Магар муносибати Худованд бо бандагонаш яксон нест?
Дар яке аз оятҳои Қуръони Карим гуфта мешавад: «Худо ҳар киро хоҳад, ҳидоят мекунад». Магар муносибати Худованд бо бандагонаш яксон нест?
Аввалан, агар Худованд яксон муносибат накунад ҳам, кӣ ҳаққи чунин пурсишро дорад, ки «Чаро Ту ба ҳама баробар муносибат намекунӣ?» Худованд соҳиби мулк аст. Ӯ бо мо ҳар чиро раво донад, анҷом медиҳад, аммо касе ҳаққи эътироз карданро надорад. Ҳақиқати «соҳибмулк ҳар гуна ки хоҳад мулкашро тасарруф мекунад» дар ҳаққи Худо гуфта мешавад. Ғайр аз ин вақте дар бораи Худованд савол пурсиданӣ шавем, онро аз рӯи одобу эҳтиром бояд пурсид. Худованд Молике мебошад, ки ҳамаи ҳастиро дар қабзаи тасарруфи Худ нигоҳ доштааст. Касе ҳақ надорад, ки дар ҳаққи Ӯ суоли беадобона пурсад.
Вале чунин пурсидан мумкин аст: «Агар Худованди Таъоло маро ба роҳи рост ҳидоят накунад, аҷабо, Ӯ маро аз рӯи кадом ҳикмат муҷозот мекарда бошад? Ӯ, ки Ҳокими Мутлақ аст, дар ин амалаш чӣ ҳикмате ниҳон аст?»
Дуруст аст, ки Худованд ҳар касеро хоҳад ба роҳи рост ҳидоят мекунад ва ҳар касеро хоҳад ба залолат раҳнамун мешавад. Ин мавзӯъ дар Қуръони Карим чандин бор тазаккур ёфтааст. Асос иродаи Худо аст. Дар ин хусус аз ҳама муҳим ба ин нукта мутаваҷҷеҳ бояд шуд: ҳидояту залолатро Худованд офаридааст. Аммо сабаби интихоби роҳ ба ихтиёри худи банда вогузор шудааст. Ҳарчанд интихоби роҳ ба худи инсон он қадар кам вобастагӣ дорад, ки тақрибан ноаён аст ва ҳама чиз мустақиман ба Худованди оламиён мансуб аст.
Андешаи худро бо мисол шарҳ медиҳам. Масалан, ҳамаи мо хӯрок мехӯрем ва об менӯшем. Дар натиҷа витаминҳо, сафедаҳо ва таркиботи дигар ба организми мо ворид шуда, ба иҷрои вазифаи худ шурӯъ мекунанд. Ҳамаи ин равандҳо ба ҳадде дақиқ сурат мегиранд, ки танҳо луқмаро ба даҳон бурдан барои ҳалли ин ҷараён басанда нест. Вале агар фарз кунем, ки басанда аст, дар он сурат ҳам барои луқмаро ба даҳон бурдан ақлу қувват лозим аст, ки аз ҷониби Худо дода мешавад. Чун луқма ба даҳон гузошта мешавад, Худованд ғадудҳои оби даҳонро ба ҳаракат медарорад ва дар баробари бо луоб олуда шудани ғизо ба мағзи сар хабар мерасад ва аз он ҷо ба меъда огоҳӣ меояд: «Омода бош! Шираву ишқори лозимиро ҷудо кун, чунину чунон намуди ғизо омада истодааст». Он гоҳ тамоми бахшҳои меъда ба фаъолият шурӯъ мекунанд. Агарчи инсон медонад, ки ин раванд чӣ гуна сурат мегирад, аммо худи ӯ аз сад як ҳиссаи онро ба иҷро расонида наметавонад.
Меъда вазифаи худашро иҷро мекунад; крахмал, глюкоза ва моддаҳои дигарро ҳазм мекунад. Вале фаъолияти меъда бо инҳо маҳдуд намешавад. Ҳангоми ба рӯда ворид шудани ғизо меъда ба он огоҳӣ мефиристад: «Маҳсулоти сахт ворид мешавад, ки онро танҳо бо ишқор ҳазм кардан мумкин аст». Дар ин марҳилаҳо инсон ҳеҷ дахолат надорад. Баъзе маҳсулоте, ки дар таркиб селлюлоза доранд, ба меъда ворид мешаванд ва меъда ба кор шурӯъ мекунад. Ҷузъи маҳсулоте, ки ҳазм намешавад, масалан пӯсти себ, ихроҷ мегардад, чунки дар организми инсон моддае нест, ки онро ҳазм кунад. Ҳамаи ин равандҳо хеле дақиқ ва бо тартиб амалӣ мешаванд. Ва ҷигар дар навбати худ вазоифи бешумореро иҷро мекунад.
Тавре мебинем, як луқма вақте ба меъдаи инсон ворид мешавад, то ҳазм шудан дар организм ҳазор бор дигаргун мешавад ва дар ҳеҷ яке аз ин дигаргуншавиҳо худи инсон дахолат надорад.
Шояд инсон аз ношукрӣ гӯяд: «Ман луқмаро ба даҳон гузошта, ба организми худ энергия ворид кардам ва барои ҳуҷайраҳо ҳарчи лозим буд, захира кардам. Ҳуҷайраҳоро бо витамину сафеда таъмин кардам. Ҳарорати онҳоро танзим намуда, ҳуҷайраҳоро ба ҳаракат даровардам». Албатта, инсон ба гуфтани ин суханҳо ҳақ надорад, зеро ҳамаи ин корҳоро Худованд иҷро кардааст.
Шояд раванди мазкурро ба таври зайл тасаввур кардан дурусттар бошад: «Ин механизми асрорангез бо қудрати ғайбие ба ҳаракат дароварда мешавад. Вақте ман луқмаро ба даҳон мегузорам, якбора раванди асроромез ба амал меояд. Албатта, ман дар ҷараёни ҳазми ғизо ҳеҷ нақше надорам. Ҳамаи инро Худованд иҷро мекунад. Дар ҳазми ғизо ва дигар амалҳо Ӯ мадад мекунад». Бо гуфтани чунин суханҳо инсон кори худро ба Худованд нисбат намедиҳад, балки иҷрокунандаи ҳақиқии амалҳо, яъне Худоро ёдовар мешавад. Зеро дар иҷрои он амалҳо нақши худи инсон он қадар кам аст, ки лозим ба тазаккур нест.
Акнун чанд сухан дар хусуси ҳидоят: Ҷустуҷӯи роҳи рост он қадар масъалаи муҳим аст, ки дар пайдо кардани он нақши иродаи инсон хеле кӯчак аст ва ба изҳор кардан арзанда нест. Масалан, дар бисёр маврид ман мехоҳам, ки эҳсосоти худро бо иншироҳи қалб дар ҳузури мардум ба забон орам. Ҳол он ки Худованд мефармояд: «Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад...» (Сураи Инсон, 76/30). Аз ин рӯ ман наметавонам ҳамаи он чиро ки дар ботин эҳсос мекунам, баён созам ва танҳо он чиро мегӯям, ки ба қадри имкони ман аст. Мехоҳам, аҳкоми илоҳиву қуръониро бо суханҳои муассир ва ҳадафрас иброз намоям, аммо муваффақ намешавам. Зиёд мехоҳам, ки ҳангоми намоз гузоридан аз худ бехуд шавам, бо ваҷду истиғроқ худро фаромӯш созам, аз дунё ва ҳар чӣ дар он ҳаст, дур шавам. Вале аз ҳазор як ҳиссаи он аз дастам намеояд. Яъне агар самимӣ бошам, ҳамин як хоҳиш дорам. Боқӣ ҳама ба хости Худо вобаста аст. Худоё, моро ҳатто лаҳзае бо нафсамон танҳо магузор!..
Диққат кунед; завқи имон, шавқи имон, ҳаззи имон, шавқу иштиёқи биҳишт ва хоҳиши пазироӣ доштан ба ҳар чи ки аз Худо меояд, ҳамаи ин атои илоҳӣ аст, ки танҳо Худованд метавонад ба дили инсон ҷо кунад. Инсон танҳо коргузорӣ мекунад. Аз ин рӯ Саъдуддин Тафтазонӣ; гуфтааст: «Имон шамъест, ки онро Худованд бо хоҳишу иродаи ҷузъии инсон дар рӯҳи ӯ фурӯзон мекунад». Ҷони мо фидои Оне, ки ин шамъро фурӯзон кардааст! Барои дарёфти чунин натиҷаи бузург инсон ба ҷуз истифодаи иродаи ҷузъӣ ягон нақши дигар надорад. Мисли он ки тугмаеро пахш карда, атрофи худро рӯшан мекунӣ, ҳамчунин бо иродаи ҷузъӣ каме ба сӯйи имон майл кардан барои ҳидояти ту васила мешавад.
Бале, масъалаи мавриди назар низ мисли луқмаро ба даҳон бурдан аст. «Ва шумо ҷуз он намехоҳед, ки Худо хоста бошад...» (Сураи Инсон, 76/30), «Худо ҳамчунин ҳар киро хоҳад, гумроҳ мекунад ва ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд...» (Сураи Мудассир, 74/31). Аз ин рӯ касе берун аз хости Ӯ чизе хоста наметавонад. Касе наметавонад, гумроҳкардагони Ӯро ба роҳи рост оварад ва касе наметавонад, ҳидояткардагони Ӯро аз роҳ барорад.
Ҳамин тавр дар мавзӯи ҳидоят қисмати аъзами кор ба иродаи Худо алоқаманд аст. Он қисмате, ки ба мо вобастагӣ дорад, он чунон ночиз аст, ки инро нодида гирифта, иҷрооти Худоро ба худ мансуб донистан аз беодобиву густохӣ нисбат ба Худо иборат аст.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё