Зеҳн

Сайидои Насафӣ - Панду ахлоқ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 5 дақиқа хондан

Фикрҳои панду ахлоқии шоир

Андешаҳои ахлоқии Сайидо бештар дар ғазалҳояш ба тарзи пароканда баён шудаанд. Шоир таъкид менамояд, ки инсон бояд меҳнат кунад ва бо обилаи кафи даст нон хӯрад. Боғбон ҳам, ки ризқи худро ё нони худро ба воситаи меҳнат аз боғаш ба даст меорад: Рӯ намеорад ба хони ҳеҷ кас соҳибҳунар, Боғбон ризқи худ аз пушти гулистон мехӯрад. Барои пайдо кардани қути лоямут саъю кӯшиш лозим аст. Ҳатто мисли санги осиё инсон бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад: Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад, Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт. Сайидо таъкид мекунад, ки бе саъй, бе ҷустуҷӯ, бе ҳаракату талош ҳеҷ мақсад ба даст намеояд: Бе талаб, эй Сайидо, мақсад намеояд ба даст, Ҷо ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан. Аз ин ҷост, ки Сайидо илму ҳунарро тарғиб мекунад ва ҳунармандиро сифати беҳтарини инсон меҳисобад. Вобаста ба ин таъкид месозад, ки ҳунарманд аз сарсонию тараддуд фориғ аст, зеро ба коре машғул мебошад: Сайидо, марди ҳунарманд аз тараддуд фориғ аст, Даст агар дар кор машғул аст, по осуда аст. Азбаски адиб худ марди ҳунарманд буд, нозукиҳои онро хуб эҳсос мекард ва ба аҳли ҳунар муҳаббату самимияти зиёд дошт. Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи шоир ва асари «Шаҳрошӯб»-аш гувоҳи фикри боло ҳастанд. Дар баробари ин шоир ба шахсони коргурез, ки бори зиндагиашон ба дӯши дигарон аст ва касбу ҳунаре надоранд, нафрат дорад, онҳоро сахт накӯҳиш мекунад. Шоир мегӯяд, ки дасте, ки масдари эҷод нест, яъне ҳунаре надорад, шикаста беҳ: Паймонае, ки бода надорад, шикастанист, Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист. Чунон ки дар боло гуфтем, Сайидо ҳунаромӯзӣ ва меҳнатдӯстиро илқо карда, инчунин талаб менамояд, ки шахс бояд поквиҷдон, ростқавлу ростгӯ бошад. Умри хешро бо покию ростқавлӣ гузаронад. Пас ӯ метавонад ҷовид монад. Барои мисол сарвро мегирад. Сарв агар хушк гардад, боз асои дасти инсон мешавад: Ростиро набувад хеҷ заволе ба ҷаҳон, Сарв агар хушк шавад, боз осо мегардад. Сарв меояд ба истиқболаш аз боғи мурод, Росгиро ҳар кӣ месозад асои хештан. Албатта, гузориши ин масъала аз тарафи шоир бесабаб набуд. Дар ин асрҳо, махсусан, дар байни соҳибмансабон порахӯрӣ, фитнаю найранг, қаллобӣ, тӯҳмат, бӯҳтон авҷ гирифта буд. Ба ин восита адиб онҳоро панд доданӣ шуда, ҳамзамон ҳамватанонашро ба покию покниятӣ, ростқавлӣ ҳидоят намуд. Иллати дигари одамони ҷамъият тамаъкорӣ ва хушомадгӯӣ буд. Сайидо, ки дар рӯзгораш ин иллатро ба хубӣ ҳис карда буд, барои барҳам додани он саъю кӯшиш намуд: Худро чу соя дар таҳи деворҳо макун, Дилро чароғи гӯшаи мотамсаро макун! Паҳлӯ бар остонаи навдавлатон манеҳ, Аз нохуни паланг ба худ муттако макун! Дасти ҳавас зи неъмати алвон кашида дор, Бар хони халқ пайравии иштиҳо макун. Силӣ хӯрӣ ба рӯи худ аз сар-сари хазон, Дар боғи даҳр сина чу гул бар ҳаво макун. Оби бақо зи соғари фағфури Чин махоҳ, Чашми тамаъ ба косаи дасти гадо макун. Барои ин, ҳаёти худашро мисол меорад. Шоир дар пеши дунон сар хам кардан, хушомад заданро бад мебинад ва шод аст, ки ба ин роҳи ифлос нарафтааст ва аз дигарон низ талаб мекунад, ки тамаъкор нашаванд: Сайидо, ҳарфи тамаъ аз хотирам гар бигзарад, Мешавам бегона, ҳар ҷо ошно бошад маро. Шоир дар баёни масъалаи дӯстӣ ба гузаштагони худ устод Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ҷомӣ, Биноӣ ва дигарон ҳамфикр аст. Ӯ дӯстони зиёд дошт. Тавре ки аз тарҷумаи ҳоли шоир медонем, Сайидо бенавою тангдаст буд. Аз ин рӯ, дӯстон – ҳамкасбонаш ба шоир ёрии моддӣ ва маънавӣ мерасонданд ва шоир аз онҳо сипосгузору миннатдор аст. Аз ин ҷост, ки адиб бо як муҳаббати бепоён дар бораи онҳо сухан мегӯяд. Агар хоҳӣ, ки ба душман зафар ёбӣ, дар зиндагӣ осуда бошӣ, дӯстонатро гум макун, зеро дӯст барои инсон асо аст: Рафиқ аз каф мадеҳ, душман агар хоҳӣ забун гардад, Туро сӯзан ба даст афтод, хор аз по бурун гардад. Ё ки: Рафиқ аз каф мадеҳ, хохй, ки дар манзил барй худро, Шавад санги сари роҳ чун асо аз дасти ланг афтад. Сайидо дар масъалаи таълиму тарбия фикрҳои ҷолиби диққат гуфта, таъкид менамояд, ки бояд шахс дар ҷавонӣ саъю кӯшиш кунад, то ки аз тарбияи устодон, мураббиён, муаллимон бархӯрдор шавад. Вале шоир бо таассуф хотиррасон менамояд, ки барои хондан, илм гирифтан фарзандони камбағал имконият надоранд. Барои исботи фикр ҳаёти худашро мисол меорад. Аз тарҷумаи ҳоли шоир медонем, ки ӯ аз Насаф ба мақсади илмомӯзӣ ба Буҳоро омад, чанд муддат таҳсил кард, аммо пул ки надошт, хонданро партофту ба касби бофандагӣ машғул шуд. Аз ин рӯ, Сайидо, афсӯс хӯрда мегӯяд, ки агар мехондам ба қуллаҳои баланди илм расиданам мумкин буд ва мисли Толиби Омулӣ шахси донишманд мегардидам. Беморро ғизои мувофиқ кунад накӯ, Бе тарбият заиф тавоно намешавад. Ё ки: Сайидо, беқадр афтодаст дар мулки Бухор, Тарбият созанд ӯро, Толиби Омул шавад. Ғайр аз ин, Сайидо мувофиқи таҷрибаи рӯзгор дар охир ба чунин хулоса меояд, ки дар ҷамъият шахси бетакягоҳ, яъне бемураббӣ машҳуру номдор намегардад: Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан, Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард. Дар ин байт мураббӣ маънои васеъ дорад. Мураббӣ маънои устод ва муаллимро ифода мекунад. Вале Сайидо онро ба маънои такягоҳ, соҳибдор овардааст. Ба ақидаи шоир, дар ҷомеа ҳарчанд фазлу дониш дорӣ, сиёсатмадору соҳибтадбири ҳаётӣ, аммо агар такягоҳ надошта бошӣ, корат ривоҷ намеёбад, ба мақсад намерасӣ, хору забун мегардӣ. Албатта, фикрҳои пешқадами адиб имрӯз ҳам қимати худро гум накардаанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2