Асадии Тўсӣ
Ҳаким Абўмансур Алй ибни Аҳмад Асадии Тўсй шоири маъруфи ҳамосасаро, олими луғатшинос ва хаттоти забардасти форс-тоҷик аст, ки дар асри ХI зиндагӣ ва эҷод кардааст. Сарчашмаҳо Асадиро мансуб ба шоҳони Аҷам донистаанд ва ҳамчунин ўро дувумин тоҷдори иқлими сухани размӣ ба қайд овардаанд.
Асадӣ тақрибан соли 1005 дар Тӯс (Эрон) ба дунё омадааст. Шоир ибтидои таҳсили илмомўзиро дар зодгоҳаш фаро мегирад ва ҳамаи илмҳои ҷории замонашро сарфу наҳв, луғат, хатоттӣ, адабиёт, таърих, забону адабиёти араб ва ғайраро аз худ намудааст. Асадии Тўсӣ бо баъзе сабабҳо ба дарбори Ғазнавиён нарафт, зеро тамоил ба мазҳаби шиа ва ҷараёни шуубия доштааст Солҳои 1035 — 40 дар Хуросон қаҳтӣ рух дод, ки зиндагии омма басо мушкилу ногувор гардид ва шояд аз ин ҷиҳат шоири ҳаким ба самти Ғарбии Эрон—Озарбойҷон ба мулки Аррон омада, ба дарбори ҳокими Нахҷувон Абудулаф роҳ меёбад. Ӯ дар ин ҷо бо, хоҳишу дастури Абудулаф, «Гаршоспнома»-ро таълиф менамояд, чунончӣ:
Яке буд сардори дунёву дин,
В-аз он нома номи накў хостаст
Гаронмоя дастури шоҳи замин
Ту ҳамшаҳрӣ ўрову ҳампешаӣ,
Ба ман гуфт: Фирдавсии покмағз,
Ч у дар сухан чобукандешаӣ.
Бидодаст доди суханхои нағз.
Аз он ҳамраҳон номаи бостон,
Ба «Шаҳнома» гетӣ биёростаст
Ба назм ор хуррам яке достон.
Асадии Тўсӣ баробари аз худ намудани илмҳои расмии замонаш инчунин аз илми хаттотӣ ҳам баҳраи комил доштааст, зеро ў тибқи шаҳодати сарчашмаҳо, соли 448ҳ. (соли 1057 м) китоби Абўмансур Муваффақуддин Алии Ҳиравӣ «Китобулабния анҳақоиқиладвия»-ро, ки дар илми тиб аст, нусхабардорӣ намудааст ва он қадимтарин нусхаи хаттии форсӣ-тоҷикист, ки маҳзуф мондааст.
Асадии Тўсӣ дар Нахҷувон низ то поёии умр наистода, ба Онӣ меравад ва ба хизмати Шуҷоъуддавла Абӯшуҷоъ Манучеҳр ибни Шовури Шаддодиро, ки солҳои 1063— 1100 ҳукмравоӣ кардааст, ихтиёр менамояд. Шоир ба ҳокими мазкур қасидаи мунозиравии хеш «Найза ва Камон»-ро эҳдо кардааст. Ба ҳамин тариқ, аз зиндагиномаи шоир бармеояд, ки ў дар чандин дарборҳои боёон ба хизмат камар бастааст ва ин бояд аз сабаби тангии маишӣ бошад.
Поёни рўзгори шоир дар ватанаш шаҳри Тўс силпарӣ шудааст ва санаи вафоти Асадиро соли 465 ҳиҷр», мутобиқ ба соли 1073 мелодӣ қайд кардаанд.
МЕРОСИ ИЛМИЮ АДАБИИ АСАДИИ ТУСӢ
Шоири ҳаким ва олими луғатшиносу хаттоти забардаст Асадии Тўсӣ аз худ мероси гаронбаҳое боқӣ гузоштааст. Албатта, мероси адабию илмии ў шояд дар асл хеле зиёд бошад, вале аз дастбурди ҳаводис ва печидагихои таърих имрўз он чи аз Асадии Тўсӣ маҳфуз мондааст, иборат аз 5 — мунозира: «Габр ва мусулмон», «Арабу Аҷам», «Замину Осмон», «Шаб ва рўз», «Найза ва Камон», достони «Гаршосп-нома» ва «Луғати фурс» аст, «Луғати фурс»—аввалин луғати тафсирии маҳфузмондаи форс-тоҷик буда, асоси кори луғатнависони минбаъда гардидаст. Санаи таълифи луғати мазкур солҳои 1066—11067 иттифоқ афтодааст ва маводи шарҳталаби китоби зикршуда дар заминаи эҷодиёти шоирони Мовароуннаҳру Хуросон сурат гирифтааст.
Дар луғати Асадӣ наздик ба 2000 калима, аз 77 шоир ба миқдори 1335 байт шеър намуна оварда шудааст. Ба хусус, дар луғати Асадӣ аз ашъори шоирон Рўдакӣ, Дақиқӣ, Мунҷик, Шаҳиди Балхӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Фирдавсӣ ва бисёр дигарон намунаҳои шеърӣ оварда шудааст. Аз ин рў, «Луғати фурс» аз ду ҷиҳат арзишманд аст: аввал ин ки қадимтарин луғати маҳфузмонда аст ва дуюм ин ки ғанитарин луғатест, ки аз ашъори шуарои қадими адабиёти форс-тоҷик намунаҳо меорад.
Арзиши адабии« Луғати фурс» аз он иборат аст, ки дар он аз ашъори шоирони давраи ташаккули адабиёти форсу тоҷик ғолибан намунаҳои шеърӣ барои калимаҳо оварда мешавад.
Чунин намунаҳо аз асарҳои манзуми бузургжанр — достонҳову маснавиҳо низ зикр карда шудааст, ки намунаи чунин осор «Калила ва Димна»-ву «Синбоднома»-и Рўдакӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Офариннома»-и Абўшакури Балхӣ, «Вомиқ ва Узро»-и Унсурӣ ва ғайра мебошад.
«Луғати фурс» барои дарёфти абёти шоирони бедевон низ кўмаки фаровон менамояд, зеро ў дар баъзе мавридҳо исми шоир ё тахаллуси ўро зикр кардааст. Масалан, чанд намуна аз луғатҳои зикрнамудаи Асадӣ ва шарҳи онҳову зикри абёт барои тасдиқи корбурди онҳо ва қонеъ гардонидани хонанда хоҳсм овард, Ки шореҳи луғат зикр кардааст:
Арванд — номи кўҳест ба Дари Ҳамадон ва Дачларо низ Арванд хонанд. Фирдавсӣ гўяд:
Агар паҳлавонӣ, надонӣ забон,
Ба тозӣ ту Арвандро Даҷла хон.
Хурда — тафсири аҷзои Позанд
Девлох — сардсер бошад ва дар маънии оардистон, чунон ки гўй: санглох яъне сангистон
Унсурӣ гўяд:
Чарида девлох, оганда паҳлў,
Тане фарбеҳ, миён чун мўй лоғар.
Овард — ҷанг бошад.
Новард — ҷанги ду кас бошад ё ду лашкар.
Фирдавсӣ гўяд:
Зи новарду оварди ў дар набард, Расад то ба гардуни гарданда гард.
Ниё — падари падар бсшад.
Фирдавсӣ гўяд:
Набера, ки хашм оварад бар ниё, Ҳам аз аблаҳӣ бошаду кимиё,1
Моно — монанд бувад.
Кисоӣ гўяд:
Чавдкн ҳарир ҳулла, ки густурда бар дарам, Моно, ки барзаданд ба қарқубу шўшбар.
Ошнои шиногар бошад дар об- Бўшакур гўяд:
Касе, к-андар обасту об ошност,
Аз об ар чу з-оташ натарсад, сазост.
Ноб — холис бошад.
Фаррухӣ гўяд:
Ноб — аст, ҳар он чиз, ки олуда набошад,
3-ин рўй туро гўям, к-озодаи нобӣ.
Шабтоб, — кирмакест, ки ба шаб бар гунаи оташ намояд. Рўдакӣ гўяд:
Шаб зимистон буд каппӣ2 сард ёфт, Кирмаке шабтоб ногоҳе битофт. Каппиён оташ ҳаме пиндоштанд. Пуштаи ҳезум бар-ў бардоштанд.
Фарҳехта — адабгирифта бошад. Дақиқӣ гўяд:
Ай дили ман, з-ў ба ҳар ҳадис маёзор,
К-он бут фарҳехта нест, ҳаст навомўз.
Яхча — тагаргро (жола)-ро гўянд.
Рўдакӣ гўяд:
Яхча меборид аз абри сиёҳ
Чун ситора бар замин аз осмон.
Девча — кирмаке бошад, ки андар пашм афтаду варо табоҳ кунад. Мунҷик гўяд:
Дил бипардоз замоневу манеҳ пушт бад ў,
Ки ба пиндор шудат девча андар намадо.
Шах — замини сахт бошад, бар кўҳу домани кўҳ
Бўшакур гўяд:
Хиромидани кабк бинӣ ба шах,
Ту гўӣ зи дебо фикандаст нах.
Қундуз — яъне кўҳандиз. Ва ин диж — шаҳре бошад,
Рўдакӣ гўяд:
Гаҳ бар он кундузи баланд нишин,
Гаҳ дар ин бўстону чашм кушой
Варз — баландӣ бувад.
Гурзу кўпол — лахт бошад.
Бӯшакур гўяд:
Саре бетану паҳн гашта ба гурз,
Тане бесар афканда бар хоку бурз.
Марз — сарҳад бошад.
Фирдавсӣ мегўяд:
Басанда кунад з-ин ҷаҳон марзи хеш, Бидонад магар мояву арзи хеш.
Кос — мўи хук бошад
Фаррухӣ гўяд:
Чу космфӣ гиёҳони ў бараҳна зи барг, Чу шохи гов дарахтони ӯ пеҳи аз бор.
Ос — орди нарм бошад зери санг,
Муиззӣ мегўяд:
То дили ман ос шуд дар осиёи ишқи ў, дао, пиндоре ғубори осиё бар сар маро.
Пўзиш — узр бошад.
Бўшакур гўяд:
В-ар эдун-к пўзиш пазирӣ зи ман,
Ва гар низ ранӣ ояд аз хештан.
Ниёиш — дуъо ва офарин бошад.
Фирдавсӣ мегўяд:
Ба пирўзйӣ андар намоиш кунед, Чаҳонофаринро ниёиш кунед.
Чунон ки маълум гашт, калимаҳо дар луғатномаи Асадии Тўсӣ аз нигоҳи вазн, ҳаракатҳо зикр карда намешаванд, ки он кори хонандаро хеле душвор меоозад. Бо вуҷуди он, зикри фаровони пораҳои шеърӣ, исми шоирон, баъзан ному насабу тахаллуси онҳо оварда шудааст. Умуман луғати мазкур намунаи шеърхои 77 тан шоирони асрҳои X — Х1-ро фаро гирифтааст. Аксари калимаҳо архаистӣ буда, маҳз тавассути луғати Асадӣ аз нав ба забони зиндаи гуфтугўӣ ворид шудаанд, ки ин яке аз хизматҳои шоёни олими луғатшинос мебошад.
МУНОЗИРАҲОИ АСАДИИ ТЎСӢ
Аз Абўмансур Алӣ ибни Аҳмад Асадаи Тўсӣ то ба имрўз қасидаи мунозиравӣ мерос мондааст.
1.Мунозираи «Арабу Аҷам»
Мунозираи «Рўз ва Шаб
Мунозираи «Осмон ва замин».
Мунозираи «Габр ва муслим».
Мунозираи «Найза ва Камон».
Унвони се мунозираи аввал («Арабу Аҷам», «Шаб ва Рўз», Осмону Замин») дар сарчашмаҳо бетағйир буда, ду мунозираи минбаъда бо номҳои «Мусулмону Муғ», «Муғу Муслим» ва «Тиру Камон», «Қавсу Румҳ» ба қайд омадаанд. Албатта, ин навъи шеърӣ, ки дар асри XI дучор мешавад, маҳсули ин аср нест ва анъанаи ин ба давраи адабиёти тоисломӣ рафта мерасад Хидмати шоирони асри XI (махсусан Асадӣ) аз он иборат аст, ки ин суннати адабиро эҳё намудааст. Аввалин эҷодкори мунозира дар адабиёти форс-тоҷик пас аз ғазовати араб Асадии Тўсӣ ба шумор меравад.
Аввалин мунозираи ў қасидаи мунозиравии «Арабу Аҷам» мебошад, ки аз 107 байт иборат буда, дар он баҳои марди фарҳангии ачамӣ бо араб дар як базм нишон дода шудааст. Мунозира дар баҳри Ҳазаҷи мусаммани ахраби мақфуфи маҳ-зуф яъне мафъўлу мафоъйлу мафоъйлу фаъўлун эҷод гардида, мафоъили он чунин аст:
Онҳо сархуш шуда, ба баҳс медароянд. Аввал араб ба ҳаҷви аҷамӣ шурўъ намуда мегўяд:
Ошуфт яке з-он ҳамаву гуфт: Аҷам Фахр аҳли арабро расад, ай аблақи нодон.
Ё худ:
Шоир чу Абўшахсу Ҷариру Мутаннабӣ Чун Бухтўриву Ваъбалу чун Ахтал Ҳассон... Ҳам аз сараи мост Муҳаммад набии Ҳақ
В-ар ҳам сухани мост, ба халқ омад Қуръон».
ва ғайра.
Араб он чизҳоро боиси ифтихори ин қавм аст, ном мебарад: Қабилаи Қурайш, хонадони бани X, Ғатфоку фасеҳоне мисли Шайба, Зайд; Лақит, Саҳбон; шоирон: Абӯшуайҷарир, Мутанаббӣ, Бухтарӣ, Ахтал, Ҳассон, Аъламч саховатмандии Ҳотам, хираду дониши Сотеҳ, Нўъмон. Пеш аз ҳама ифтихор аз хотиматуланбиё, уммулкитоб мебошанд. Араб аз аҷамӣ мепурсад, ки акнун навбати ту ва ту бо чӣ ва бо кӣ ифтихор карда метавонӣ?
Бурҳони ман афъоли араб чанд намудам, Бинмой ту бурҳон аз афъоли аҷам, ҳон.
Баъд аҷамӣ ба мунозира оғоз мекунад:
Гуфтам-ш чу девона басе гуфтиву акнун, Посух шунав, ай буда чу девони биёбон
Ӯ аз шоҳони пешдодию каёнӣ, аз паҳлавонону таҳамтанон, олимон, шоирон ва ғайра хеле муфассал баҳс ба миён меорад. Шоҳони эронӣ мисли; Каюмарсу Ҳушанг, Ҷамшеду Фаридун, Кайхусраву, Баҳрому Парвиз, Анўшервону Ҳурмуз ва ди-гаронро ном мегирад, аз паҳлавонони аҷамӣ: Наримону Сом, Гаршоспу Бежан, Геву Рустам; аз олимони тиб; Ибни Закариё, Ҷамоспи хирадманд; шоирон: Рўдакӣ, Унсурӣ, Асҷадӣ, Кисоӣ ва дигарон ном мебарад. Чунончи мегўяд:
Шоир чу гузин Рўдакӣ он к-аш бувад абёт,
Беш аз саду ҳаштод ҳазор аз дару девон.
Ҳамчун муқовиматҳои онҳоро ҳангоми пайдоиши дини мўбини Ислом, муқобили Расули Акрам Сс), саҳми аҷамиён дар садоқати исломӣ ва ғайра хеле ба тафсил баён карда мешавад.
Аҷамӣ инчунин нуқсони арабро боз дар он ҳам мебинад, ки динро сўистифода накунад, зеро шариъат кулли мусулмононро бародару баробар медонад ва бартариро ба касе нисбат намедиҳад. Чунончи, ба ин маънӣ мегўяд:
Пас фахр ба дин асту шумо гар ҳама чун мо, Гарвед ба Яздону набӣ в-ояти Фурқон,
Бар мову шумо з-Эзид фармони шариат Якест, ки мўъмин ҳама ҳастанд чу ихвон. Дар ҳашр на амволу на асбобу на амлок Ояд ба бар илло амали некўву имон.
Бар ҳамин тариқ, ба хар як эроди гирифтаи араб намояндаи аҷам 5—7 далел меорад, ки аҷамиён мардумони бефарҳангу саҳроӣ нестанд, балки асилзодаву мутамаддин, бофарҳангу соҳибмаърифатанд. Асар мантиқан ба пирўзии аҷамиён интиҳо мепазирад.
Мунозираи «Рӯз ва шаб». Миқдори абёти мунозираи мазкурро аз 27 то 35 байт гуфтаанд. Ои дар баҳри Рамали мусаммани махбуни махзуф иншо шудааст ва
афъили он чунин мебошад: яъне; фоъилотун, фаъилатун, фаъилатун, фаъилун. Қасида зоҳираи ба раисулвузаро Абўнаср Халил ибни Аҳмад эҳдо шудааст. Чунончи;
ё писанд ор ба гуфтори шаҳи одили род, ё ризо дех, ба расулвузаро кони карам. Род Бўнаср Халил Аҳмад, к-аз нусрат, Афсари ҷоҳу ҷалол асту сари мулку наам.
Дар қасидаи мазкур баҳс миёни Шаб ва Рўз буда, ҳар кадом ба худситоӣ рақибро мазаммат менамоянд. Мунозира баҳси Шабу Рўзро оид ба Холиқи мавҷудот — Худованд ва Расули Акрам (с), фаъолияти инсон дар ин доира, ба ҷо овардани ибодот ва ғайраро фаро мегирад.
Масалан, Шаб мегўяд, ки: — Дар назди Худо обиду саҷдакунандаи шаб нисбат ба Рўз зиёдтар аст. Мўсои Калимуллоҳ қавми худро шабона ба муноҷот бурдааст. Лут аз бедоду ситам озод гашт. Муҳаммад (с.) шаб ба сўи меъроҷ рафт. Ҳар моҳ си рўз аст, вале шаби қадр аз 1000-моҳ афзалтар аст. Шаб пўшонандаи гуноҳу роҳатбахшанда аст. Рўз баёнгари нуқсону гуноҳҳост ва дарду алами одамонро меафзояд:
Сатрпўш аст шабу рўз намояндаи айб, Роҳатафзост шабу рӯз—фазоянда алам.
Рўз ҳам ба сухан баромада ғолибан иттифоқ афтодани корҳои диниро дар рўзҳо ёдрас мекунад ва шабро ситами бемор мегўяд. Пинҳонгари дузду ғоратгар ва шабзиндадории онҳоро аз шаб мебинад. Худро намоёнгари осмони соф ва Хуршеди оламоро мегўяд. Чунончи
Моҳи ту аз рӯи Хуршеди ман афзояд нур
В-аз паи хидмати Хуршед кунад пушт ба ҳам.
Мантиқан дар ин мунозира нишон додани нафърасонии беҳтаре ба инсон аст, ки кадом мавҷудот то кадомин андоза нафърасонтар мебошад.
3 Мунозираи «Замин ва Осмон». Ин мунозира дорои 54 байт буда, дар баҳри музореи мусаммани ахраби макфуфи маҳзуф эҷод шудааст, ки афоъили он чунин асг: яъне мафъулу фоъилоту мафоъилун
Усули таълиф дар ин мунозира ба таври мусоҳиба буда, мисли қасидаҳои дигар баҳсҳои бонавбат нест, ки яке паси дигар худнамоӣ кунад.
Дар ин мунозира қувваи сеюм—Замон нақши оштидиҳанда дорад:
Чун чангашон дароз бибуд, ногаҳон Замон, Омад миёнашон дару гуфт:
Мн чадал чаро?
Сулҳ оваред ҳар дуро бар сулҳ то абад, Доим вафо кунед, маёзед зи ҷафо.
Осмон ифтихор мекунад, ки Худо аввал маро офарид, баъд Заминро ва Замин даъво мекунад, ки инсон ҳам аз мавҷудоти дигари замин баъд офарида шудааст, вале инсон шариф аст.
Мунозираи «Габр ва Муслим» дорои 53 байт буда, дар баҳри Мучтасси мусаммани махуни аслами мусаббап иншо шудааст, : ки афоъили он чунин аст: Яъне мафоъилун /фаъилотун/ мафоъилун/ фаълон аст ва он ба вазир—Абўнаср Аҳмад ибни Алӣ эҳдост. Аз забони муслим мегўяд:
Зи ҷамъи фалсафиён бо муғе буда пайкор,
Нигар, ки монд зи пайкор дар сухан бекор.
Варо ба қиблаи Зардушт буд яксара майл,
Маро ба қиблаи фаррух Муҳаммади мухтор.
Дар нақши муслим—худи шоир аст. Аввал муғ ба сухан баромада бунёдро аз оташ медонад, вале марди мусулмон—ҷаҳонбинии тоисломӣ ўро ислоҳ намуда, муғ мағлубияти худро ҳис менамояд.
Мунозираи «Найза ва Камон» охирин мунозираи Асадӣ буда, эҳдо ба ҳокими замон—Шуҷоуддавла Манучеҳр мебошад. Он аз 31 байт иборат буда, дар баҳри
Рамали мусаммани мҳфуз ё мақсур эҷод шудааст. ки афоъили он чунин аст:
яъне: "фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фбъйлун (фоъилон) мебошад Чунончӣ:
Ҳар силоҳеро дигар захмест андар корзор,
Захми сахт он дон, к –аз он гардад адўро корзор.
Лек он, к-ў ҳам ба ҷои хеш захм оварду дур,
Рамҳу қавс аст олати ҷанговарони кингузор.
Найза сифатҳои хуби худро арз карда, Камонро паст мезанад ва баъд Камон низ чунин мекунад;. Шоир итгифоқии онҳоро таъмин менамояд, ки яке бе дигаре наметавонад бошад. Ҳадаф аз мунозираҳо ҳимояи адолати иҷтимоӣ буда мазаммати кибру ғурур, худписандию такаббур аст, ки бе дигаре буда наметавонад.
Бояд гуфт, ки мунозира ва хусусан ,мунозираҳои манзум аз нигоҳи эҷод кори саҳл нест. Он на танҳо ҳунару истеълод, маҳорату малака, балки беш аз инҳо дониши ҳаматарафа, маърифату ҷаҳонбинии дақиқро талаб менамояд, ки эҷодкор бояд донишманди илмҳои шаръӣ, табиатшиносӣ, ҷомеъашиносӣ ва албатта, донандаи улуми адабӣ бошад, то ин ки ҷузъиёти улуми фавқуззикрро донад ва дар эҷоди мунозира ба ғалат роҳ надиҳад. Асадӣ шояд аз зумраи чунин донишмандон будааст.
«ГАРШОСПНОМА»
Яке аз асарҳои хамосӣ (эпикӣ) ва каҳрамонии миллии аҷамиён буда, аввалин асарест, ки дар пайравии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ эҷод шудааст. Гаршосп писари амаки Наримон ва ниёи Рустм буда, 733-сол умр мебинад ва баъзе лаҳзаҳои он вобаста ба фаъолияти Манучеҳр дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ҳаст, вале умуман ин дотсони ҷудогонаи «Шоҳнома» нест. Ин достон қисман дар «Шоҳнома»-и Абўмансурӣ дучор шавад ҳам, пас аз ислом аввалин касе, ки дар ин мавзўъ асари алоҳида эҷод кардааст, Абулмуайяди Балхӣ мебошад, ки асари ў «Китоби Гаршосп» ном дорад ва насрӣ аст.
Асадии Тўсӣ ҳангоми дар Нахҷувон будан бо шоҳ Абудулаф наздикӣ пайдо намуда, бо хоҳиши ў ба таълифи ин асар камар мебандад ва пеш аз ҳама, бо маслиҳати вазири Абудулаф, ки ба Асадӣ хеле дўстии қавӣ доштааст, ин корро сомон мебахшад. Асадии Тўсӣ «Гаршоспнома»-ро 56-сол баъд аз Фирдавсӣ, яъне солҳол 1065—66 таълиф кардааст, ки дорои 9 ҳазор байт будааст ва ҳоло 8850 байт боқӣ мондааст. Достон ҳамвазни «Шоҳнома» буда, дар баҳри Мутақориби мусаммани маҳзуф ё мақсур иншо шудааст, ки афоъили он чунин аст:
ва афоъили боло чунин хонда мешавад: фаъўлун, фаъўлун, фаъўлун,фаъал ё фаъул.
Достон дорои муқаддима, 45 боб ва хотима буда, бобҳои IIX суннати достонсароии аҷдодиро фаро мегирад. Яке аз муҳимтарин хусусиятхои «Гаршоспнома»-и Асадии Тўсӣ аз он иборат аст, ки агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҷмўъи дотсонҳо буда, ҳар як достон, дар навбати худ, хати муайяни сужет дошта бошад, «Гаршоспнома» сужети мустақил дорад. Сужети достон бо қисматҳои анъанавии он: муқаддима, гиреҳбандӣ, ҳаракат, авҷ ва гиреҳкушоӣ фароҳам омада, аз таваллуди қаҳрамони марказӣ, тифлию ҷавонӣ, камолоту фаъолият, амалиёту корнамоиҳои Гаршосп то вопасин лаҳзаҳои рўзгори ўро дарбар мегирад. Ҳатто дар баъзе лаҳзаҳои достон аҷдоди қаҳрамон ба ин ё он сабаб зуҳур намуда, адоӣ вазифа мекунанд ва арсаи тасвирро тарк наменамоянд.
МАЪХАЗҲОИ «ГАРШОСПНОМА»
Маъхазҳои ин асари Асадии Тўсӣ асосан эҷодиёти шифоҳии халқҳои эронинажод аст. Қиссаи мазкурро аввалин маротиба Абулмуайяди Балхӣ таълиф намудааст ва асари ин эҷодкор бо номи «Китоби Гаршосп» ё «Гаршоспнома» машҳур будааст. Инчунин «Таърихи Систон» низ қисме аз ин қиссаи шифоҳии халқҳои аҷамитаборро дар бар гирфтааст. Дар адабиёти хаттӣ минбаъҳои достони «Гаршосп»-ро дар китоби «Авасто» пайдо намудаанд. Ғайр аз ин, дар китоби «Бундаҳишн» ба забони порсии миёна ва ё паҳлавӣ қиссаи мазкур дида мешавад. Дар сабаби назми китоб мегўяд:
Зи кирдори Гаршосп андар ҷаҳон Яке нома буд ёдгор аз меҳмон.
Пур аз донишу панду омўзгор,
Кам аз рози чарху ҳам аз рўзгор.
Мазмуни мухтасари достон чунин аст:
Ба Эрон писари Мардос—Заҳҳок ҳамла мекунад ва шоҳи Эрон Ҷамшед, ки 700 сол боз ҳукмронӣ мекард, шикаст хӯрда ба Зобулистон фирор мекунад. Шоҳи Зобулистон Гуранг духтаре дошт, ки 17 сола буду рашки рўи олам. Духтар ба Ҷамшед ошиқ шуда, хонадор мешавад ва аз ин ҳолат Гуранг хабардор шуда Ҷамшедро ба каманд меорад ва мехоҳад ба Заҳҳок супорад. Бо илтимоси духтараш аз гуноҳи Ҷамшед мегузарад, чунончи:
Бадӣ гарчи кардан тавон бо касе,
Чу некӣ кун беҳтар ояд басе.
Гуранг илтимоси духтарашро мепазирад ва Ҷамшедро пинҳон менамояд, вале ин асрор ошкор мешавад. Духтари шоҳ писаре таваллуд менамояд, ки ниҳоят зебост ва тифлро Тур ном мениҳанд. Тур то синни 15-солагӣ ҳамчун ҷавони зебову таҳам-тан ба воя мерасад. Дар ин муддат шоҳи Зобулистон аз тарси Заҳҳок ба Ҷамшед маслиҳат медиҳад, ки ў бояд ба сарзамини Ҳиндустон рафта дар он қаламрав паноҳ биҷўяд. Сипас аз он ҷо ба Хитой равад. Ҷамшед чунин ҳам кард, вале дареғо аз ҷониби одамони Заҳҳок дастгир шуд ва бо амри Тиран аз миён ду ним арра карда мешавад. Завҷаи Ҷамшед хабари қатли ўро аз ҷониби ҷосусони Заҳҳок фаҳмида худкушӣ мекунад. Дар ин муддат фарзанди Тур, яъне набераи Ҷамшед, таваллуд мешавад, ки Шедасп ном дорад. Инчунин писари Шедасп, ки Тавург ном дорад, ба майдон меояд. Ӯ низ чун падару бобо паҳлавон аст. Ҳатто мавриди лашкаркашии Шедасп ба Кобул Тавург мехоҳад ҳамроҳӣ кунад, вале падараш ин хоҳиши ўро рад мекунад:
Падар гуфт, к-ин рой пидром нест,
Ту хурдӣ, туро разм ҳангом нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё