Зеҳн

Ваҳдат – пояи хушбахтӣ ва рушди миллат.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Парокандагии миллӣ, ҷудогӣ ба маҳалу гурӯҳҳо ва паси сангари муқобил пайи қасди ҷони якдигар қарор гирифтани тоҷикон, ки акнун истиқлолият насибашон гашта буд, воқеан даҳшат ва хатари азиме буд. Тақдир ва сарнавишти миллати тоҷик дар солҳои 1992-1994 чун «ашки сари мижгон» дар вазъи ҳассосе қарор дошт. Ваҳшонияти ин рӯйдоди нобасомон, ки доғе ба қалби ҳар пиру ҷавон ҷо намуда ба ҳар хонадоне осори ғаму андӯҳ ниҳода буд, дар шеъри Мӯъмин Қаноат чунин тасвир шудааст:

Чунин разми беназмро касс надид,
Ва тасвири онро набояд кашид.
Зи тифлони гавҳора то пири кор,
Бишуд сайди ин ҷангу тири шикор

Чун тулӯи офтобе, ки баъди чанд рӯзи боронҳои пай дар пай синаи абрҳоро шикофта берун мешавад, моҳи ноябри соли 1994 роҳбарии давлати тоҷикон ба ӯҳдаи шахсе вогузор гардид, ки нахустин суханаш: «Ман кори худро аз сулҳ сар мекунам» буд. Дарвоқеъ, ин шахси ватандӯсту матинирода тавонист орзуву омоли деринтизори тоҷиконро ҷомаи амал пӯшонад. Ӯ ин миллати парокандаву парешон ва ноогоҳ аз мақсадҳои нопоки чанд мансабхоҳ дар қасди ҷони бародари худ камон ба даст гирифтаро ба ваҳдату сарҷамъӣ даъват намуда, сулҳро дар кишвари тоҷикон танинандоз намуд. Маҳз ба шарофати саъю талош ва фидокорию қаҳрамониҳои беназири давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон яъсу ноумедӣ аз ояндаи торики халқу Ватан барҳам хӯрд. Устод Лоиқ Шералӣ яке аз аввалинҳо шуда ин санаи муборакро барои ҳаммиллатонашон муборакбод гуфт:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,
Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!
Кунун оғози сулҳ асту рафоҳи халқ,
Бувад ояндаи пурнурамон наздик!

Шоира Гулрухсор аз тулӯи ҳаёти нави мадуми кишвар ва эҳёи зиндагии пурбаҳои миллати бунёдкори тоҷик ба ваҷд омада мегӯяд:

Боз тоҷик, -Миллати мурғи самандар,
Аз шӯои оташи худсӯзии худ,
Марзи имонро биафрӯзад.
Тоҷикистон сӯхт гар аз ҷаҳли тоҷик
Фазли тоҷик-Тоҷикистонро биафрӯзад.

Дарвоқеъ, ҳиммати баланди бахшандагӣ ва заковату дурандешии фозилонаи сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари собиқ мухолифин Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки оқибат ба дарки маънии идомаи ҷанг – идомаи тоҷиккушист ва идомаи тоҷиккушӣ фанои миллат аст, расида, дасти якдигарро баҳри сулҳ ва ризоияти миллӣ фишурданд ва 27 июни соли 1997 дар Маскав ба созишномаи сулҳ имзо гузоштанд, сазовори ситоиш ва накӯиш аст. Ин амали ҷавонмардона ва хирадмандона, ки зиндагии хушу гуворо ва оромию осоиштагии имрӯзаро ба бор овард, дар таърихи халқи тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гашта, ояндагон онро чун як амали ибратбахш бо ифтихору сарбаландӣ ба худ қабул хоҳард кард.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2