Зеҳн

Авзои Мовароуннаҳру Хуросон пас аз давлати Сомониён

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Давлати Сомониён феодали, яъне ҷомеаи ашрофи буд. Сардори давлат амир ба ҳисоб мерафт. Ҳам ҳокимияти дунявӣ ва ҳам дини дар ихтиёри ӯ буд. Амир аз ҷумлаи шахсони маъруфу донишманд шӯрои маслиҳати дошт, ки он ба ӯ тарзу усулҳои самароноки идораи мамлакатро маслиҳат медод.

Сомониён дастгоҳи пурзури боэътимоди марказию махаллии идораи давлатӣ доштанд, ки онро ҳукумат гуфтан чоиз аст. Ҳукумат аз даҳ девон иборат буд ва ба воситаи ин девонҳо давлати Сомониён идора карда мешуд.

Пойтахти давлати Сомониён шахри Буҳоро буд. Ин давлат аз ду минтақаи калон идорат буд – Мовароуннаҳр ва Хуросон, вале ҳудудҳои алоҳидаи он аз ин минтақаҳо ҳам берунро дар бар мегирифт. Ҳардуи онҳо, дар навбати худ, аз вилоятҳои сершумор иборат буданд. Вилояти Мовароуннаҳр бевосита ба воситаи шахри Нишопур тобеъ буданд. Яъне, Хуросон аз шахри Нишопур идора мешуд.

Амирони охирини Сомони барои нигоҳ доштани иқтидори давлати Сомониён коре накарданд. Онҳо ба низоъҳои дарбори машғул шуда, бехабар монданд, ки ҳам кишоварзию ҳам ҳунарманди ва ҳам тиҷорат таназзул кардааст. Лашкар аз назорати ҳочиби бузург баромад. Ба он ашхоси худхоҳ соҳиб шуданд. Хазинаи амир холи шуд. Низоми давлатдори таназзул ёфт. Аз ин кабилаҳои турки қарахониён истифода бурда, соли 999 бо сардории Элокхон шахри Бухороро ба даст дароварданд ва ба мавҷудияти давлати Сомониён хотима бахшиданд.

Баъди барҳамхурии давлати Сомониён дар ҳудуди ин давлат давлатҳои қарахитоиён ва Газнавиён таъсис ёфта, замоне арзи вуҷуд доштанд. Дар давраҳои гуногуни асрҳои XI – XIII қисматҳои алоҳидаи каламрави собик давлати Сомониён ба давлатҳои Салчукиён ва Гуриён низ дохил буданд.

Муҳаммад маҷбур шуда буд, ки заминҳои дар Фарғона доштаи қарахониҳоро то сарҳади Чирчиқу Арис ба фоидаи қулчуқ дихад. Сархади байни қулчуқу Муҳаммад аз Хуҷанд то Сунаққурғон муайян гашт.

Дар баробари қарахитоиҳо, инчунин муғулҳо низ сарҳадҳоии шаркии давлати Хоразмро халалдор менамуданд. Онҳо ба баҳонаи чаронидани чорво ва галаи уштурҳояшон ҳар сари вакт сарҳадро вайрон менамуданд. Муҳаммад Хоразмшоҳ бошад барои зада гардонидани ҳамлаҳои ғоратгаронаи қулчуқ ва Муғулхҳо якчанд маротиба ба соҳилҳои поёноби Сирдарё юриш намуда буд. Дар рафти яке аз ҳамин юришҳои ӯ тобистони соли 1216 дар байни лашкари Муҳаммад ва дастаи мусаллаҳи писари Чингизҳон-Чузи задухурди тасодуфи ба амал омад.

Аммо баъди гуфтушунидҳои кутоҳ муғулҳо ақиб нишастаанд. Зеро бо ташаббуси Муҳаммад соли 1215 Чингизхон сафири Хоразмро дар Пекин қабул намуда, оид ба ҳамкори ва бехатарии сархадҳо намуда буданд. Сарчашмаҳо ёдовар мешавад, ки Муҳаммад барои нобуд сохтани Қулчуқ гуё бо Чингизхон иттифоқ баста бошад. Вале ҳамаи ин кушишҳо пеши роҳи забткории муғулҳоро гирифта натавонист. Ин буд, ки Чингизиён то соли 1218 кисми шимолии ҳафтруд ва соҳилҳои Иртишро забт намуда, ба истилои Осиёи Миёна омода гаштанд.

Вахшиёна пахш намудани шуриши соли 1207 дар Буҳоро ва шуриши соли 1211 дар Самарқанд норозигии сокинони ин шаҳрҳоро нисбат ба Хоразмшоҳиён дучанд зиёд кард. Руҳониён низ аз сиёсати давлатдории Хоразмшоҳиён норизо буданд.

Давлати Хоразмшоҳиён дар чунин вазъияти душвори сиёсиву иктисодӣ зери хамлаи муғулҳо карор гирифтаанд. Гарчанде, ки Муҳаммади Хоразмшоҳ дорои қувваи азими ҳарбӣ бошад ҳам лекин қувваҳои асосии ӯ пароканда буданд.

Дар ибтидои ҳама қабилаҳои муғул пароканда буданд ва байни худ дар ҳолати душмани қарор доштанд. Лекин онҳоро Темучин ном сардори қабилаи муғулҳо дар давлати ягонаи муттаҳид карда, қувваи бузурги ҳарби табдил дод.

Соли 1206 Темучин дар Қурултойи навбати худро Хони Бузург эълон карда, унвони Чингизхонро гирифт. Лашкаркашиҳои азими истилогаронаи Чингизхон иктидори ӯро руз аз руз бештар мегардонид. Дастаҳои чангии муғул бо сардори Чучи ном писари калони Чингизхон > соҳили дарёи Енисейро ба худ тобеъ намуданд. Халки уйғур бо ихтиёри худ хукумронии Чингизхонро қабул кард Хубилай ном сарлашкари муғул қисми шимоли Хафтрудро ишғол намуд. Худи Чингизхон ба Чини шимоли лашкар кашида, шахри Пекинро, ки пойтахти он буд забт намуд. Баъдар дар солҳои 1218-1219 муғулҳо ба осони сарзамини Қарахитоиҳо Ҳафтруд ва Туркистони Шарқиро тасарруф намуданд ва ба сархади давлати Хоразмшоҳиён наздик шуданд. Дар бобати ранги душмани гирифтани муносибатҳои ин ду давлатӣ азими онвақта саҳми тоҷирони Осиёи Миёна хеле бузург аст. Бисёр тоҷирони сарватманд, ки бозоргонии Муғулистон ва Осиёи Миёнаро дар дасти худ нигоҳ медоштанд, ҳануз пеш аз хамсарҳад гардидани ин ду давлат бо ҳамкориҳои уйғурҳо дар умури ташкилот ва сохти дохилии Муғулистон аз мушовирони асосии Чингизхон ҳисоб мешуданд. Чингизхон дар бораи вазъияти дохилии давлати Хоразмшоҳиён муттасилан ба воситаи ин тоҷирон маълумот ба даст меовард.

Муҳаммад Хоразмшох, ки дар он вақт назар ба Чингизхон бештар қувва дошт, равияи ҷангталабонаеро пеш гирифт. Дар соли 1218 ҷанговарони Хоразм ба ичозати ӯ дар қалъаи сарҳадии Утрор, ки дар канори дарёи Сир воқеъ гардида буд, як корвони аз тарафи Чингизхон фиристодашударо, ба гумони ин, ки мақсади ҷосуси дорад, тороҷ намуданд. Бори корвон аз 500 шутур тилло маснуоти абрешими чини, пустҳои қиматбаҳо ва амсоли ин иборат буд ва 450 тоҷир, аъёну ашроф ва ашхоси муътамади хони муғул маъмури овардани онҳо буданд. Гумоштагони Хоразмшоҳ ҳамаи ин одамонро ба қатл расонида, тамоми молҳоро фурухта, пули онҳоро ба маркази давлати Хоразмшоҳиён фиристоданд.

Чингизхон аз вокеаи Утрор, ки бештар бо номи > маълум аст, хабардор шуда, аз Хоразмшох талаб кард, ки сабабгорони ин фоҷиа яъне ҳокими Утрорро ба ӯ супоранд ва тавони ҳисоротҳои воридшударо бидиҳад. Лекин сафири Чингизхон, ки бо ин талаб ба пойтахти давлати Хоразмшоҳиён омада буд, бо амри Муҳаммади Хоразмшоҳ ба катл расонида мешавад ва ҳамрохони ӯ бо ришу мӯйлаби бурида пас гардонида шуданд. Аз руи баъзе маълумотҳои дигар онҳоро қатл карданд. Ин рафтори ҷангталабонаи Муҳаммади Хоразмшох ҳучуми Чингизхонро ба Осиёи Миёна тезонид.

Пайдоиши худи сулола маълум нест, номи дар илм қабулшудаи тамоман шарти буда муаррихон асри XI ба ду унвони маъруф: қарахон ва шоҳ гирифтаанд. Зоҳиран хастии асосии давлати Қарахониёнро кабилоҳои турки Яғмо ва Чингили ташкил мекарданд, ки дар ному лақабҳои давраи зуҳури Қарахони бештар дучор меояд. Аммо лақаби аз хама олии Арионҳон ва Буғрохон хисоб мешуд.

Дар ин давра умуман давлати Қарахониён ба чанд амлок тақсим шуда ҳудуди онҳо ҳамеша тағир ёфта меистод. Сохибони амлок ҳуқуқ ва имтиёзҳои калоне доштанд, онҳо метавонистанд ҳатто ба номи худ пул бароранд. Мулкдорони хурд ҳам амлок ва ҳам амлокдорро иваз карда метавонистанд. Алоқаи тобеият серзина буд. Таърихи сиёсии ин давра пур аз ҳаводиси ҷангу талошҳои байни ҳудуди мебошад.

Дар мавқеи аввал имтиёзи сиёсӣ ба чониби авлоди Алиён буд. Пас аз истилои Мовароуннаҳр онҳо ба сарзамини бузурге сохиб гардиданд, ки дар ғарбу кад-кади Амударё бо ҳудуди давлати Ғазнавиён тӯл мекашид, дар шарқ бародари Наср Кашғарро ба даст овард. Дар ин овон сардорони сулола гоҳҳо аз байни намояндагони гуногуни хонадони Алиёнҳои хоста шуданд.

Бояд қайд кард, ки кашмакашиҳои миёни Қарахониён ва давлатҳои ҳамзамон махсусан Салчуқиҳо хеле шадид сурат мегирифт. Ба дигаргуниҳо ворид намудан дар давлати Карахониён, ки ба вилоятҳои ҷудогона тақсим шуда буд, дар натиҷаи муборизаҳои дохили Мовароуннаҳр аз он ҷудо шуд. Соли 1048 Наср Буритегин пойтахтро аз Узген ба Самарқанд кучонид.

Дар замони Буртегин давлати Қарахониён дар Мовароуннаҳр шуҳрат пайдо кард, вале дар давраи ҳукумронии писараш Шамсулмалик заминҳои шимоли Мовароуннаҳр ба дасти Қарахониҳои шарқи гузашт. Ғайр аз ин Салчуқиҳо соли 1072 ба сардории Арслон аз дарёи Ому гузашта Бухороро муҳосира намуд. Фавти Арслон Мовароуннаҳрро аз хучуми Салчуқиҳо наҷот дод. Қайд кардан зарур аст, ки сарзамини қарахониён ба ду ҳоқони асоси таксим мешуд. Ҳокони кисми шарки марказаш Балагун ва Хокони кисми гарби - марказаш Узганд.

Дар давраи хукумронии Иброхими Иброхими Тамгосхон сиёсати дохилии давлат чолиби диккат аст. Агар бо сарчашмаҳои таърихи диккат кунем. Иброхими Тамгосхон то як дарача мувозиби амният оромиш ва эхтиёчоти халки худ буд ва аз ин лихоз дар байни мардум шухрат дошт. Хусусан Касони ба моликияти даст дарозкунандаро беамон чазо медод. Дар ин бобат сарчашмаҳо гуногун мебошанд.

Чунин муносибат зулми феодалонро камтар накарда бошад хам вале пеши зиёд шудани онро гирифтанд. Инак дар шароити давлати феодали худи ҳамин хам як ходисаи прогресиви ба шумор мерафт.

Дар сиёсати дохилии давлвти Карахониён аз дигар давлатҳо дида одилона буд. Шоҳи Карахони кушиш мекард ки иктисодиёти кишоварзи таракки карда дар мамлакат арзони хукумфармо бошад. Аз ин ру бозорҳоро бевосита дар тахти назорати хеш гирифта нарху наворо танзим мекардааст. Сиёсати пешгирифтаи ӯро писар ва наберааш давом дод.

Вале ворисони минбаъдаи ин хонадон дар сиёсати хоричи ва лашкаркашон кори ӯро давом дода натавонистаанд. Холо дар замони Шамсулмалик онҳо ба фишори Карахониён шарки тоб оварда натавонистанд. Фаргонаро аз даст доданд ва минбаъд марзи ду давлат аз Хучанд муайян шуд.

Дар ибтидои Қарахониён бо рухониёни иртиҷоииии дини Имом барзидди ғояҳои озодфикрӣ ва шуришҳои халқи забон як карда буданд. Вале дертар дар байни онҳо норозигиҳо ба амал омад. Сабаб он буд ки руҳониён мехостанд Хонҳо бо хоҳиши иродаи онҳо амал намоянд. Аммо хон инро намехост. Дар натиҷа кашмакашиҳои давлат заиф шуд ва Маликшоҳи Салчуқи Самаркандро ишғол кард ва Ахмадхонро асир гирифт.

Дар солҳои 1092-1093 Ахмадхон ба Исфара ва Самарканд баргашта бар зидди онҳо муборизаро сар кард. Аммо руҳониён суиқасд карда ӯро куштанд. Ва ба ҳамин давраи пурзуршавии нуфузи рухонийни мусулмон сар шуд.

Аслан ин Карахитоиҳо аз кабилаҳои сершуморе, ки дар водии Тарум маскун буданд дар натиҷаи омезиш бо дигар қабилаҳо ташаккул ёфтанд. Онҳо дар муборизаи зидди хонҳои Қарахони дастболо шуда ба он мувафак шуданд, ки дар соли 1125 давлати худро ташкил намоянд. Қарахитоиҳо дере нагузашта ба тамоми заминҳои Шарқии Қарахониён соҳиб гашта ба мулкҳои Мовароуннаҳрии онҳо низ таҳдид намуданд.

Кушиши аввалини Қарахитоиҳо ба Ғарб аз тарафи Ҳоқонии Кашғар Ахмад ибни Ҳусайн баргардонида шуд. Аммо дертар онҳо таёрии пурзур дида дар наздикии Хучанд ба Маҳмуди Қарахони зарбаи сахт заданд, дар ин мубориза ба Маҳмуд маслиҳатгараш Султон Санҷар дасти ёри дароз мекард чунки худаш дар чанги Хоразм банд буд. Дар вакти кулай истифода бурда Қарахитоиҳо Қарахониёнро шикаст доданд.

Қарахитоиён барои баргардонидани заминҳои худ кушишҳои зиёд намуданд. Ҳатто бо Султон Санчар забон як карда муборизаро шадид намуданд. Аммо Қарахитоиҳо бо лашкари зиёде онҳоро сахт шикаст дод ва ба тамоми сарзамини Мовароуннаҳр сохиб шуд. Акнун Қарахониён бо Қарахитоиҳо маҷбуран андоз месупориданд.

Агарчи Қарахитоиҳо қариб тамоми сарзамини Қарахониёнро ишғол карда намуда бошанд хам, аммо ба сохти давлатдории онҳо танҳо сардори Қарахитоиҳо хироҷ ситонида мешуд халос. Онҳо ҳам мисли Салчуқиҳо ба корҳои дохили Қарахониён чандон дахолат намекарданд. Ҳонҳои онҳо мисли пеш аз байни ашрофиёни Қарахони таъин мешуданд.

Чуноне, ки қайд намудем дар давраи пош хурдани давлати Сомониён ташаккул ёбии давлати Ғазнавиён ба назар мерасид. Ин давра ҳамчун як маркази сиёси сар бардоштани Ғазнавиён ҳануз аз аввалҳои асри Х сар мешаавад.

Дар сарчашмаҳои таърихи Сабук-Тегин ҳамчун асосгузори сулолаи Ғазнавиён дар асрҳои Х эътироф гардидааст. Зеро Сабук-Тегин на Фақат истиқлолияти Ғазнавиёнро таъмин намуд, балки заминҳои соҳилии дарёи Кобулро ба он хамрох карда, хоки давлати худро васеъ намуд. Илова бар ин ба ивази кумаке, ки бо амри Сомон Нухи 11 расонида буд, ҳокимияти Хуросон низ ба ихтиёри ӯ гузашт.

Умуман давраи тараққиёт ва ба авҷи аълои худ расидани давлати Ғазнавиён ин дар давраи ҳукумронии Маҳмуди Ғазнавӣ мебошад. Хусусияти хоси давраи ҳукумронии Маҳмуд дар он зохир мешуд, ки Маҳмуд аҳолиро ба ду гуруҳ ҷудо мекард.

Ба қувваҳои муссалаҳ ва халқи одди. Ба аскарон мохона медод ва ба ивази ин аз онҳо талаб менамуд, ки ҳамагуна амри ӯро бо садоқат ичро кунанд. Вай барои ин, ки гуё халқи мамлакатро бо қувваҳои аскари худ аз ҳуҷуми душмани хориҷи мухофизат мекунад, аз аҳолии одии заҳматкаш ҳам талаб мекард, ки ҳар як фармони ӯро бегуфтугу бачо оранд. Илова бар ин андозҳои давлатиро адо карда истанд.

Чуноне, ки аз мушоҳидаҳо бар меояд Маҳмуд ҷангҳои худро дар асоси шиори > мебурд. Ба ин восита Ӯ аз тарафи Халифа дастгири меёфт ва инчунин дар атрофии худ мусалмонони зиёдеро ҷамъ овард. Махмуд худро пайрави мазҳаби сунни эълон карда ба муқобили ҳамагуна ҷараёни динии дигар мубориза бурда ғорат мекард. Барои Маҳмуд мазҳаби сунни фақат як воситае буд, ки ба ин роҳ ӯ мавқеи ҳокимияти худро мустаҳкам мекард ва сарваташро меафзуд.

Маҳмуд ба корҳои давлатдори низ то як дарача диққат медод. Маҳмуд худаш дар ҳар як Ҳоким ҷосуси махфи мегузошт инчунин ғайр аз ҷосусон боз дар пеши ӯ маъмури махсус бо унвони машриф ба кор мегирифт. Инҳо аз вазъияти дохили кордори ва аҳволи ҳокимон хабар дода меистод.

Маҳмуд ҳатто аз паси писари худаш Масъуд, ки вориси салтанат буд, ҷосус гузошт. Махмуд бештар ба лашкари мустаҳкамаш такя мекард. Дар ихтиёри ӯ филҳои ҷанги, барои мусоираи қалъа, мошинҳои сангандоз, пулҳои шиновар дошт. Нафарони зиёди лашкари ӯро ғуломони зархарид ва таълими ҷанги гирифта ташкил медод. Дастаҳои сарбозони ғулом аз туркҳо ва ҷанговарони дигар халқҳо мавҷуд буд, ки дар байни онҳо точикон низ набуданд.

Баъди марги Маҳмуд писараш Масъуд ба сари хоқимият омад. Дар сиёсати ғоратгаронаи падар тағироте ворид накарда балки худаш чунин сиёсатро тақвия дод. Ин холат тамоми аҳолии то рафт қашоқ мекард. Мардум аз ҳокимияти Шох норози буданд.

Аз вазъият истифода бурда Салчуқиён ба Ғазнавиён итоат накардаанд. Дар соли 1035 байни онҳо ҷанги шадид ба амал омад, ки Масъуд шикаст хурд. Масъуд қисми зиёди Хуросонро аз даст дод. Сипас бо лашкари зиёд Масъуд кушиши аз нав бар гардонидани минтақаи худро кард аммо ин дафъа ҳам ӯ сахт шикаст хурда ба ҳамин ҳокимияти Ғазнавиён дар Хуросон ба итмом расид, яъне ин шаходати он буд, ки чои давлати Ғазнавиёнро давлати Салчуки гирифт. Давлати Салчуқи давлати сулолави буд. Ҳокимият хосияти мероси дошт яъне аз сулолаи салчуқиҳо таъин мешуд.

Умуман кайд зарур аст, ки дар ин марҳилаи таърихи асрҳои Х-ХІІІ дар тамоми давлатҳо муносибатҳои феодали рушд карда буд. Дар ин давра ба намояндагони табақаҳои ҳукумрони мамлакат бахшидани заминҳо пахн мегардид. Чунин бахшидани заминҳоро иктаъ меномиданд. Дар аввал онҳо ҳуқуқи андозчини доштанд аз асрҳои ХІ сар карда онҳо заминҳои деҳқонон ва дигар молу мулкашонро кашида мегирифтанд. Кушиш мекарданд, ки барои аз як чой ба чои дигар рафтани деҳқонон роҳ надиҳанд.

Баъди сар даровардани Муғул ба Мовароуннаҳр Ҳонҳои муғул ба тадриҷ дини исломро қабул карда ба атрофии худ намояндагони уламо ва тоҷиронро ҷамъ намуда сиёсати марказият додани ҳокимияти хеширо пеш гирифтанд Чунин рафтори онҳо норозигии пешвоёни кабилаҳои муғул ва туркро ба вуҷуд меовард. Ин буд, ки дар нимаи аввали карни ХIV дар улуси Чагатой яъне Мовароуннаҳр муборизаи байни хонҳо ва аъёни қабилаҳои аксари турк ва туркшуда ниҳоят дарача шадид гирифт. Дар натиҷаи ин мубориза пешвоёни қабила хеле нуфуз пайдо намуда вале ҳокимияти хони бисёр заиф гардид.

Дар чунин як вазъияти хеле печида ва ҳасос дар хаёти сиёсии кишвар писари беки қабилаи барлос-Темур пайдо мешавад. Қабилаи барлосҳо дар ибтидои асри XIV дар заминаҳои водии Қашкадарё дар баробари зиндагии бодиянишини-биёбонгарди (кучманчи) хаайти муқими низ доштанд ва тадриҷан забону расму ойини мардуми точикро қабул карда буданд.

Дар аввалҳои руи сахнаи сиёсат омаданаш ҳамчун сардори дастаи роҳзанон ном бароварда буд. Темур хангоми ба мукобили Чағатойҳои Мовароуннаҳр ҳучум оварданд хони муғулистон Туглуқ-Темур ба ӯ ёри мерасонад ва барои ин хизматаш аз тарафи муғулҳо ҳокими вилояти Кеш ( Кашкадарёи хозира) таъин мешавад. Темур борҳо ба собик хучаинои худ ҳокимони ин ё он вилоят хиёнат карда буд; гох ба тарафдории онҳо сар мебардошту гоҳ мукобили онҳо мубориза мебурд. Дар айни замон зираку маккор хам буд, дар ин мудат дах сол бо маҳорату кордониву далери ҳамқабилаҳои худ барлосҳоро дар атрофи худ муттаҳид менамуд.

Темур дар ин навбат ба ҳокимияти Мовароуннаҳр Илёсхуҷа - писари Туғлук-Темур хиёнат намуда, бо амири Балх Ҳусайн итифоқ баста ва ба хоҳари ӯ хонадор шуд. Амир Хусайн ва Темур ба мукобили Туғлук-Темур мубориза сар карданд, вале дар ҷанг шикаст хурда маҷбур гаштанд, ки Осиёи Миёнаро гузошта ба Сиистон фирор намоянд. Соли 1362 дар яке аз ҷангҳои ғоратгарона дар ҳаволии Сииситон Темур аз дасту пояш ярадор шуда тамоми умр ланг монд Минбаъд ӯро бештар ба унвони Темури Ланг номгир мекарданд.

Соли 1364 амир Ҳусайн ва Темур Мовароуннахро аз таҳти тасаруфи хони муғулистон берун оварда худ ҳукумрони ин сарзамин гардиданд. Халқ харду амирро ва хусусан Ҳусайнро, ки бо золими ном бароварда буд, бад медид Ҳусайн ҳангоми шунидани арзу доду хоҳиши мардуми Самарканд дар даст шашпари оҳанинро дошта меистод. Аксари вақт ба чойи ба доди корафтодагон расиданиу ба онҳо дарафтода бераҳмона онҳоро лату куб мекард. Пас аз чанде Илёсхоча - писари Туғлук-Темур бо мақсади дубора ба тахти тасаруфи худ даровардани Мовароуннаҳр ба мукобили Хусайн ва Темур лашкар кашид.

Дар баҳори соли 1365 амир Ҳусейн ва Темур лашкари фаровон чамъ намуда дар соҳили дарёи Чирчик байни Чиноз ва Тошканд бо силоҳи душман ру ба ру шуданд. Ин хабардар таърих бо номи > машхур аст зеро хангоми чанг борони сел борида хамачоро лой карда буд ва аспҳо дар лойу об гутида аз по меафтиданд.

Дар чанги Темур ва Ҳусайн шикаст хурда Самарқанду Шахрисабзро бесоиб гузошта ба Балх гурехтанд. Лашкари Илёсхуча мардуми атрофу акнофро талаву тороҷ намуда ба сӯӣ Самарқанд равон шуданд. Мутаасифона дар Самарқанд қувваи харбие намонда буд, зеро Темур ва Хусайн лашкари боқимондаро низ бо худ бурда буданд.

Соли 1365-1366 дар Самарқанд бар зидди Туғлук – Темур шуриши Сарбадорон сар мезанад, ки ба он Мавлонзода ном донишчуе чке аз мадрасаҳои шахр рохбари мекард. Ба Сарбадорон муяссар шуд, ки муғулҳоро аз Самарқанд ва гирду атрофи он ба ихтиёри Мавлонзода Абубакр ва Хурдаки Бухорои гузашт. Муғулҳо хостанг, ки ба Самарканд ногаҳон ҳамла оварда, Сарбодоронро торумор кунанд, вале шикаст хурданд. Баъди ин Сарбадорон ҳокимияти худро бо тези дар тамоми Мовароуннаҳр паҳн кардан гирифтанд. Аз ин лахзаи муносиб Темур ва Ҳусейн истифода бурданд.

Ҳусейн ва Темур бо фиребу найранг аз Балх ба Самарқанд меоянд. Ҳамин тавр бо фиреб роҳбарони шуриши Сарбодоронро дастгир ва қатл карданд. Онҳо танҳо Мавлонзодаро зинда дар зиндон нигоҳ медоштанд. Дар давлати Мовароуннаҳр ташкилкардаи Сарбадорон Темур ва Ҳусейн хукумрон шуданд, вале амир Ҳусейн дар макоми аввал буд. Ба чунин мартаба Темур рози шуда наметавонист. Барои ҳамин ӯ лахзаи мувофи мекофт, то ки ҳокими ягонаи Мовароуннаҳр шавад. Дере нагузашта барои ҳокимият дар байни онҳо зиддият ба амал омад ва он ба задухурди мусаллаҳона мубаддал гардид. Соли 1370 Темур дар яке аз задухурдҳо аскарони Хусайнро торумор карда, худи ӯро асир гирифт ва баъд ӯро ба қатл расонда худро амири Моавроуннаҳр эълон кард. Ҳамин тавр, давлати Темур ба вуҷуд омад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2