Зеҳн

Вирусҳои компютери

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан

«Вирусҳо» программаҳои махсус тартибдодашудаи зарарасони ҳаҷман начандон калоне мебошанд, ки ба раванди муқаррарии кори компьютер дахолат намуда, ноаён (махфи, ногаҳон) ба таркиби диску файлҳои системавии компьютер дохил мешаванд ва программаю ҳуҷҷатҳоро қисман ё пурра несту хароб месозад. Соли 1986 пас аз ихтирои вируси Brain, ки ба воситаи дискетаҳо аз як компютери фарди ба дигараш сироят мекард, вирусҳои компютери ба таври оммави паҳн шудан гирифтанд. Қариб ҳар сол намудҳои нави вирусҳо, ки дараҷаҳои нави сирояткуни доранд, ихтироъ карда мешаванд ва ба воситаи барандагони гуногуни информатсия бо роҳҳои мухталиф ба компютерҳо паҳн карда мешаванд. Имруз миқдори зиёди вирусҳо маълум ва мавҷуданд. Проблемаи вирусҳои компютери яке аз проблемаҳои рақами якуми асри нав гаштааст. Яке аз хосиятҳои асоисии вирусҳои компютери аз он иборат аст, ки онҳо ҳангоми сирояткуни ҳар дафъа нусхаашонро афзун менамоянд ва ба таври махфи ба дохили таркиби файлҳои дискҳои компютери ва махсусан ба секторҳои боркунандаи (системави) дискҳояшон ворид мегарданд. Маҳз бо сабаби хосияти худафзуншавии ин программаҳо ба онҳо «вирус» ном гузошта шудааст. Агар вирус аллакай дар хотираи компютер мавҷуд бошад, вай метавонад дар лаҳзаи дилхоҳи барояш қулай фаъол гарда два компютерро ба иҷрои ҳар гунна амалиёти барои истифодабарандагон номаълум маҷбур созад. Фаъолшавии вирусҳо метавонад бо ҳодисаҳои гуногун, аз қабили вақти муайяни ягон рӯз, рӯзи муайяни ҳафта, ба кор омодасозии программаҳо, кушодани ҳуҷҷатҳо ва гайра алоқаманд карда шуда бошад. Ҳангоми ба кор андохтани программаи сироятёфта, аввал вирус зуд идоракуниро ба ихтиёри худ мегирад. Баъд вай программаю объектҳои дигарро кофта меёбад ва ба сирояткунии онҳо шуруъ менамояд. Пас аз он вирус идоракуниро аз нав ба программае медиҳад, ки худ дар он ҷой гирифтааст. Ин программа бошад, ба таври муқаррари кори худро давом додан мегирад ва истифодабарандаи компютер дар аввал пай мебарад, ки бо программаи сироятёфта кор карда истодааст. Оқибатҳои амалиятҳои вирусҳо хеле гуногунрангинанд.

Аз руи дараҷаи зарарасониашон вирусҳо ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:

– Вирусҳои бехатар. Чунин вирусҳо ба раванди кори компютер таъсир нарасонида, танҳо аз ҳисоби зудафзуншавиашон қисми озоди хотираи дискро ишгол менамоянд, ки ба сустшавии суръати кори компютер оварда мерасонад.
– Вирусҳои дараҷаи ҳатарнокиашон паст. Ин вирусҳо низ ба раванди кори компютер таъсир мерасонанд. Онҳо ба экран ҳар гунна маълумотҳои нолозим ва расму графикҳои гуногунро бароварда ба асаби истифодабарандаи компютер мерасанд. Баъзеяшон садои мусиқи мебароранд, баъзеяшон функсияҳои тугмаҳои клавишаҳоро тагйир медиҳанд ва баъзеяшон компютерро хомуш мекунанд, вале онҳо ҳуҷҷату информатсияро хароб намесозанд.
– Вирусҳои дараҷаи хатарнокияшон миёна. Ин намуди вирусҳо сабабгори бозисти ва кори нодурусти компютер ва программаҳо шуда метавонад. Онҳо махсусан информатсияи дар дискҳо маҳфузбударо қисман хароб месозанд. Аксарияташон файлҳои қисми иловагии номашон .com-бударо, ки дарозиашон 64000 байт аст, вайрон мекунанд.

– Вирусҳои дараҷаи хатарнокияшон баланд. Фаъолшавии чунин вирусҳо ба зуд-зуд аз кор баромадан ва нест шудани программаю додашудаҳо, тағйирёби ё нестшавии файлу папкаҳо ва ғайра оварда мерасонад. Дар чунин ҳолатҳо винчестер ё дигар дискҳои компютерро аз нав формат кардан лозим меояд.

Аз руи намуди объектҳои сирояткунанда, муҳит ва мавқеи ҷойгиршави вирусҳоро ба вирусҳои файли, боркунанда, макровирусҳо ва шабакави ҷудо мекунанд.

– Вирусҳои файли. Ин гурӯҳи вирусҳо бо роҳҳои гуногун ба файлҳои иҷрошаванда (.exe ё .com) дохил мешаванд ва ҳангоми ба кор андохтани онҳо фаъол мегарданд. Баъди шурӯъи кори программаи «сироятшуда» вирус ба хотираи фаврӣ мегузарад ва то итмоми кори компютер дигар файлҳоро сироят кардан мегирад. Муҳофизати профилактикии вирусҳои файли аз он иборат аст, ки аз истифодаи дискетаҳои шубҳанок ё бо программаҳои зиддивируси (антивируси) тафтишнашуда даст кашидан лозим аст.
– Вирусҳои боркунанда. Ин намуди вирусҳо нусхаи худро дар сектори боркунандаи (омодасозии кор) диски системави зиёд менамоянд. Ҳангоми аз диски вирусдор ба кор омода сохтани системаи оператсиони, вирусҳо ба хотираи фаврии компютер дохил мешаванд ва ба мисли вирусҳои файли рафтор мекунанд. Муҳофизати профилактики аз вирусҳои боркунанда аз истифода набурдани дискетаҳои системави иборат аст.
– Макро-вирусҳо. Ин намуди вирусҳо файлҳои ҳуҷҷатҳои протсесори матнии MS Word ва китоби ҷадвалии электронии MS Excel-ро сироят мекунанд. Онҳо ҳамчун макрокомандаҳо дар таркиби ҳуҷҷат ҷой мегиранд ва раванди корро бо он душвор мегардонанд. Баъди кушодани ҳуҷҷати сироятёфта, вирусҳо дар хотираи компютер саёҳат менамоянд ва дигар ҳуҷҷатҳои кушодашударо низ сироят менамоянд. Ҳатари сироят танҳо пас аз бастани ҳуҷҷат бартарафёфта ҳисобида мешавад. Муҳофизати профилактики аз макро-вирусҳо танҳо нест кардани онҳост.

Вирусҳои шабакави. Ин намуди вирусҳо ба воситаи шабакаҳои компютери паҳн шуда метавонанд ҳамаи компютерҳои бо онҳо пайвастаро сироят кунанд. Чунин вирусҳо бештар ба воситаи почтаи электрони ва шабакаи ҷаҳонии Интернет паҳн карда мешаванд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2