Абулқосими Фирдавсӣ - Андешаи Ватанпарварӣ
Адабиёти форсӣ дар осмони фарҳанги ҷаҳонӣ ба сони хуршед аст ва кам халқеву миллатеро дар рубъи маскун метавон пайдо намуд, ки ба торикистон зиндагии эшон фурӯғи ҷовидонаи ин хуршед натобида бошад. Адабиётест гаронарзиш ба эътибори ғоя, бадеият ва фарогирии мазмунҳои умумибашарӣ, ки намояндагонаш дар радифи сухансароёни ҷаҳон инсонҳоро аз зулмати ҷаҳолат ба рӯшанистон ва ҷовидон роҳ намудаанд, бо бедор кардани мағзҳои хуфта ва овардани маҳшар бар ҷонҳои мурда. Аз ин рӯ рисолати паёмбарӣ доранд. Ҳақ бар ҷониби Иқболи Лоҳурист он ҷо, ки мегӯяд:
Шеърро мақсуд агар одамгарист,
Шоирӣ ҳам вориси пайғамбарист. Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ низ аз он сухангустарони бузурги ҷаҳон ва аз он сафирони хуршед аст, ки зиёда аз ҳазор сол боз барои мо “ҳама з-офтоб мегӯяд”, аз тариқи “Шоҳнома”-и безаволаш, ки худ онро кохи бегазанд хондаасту бузургони давру замон нахустҳамосаи гаронқадри миллиаш донистаанд. Ба дурустӣ, “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ ҳамосаи миллии мост ва ё ба ибораи Пури Довуд - донишманди фақид “Шоҳнома” гӯё ғурури миллӣ ва барангезандаи меҳри меҳании мост. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки муҳимтарин дарсе, ки мо аз “Шоҳнома” мегирем, дарси ватандорӣ аст. Мавзӯи ватан ва ватандорӣ дар тамоми достонҳои “Шоҳнома” ба назар мерасад. Мафҳуми Миҳан, чун каломи муқаддас дар гӯши мо садо медиҳад. Фирдавсӣ боифтихор аз таърихи Меҳани муқаддас ва фарҳанги сутурги он сухан мегӯяд. Сухан гуфтан аз таърихи куҳан, рӯ овардан ба фарҳанги пешин ва арҷ гузоштану “зинда кардани” он худ бозгӯест аз ишқи сӯзони Фирдавсӣ ба ватани хеш, ки ин ишқи сӯзонро ӯ аз тариқи “Шоҳнома” баён мекунад. Яъне, “Шоҳнома” моломоли ғояи ватанпарварист. Андешаи ватанпарварӣ меҳвари ин асари безавол аст. Шояд пурсида шавад, ки чаро Фирдавсӣ рӯй ба ин мавзӯъ оварда? Чаро меҳангароӣ ғояи асосии “Шоҳнома” қарор гирфта? Барои посух додан ба ин пурсишҳо мебояд ба рӯзгори Фирдавсӣ бингарем ва бубинем, ки “Шоҳнома” дар чӣ замоне навишта шудааст. Дуруст аст, ки андешаи ватанпарастии Фирдавсӣ аз ҳаводиси рӯзгори ӯ об мехӯрад. Он чӣ дар “Шоҳнома” гуфта тавъам ба воқеаҳои замонаш будааст. Замоне, ки тақозо дошт ҳушмандон аз фарҳанги ниёгон пуштибонӣ кунанд, шаҳомати онро нишон диҳанд ва эмин доранд. Ин аст, ки Фирдавсии ҳушманд ин рисолати бузургро бар ӯҳда гирифт. Дигар ин шоҳкории адабии ҷаҳонӣ, ин ҳамосаи миллӣ дар замоне навишта шуд, ки сиёҳабрҳои нопокиза рӯшаносмони зебои давлати аҳуроӣ ва миллии Сомониёнро тира намуд. Фирдавсии покзод пайдо шудани тираабрҳоро дар осмони ин сарзамини муқаддас фоли бад донист ва бонги ожир зад ҳаммеҳанонро, ки:
Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.
Ва ҳамагонро ба муттаҳид шудан дар атрофи амирони Сомонӣ ва ҳимояи покбуми аҷдодӣ даъват намуд ва аз забони қаҳрамононаш нидо дардод, ки:
Ҳамон, к-аз ин гуна созем банд,
Зи душман ба Эрон наёяд газанд.
Вале бадманишони аҳриманкеш бо марказгурезии худ ба вуруди чодарнишинони бадкуниш ба марзи “Эрони боофарин” созгорӣ карданд, ки он аҳримансириштон шоҳсутуни давлати Сомониёнро бишкастанду бинои адлбунёди онро аз ҳам бипошиданд. Шоири меҳанпараст ашк дар чашм бо дард мегӯяд:
Ҳама марзи Эрон пур аз душман аст,
Ба ҳар дудае мотаму шеван аст. Чӣ бояд кард? “Ҳама марзи Эрони боофарин” вайрон мегардад. Муқаддаскутуби ниёгон ва зебошаҳрҳои фирдавсон зери суми аспҳои тирамағзони саҳроӣ яксон ба хок мешаванд. Фирдавсӣ бо Фаридунҳо, Коваҳо, Манучеҳрҳо, Рустамҳо, Сиёвушҳо ва садҳо меҳанпарастони бошараф ба ҳимояи ватан ва муқаддасоти он ба ҳифзи хонумон ва номуси хеш бармехезад:
Зи баҳри бару буми фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Аммо, мутаассифона гетӣ ба коми душманон гашт, “тахти Сомониён вожгун ва бахти Ғазнавиёну Қарахониҳо ҳумоюн шуд”: Давлати миллии тоҷикон аз воқеият ба сафҳаи таърих кӯчид. Шоири ватандӯст аз пора шудани Эрон - он сарзамини поки ниёгон афсӯс мехӯрад, ки “нишастангаҳи шаҳриёрон”
Кунун ҷои сахтиву ҷои балост,
Нишастангаҳи тезчанг аждаҳост.
Ин садои дардолуди Фирдавсӣ ҳушдорест ба мо имрӯзиён, аз қаъри асрҳо, ки ҳам ба ибораи Рӯдакӣ - дигар аз ҷонсӯхтагони миҳану миллат, “зи таҷрибаи рӯзгор баҳра бигирем” ва дар баробари сарнавишти ин сарзамини муқаддаси аҷдодӣ, мардум, фарҳанг, забон ва анъанаҳои он бепарво набошем. Ба қадри истиқлоли он бирасем. Дигар дарсе, ки Фирдавсӣ дар мавриди ватандӯстӣ ба мо медиҳад, дур будан аз маҳалгароиву маҳалбозист. Бадтарин дарде, ки ҷисми ватанро мехӯрад ва якпарчагии онро барҳам мезанад, дарди маҳалгароист. Вақти он расида, ки бо доруи худшиносиву худогоҳии миллӣ ин дардро шифо бахшем ва чун Фирдавсӣ эълом бидорем, ки:
Ҳама ҷои Эрон сарои ман аст,
Ки неку бадаш аз барои ман аст.
Ба ин маънӣ, ки ҳар гӯшаи Тоҷикистон сарои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бошаду ҳар пора сангу ҳар зарра хокаш барои ӯ муқаддас. Зикри ин нукта зарур аст, ки ватандӯстӣ танҳо ҳимояи ватан аз душманон нест, ватандӯстӣ омӯхтану донистани таърих, фарҳанг, забони кишвар ва расму ойини ниёгон низ аст. Ҳар кӣ аз таърихи кишвараш огоҳ нест, фарҳангу ватанашро намедонад, ба расму ойини гузаштагон эҳтиром намегузорад, наметавонад ватандӯст бошад. Чаро ки надонистани фарҳангу забон ва фаромӯш кардани таърих, фаромӯш кардан ва надонистани ҳақиқати падару модарон аст. “Номи падар номи таърих аст. Ҳар кӣ бетаърих аст, береша... аст”, береша будан, яъне ҳеч кас будан аст. Ва “Шоҳнома” таърихи мост, ҳақиқати падару модарони мост, фарҳанг, забон ва ҳуввияти миллии мост. Хидмати бузурги Фирдавсӣ ҳамин аст, ки моро ба худамон шиносонд, ҳақиқати падару модарони моро ба мо нишон дод. Ва ба мо нишон дод, ки ватандӯстиро оғоз кунем, аз омӯхтану донистани таъриху фарҳанги худ, аз бузургдошти ниёгон.
ФИКРҲОИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА»
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ танҳо достони қаҳрамонӣ нест. Вай асарест, ки дар он бисёр фикрҳои ватандӯстона, панду ахлоқӣ, фалсафӣ ва илмӣ низ ҷой дода шудааст. Шоири инсондӯст ва ватанпарвар ҳангоми тасвири воқеа ва ҳодисаҳо дар достонҳояш бисёр фикрҳои пешқадам ва ҳикматҳои ибратбахше мегӯяд, ки ба ҳукми зарбулмасал ва ҳикмат даромада, дар тарбияи ҷавонон аҳамияти калон доранд. Шоир дар мавридҳои мувофиқ аз забони қаҳрамонони «Шоҳнома» фикрҳои ватандӯстона гуфта, идеяи олии ватанпарварӣ талқин менамояд. Ба ақидаи ӯ ҳар шахси ватандӯст бояд ватанро муқаддас донад ва барои ҳифзи он ҷони худро дареғ надорад. Аз ин рӯ, дар ҳифзи ватан қурбон шудан беҳ аз он аст, ки кас ватанро ба дасти душманон бидиҳад:
Нигаҳ кун бадин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Зану кӯдаки хурду пайванди хеш,
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Шоир ҷои дигар мегӯяд, ки дар ҷанг барои муҳофизати ватан бо номи нек мурдан аз он зиндагоние, ки душман бар ту зафар ёфта, шодмонӣ намояд, ҳазорон бор беҳтар аст:
Бигӯяш, ки дар ҷанг мурдан ба ном
Беҳ аз зинда душман бад-ӯ шодком.
Абулқосими Фирдавсӣ таъкид менамояд, ки барои аз душманон муҳофизат намудани ватан бояд ҳамаи мардумони он чун як тан ба мудофиаи кишвари худ бархезанд. Иттифоқ ва ягонагии халқҳои мамлакат яке аз шартҳои ғалаба бар душманон мебошад:
Зи баҳри бару буму1 фарзанди хеш,
Ҳамон аз паи ганҷу пайванди хеш,
Бибандед бо якдигар домано,
Намонед бадхоҳ пиромано.
Ба душман нафрат ва адовати зиёд парваридан яке аз шартҳои зарурии ватандӯстӣ аст. Агар кас бадушман нафрати беандоза варзад, ӯро мағлуб гардониданаш ҳатмист. Фирдавсӣ ҳамин нуктаро зарур дониста гуфтааст:
Ҳама размро дил пур аз кин кунем,
Тани душманон ҷои зубин2 кунем.
Ба ақидаи Фирдавсӣ, шахси далеру фидокор ва ватандӯст бояд пеш аз ҳама ҳушёру зирак бошад. Шахсе, ки мегӯяд шоир, душманро писанд накарда, қувваи онро андаке медонад, ҳеҷ гоҳ ғолиб намеояд. Яке аз шартҳои далерӣ ин оқилӣ ва ҳушёрӣ мебошад:
Диловар, ки нандешад аз пилу шер,
Ту девона хонаш, махонаш далер.
Ҳунар худ далерист бар ҷойгоҳ,
Ки баддил набошад сазовори гоҳ.
Далерӣ зи ҳушёр будан бувад,
Диловар сазои ситудан3 бувад.
Фирдавсӣ ба сарбозони ватан ва фарзандони хурдсоли онҳо ғамхорӣ намуда, ёрии моддӣ расониданро вазифаи бузурги одамӣ мешуморад. Ӯ мегӯяд, ки барои шахсоне, ки ҷони азизи худро ба хатар ниҳода, ту ва ватанро аз душманон муҳофизат кардаанд, ҳеҷ чизро дареғ доштан лозим нест:
Ҳар он кас, ки шуд кушта дар корзор4
Ва аз ӯ хурдкӯдак бувад ёдгор.
Чу номаш зи дафтар бихонад дабир,
Дирам пеши кӯдак бувад ногузир.
1 Бару бум — сарзамин, кишвар.
2 Зубин — найзаи душоха.
3 Ситудан — ситоиш кардан, таъриф намудан.
4 Корзор — ҷанг.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё