҳад, ки лоиқи ў бошад. «Б»- ишорат ба некўкорӣ аст. Бояд, ки ҳар чӣ кор кунад, даркор кунад, то аз фарзандони ҷавонмард бошад.

Агар пурсанд, ки пештар аз такура кадом аст, бигўй, ба иттифоқ пешгир азони қассобон аст. Аммо такура ба иттифоқ аз они саллоҳон аст.

Агар пурсанд, ки адаби такура бастан чист, бигўй, он ки фақирону дардмандонро дар зери домони шафқат ҷой диҳад

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба