Зеҳн

Чист он, Чистонҳо

ВА
Валиев Султон30 октябри 2024 · 2 дақиқа хондан

Чистон он ки монанд мушт

Ҳам нарм асту ҳам дуруcт,

Бораш ҳамеша хор аст,

Хораш ҳамеша дар пушт?

(хорпушт)

Баста даҳони танӯр,

Танӯр, аз лахча пур.

(тарбуз)

Чистон ки ранг – ранг аст,

Чолуку тезтанг аст

Ҷома пӯшад сад бақа

Бо чашмааш раванд хок,

Ҷомаашро кушоӣ,

Чашмат шавад ҳавзи об.

(пиёз)

Қадаш мисли сафедор,

Зӯри сад мошин дорад,

Мошинаро беозор

Як даста мебардорад.

(Крани борбардор)

Хона аз пушти хона,

Рӯйи оҳану равона.

Оҳан чӣ гуни оҳан?

Хона чӣ гуни хона?

(Қатора)

Сӯзандони раҳгардон,

Пури сӯзан- сӯзандон.

(Ҷайра)

Чор по дорад чор по не,

Аз чор ваҷаб боло не.

(Кат)

Давон-давон меравад,

Наъразанон меравад,

Суйи қафо ҳеҷ гоҳ

Намекунам ӯ нигоҳ.

(Дарё)

Дар об ҳаргиз

Намешавад тар,

Ҳеҷ нагирад

Дар оташе дар,

Пой гузорад

Бо касс баробар.

(Соя)

На даст надораду на по,

Бо сараш меравад роҳ,

Умри дарози худро

Дар раҳ мекунад кӯтоҳ?

(Қалам)

Лӯб –лӯнда ҳамчун замин,

Рӯ-рӯйи сабза ғелон,

Як худаш бо даҳ навар

Бозӣ дорад дар майдон.

( Тӯб )

Ин раҳ чм гунна роҳ аст,

То бом аз остона,

Ҳар ҷо хоҳӣ, мебарӣ

Рӯйи ҳавлию хона?

(Нарбон)

Мӯмиёи зарди ман,

Доруи сад дарди ман.

(асал)

Тобистон зимистон

Хӯрокаш донаю мағз,

Дар мағоки дарахтон

Гузорад хонаи нағз.

(санҷоб)

Аз пешини зимистон

То субҳи навбаҳорон

Осуда меравад хоб,

Кӣ бошад ин паҳлавон?

(хирс)

Дар шифти хонаи мо

Вай лона мегузорад,

Ҳар сол аз баҳорон

Пайғом мебиёрад.

(парасту)

Бе элаку бе сурфа

Орду фаровон резад,

Ин орд дар баҳорон

Аз кӯҳу пушта хезад?

(барф)

Аз якшанбе то шанбе,

Ҳафтто рӯзи як ҳафта.

Аз чаҳортои ҳафта,

Моҳ ояд рафта-рафта.

Якто паррандае ҳаст,

Шинад ба шохи ар-ар,

Бегоҳиву пагоҳӣ

Доим мекунад "қар-қар",

Маънои қар-қари он:

Меборад барфи борон.

Як ҷонваре бидидам,

Аҷаб хуш месарояд,

Сари ғунча нишаста,

Шабро саҳар намояд.

Чист он лӯъбати писандида

Атласи ранг-ранг пӯшида.

Аз кӯҳ баромад ақарангу тақаранг,

Бо ҷомаҳои ҳафтрангу мӯзаҳои сурхранг.

Аз чап кушоӣ,

Аз рост пӯшӣ.

Дигар набошад

Сад бор кӯшӣ.

Аз ҳама боло,

Аз ҳама дур ӯ,

Манбаи гармӣ,

Манбаи нур ӯ.

Дар осмон - якто,

Дар замин - дувоздаҳто.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба