Зеҳн

Ҳаётам хушку холӣ буд. Он аз паҳлӯи ман гузашту рафт

ЗЕ
Зеҳн13 сентябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Писаракро Питер меномиданд. Вайро ҳам дар хона ва ҳам дар мактаб дӯст медоштанд. Питер ҳамеша чизеро интизор буд ва фикру хаёлаш банди чизе буд. Дар мактаб, дар дарсҳо дар бораи таътили тобистона фикр мекард. Дар таътили тобистона дар бораи ҷашни Соли Нав фикр мекард. Бо хаёл мезист ва ҳаргиз намехост ҳамин ҷо ва ҳозир бошад.

Саҳарии барвақти тобистон буд. Питер дар ҷангал сайругашт мекард. Ҳаво ором ва гарм буд. Дар марғзор рӯболо дароз кашид ва чашмонашро пӯшид. Баногоҳ садои исроркоронаи касе ӯро бо номаш фарёд кард: “Питер, Питер...”

Питер чашмонашро кушод ва пиразани ношиносро бо мӯйҳои сафеди дароз дид. Пиразан дар болои сараш меистод. Дар дасташ курача бо риштаи дарози заррин дошт.

Пиразан хам шуд ва гуфт: “Питер, ман ба ту туҳфа дорам! Ин курачаи сеҳрнок аст, риштаи заррин риштаи ҳаёти ту аст. Агар риштаро бикашӣ, соатҳо дар як сония сипарӣ мешаванд, каме сахттар бикашӣ, рӯзҳо дар як дақиқа сипарӣ мешаванд; ва агар бо тамоми қувват бикашӣ, моҳҳо ва солҳо дар як рӯз сипарӣ мешаванд”.

“Наход, ки бо ин курача ман метавонам чизҳоеро ки бароям шавқовар нестанд, партофта гузарам? Ва дигар ба ман лозим намеояд, ки чизеро интизор шавам?” – фикр кард Питер. Вай аз ин туҳфа беандоза хурсанд буд.

Тарҷума аз китоби Робин Шарма “Рӯҳоние, ки “Феррарии” худро фурӯхт”

Рӯзи дигар фаро расид. Питер дар дарсхона менишаст ва ниҳоят зиқ буд. Ҳар замон ба соати девор менигарист. Дарс дилгиркунанда, вақт беохир буд!.. Нохост Питер туҳфаро ба ёд оварад. Каме нӯги риштаро кашид ва худро ҳамон замон дар боғи назди хонаашон дид. Аммо хоҳиши дигаре ӯро фаро гирифт – хоҳиши калон шудан ва тамом кардани мактаб. Ҳиссиёти нав: озодӣ, духтарон... ӯро басӯи худ мекашиданд! Ин дафъа Питер риштаро сахттар кашид - ва инак ӯ 18 сол дорад, дар паҳлӯяш духтараке бо номи Элиза. “Худоё, чи қадар хушрӯй аст!” - мафтун шуд Питер, аммо хоҳиши боз ҳам зиёдтар гирифтан ҳарчи зӯртар мешуд. Хост, ки тамоман калон бошад. Питер боз риштаро кашид ва ба марди миёнсол табдил шуд. Элизаро ба занӣ гирифт, соҳиби хавлии калон ва фарзандони дӯстрӯ шуданд. Питер боре ба оина нигариста, дар байни мӯи сиёҳаш тораҳои сафедро дид. Модараш, ки ҳамеша хурсанд ва чусту чолок буд, сахт тағйир ёфтааст, дар назди ӯ пиразани заиф меистод. Аммо барои Питер боз ҳам кам буд. Намехост дар замони ҳозира бимонад ва риштаро сахттар кашид...

...Пас аз лаҳзае дар бадани пирамарди 90-сола ҷой гирифт. Занаш Элиза чанд сол пеш мурда буд, фарзандон ба воя расида, кайҳост алоҳида зиндагӣ мекарданд. Питер яккаву танҳо буд. Умраш ба охир мерасид. Базӯр аз ҷой хеста, ба кӯча баромад ва ба фикр фурӯ рафт: “Ягон бор бо бачаҳо моҳигирӣ нарафтам, Элиза... Худоё, чи қадар мехоҳам дар маҳтобшабон бо ӯ сайругашт бикунам! Ман ҳеч коре накардам. Ҳамаи китобҳоеро ки модарам дӯст медошт, нахондам. Мехостам хонасозам ва боғ бунёд кунам, акнун дери дер шуд. Ҳеч коре натавонистам бикунам... Ҳеч роҳату ҳаловат накардам. Тамоми лаҳзаҳои хубро, ки метавонистам бо фарзандон, занам ва модарам гузаронам, аз даст додам...”

Бо андӯҳи гарон Питер ба ҳамон ҷангали даврони кӯдакиаш рафт. Ҷангалро шинохта намешуд: навниҳолони хурд дарахтҳои бузург шуда буданд. Дар марғзор рӯболо дароз кашид ва чашмонашро пӯшонд. “Питер, Питер!” – садои исроркоронаи шинос ба гӯшаш расид. Чашмонашро кушод ва ҳамон пиразанро дид.

“Хуб, Питер, туҳфаам ба ту маъқул шуд?”- пурсид ӯ.

“Аввал хеле хушбахт будам, - ошкоро иқрор шуд Питер, - набояд дигар чизеро интизор мешудам. Аммо ҳаёт аз паҳлӯи ман гузашту рафт. Бале, он ҷо метавонист ғамҳо бисёр бошад... аммо бисёр чизҳои хуб низ метавонист бошад! Ман чизе нафаҳмидам... Ҳаётам хушку холӣ буд. Он аз паҳлӯи ман гузашту рафт”.

“Ношукр будаӣ, - сарзаниш кард ӯро пиразан. – Хайр, метавонам ба ту туҳфаи дигар бидиҳам. Комилан чизе бихоҳӣ, медиҳам!”.

“Мехоҳам аз нав мактаббача шавам ва ҳаёти худро гузаронам!” – бидуни фикр гуфт Питер ва зуд ба хоби амиқ рафт.

...Питер боз садоро шунид, ки ӯро фарёд мекард. Чашмонашро кушод ва фаҳмид, ки дар хонаашон, дар курпаи хоби худ хобидааст. Модари ҷавонаш дар канораш истодааст ва табассум мекунад.

“Питер, чи қадар хоб кардан мумкин аст? Ба мактаб дер мемонӣ”, - гуфт вай.

Он саҳаргоҳон чунон саросема ба тарафи мактаб рафт, ки ҳеч гоҳ ин хел нарафта буд. Питер дигар замони ҳозираашро қурбон накард ва ҳар лаҳзаи ҳаёти худро ҳис мекард! Ҳар рӯзи ҳаёти худро бо ғалабаҳо ва кашфиёти хурсандона пур мекард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба