Хандаҳои ширин
БИСЁР АФСӮС
Муаллима аз талабае пурсид:
- Падарат дар куҷо кор мекунад?
Талаба гуфт: - Дар маркази савдо.
- Бисёр хуб. Чӣ кор мекунад?
- Боғбон.
- Бисёр афсӯс.
АНГУРҲОИ ФУРӮШӢ
Муаллим аз талабае пурсид:
- Дар ҳавлиатон кадом навъҳои ангур ҳаст?
- Ангурҳои фурӯшӣ.
ХАЛОС НАМЕХӮРӢ
Писарбачае, ки ҳамроҳи падараш аз саёҳати бешазор омада буд, ба ҷӯрааш гуфт:
- Медонӣ, аз ҳама ҳайвонҳои ваҳшӣ хавфноктаринаш хирс аст. Аз хирс гурехта, халос намехӯрӣ, зеро аз ту тезтар медавад. Агар ба дарахт бароӣ, ӯ ҳам мебарояд. Дар об аз одам нағзтар шино мекунад.
- Агар пинҳон шавӣ-чӣ? - пурсид ҷӯрааш бо ҳарос.
- Аз ду сар фоида надорад, чунки хирс аз ту пештар пинҳон мешавад.
ХОРКАШУ ХАСКАШ.
Падар аз писари калониаш пурсид:
- Ба додарат чи ном монем?
- Ману додарамро Хоркашу Хаскаш номидед.
Акнун номе гузоред, ки ин хору хасро кашонад.
ДАР ДАРСИ ҶУҒРОФИЯ
Муаллим:
- Миёни кӯлу баҳр фарқияте ҳаст?
Абдулло: - Бале, дар кӯл қурбоқаҳо зиндагонӣ мекунанду дар баҳр моҳиён.
ТАМОШОИ АЛБОМ
Падару модар ҳамроҳи писарчаи панҷсолаашон албоми оилавиро тамошо мекарданд. Вақте ки чашмони писарча ба сурати падару модараш афтид, пурсид:
- Ин расмро кай гирифтед?
- Вақти тӯй шуданамон.
Писарча гирён-гирён гуфт: - Чаро ман дар тӯй шумо нестам?
ҒАМ ХӮРДАН ХУБ АСТ, Ё ҒУССА ХӮРДАН?
Духтарча аз модараш пурсид:
- Модарҷон, ғам хӯрдан хуб аст, ё ғусса хӯрдан?
- Ягонтааш хуб нест! - гуфт модар.
- Хуб, набошад, - гуфт духтарча, - ба модаркалонам гӯед, ки дигар дар назди дугонаҳоям «Ғаму ғусса хӯрда, модаратро калон кардам» нагӯянд.
ИН САДОИ ЧИСТ
Ду рафиқ ба садои ҷӯшидани об гӯш медоданд.
Яке аз онҳо пурсид:
- Ин садои чист?
Дигар ҷавоб дод: - Нолаи микробҳо.
ЗАРРОФА
Муаллим аз талаба пурсид:
- Кадом ҳайвон бештар гармиро дӯст медорад?
- Заррофа, - ҷавоб дод шогирд.
- Чаро заррофа?
- Чунки гардани дарози он нисбат ба дигар ҳайвонҳо ба сӯи офтоб бештар майл мекунад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё