Зеҳн

Шамсиддин Шоҳин

ВА
Валиев Султон30 октябри 2024 · 29 дақиқа хондан

Сухан гар зи дш бар забон оварӣ,

Чунон чу, ки ганҷе зи ин оварӣ.

Забонро макун ҳамчу шамшер тез,

Ба шамшери худ хуни худро марез.

Рўзгори дардомези Шоҳин

Ду нафар суҳбат доштанд. Яке падар дигаре писар Падар Шоҳин, писар фарзанди ягонаи ў. Шоҳин ба фарзанди ҷигарбанди хеш аз рўзгори бемурувват, аз зиндагии ноҳинҷор ҳикоят менамуд.

- Ҷони падар, - мегуфт Шоҳин, - ман дар дил орзуҳои зиёд дорам.Орзу дорам, ки ту хонда соҳибмаърифат шавӣ. Мисли амакат Аҳмади Дониш ростгўю поквиҷдон бошӣ.

-Медонӣ, писарҷон, бобоят Мулло Амон бо ҳамин нияту орзу аз Хатлон ба Самарқанду Бухоро омада, таҳсилро дар Самарқанд оғоз намуд ва пас аз ду сол қадам ба Бухоро гузошт. Мадрасаро тамом кард, соҳиби илм гардид,аммо соҳиби нон не. Дар пиронсолагиаш ўро зан доданд. Падар ба 75 даромада буд, ки ман ба дунё омадам. Падару модар ёфтаю тофтаашонро барои ман сарф карданд. Вақте ки ман шашсола шудам, маро ба мактаби духтарона доданд ва худи падарам низ ба ман дарс медод. Дар натиҷаи ҳамин дар як муддати кўтоҳ ман хату савод баровардам. Девони Ҳофиз, Бедилро бисёр мехондам ва аз байни онҳо ғазалҳои мувофиқро интихоб намуда, азёд мекардам. Пас таҳсиламро дар мадраса давом додам. Забони арабиро омўхтам. Аз илмҳои дигар низ бархурдор шудам. Вале ба сарам бадбахтие омад. Падарам, яъне бобоят Мулло Амон дар синни 86-солагӣ вафот карданд. Зиндагӣ душвор шуд. Оиларо хўрондану пўшондан лозим омад. Илова бар ин, боз таҳсилро дар мадраса давом додан зарур буд. Қашшоқию муфлисӣ ба ҷонам расонд. Муваққатан хонданро партофтам. Баро пайдо кардани қути лоямут корҳои вазнинро иҷро менамудам.

Писарҷон, дар ҳар як замон, аср дар дунё одамони дилсоф, накўкор ёфт мешаванд. Абўтоҳир Зарири Ҷўйборӣ, ки марди донишманд ва фуқаропарвар буд, ба мани мискин дасти ёрӣ дароз кард. Чанд муддат бо сарпарастӣ ва кўмаки ў зиндагиро пеш бурдам, таҳсилро дар мадраса низ ба охир расондам. Шайх Зарири Ҷўйборӣ вафот карду боз ман бесарпараст мондам.

Писарҷон, бисёр илмҳоро медонистам, хати хуб доштам. Инчунин аҳли илм маро дар иншонависӣ бемисл ҳисоб мекарданд. Падари раҳматии модарат, ки Абдуқодир ном дошт, он вақт дар дарбор вазифаи парвоначӣ (сардори идораи коргузорӣ)-ро иҷро мекард, маро ба шогирдияш даъват намуд. Ин ҳодиса соли 1885 воқеъ шуда буд. Ман корҳои навис-навис, яъне мирзогиро ба ҷо меовардам.

Писарҷон, Афлотун боши ҳам, агар мурабӣ, роҳнамо, надошта бошӣ дар замонаи мо хор мегардӣ. Касе туро қабул намекунад. Бобои ту мураббии ман гардид, ёрдам кард. Дар дарбор обрўям зиёд шуд, соҳибиззат гардидам.

Он рўзҳо ҳаргиз аз ёдам намеравад. Абдулқодир маро ба хонааш мебурд. Дар он ҷо ман бори аввал модаратро дидам. Зани соҳибҷамол бофаросате буд. Мо якдигарро дўст доштем. Чанд сол гузашт. Вақте ки амир бобоятро ба Шеробод ҳоким таъин кард, пеш аз рафтанаш тўйи мор гузаронд, моро ба мақсад расонд.

Дар дарбор ашхоси гуногунхислат ё бадхоҳон, нотавонбинон беҳисоб буданд. Ин гурўҳ ҳамеша дар пайи озори якдигар буданд ва хушомадгўиро ба авҷи аъло мерасонданд.

Оре, ба ҳамаашон нафрат дорам. Муносибати маро ба аҳли дарбор ҳатто амир Музаффар ҳам медонад. Аммо боке нест, бигзор донад.

Онҳо азму иродаи падаратро шикаста натавонистанд. Аммо вафоти бемаҳали модарат ирода ва қалби маро шикаст, маҷрўҳ кард. Ў туро бо ман танҳо монду рафт.

Ҷони одам аз санг ҳам сахттар мешудааст. Ман бо вуҷуди он фоҷиа, азобу машаккат боз зинда мондам. Шояд барои ту. Охир ту дигар сарпараст, хамдаму ҳамроз надоштӣ.

- Ин чизҳоро фаҳмидани ту лозим буд. Зеро як рўз даркор мешавад.

Ҳар як фарди оқил бояд таърихи авлод, аҷдод ва халқи худро донад, ба онҳо эҳтиром дошта бошад. Барои ояндаат даркор шуда мемонад.

Нури дида! Боз аз ту як хоҳиш дорам.

-Марҳамат, бифармоед, падари бузургвор.

-Оянда, ки бузург шудӣ, албатта, ёру дўстон, ҳамшаҳриён, ҳамватанон аз ту мепурсанд: «Донӣ падарат чӣ гуна кас буд? Ба онҳо бе ҳеҷ истиҳола, чунин ҷавоб деҳ:

«Мурғе, ки нуҳуфта1 дар қафас2 буд».

- Албатта, падарҷон мегўям. Ман аз Шумо боз як чизи дигарро пурсиданӣ.

- Пурс.

- Чаро ба худ тахаллуси Шохинро интихоб кардед? Шоҳин чӣ маъно дорад ?

- Шоҳин парандаи чолоки зебоест. Баланд парвоз мекунад. Чашмонаш дурбин ва нигоҳаш оқилона. Ў дар байни ҷонварон соҳибиззат аст.

Ман ҳам хостам дар олами шоирӣ ба мисли Шоҳин баландпарвоз бошам вабо сухан дили одамонро тасхир намоям. Танҳо ба хамин мақсад бо маслиҳати ёру дўстон ва падар Шоҳинро ба худ тахаллус интихоб намудам, дар асл номам Шамсиддин аст.

Акнун ба дарбор меравам. Фардо амир ба Шаҳрисабзу Қаршӣ сафар дорад. Маро албатта мебарад. Кўшиш мекунам, баҳонае пеш орам, узр гўям, то маро набарад, бо ту бошам».

Амир Шоҳинро бад медид. Ҳамеша бар хилофи хоҳиши ў кор мекард. Соҳибмансабони дарбор, шоирони хушомадгў аз кору рафтори Шоҳин нисбат ба амир норозӣ буданд. Масалан, Мўҳтарам чунин менависад: «Чандон ки хуршеди марҳамати султонӣ ва анвори тарбияти хусравонӣ бар вуҷуди мустаиди1 ў метофт, иддаои ў боло мегирифт ва мақолаи ҳарзадароиро боло афрохт». Яъне ў Шоҳинро ба қадрношиносӣ, носипосӣ айбдор на-мудааст. Гўё суханони талху пичингомези танқидии адиб дар шаъни амир дурўғ ва сафсата бошанд.

Саломатии Шоҳин рўзҳои охир бисёр бад шуд. Ў ҳарчанд кўшиш намуд, ки аз сафари Шаҳрисабзу Қаршӣ бо сабаби бад будани саломатияш боз монад, нашуд. Амир қасдан ҳамроҳ рафтанашро амр намуд. Дар Қаршӣ касалии Шоҳин авҷ гирифт, барҷомонда гардид. Бо вуҷуди ҳамаи ин амир иҷозат надод, ки ўро ба Бухоро биёранд. Шоҳин дар Қаршӣ аз касалии сил соли 1894 дар авҷи камолоти эҷодӣ дунёи равшанро падруд гуфт. Танҳо 35 сол умр дид. Халқ одамони тараққипарвар, заҳматкаш, равшанфикрон бо сардории Аҳмади Дониш дар марги ў ашки ҳасрат рехтанд.

Мероси адабии Шоҳин

Чунон ки аз тарҷумаи ҳолаш маълум гардид, Шоҳин чандон умри зиёде надида, дар ҷавонӣ аз дунё чашм пўшидааст. Вале бо вуҷуди ин умри хешро ройгон нагузаронида, аз худ асарҳои зиёди адабӣ мерос гузоштааст. Шоҳин имкон наёфта буд, ки дар айёми зиндагиаш асарҳояшро ҷамъ намуда ба шакли девон дарорад. Ин корро дўстонаш пас аз марги адиб ба анҷом расонданд. Махсусан, хизмати адиб Мирзо Муҳаммад Савдоии Ғиҷдувонӣ калон аст. Ў солҳои зиёд эҷодиёти Шоҳинро омўхт, ҷамъ намуд ва ба шакли куллиёт даровард.

Шоҳин асосан шоир аст ва аксарияти асарҳои ў манзуманд. Вале Шоҳин асархои насрӣ ҳам дорад, ки намунаи он «Бадоеуссаноеъ» мебошад, ки дар хусуси он дар поён алоҳида истода мегузарем.

Достони «Лайлй ва Маҷнун». Ин достон назира ба достонҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусрави Деҳлавӣ мебошад. Аммо аз онҳо фарқи калон дорад.

Маснавии «Тўҳфаи дўстон». Ин асари аҳлоқию тарбиявист. Шоҳин онро дар пайравии «Бўстон»-и Саъдии Шерозӣ иншо намудааст. Ҳанўз барвақттар нақшаи асарро тартиб дода буд. «Тўҳфаи дўстон» бояд чун асари Саъдӣ аз даҳ боб иборат мешуд. Аммо бо сабабҳои зиёди зиндагӣ имкониятнаёфт, ки маснавиро ба охир расонад. Аз ин даҳ боби муқарраршуда, танҳо боби нўҳумаш ба боби нўҳуми «Бӯстон» мувофиқ намеомад. Масалан, дар Саъдӣ боби нӯҳум дар тавба бошад, дар Шоҳин боби нўҳум ба сабр бояд бахшида мешуд. Аммо, мутаассифона, аз ин даҳ боб Шоҳин танҳо муқаддима ва боби аввалро, ки дар адл аст, иншо намудаасту халос. Бешубҳа ин боб ҳам яке аз бобҳои асосии асар аст. Бисёр ақидаҳои ахлоқиву иҷтимоии Шоҳин дар он инъикос ёфтаанд. Илова бар ин, маснавии «Тўҳфаи дўстон» характери тарҷумаиҳолӣ низ дорад. Шоҳин дар бораи ҳаёти падар, худ ва дўстонаш ҳикояҳое меорад, ки онҳо дар асоси ҳодисаю воқеаҳои зиндагӣ, яъне реалӣ ба назм дароварда шудаанд. Масалан, шумо аз тарҷумаи ҳоли Шоҳин медонед, ки падари ў Мулло Амон аз Хатлон (Кўлоби имрўза) аввал ба Самарқанд омада ду сол таҳсили илм мекунад ва сонӣ ба Бухоро меояд Ҳамин лаҳзаро Шоҳин бевосита аз номи падараш ба тариқи зайл додааст:

Дар ин дам, ки бастам ба харпеша зин,

Ба азми Бухоро зи Хатлонзамин.

Нахустин Самарқанд шуд манзилам

В-аз он манзили хуш тоза дилам.

Дар он маъдани фазл қадри ду сол,

Намудам ба таҳсили илм иштиғол

Шоҳин дар маснавӣ иллату нуқсони намояндагони табақаи болоиро бо номҳои аслиашон мазаммат мекунад. Ў барои зоеъ рафтани умри азизаш, ки онро дар дарбор гузаронида, амиру ҳокимонро таъриф намудааст, пушаймон аст ва худро сахт накўҳиш намудааст:

Ду-се рўз ҷўёи эҳсон шудам.

Сарояндаи мадҳи дунон шудам.

Бибурдам ба ороиши назм ранҷ

В-аз он кардам офоқро пур зи ганҷ.

Кафи хушки эшон, к-аз он нам нарехт,

В-агар рехт, ҷуз хуни мардум нарехт.

Сагеро, ки ҷома даридӣ ба дев,

Фаришта аз ў даргирифтӣ ғирев.

Чунон барзадам сирати мардумӣ,

Кӣ гўӣ назода чу ў одамӣ...

Фиғон, к-ин ҳарифони кинозмоӣ,

Ба меҳр андар оранд халқе зи пой.

Ки чун гурба фарзанди худ мехўранд,

Чу фарзанд аз онат ҳамепарваранд

Чунон ки дидем, Шоҳин характеру хислати манфури онҳоро басо хуб омўхта будааст. Онҳо нисбат ба ашхоси поку некусиришт кинаю адоват доранд. Чунин одамони разил, ба ақидаи адиб, на танҳо ба одамони пешқадаму пок, балки ба фарзандони худ низ раҳму шафқат надошта, мисли гурба, агар лозим шавад, фарзанди хешро кушта мехўранд. Пас аз ин мулоҳизаҳо Шоҳин ба хулосаи бисёр ҷиддӣ меояд. Хулосаи шоир он аст, ки аз ин қавм, аз ин гурўҳҳои ҷамъият умеди некӣ, ёрӣ, мададгорӣ пурсидан, орзу намудан хаёли хом аст. Зеро ман, -мегўяд Шоҳин, дар таҷрибаи зиндагӣ, қадрношиносӣ, бехирадӣ ва дигар хислатҳои манфури ғайриинсонии онҳоро дидам, омӯхтам.

Аз ин қавм уммеди ёрӣ хатост,

Ки аз душман уммедворӣ хатост.

Аз он рў зи гетӣ шикоят задам.

Зи гетӣ шикоят бағоят задам

Ки дастур бошад, ба ояндагон

Ба абнои гетӣ ситояндагон2.

Аз ин доми бедона дурӣ гузин!

Сари хештан ҷои дона мабин!

Ман идбор дидам, ту фирўз бош!

Зи аҳволи ман ибратомўз бош

Маснавии «Тўҳфаи дўстон» дар равшан намудани сабки эҷодӣ, афкори ахлоқӣ ва камолоти маънавии Шоҳин роли басо калон бозид. Дуруст аст, ки Шоҳин дар баробари нишон додани иллату нуқсонҳои ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ояндаи бебунёди онро таъкид менамояд ва аз ҳаёти мардони бузург хулоса бароварда, нишон медиҳад, ки аз синфи ҳукмрон некиро умедвор шудан ғалат аст.

Шамсиддин Шохин ғайр аз ин дар жанрҳои хурди лирикӣ-ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, мухаммас ва ғайра асарҳои зиёде офаридааст. Бесабаб нест, ки Шоҳин дар таърихи адабиёти тоҷик ҳамчун шоири лирик мақом ва шўҳрат дорад.

Аз тарафи дигар, бисёр андешаҳои сиёсиву иҷтимоии Шоҳин дар асарҳои лирикиаш инъикос ёфтаанд. Табиист, ки лирикаи Шоҳин чи аз ҷиҳати мавзўъ ва мундариҷаи идеявӣ ва чи аз ҷиҳати шакл, санъати суханварӣ дар як поя нест. Равшан аст, ки Шоҳин аз хурдӣ ба шеър гуфтан оғоз карда буд ва таи чанд сол шеърҳои шогирдона иншо мекард. Баъдтар дар натиҷаи омўзиш қаламаш бурротар, дидгоҳаш фарохтар гашт.

Мавзўъ ва мундариҷаи идеявии лирикаи Шоҳин

Пас аз мутолиа ва муҳокима равшан гардид,ки дар лирикаи Шоҳин ғазал мақоми босазо дорад. Дар  ғазал, қасида, рубоӣ, қитъа, мухаммас ва дигр ашъори шоир қариб ҳамаи мавзўъҳои маъмули адабиёти гузаштаро пайдо карда метавонем, Илова бар ин, идеалҳои олӣ ва махсусан фикрҳои маорифпарварии Шоҳин дар асарҳои лирикии ў ифода ёфтаанд. Ба амин тариқ, Шоҳин агар, аз як тараф, давомдиҳандаи анъанаҳои пешқадами адабиёти гузашта бошад, аз тарафи дигар, дар рўҳи замон, дар зери таъсири асарҳои Аҳмади Дониш, сўҳбатҳои хоссаи адиб бо ин мутафаккир ифодакунандаи ғояҳои маорифпарваронаи ў гардид.

Дар лирикаи Шоҳин шикоят аз замона, нишон додани нуқсону иллатҳои рўзгор ва ниҳоят ба тарзи динамикӣ пурзўр гардидани садои эътирози шоир қавитар ва баландтар ҳис карда мешавад. Агар Шоҳин дар аввалҳои эҷодиёташ амир ва дигар ҳокимони вақтро маломату сарзаниш кунад, ки онҳо қадрношиносанд, ба ҳунару истеъдоди аҳли ҳунар намерасанд, баъдтар, ҳангоме ки қаҳрамони лирикӣ ба дарбор меояд, бо аҳли дарбор аз наздик шинос мешавад, худашро ноҳинҷор ва бадбахт мешуморад. Ў ҳаёти дарборро барои хеш «чун мурғи нуҳуфта дар қафас» ҳисоб менамояд. Қаҳрамони лирикӣ худашро аз ҳама нотавонтарин ва рўзашро шом мегўяд ва аз беадолатиҳои фалак шикоят мекунад:

Ҷаҳонпарвардигоро, нотавонам,

Ягона нотавоне дар ҷаҳонам.

Яке мурғам, ҷудо аз ошёна,

Зи ҳар сў новаки ғамро нишона.

Чӣ бадбахтам, ки ҳар сўе ниҳам рўй,

Зи оби дида бинам пеши рў ҷўй.

Фиғон аз дасти чархи тиракирдор,

Ки рўзам шуд чу шоми мотамӣ тор.

Албатта, шикояти шоир характери умумӣ дошт. Шоҳин ҳаёти бисёр одамони ҷамъиятро омўхт ва ин маҳрумиятҳо, нокомиҳои афроди замонаашро дар симои қахрамони лирикӣ ҷамъбаст намудааст. Аммо ин шикоятҳо бе ҳадаф буданд, ки аз камтаҷрибагии адиб сар задаанд:

Ҳама чун куштаи теғи ту шуд, инак Шоҳин

Бинҳод аз сари таслим ба поят гардан.

Ҳамаро куштӣ, агар мекушиям, зуд бикуш!

То бубинам, ки маро кушта чӣ хоҳӣ кардан?

Дар ин порча шикояти қаҳрамони лирикӣ ба эътироз бадал мешавад. Ў беадолатию бенизомии соҳибмансабони ҷоҳил, нобаробариҳои байни гурўҳҳои иҷтимоии ҷамъиятиро дида, ба моҳияти объективии он сарфаҳм намерафт. Ҳамаи инро аз тақдир, аз сарнавишт медонист

Дуруст аст, ки Шоҳин қасидаҳои мадҳӣ дорад. Адиб онҳоро ҳангоми дар дарбор будан иншо намудааст. Қасидаҳои мадҳие, ки ба тавсифи амир Музаффар ва амир Абдулаҳад бахшидааст, аз рўи зарурат буданд. Ў, ки дар дарбор буд, бояд ҳамин корро иҷро менамуд. Аз тарафи дигар, Шоҳин дар аввал гумон дошт, ки амир одилу раиятпарвар аст. Аммо, вақте ки корҳои ношоиста, хиёнат ва бадкирдории ўро дид, усули тавсифро тағйир дод. Аҳли дарбор, амиру вазир, шоирони маддоҳи хушомадгў, ҳасудони бехирадро сахт танқид кардааст. Масалан, дар қасидаи поён каҳрамони лирикӣ аз зулм ва нобаробарии рўзгор садои эътирози худро баланд намуда, мегўяд:

Дар ин диёр, ки қавмаш сагони одамрўст,

Вафо маҷў ки дилу рўяшон зи оҳану рўст.

Ба чашми ибрати ин кўртинатони ҳасуд,

Ҳазор гулшан агар гул кунӣ, на ранг, на бўст.

Лабам ҳанўз зи дил тарҷумон нагашта, зи халқ

Ҳазор ханҷари заҳробдода вақфи гулўст

Дар поёни умр, тавре ки аз тарҷумаи ҳолаш медонем, Шоҳин ҳарчанд кўшиш менамояд, ки ин макони зулмбунёдро тарк кунад, амир розӣ намешавад. Аз ин ҷост, ки шоир ба хулоса меояд, ки ҳунар, яъне пешаи шоирӣ ба кас на шодиву, иззату эҳтиром, балки бадбахтӣ ва зарар меорад. Агар беҳунар, аблаҳ, гумроҳу хар набошӣ, соҳибмансабон туро одам ҳисоб намекунанд. Зеро худи онхо бо чунин сифатҳо оростаанд. Фикри болоро Шоҳин дар мусаддаси «Гардун болои сар набошад» хеле хуб ифода кардааст:

3-ин сон, ки хоҳиши даҳр ҷуз шўру шар набошад.

Бадтар дар ин замона айб аз ҳунар набошад.

Суди матои дониш ғайр аз зарар набошад,

Одам касе нахонанд онро, ки хар набошад.

Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,

Аммо чӣ метавон кард, ҷои дигар набошад?

Дар банди сонӣ Шоҳин фикри катъии хешро пешниҳод мекунад. Ў аз сохти ҷамъиятӣ, тарзи давлатдорӣ норизост ва имони комил дорад, ки чунин сохт, чунин давлат завол меёбад. Зеро, ба ақидаи адиб, бо чунин тарзу усул зиндагӣ кардан муҳол аст:

Акнун, ки толеи ман пайваста дар вабол аст,

Субҳам тамом шому айшам ҳама малол аст.

Ҳар давлате, ки бинам, омодаи завол аст,

Дар даҳр бо чунин ҳол будан басе муҳол аст

Ҷое равам, ки гардун болои сар набошад,

К-аз наҳс ахтаронро бар ман назар набошад

Агар дурусттар мулоҳиза намоем, аз порчаи боло равшан мегардад, ки Шоҳин фикри Аҳмади Донишро дар бораи заволёбии аморат, яъне аз осмон кандани ситора, ба замин афтидани он, ки хосияти наҳс дорад, давом додааст. Шоҳин дар бисёр масълаҳо давомдиҳандаи фикрҳои маорифпарваронаи Дониш аст. Эҷодиёти Дониш, махсусан, «Наводирулвақоеъ» ба ҷаҳонбинӣ, сабки эҷодии Шоҳин таъсири калон гузошт. Шоҳин аз устоди маънавии худ беҳад миннатдор буд. Ҳангоме ки як гурўҳ хушомадгўёни амир ба муқобили Дониш баромада, ўро таҳқир карданд, ҳаҷв намуданд, Шоҳин дар мадҳи Аҳмади Дониш қасидае эҷод намуд ва дар он бузургии хирад ва ақлу заковаташро ситоиш намуд:

Эй як варақ зи дафтари фазли ту нўҳ фалак,

Сити1 камоли ту зи само рафта то самак2.

Авзои ҳафт ахтару атвори нўҳ сипеҳр,

Бар дониши баланди ту пайдост як ба як.

Чун иттиҳоди исму мусаммо3 муқаррар аст,

Гар хонамат паямбари охирзамон, чӣ шак?

Дидам «Наводир»-и4 туву аз сафҳаи хаёл,

Кардам вақоеи ҳукамои гузашта ҳак!.

1 Сит - овоза.

2 Самоъ самак - мазмунан аз осмон то каъри замин (самак – моҳӣ).

3 Мусаммо - номи додашуда.

4 «Наводир» - ишора ба «Наводирулвақоеъ».

5 Ҳак - пок намудан, тарошидан.

Ғайр аз ин, Шоҳин образи риндро бо образи зоҳид муқобил гузошта, ба ин восита озодии шахсро дар ҷамъият таблиғ намудааст. Дар образи ринд худи қақрамони лирикӣ инъикос ёфта, ҳамеша аз болои зоҳид ғолиб мебарояд. Шоҳин дар баёни чунин масъалаҳо ба Ҳофизи Шерозӣ пайравӣ намуда, ўро дар сурудани ғазал устоди худ мешуморад ва ба бисёр ғазалҳои Ҳофиз ҷавоб гуфтааст.

Мавзўи ишқ дар асарҳои лирикии Шоҳин мавқеи муҳим дорад. Шоҳин дар бисёр ғазалу рубоиёташ ишқи нокомашро сурудааст. Мо аз тарҷумаи ҳоли адиб нағз медонем, ки Шоҳин завҷаашро ниҳоят дўст медошт. Завҷааш пас аз 10 моҳи хонадорӣ сари фарзанд рафт ва қалби Шоҳинро лабрези хун гардонд. Шоир дарду алами хешро бо сухан нишон додааст. Аз мутолиаи чунин шеърҳо дили хонанда ба шоири номурод месўзад. Масалан, Шоҳин дар ғазали «Видоъ» бо дилситон видоъ карданро чунон табиӣ ва ғамангез тасвир менамояд, ки хонанда ба ҳаяҷон меояд ва бо дарди қаҳрамони лирикӣ шарик мегардад. Шоир афсўс хўрда, дар байти аввал мегўяд, ки чаро ман пештар намурдам, то марги туро намедидам ва дар байти сонӣ адиб худашро ба бўстон ва ёрашро ба савр монанд карда, дардомез нола мекунад, ки сарв аз бўстон ҷудо гардид, якумр видоъ намуд:

Эй кош, ҷон кунад зи тани нотавон видоъ,

3-он пештар, ки мекунад, он дилситон видоъ.

Сарв аст қомати туву бўстон канори ман,

Ин турфа сарв мекунад аз бўстон видоъ.

Гуфтӣ: «Кунам видоъ!» Зи ман ҷон видоъ кард,

Эй бевафо, маёр дигар бар забон видоъ!

То бишнавад нигор, кунад ёди ин ғариб,

Шоҳин, радифи шеъри ман афтод аз он «видоъ».

Шоҳин дар як қатор рубоиёташ ҳам муҳаббати поку беолоиш, вале дардноку номуродашро васф кардааст. Қаҳрамони лирикӣ аз гаму дард маҳбубаашро фаромўш карда наметавонад. То қувва дар по, ду чашми нурполо дорад, ба роҳаш, ба сўяш меравад, менигарад. Агар аз роҳ паймудан ва аз дидан оҷиз монад, то дами вопасин нишаста ёдаш мекунад:

То қуввати по бувад, ба сўят нигарам,

То дида диҳад нур ба рӯят нигарам.

Чун дида зи нуру по зи рафтан монад,

Биншинаму ҷон дар орзуят супурам.

Илова бар ин, рубоии боло аз ҷиҳати содагии забон, таркиби луғавӣ ва сабки нигориш рубоиёти халқиро ба ёд меорад. Ин халқияти эҷодиёти Шоҳинро бори дигар пурра тасдиқ мекунад.

Дигар, дар лирикаи Шоҳин фикрҳои ҳаётдўстона, пешқадам хеле зиё-данд. Шоир зебоиҳои табиатро васфу ситоиш намуда, одамонро ба он ҳидоят мекунад, ки аз ин зебоиҳои табиат бархурдор шавед. Фасли гул расидааст, яъне баҳор шудааст ва аз хонаи танг ба дашту ҳомун бароед, он ҷоро муддате ватан кунед, ки умри инсон гузарон аст ва аз он зебоиҳои нотакрори табиат бенасиб намонед:

Шуд фасли гул, азимати сайри чаман кунед,

Гар фурсат аст, ҳафтае он ҷо ватан кунед!

Ҷоме, ки мекашеду нишоте, ки мекунед.

Дар пои гул кашеду ба рўи суман кунед!

Шоҳин саъю кўшиш менамуд, ки суханаш содаю равон ва ба омма наздик бошад. Мисолҳои дар боло оварда фикри моро тасдиқ менамоянд. Инчунин Шоҳин аз таъбиру ибораҳои халқӣ, зарбулмасалу мақолҳо бамаврид истифода бурааст.

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун».

Сабаби назми китоб.

Сюжети мухтасари достон

Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-ро соли 1888 навишта ба охир мерасонад.Тавре ки худи Шоҳин мегўяд, достон дар муддати камтар аз як моҳ иншо шудааст. «Лайлӣ ва Маҷнун» аз 2242 байт иборат буда, асосан, дар ҷавоби достонҳои ҳамноми Низомии Ганҷавӣ ва Амир Хусравӣ Деҳлавӣ эҷод гардидааст. Шоҳин дар бораи вақти навиштани достон чунин мегўяд;

Сад шукр, ки шуд пазира1 ин ранҷ,

Дар соли ҳазору сесаду панҷ

Дар муддати як маҳ андаке кам,

Ин ҳисни рафеъ2 гашт маҳкам.

Сабаби навиштани достон марги бемаҳали завҷаи шоир аст. Як сол не, танҳо даҳ моҳ бо ҳам зидагӣ карданд. Тифл ба дунё меояду модар зиндагиро падруд мегўяд. Ин ҳолат Шоҳинро мутаассир гардонид. Ў бо дарду алам дар вафоти завҷааш Марсияе эҷод кардааст, ки дар зер чанд байташро меорем:

Гирам, ғами мо, ду тан нахўрдӣ,

Фарзанди азизи худ чӣ кардӣ?

Ин тифли хуҷастарў, ки имрўз,

Чун мурғ шудаст дастомўз.

Монд ў зи ту ноф нобурида,

В-аз шири ту чошнӣ надида.

Хонанд ҳадиси оташинам,

Гўянд ҳазор офаринам.

В-он гоҳ ба рўхи мо - ду ноком

Баҳманд таҳияте вал-икром!

Достон аз бобҳои анъанавӣ шурўъ гардида, пас ба сабаби назми китоб, яъне вафоти завҷа, дар насиҳати фарзанд байтҳои муносиб гуфта, сонӣ ба асли мақсад мегузарад. Сюжети мухтасари достон чунин аст: Солори қабилаи араб Саид Омирӣ пас аз назру ниёзи зиёд соҳиби фарзанд мешавад. Ба фарзанд Қайс ном мегузорад. Қайс мактабхон мегардад. Ўро ба мактаб медиҳанд. Дар мактаб Лайлиро дида ошиқ мешавад. Ишқи онҳо дар байни хосу ом шӯҳрат меёбад. Падари Лайлӣ ин овозаро шунида, ба мактаб рафтани духтарашро манъ мекунад. Дигар Қайс Лайлиро надида мактабро тарк мекунад ва ба кўҳу саҳро мебарояд. Минбаъд одамон ўро Маҷнун, яъне девона мегўянд. Саид Омирӣ ба ҷустуҷўи писараш рафта, ўро меёбад ва ба Қайс ваъда медиҳад, ки агар ба хона боз гардад, барои ў Лайлиро хостгорӣ мекунад.

1Пазира - анҷом ёфт, ба итмом расид.

2Ҳисни рафеъ - киноя аз қалъаи баланд, дастнорас омадааст.

Падари Лайлӣ хостгорҳои Қайсро қабул накарда, мегўяд, ки Қайс Маҷнун, девона аст. Натиҷаи инро Маҷнун шунида баромада меравад. Боз падараш ўро пайдо карда ба зиёрати Қаъба мебарад. Маҷнун ҳангоми тавоф аз Худо илтиҷо мекунад, ки ишқашро бо Лайлӣ мустаҳкамтар гардонад.

Боре сардори қабилаи Омир Навфал Маҷнунро дида раҳму шавқаташ меояд ва ба назди падари Лайлӣ барои хостгорӣ меравад. Аммо падари Лайлӣ ҷавоби рад медиҳад. Навфал ба хашму ғазаб омада, бо қабилаи Лайлӣ ба ҷанг медарояд. Маҷнун, аз як тараф, аз куштори зиёд, аз тарафи дигар аз нияти падари Лайлӣ, ки мехост духтарашро ҳалок созад, огоҳ гардида, аз Навфал илтимос ва илтиҷо мекунад, ки ҷангро бас кунад. Навфал ба ҷанг нуқта мегузорад ва ба падари Маҷнун маслиҳат медиҳад, ки ў духтари соҳибҷамоле дорад, агар Маҷнун ва худи ў розӣ шаванд, духтарашро ба Маҷнун дода, бо ҳам қудо мегарданд. Тўй мешавад. Маҷнун аз ҷамоли духтар мафтун шуда гўё ба мақсад мерасад.

Лайлӣ ин хабарро шунида, ба Маҷнун мактуб менависад ва ўро дар бевафоӣ айбдор менамояд. Маҷнун ҳам мактуби ҷавобӣ навишта завҷаашро таъриф менамояд. Лайлӣ мактубро хонда пай мебарад, ки ҳоло ҳам Маҷнун ба ў муҳаббат доштааст. Аз ин ҷост, ки мактуби дуюми худро ба Маҷнун иншо мекунад. Дар мактуби дуюм Лайлӣ аз Маҷнун узр мехоҳад ва ўро боз ба сидқу вафо ҳидоят менамояд. Маҷнун мактуби Лайлиро хонда, гўё аз кирдораш пушаймон мешавад ва арўсашро партофта, ба ёди Лайлӣ ба дашту ҳомун мебарояд. Падари Маҷнун ҳарчанд саъю кўшиш менамояд, вале Маҷнун ба назди арўсаш барнамегардад. Аз ғаму дарди фарзанд падари Маҷнун вафот мекунад. Маҷнун вафоти падарро шунида, ба сари қабраш меояд ва гиря мекунад.

Лайлӣ аз ин ҳодиса огоҳӣ ёфта мехоҳад, ки ба назди Маҷнун ояд ва ўро дилбардорӣ намояд. Вале дар роҳ Ибни Салом ўро дида ошиқ мешавад. Ибни Салом марди пир, вале бою бадавлат буд. Ў ба Лайлӣ хостгор мефиристад. Тўй барпо мегардад. Ин воқеаро Маҷнун шунида ба Лайлӣ мактуб менависад. Дар ин мактуб аз бевафоии Лайлӣ шикоят намуда, афсўс мехўрад, ки барои ишқи ў шуда беҳуда аз баҳри арўсаш баромадааст. Пас аз чанде модари Маҷнун вафот мекунад. Лайлӣ ба ҷустуҷўи Маҷнун ба саҳро меравад. Онҳо якдигарро пайдо карда ҳамсўҳбат мешаванд. Лайлӣ аз Маҷнун хоҳиш мекунад, ки ба хонааш биёяд. Аммо Маҷнун розӣ намешавад ва аз назди Лайлӣ дур мешавад. Лайлӣ ниҳоят мутаассир гардида, пас аз чанд рўз вафот мекунад. Маҷнун ба воситаи Зайди араб, ки пештар мактубҳои онҳоро ба ҳам мерасонд, аз марги Лайлӣ хабар меёбад. Рўзи дафн Маҷнун ба қабри Лайлӣ даромада ўро ба оғўш мекашад ва ҷон медиҳад.

Дар муқоиса таҳлил намудани достони Шоҳин бо достонҳои ҳамномаш Сюжети мухтасари достон аз ҳамин иборат аст. Акнун дидан лозим аст, ки достони «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Шоҳин ба дигар достонҳои ҳамномаш чӣ монандӣ ва аз онҳо чӣ тафовуте дорад.

Пас аз шинос шудан бо сюжети достонҳо чунин ба назар мерасад, ки монандй дар байни достонхои ҳамном хеле зиёд аст. То нимаҳои асар асосан хати сюжет ба ҳам монанд аст Дуруст аст, ки Шоҳин баъзе эпизодҳои достони Низомии Ганҷавиро ихтисор намудааст. Масалан, эпизодҳои оҳувон ва гавазнро аз банд раҳо кардани Маҷнун, Маҷнунро ба қабилаи Лайлӣ бурдани пиразане ва ғайра дар достони «Лайлӣ ва Маҷнун» - и Шоҳин дида намешаванд. Баръакс дар достони Шоҳин эпизодҳои нав, аз қабили духтари Навфалро ба занӣ гирифтани Маҷнун, ба марди давлатманд Ибни Салом ҳамсар шудани Лайлӣ, вафоти падару модари Маҷнун, ба хонаи Лайлӣ омадани Маҷнун ва монанди ин эпизодҳое мебошад, ки дар достонҳои Низомии Ганҷавӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Бадриддин Ҳилолӣ дида намешаванд.

Албатта, Шоҳин барои илова намудани эпизодҳои нав мақсади муайяне доштааст. Пеш аз ҳама шоир талаб мекунад, ки ҳар як эҷодкор бояд мустақил бошад. Ў бояд андешаю афкор, сўзу гудози худро гўяд, умуман сухани худро дошта бошад:

То кай ба саманд медиҳӣ дав,

К-он ҳарфи Низомӣ асту Хусрав.

Он они вай аст, ту зи худ гўй,

Гард аз рухи худ ба оби худ шўй,

3-ин бехирадӣ бувад фузунтар,

Гар ҷой равӣ ба пои дигар!

Шамсиддин Шоҳин ба воситаи илова намудани эпизодҳои наве, ки дар асар ҷой доштаанд бевосита, ҳаёти сиёсиву иҷтимоии рўзгори хешро тасвир кардааст. Вайронии ахлоқи ашхоси табақаи болоӣ, ки дар рўзгори Шоҳин қувват гирифта буд, барои инъикоси ин масъалаҳо сабаб шуданд. Масалан, Маҷнуни Шоҳин шахси фосиқ, дар ишқ ноустувор ва ҳардамхаёл аст. Дар зиндагӣ мақсади муайяне надорад. Маҷнун зан мегирад, боз занашро партофта ба Лайлӣ қарин мешавад. Лайлӣ ўро ба хона даъват менамояд, ў меояд. Хонанда гумон дошт, ки акнун онҳо ба мурод расиданд. Вале Маҷнун Лайлиро тарк мекунад, боз ба дашту ҳомун меравад. Аз ин ҳодисаҳо чунин барме-ояд, ки Маҷнун дар зиндагӣ, дар ишқ устувор нест.

Лайлӣ аз рўи баъзе характеру хусусиятҳояш ба Маҷнун то андозае монанд аст. Ў ҳам шавҳар мекунад. Пас аз вафоти шавҳар Маҷнунро ба хонааш даъват менамояд. Аз тасвири Шоҳин Лайлӣ нисбат ба Маҷнун андаке фаъолтар аст. Умуман дар симои ин ду қаҳрамон адиб ахлоқу одоби фарзандони табақаи болоро ба таври ҳаққонӣ ба қалам додааст.

Лайлӣ ва Маҷнуни Низомӣ, Хусрав, Ҷомӣ ва Ҳилолӣ дар ишқу муҳаб бат устуворанд. Ҳар сахти ва кулфате, ки ба сарашон ояд, тоқат мекунанд, онро бартараф менамоянд. Маҷнуни Ҳилолӣ поку вофодор ва муҳаббаташ ба Лайлӣ хеле зиёд аст, ки ҳатто, вақте ки Лайлӣ аз Маҷнун хоҳиш мекунад, ки биё ба кўҳу саҳро гурезем ва ба коми дил расем, Маҷнун хоҳиши ўро рад мекунад. Зеро ин кор сабаби бадном шудани Лайлӣ мегардад. Ў намехоҳад, ки ба исмати маҳбубааш нанг орад. Ба ақидаи Маҷнун, ишқу муҳаббат ҳам мутеи фармони падару модар аст, яъне озод нест. Лайлии достони Шоҳин нисбат ба Низомию Амир Хусрав фаъолтар аст. Масалан, ў аз падару модар тарсу бим надорад, аз беномус шудан наметарсад, Маҷнунро ба хонааш даъват карда мебарад. Хона хонаи ўст. Шавҳараш Ибни Салом вафот кардааст. Дигар ў мустақил аст. Ин мустақилият танҳо як лаҳзаи хаёти ўро дар бар мегирад. Агар танҳо аз ҳамин ҷиҳат Лайлии достони Шоҳинро ба Лайлии асари Ҳилолӣ муқоиса кунем, ба хубӣ равшан мегардад, ки Лайлии Ҳилолӣ хеле фаъол аст. Ӯ барои бахту саодати худ тайёр аст, ки мубориза барад. Пеш аз ҳама, Лайлӣ аз Маҷнун хоҳиш менамояд, ки ба кўҳу саҳро гурезанд. Ӯ ягона чораи халосӣ ва ба мурод расиданро дар ҳамин мебинад. Вале дар достони Шоҳин Лайлӣ ба қисмат, ба тақдир тан медиҳад:

Донӣ, ки ба гарданам каманд аст

Аз модару аз падар ду банд аст.

Оре, ҳамин ду банд ва боз банди сеюм - замона ояндаи онҳоро ҳал кардаанд. Ҳар ду қаҳрамон дар Шоҳин нотавон, мутеъ ва сустирода тасвир шудаанд. Онҳо барои падару модар ва соҳибмансабону давлатмандон як бозичаанд.

Хулоса, достони «Лайлӣ ва Маҷнун»- и Шоҳин аз бисёр ҷиҳатҳо ба достонҳои ҳамноми гузаштагон монандӣ, ҳамоҳангӣ дошта бошад ҳам, шоир дар тасвири воқеаю ҳодисаҳо, характеру хусусияти қаҳрамонҳои асосии достон иловаҳои зиёде дохил кардааст, ки онҳо инъикоси масъалаҳои муҳими рўзгори адибанд ва Шоҳин зимни образҳои асосии асар –Лайлӣ ва Маҷнун онҳоро нишон додааст.

«Бадоеуссаноеъ» ва мундариҷаи  идеавии он Шамсиддин Шоҳин дар поёни умраш «Бадоеуссаноеъ»-ро иншо намудааст. Ин асар бо наср навишта шуда, чунон ки аз номаш маълум аст, доир ба санъатҳои бадеӣ материали адабӣ медиҳад. Дар асар рамз, киноя, маҷоз, истиора, ташбеҳ, тамсил, талмеҳ ва ғайра ба таври васеъ истифода шудаанд. Мавзўи асар асосан як масъала аст: танқиди ҷамъияти онрўза, танқиди амир, соҳибмансабон ва давлатмандон. Илова бар ин, аз байни ҳамаи ҳикоёту иборот образи худи муаллиф ба тарзи барҷаста намудор мегардад. Шоҳин дар асарҳои аз ин пеш эҷодкардааш ин масъаларо тасвир карда буд. Акнун онро боз ҳам ҷиддитар ба қалам додааст.

Дар порчаи поён Шоҳин дар баробари танқид намудани амир, ки худ золиму зулмпарвар аст, боз ўро аз он ҷиҳат айбдор мекунад, ки ба сари мансаб касонеро мегузорад, ки онҳо дар зулму золимӣ, беандешагӣ ва бехирадӣ аз амир ҳам гузаштаанд: «Чароғи афрӯхтаро ҷое, ки равған диҳанд, доман мезананд – чӣ уммеди рушноӣ! Ва кўдаки навомўхтаро ҷое сим диҳанд, бим медиҳанд-чӣ таманнои ошноӣ... Фарёд аз ин доягони бемеҳр, ки ба атфоли худ ба ҷои шир хун медиҳанд. Мурғи хонагиро аз бедонагӣ ҳаром мекушанд, то ҳалол шавад. Ва чўҷаи сихпарро ба сих мекашанд, то шағол набарад».

Биёед матни болоро якҷоя таҳлил менамоем. Дар ин ҷо «Чароғи афрўхта» ба маънои коре, амале омадаст. Ин соҳибмансабони бефаҳму фаросат аз кундфаҳмӣ корро бадтар мегардонанд. Дар ин ҷо адиб ибораи «доман задан»-ро меорад, ки маҷозӣ буда, ба маънои бод додани чароғ омадааст. Ин амал ҳамон тавр аст, ки касе чароғро шамоли сахт медиҳад, шарорае аз он ба равғани дар замин рехта расида сўхтори азиме ба вуҷуд хоҳад омад. Дигар Шоҳин мегўяд, ки кўдаки навомўхт, яъне шахси бетаҷрибаро ба ҷои кўмак расондан метарсонанд. Шоҳин пас ба хулоса меояд ва садои эътирозаш баланд мегардад ва дар ин кор доягони бемеҳр (соҳибмансабон, ҳокимонро дар назар дорад), ки ба ҷои шир хун медиҳанд, яъне оммаро зулму ситам мекунанд ва чўҷаи сихпар1 (камбағалон, бечорагонро дар назар дорад) ба баҳонаи аз чанги шағол раҳо кардан, худашон кушта мехўранд. Адиб дар образи шағол амалдори калон ё худи амирро дар назар дорад.

Дигар масъалае, ки Шоҳин дар ин асараш ба он аҳамият додааст, аз тарафи амир ба аскарҳо, посбонҳо ва дигар роҳбарону соҳибмансабон муайян намудани маош аст, то ки дуздию порахўрӣ, истисмори халқи мазлум то андозае кам гардад. Албатта, Шоҳин доир ба ин масъала фикри маорифпарварии Аҳмади Донишро боз хам инкишоф додааст. Ҳанўз Дониш дар «Наводирулвақоеъ» ин масъаларо дар назди амир гузошта буд, вале онро амир қабул накард. Ба тарзи бадеӣ ба воситаи рамзу киноя нишон додани фикри пешқадами Дониш аз эҳтироми Шоҳин ба ин мутафаккири бузург шаҳодат медиҳад. «Маоши мир агар ба навкар нарасад, гилаи мир аз танхоҳ2 аст. Ва моҳонаи вазир агар ба аскар нарасад, шикваи вазир аз подшоҳ аст. Туфанги бетир киро аз по нишонад ва патанги бечанг киро аз ҷо фишонад. Оҳан то тафта3 накунӣ дар чўб наравад ва тир то оташ надиҳӣ, аз чўб наҷаҳад. Заминро дона деҳ, то хирман даравӣ ва тўтиро шакар деҳ, то сухан шунавӣ».

Порчаи дар боло овардашуда аз ду қисм иборат аст. Дар қисмати аввал мақсади асосии адиб инъикос ёфтааст. Яъне Шоҳин таъкид менамояд, ки ба зердастон, мансабдорон моҳонаю маош додан зарур аст ва дар қисмати дуюм ҳамин фикри боло бо мақол, суханони ҳикматнок, умуман далелу бурҳони мухталиф ҷамъбаст гардидааст. Қисмати аввал то «подшоҳ аст»... давом мекунад ва қисмати дуюм аз ибораи «Туфанги бетир»... шурўъ гар бат устуворанд. Ҳар сахти ва кулфате, ки ба сарашон ояд, тоқат мекунанд, онро бартараф менамоянд. Маҷнуни Ҳилолӣ поку вофодор ва муҳаббаташ ба Лайлӣ хеле зиёд аст, ки ҳатто, вақте ки Лайлӣ аз Маҷнун хоҳиш мекунад, ки биё ба кўҳу саҳро гурезем ва ба коми дил расем, Маҷнун хоҳиши ўро рад мекунад. Зеро ин кор сабаби бадном шудани Лайлӣ мегардад. Ў намехоҳад, ки ба исмати маҳбубааш нанг орад. Ба ақидаи Маҷнун, ишқу муҳаббат ҳам мутеи фармони падару модар аст, яъне озод нест. Лайлии достони Шоҳин нисбат ба Низомию Амир Хусрав фаъолтар аст. Масалан, ў аз падару модар тарсу бим надорад, аз беномус шудан наметарсад, Маҷнунро ба хонааш даъват карда мебарад. Хона хонаи ўст. Шавҳараш Ибни Салом вафот кардааст. Дигар ў мустақил аст. Ин мустақилият танҳо як лаҳзаи хаёти ўро дар бар мегирад. Агар танҳо аз ҳамин ҷиҳат Лайлии достони Шоҳинро ба Лайлии асари Ҳилолӣ муқоиса кунем, ба хубӣ равшан мегардад, ки Лайлии Ҳилолӣ хеле фаъол аст. Ӯ барои бахту саодати худ тайёр аст, ки мубориза барад. Пеш аз ҳама, Лайлӣ аз Маҷнун хоҳиш менамояд, ки ба кўҳу саҳро гурезанд. Ӯ ягона чораи халосӣ ва ба мурод расиданро дар ҳамин мебинад. Вале дар достони Шоҳин Лайлӣ ба қисмат, ба тақдир тан медиҳад:

Донӣ, ки ба гарданам каманд аст

Аз модару аз падар ду банд аст.

Умуман, «Бадоеуссаноеъ» бо чунин услуб нигошта шудааст ва аз ин ҷиҳат бо чунин хусусиятҳояш дар адабиёти гузашта дар насри классикии тоҷик нав аст.

Дигар, «Бадоеуссаноеъ» аз ҷиҳати забон ва сабки баён ба «Гулистон»-и Саъдӣ, «Баҳористон»-и Ҷомӣ монандӣ дорад.

Воқеан, дар «Бадоеуссаноеъ» порчаҳои содаю равон фаровонанд. Аммо қисмати зиёди насри Шоҳинро калимаю ибораҳои душворфаҳм, ибораю таркибҳои арабӣ ташкил медиҳанд, ки барои хонандаи имрўза то андозае душворӣ меоранд. Насри Шоҳин дар пайравии асарҳои насрии Мирзо Абдулқодири Бедил иншо шудааст. Албатта, ин услуби хоси Шоҳин буд ва ба ин восита маҳорати адабии Шамсиддин Шоҳин муайян гардидааст.

1 Чӯҷаи сихпар – чӯҷае, ки ҳанӯз дуруст пару бол набаровардааст.

2 Танхоҳ - маош, пули нақд, зар, мол

3 Тафта - тафсондан, гарм кардан.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба