Бадриддин Ҳилолӣ - Ғазалҳо
Аз маснавии «Шоҳу дарвеш»
Рӯзе аз рӯзҳои фасли баҳор,
Ки тафовут надошт лайлу наҳор,
Ҷамъе аз аҳли табъ дар чамане,
Маҷмае сохтанду анҷумане.
Гуфтугӯи суханварӣ карданд,
Даъвии нуктапарварӣ карданд.
Нуктадоне, ки дошт маърифате,
Хост то ғунчаро кунад сифате.
Гуфт: «Дар ғунча гул варақ-варақ аст,
Гунбази чархи сабз бар шафақ аст».
Дигаре гуфт: «Ҳар кӣ ӯ биност,
Маи гулранги шишаи миност».
Ман ҳам аз рӯи табъ бишкуфтам,
Ҷониби ғунча дидаму гуфтам: «Ҳаст он гулъузори ғунчадаҳан,
Дили пурхуну ранги бастаи ман».
Ҳама гуфтанд.
«Офарин бодо!
Кавкаби толеат қарин бодо!» Дар фани шеър чун сухан карданд,
Андаке васфи шеъри ман карданд.
Буд шахсе ба маснавӣ машҳур,
Дар фунуни сухан ба худ мағрур.
Гуфт: «Агарчи Ҳилолӣ бебадал аст,
Шеваи шеъри ӯ ҳамин ғазал аст.
Нест ӯро зи маснавӣ хабаре,
Дар раҳи мо зи пайравӣ асаре.
Дар сухан панҷ ганҷ мебояд,
На зи абёт панҷ мебояд».
Муддаӣ чун мазоқи шеър надошт,
Маснавиро беҳ аз ғазал пиндошт.
Нақди ганҷинаи сухан ғазал аст.
Шукри беҳад, ки шеъри ман ғазал аст.
Он ки назми ғазал тавонад гуфт,
Маснавиро чу дурр тавонад суфт...
Бетааммул аз он миён ҷастам,
Ба тааммул миёни худ бастам.
Бозуи фикрро қавӣ кардам,
Рӯй дар назми маснавӣ кардам.
Гуфтам аз ҳар чӣ дар забон ояд,
Сухани ишқ дар миён ояд.
Гоҳ мекард хотирам майле,
Сӯи Маҷнуну ҷониби Лайлӣ.
Гоҳ аз шавқ мезадам фарёд,
Баҳри Ширину Хисраву Фарҳод.
Гоҳ медид табъи ман лоиқ,
Ҳоли Узрою ҳолати Вомиқ...
Бори дигар чунин расид нидо,
Ки бигӯ достони Шоҳу Гадо...
Рӯй дар эҳтимоми он кардам,
«Шоҳу Дарвеш» номи он кардам.
Эй, ки бо ман сари сухан дорӣ,
Гуфтугӯи наву куҳан дорӣ,
Гӯш кун ин фасонаи дерин,
Чӣ барӣ номи Хисраву Ширин.
ЁД гир ин ҳикояти мавзун,
Чӣ барӣ номи Лайлию Маҷнун.
Бикри 1 хилватсарои фикр аст ин,
Фикри тӯҳмат макун, ки бикр аст ин.
1 Бикр — шоир ин ҷо бо устодӣ суханбозӣ карда, бикри аввалро ба маънои духтари ба шавҳар набаромада ва бикри дуюмро ба маънои чизи тоза ва нав кор фармудааст.
Аз ғазалиёт
Орзуманди туям, бинмой рӯи хешро,
Варна аз ҷонам бурун кун орзуи хешро.
Хубрӯро хӯи бад лоиқ набошад, ҷони ман,
Ҳамчу рӯи хеш некӯ соз хӯи хешро.
Ҷон дар зулф аст, камтар шона кун, то нагсилӣ,
Ҳам раги ҷони маро, ҳам тори мӯи хешро.
Чун ба кӯят хок гаштам, поймолам сохтӣ,
Поя бар гардун расондӣ хоки кӯи хешро.
Мурдаму истодаме хоҳам, ки ёбам зиндагӣ,
Ҳамраҳи боди сабо бифрист бӯи хешро.
Он на шабнам буд резон вақти субҳ аз рӯи гул,
Гул зи шармат рехт бар хок обрӯи хешро.
Борҳо гуфтам, Ҳилолӣ, тарки хубон кун, вале
Ҳеч таъсире надидам гуфтугӯи хешро.
Омад он сангиндилу сад рахна дар ҷон карду рафт,
Мулки ҷонро аз силоҳи ғамза вайрон карду рафт.
Он, ки дар зулфи парешонаш дили мо ҷамъ буд,
Ҷамъи моро ҳамчу зулфи худ парешон карду рафт.
Қолиби фарсудаи мо хок будӣ кошкӣ.
Бар замин, ки он шаҳсавори шӯх ҷавлон карду рафт.
Гар дил аз дастам ба ғорат бурд, чандон бок нест,
Ғорати дил саҳл бошад, ғорати ҷон карду рафт.
Рафтию дил бурдию ҷони ман аз ғам сӯхтӣ,
Бозгард охир, ки чандин зулм натвон карду рафт.
Дил ба сӯяш рафту дар ҳиҷрон маро танҳо гузошт,
Кор бар ман мушкилу бар хеш осон карду рафт.
Дар дами рафтан Ҳилолӣ ҷон ба дасти дӯст дод,
Ним ҷоне дошт, он ҳам сарфи ҷонон карду рафт.
Ҳамчунин бераҳму сангиндил, ки ҷонони ман аст,
Кай дили ӯ сӯзад аз доғе, ки бар ҷони ман аст.
Носеҳо, беҳуда мегӯӣ, ки дил бардор аз ӯ,
Ман ба фармони дилам, кай дил ба фармони ман аст.
Дар илоҷи дарди дил кӯшиш мафармо, эй табиб,
Аз он, ки ҳар дарде, ки аз ишқ аст, дармони ман аст.
Бедилонро нест ғайр аз ҷон супурдан мушкиле,
Он чӣ эшонрост мушкил, кори осони ман аст.
Ман кӣ бошам, то занам лофи ғуломӣ бар дараш?
Бандаи онам, ки давлатхоҳи султони ман аст.
Он, ки бар домони чокам таъна мезад, гӯ, бизан,
Ки инчунин сад чоки дигар дар гиребони ман аст.
Ҳар чӣ мегӯяд Ҳилолӣ дар баёни зулфи ӯ,
Ҳасби ҳоли тирабахту дилпарешони ман аст.
Оҳу сад оҳ, ки он маҳ зи сафар дер омад,
Шамъи хуршеди ҷамолаш ба назар дер омад.
Гуфт: Сӯи ту ба қосид бифиристам хабаре,
Ваҳ, ки қосид нафиристоду хабар дер омад.
Ту мададгор шав, эй Хизр, ки он оби ҳаёт,
Сӯи ин сӯхтаи ташнаҷигар дер омад.
Мурдам аз шавқи ҳамоғӯшии он сарв, дареғ,
Ки он ниҳоли чамани ҳусн ба бар дер омад.
Эй фалак, партави хуршеди ҷаҳонтоб куҷост?
Ки имшаб аз ғусса бимурдему саҳар дер омад.
Ёр то рафт, Ҳилолӣ, ман аз ин ғам мурдам,
Ки чаро умри мани хаста ба сар дер омад.
Эй ба хубӣ аз ҳама хубони олам хубтар,
Шеваи ҳусну ҷамолат ҳар як аз ҳам хубтар.
Одамӣ гар Юсуфи Мисрист, монанди ту нест,
Эй ту аз маҷмӯи фарзандони одам хубтар.
Рангат аз май ҳолате дорад, ки аз гул хубтар,
Ва он арақ бар сафҳаи рӯят зи шабнам хубтар.
Хубтар шуд рӯи гулгунат ба даври хатти сабз,
Аз он ки май хуб асту бо ёрони ҳамдам хубтар.
Ташналаб бӯсад Ҳилолӣ хоки он дар, з-он ки ҳаст
Хоки пои поки он, ки ӯ з-оби замзам хубтар.
Маҳвашон дар назари каҷназаронанд, дареғ,
Анҷуми анҷумани бебасаронанд, дареғ!
Аз гирифтории аҳбоб надоранд хабар,
Хубрӯёни ҷаҳон бехабаронанд, дареғ.
Гулъузорон, ки намуданд рух аз парда ниқоб,
Чун сабо ҳамнафаси пардадаронанд, дареғ,
Чашми мо пурдурру лаъл аст, вале симбарон
Чашм бар лаълу дурри бадгуҳаронанд, дареғ.
Мо нахоҳем ба ҷуз хайли бутон ёри дигар,
Лек ин тоифа ёри дигаронанд, дареғ.
Ҳама умр аз сафи ушшоқ равон мегузарӣ,
Ошиқон умр чунин мегузаронанд, дареғ!
Тоза шуд доғи Ҳилолӣ зи ғами лоларухон,
Ҳама доғи дили хунинҷигаронанд, дареғ!
Ид шуд, бихром, то мадҳушу ҳайронат шавам,
Ханҷари ошиқкуше баркаш, ки қурбонат шавам,
Қатли ошиқро муносиб нест шамшери аҷал,
Сӯи ман бин, то ҳалоки тири мижгонат шавам.
Шуд тани хокӣ ғубору бар сари роҳат нишаст,
Азми ҷавлон кун, ки хезам, хоки майдонат шавам.
Ҷилвае бинмову ҷавлон деҳ саманди нозро,
То хароби ҷилваю мадҳуши ҷавлонат шавам.
Муддате шуд сарфарози базми васлат будаам,
Баъд аз ин магзор, то помоли ҳиҷронат шавам.
Гӯшаи чашме, ки дилро ҷамъ созӣ андаке,
То ба кай ошуфтаи зулфи парешонат шавам.
Чун Ҳилолӣ санги тифлон мехӯрам дар кӯи ту,
Ман саги кӯям, чӣ ҳадди он ки меҳмонат шавам.
Ҷилваҳои қади дилҷӯи туро банда шавам,
Нозукиҳои гули рӯи туро банда шавам.
Бандаро бо сари ҳар мӯи ту меҳри дигар аст,
Бар сарат гардаму ҳам мӯи туро банда шавам.
Ғайр аз ин чора надорам паи дахли кӯят,
Ки ғуломони сари кӯи туро банда шавам.
Ту агар банданавозию вафохӯӣ кунӣ,
Ман ҳам аз рӯи вафо хӯи туро банда шавам.
Муддате шуд, чу гадоён ба дуо хостаам,
Ки гадоёни дуогӯи туро банда шавам.
Моҳи ид аст, ҳилолӣ хами абрӯй куҷост?
Чун Ҳилолӣ хами абрӯи туро банда шавам!
Эй гул, аз шакли ту бо нозу хиромат гӯям,
Ҳар чӣ гӯям, ҳама дорӣ, зи кадомат гӯям?
Ту парӣ ё малакӣ, ё маҳи авҷи фалакӣ?
Ҳайратам сӯхт, надонам, ба чӣ номат гӯям?
Қад барафрохтию сарви баландат гуфтам,
Рух барафрӯз, ки то моҳи тамомат гӯям.
Кай тавонам, ки кунам пеши ту оғози калом,
Ман, ки ҳаргиз натавонам, ки саломат гӯям.
Посбон соз бад-ин давлати бедор маро,
То ғами худ ҳама шаб бо дару бомат гӯям.
Соқиё, ҷом ба каф ҳуши Ҳилолӣ бурдӣ,
Е раб, аз ҷоми лабат ё лаби ҷомат гӯям?!
Дӯстон, ошиқаму ошиқи зорам, чӣ кунам?
Чора сабр аст, вале сабр надорам, чӣ кунам?
Рехт хуни ҷигар аз гӯшаи чашмам як бор
Ва он ҷигаргӯша наёмад ба канорам, чӣ кунам?
Эй табиб, ин ҳама заҳмат макашу ранҷ мабар,
Зор мемирам, агар ҷон насупорам, чӣ кунам?
Дардмандон ҳама аз сабр қароре гиранд,
Чун ман аз дарди ту бесабру қарорам, чӣ кунам?
Гар чу мурғони хазондида малулам, чӣ аҷаб?
Гул намебинаму озурдаи хорам, чӣ кунам?
Халқ гӯянд: Ҳилолӣ, чӣ кунӣ гиряи зор?
Гиря рӯ медиҳаду ошиқи зорам, чӣ кунам?
Ҷони ман, ҷону дили хеш нисори ту кунам,
Буду нобуд ҳама дар сари кори ту кунам.
То дигар дур наяфтад зи рухат мардуми чашм,
Хоҳамаш барканаму холи узори ту кунам.
Ҳамчу саг бо ту саросемаам, эй турфа ғизол,
Меравам дар ҳавас, он гоҳ шикори ту кунам.
Эй гули тоза, ки дер омада, пеши назар,
Зуд магзар, ки тамошои баҳори ту кунам.
Моҳи ман, сӯи Ҳилол, бигузар аз сари меҳр,
Сурмаи дидаи гирён зи ғубори ту кунам,
Эй моҳи ману шоҳи сипоҳи ҳама хубон,
Хубон ҳама шоҳанд, ту шоҳи ҳама хубон,
Он ҷо, ки ту бар маснади иззат бинишинӣ,
Барбод равад ҳашмату чоҳи ҳама хубон.
Аз ҳайрати он чашм, ки бе сурма сиёҳ аст,
Хун меравад аз чашми сиёҳи ҳама хубон.
Сӯям назаре кун, ки басе хубтар афтад,
Аз он чашм нигоҳе зи нигоҳи ҳама хубон.
Хубон чу саросар ҳама дар роҳи ту хоканд,
Хок аст сарам бар сари роҳи ҳама хубон...
Пурсед, ки он зӯҳраҷабин кист, Ҳилолӣ?
Хуршеди ҳама оламу моҳи ҳама хубон.
Эй ҳамчу парӣ аз мани девона рамида,
Сад бор маро дидаву гӯё ки надида.
Дарёб, ки мотамзадае рӯзи фироқат,
Ҳам чеҳра харошидаву ҳам ҷома дарида.
Эй доғ бар он ошиқи маҳрум, ки ҳаргиз
Не бо ту сухан гуфтаву не аз ту шунида.
Ин ашки ҷигаргун аҷабе нест, ки имрӯз
Хори ғами ӯ дар ҷигари реш халида.
Озурда шуд аз чашми ман имшаб кафи поят,
Дардо, ба кафи пои ту осеб расида!
Он дил, ки на ғам хӯрдию не оҳ кашидӣ,
Аз дасти ғамат, оҳ, чӣ гӯям, чӣ кашида!
Бар рӯи ту ин қатраи хун чист, Ҳилолӣ?
Гӯё ки ба рӯи ту дил аз ғусса давида.
Туро, ки ҷони мани, сохт нотавон рӯза,
Надонам, аз чӣ сабаб шуд балои ҷон рӯза,
Закоти ҳусн бидеҳ, сӯи моҳу рӯза мабин,
Ки ин закот басе беҳтар аст аз он рӯза.
Забону коми туро рӯза беҳаловат сохт,
Надошт шарме аз он кому он забон рӯза.
Зи баски бар дару бом офтоби талъати туст,
Ба хонаи ту кушодан наметавон рӯза.
Расида даври гулу рӯза дар миён омад,
Куҷост ид, ки бархезад аз миён рӯза.
Дар интизори шаби иду нури маҷлиси ёр
Сиёҳ гашт ба чашми ҳама ҷаҳон рӯза.
Зи моҳи рӯза, Ҳилолӣ, фиғон макун ҳама рӯз,
Хомӯш бош, ки зад мӯҳр бар даҳон рӯза.
Чанд расво шавам аз ишқ мани шайдоӣ?
Ишқ хуб аст, валекин на бад-ин расвоӣ.
Хостам пеши ту гӯям ғами танҳоии хеш,
Омадӣ сӯи ману рафт ғами танҳоӣ.
Масти ишқем, агар ҳеҷ надонем, чӣ ғам,
Завқи нодонии мо беҳ зи ғами доноӣ.
Бар замин ҷилва намудӣ, фалак аз рашк бисӯхт,
Ки фалакро малаке нест ба ин зебоӣ.
Сарву гул нозуку раъност, вале натвон ёфт,
Гул ба ин нозукию сарв ба ин раъноӣ.
Дар чаман пеши ту рашк аст зи наргас моро,
Гарчи машҳури ҷаҳон аст ба нобиноӣ.
Рафтию дер шуд айёми фироқат, чӣ кунам?
Зуд боз ой, ки мурдам зи ғами танҳоӣ.
Чун саги туст Ҳилолӣ, дигараш манъ макун,
Ки «дар ин кӯй чаро меравию меоӣ».
Эй гулистони ҷамолат дар камоли хуррамӣ,
Олам аз номи ту пур шуд, нозанини оламӣ.
Хирмани Одам чу баҳри донае барбод шуд,
Чун кунад бо донаи холи ту мискин одамӣ?
Мурдаи садсоларо дар як нафас ҷон медиҳӣ,
Бо ту кай бошад Масеҳоро маҷоли ҳамдамӣ?
Синаро гуфтам, ки беғам шав, дили ғамнок гуфт: «Бо ғамаш ҷое, ки ман бошам, чӣ ҷои беғамӣ».
Гар Ҳилолӣ аз дарат маҳрум шуд, тадбир чист?
Дар ҳарими он ҳарам1 касро набошад маҳрамӣ. **************************************************
Эй нури худо дар назар аз рӯи ту моро,
Бигзор, ки дар рӯи ту бинем худоро.
То накҳати* чонбахши ту ҳамроҳи сабо шуд,
Хосияти Исост* дами боди саборо.
Пеши ту дуо гуфтаму дашном шунидам,
Харгиз асаре беҳтар аз ин нест дуоро.
Он рӯз ки таълими ту мегуфт муаллим,
Бар лавҳи ту нанбишт магар ҳарфи вафоро?
Ҳарчанд ки хубон ҳама дар роҳи ту хоканд,
Ҳайф аст, ки бар хок ниҳй он кафи поро.
Мехостам осуда ба кунҷе бинишинам,
Болои* ту ногоҳ барангехт балоро.
Гар ёр кунад майли Ҳилолӣ, аҷабе нест,
Шоҳон, чӣ аҷаб, гар бинавозанд гадоро.
Накҳат — бӯи хуш.
Исо — номи пайғамбаре, ки мувофиқи афсона гуё аз дами худ мурдаро зинда мекард.
Боло — қад, қомат.
Ҷон хуш аст, аммо намехоҳам, ки ҷон гӯям туро,
Хоҳам аз ҷон хуштаре бошад, ки он гӯям туро.
Ман чӣ гӯям, ки он чунон бошад, ки ҳадди ҳусни туст?
Ҳам ту худ фармо, ки чунӣ, то чунон гӯям туро.
Ҷони ман, бо он, ки хос аз баҳри рафтан омадӣ,
Соате биншин, ки умри ҷовидон гӯям туро.
То рақибонро* набинам хушдил аз ғамҳои хеш,
Аз ту бинам ҷавру бо худ меҳрубон гӯям туро.
Баски мехоҳам, ки бошам бо ту дар гуфтушунид,
Як сухан гар бишнавам, сад достон гӯям туро.
Қиссаи душвори худ пеши ту гуфтан мушкил аст,
Мушкиле дорам, намедонам чӣ сон гӯям туро.
Хуштар аз меҳр аст ҳар ҷавре, ки бо ман мекунӣ,
Моҳи ман, хуш нест, гар номеҳрубон гӯям туро.
Ҳар куҷо рафтӣ,
Ҳилолӣ, оқибат расво шудӣ,
Ҷои он дорад, ки расвои ҷаҳон гӯям туро.
Рақиб— душман, рақобаткунанда.
Тарки ёрӣ кардию ман ҳамчунон ёрам туро,
Душмани ҷонию аз ҷон дӯсттар дорам туро.
Гар ба сад хори ҷафо озурда созӣ хотирам,
Хотири нозук ба барги гул наёзорам туро.
Қасди ҷон кардӣ, ки яъне даст кӯтаҳ кун зи ман,
Ҷон зи каф бигзораму аз даст нагзорам туро,
Гар бурун оранд ҷонамро зи хилватгоҳи дил,
Нест мумкин, ҷони ман, ки аз дил бурун орам туро.
Яки ду рӯзе сабр кун, эй ҷони бар лаб омада,
Аз он, ки хоҳам дар ҳузури дӯст биспорам туро.
Инчунин, ки аз савти мутриб* базми айшат бар садост,
Мушкил огоҳӣ шавад аз нолаи зорам туро.
Гуфтӣ: „Мехоҳам Ҳилолиро ба коми душманон",
Ин сазои ман, ки бо худ дӯст медорам туро.
Мутриб—навозанда ва хонанда; савти мутриб—овози хонанда ва навозандагон.
Бархез, то ниҳем сари худ ба пои дӯст,
Ҷонро фидо кунем, ки сад ҷон фидои дӯст.
Дар дӯстӣ мулоҳизаи маргу зист нест,
Душман беҳ аз касе, ки намирад барои дӯст.
Ҳошо, ки* ғайри дӯст кунад ҷо ба чашми ман,
Дидан наметавон дигареро ба ҷои дӯст.
Аз дӯст ҳар ҷафо, ки расад ҷои миннат аст,
Зеро ки нест ҳеҷ вафо чун ҷафои дӯст.
Бо дӯст ошно шуда бегонаам зи халқ,
То ошнои ман набувад ошнои дӯст.
Дар ҳалқаи сагони дараш меравам, ки боз Аҳбоб* сар зананд ба гирди сарои дӯст.
Дасти дуо кушод Хилолӣ ба ҳазратат,
Яъне ба даст нест маро ҷуз дуои дӯст.
Ҳошо, ки — мабод, ки..., худо накунад, ки..., зинҳор, ки...
Аҳбоб—ҳабибҳо, дӯстон.
ДАР СИФАТИ ДАЛЕРӢ
Аз маснавии «Сифотулошиқин»
Дар баёни шуҷоат ва далерӣ
Биё, эй бедили аз кор монда,
Зи бим андар паси девор монда.
Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст,
Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст.
Диле, ки аз ҳайбати оҳе биларзад,
Бари соҳибдилон коҳе наярзад.
Далероне, ки дур аз бим буданд,
Сипаҳсолори ҳафт иқлим буданд.
Чӣ хуш гӯянд мардони ҷигардор,
Ки: «Пое пеш неҳ, дасте бурун ор!»
Ки аз ин даст аз ҳама кас пеш бошӣ,
На инро аз ҳама кас беш бошӣ...
Сари душман давон аз тан ҷудо кун!
Вагарна рав сари худро фидо кун!
Зи ғайрат гар яке мардонагӣ кард,
Ту гӯӣ: «Ҷоҳиле девонагӣ кард».
Магӯ ҷоҳил, ки ҷои ғайрат аст ин,
Беҳ аз сад оқили беғайрат аст ин.
Матарс аз ҷон, ки гар дил тарснок аст,
Ҳам аз бими худаш бо ҳам ҳалок аст.
Қавидил шав, ки дар майдони мардӣ,
Гар аз куштан битарсӣ, кушта гардӣ
ДАР СИФАТИ ВАФОДОРӢ
Аё ҷонон, вафодорӣ биёмӯз,
Зи ёрон шеваи ёрӣ биёмӯз!
Ба ҳар кас рӯзи неъмат аҳд бастӣ,
Фаромӯшаш макун дар тангдастӣ!
Набояд рӯзи аввал аҳд бастан,
Пас аз бастан намебояд шикастан.
Вафо сарриштаи аҳд аст, зинҳор,
Ки ин сарриштаро аз даст магзор,
Тариқе хуштар аз таври вафо нест,
Вале афсӯс, ки он дар аҳди мо нест.
Вафо гар з-он ки дар олам набошад,
Чӣ бошад, гар ҷафое ҳам набошад.
Нашояд ҳар замон ёре гирифтан,
Зи ёрон дар дил озоре гирифтан
Гуле, ки он ҳар замон бошад ба ҷое,
Намеояд аз ӯ бӯи вафое.
Ба мутриб мӯҳтасибро з-он бувад ҷанг,
Ки ҳар дам дар мақоме дорад оҳанг.
Саге, ки ӯ рӯзу шаб ҳар ҷо муқим аст,
Зи ёрони вафодори қадим аст.
Касе, ки аз дӯстӣ берун ниҳад пай,
Дар оини вафо саг беҳтар аз вай,
Ба ёрон чун вафодорӣ намудӣ,
Вафо варзидию ёрӣ намудӣ,
Зи кӯи ӯ қадам натвон кашидан,
Ба роҳи ӯ ба сар бояд давидан.
ДАР СИФАТИ ОДОБ
Надонам, ки ин ҳама тарки адаб чист,
Ҳади худро намедонӣ, сабаб чист?
Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой,
Зи ҳар ҷониб, ки ҳастӣ дар миён ой.
Адаб ороиши афъол бошад,
Адаб осоиши аҳвол бошад.
Фурӯғи зоҳир аз ороиши ӯст,
Фароғи ботин аз осоиши ӯст.
Адаб маҷмӯаи ҳусну ҷамол аст,
Ба ҳар ҷо дар камолу эътидол аст,
Ба ин мизон агар худро бисанҷӣ,
Наранҷанд аз тую худ ҳам наранҷӣ.
Чу биншинӣ, чунон бояд ки шояд,
Чу бархезӣ, чунон шояд ки бояд...
Сухан бо маҳрамон бояд чунон гуфт,
Ки бо ағёр дар маҷлис тавон гуфт.
Чаро сомеъ ниҳад бар нуктае гӯш,
Ки бояд кардан аз хотир фаромӯш.
Манеҳ бар ҳарфи кас зинҳор ангушт,
Ки афтад чун қалам ангушт аз мушт,
Адабро раҳбари кӯи талаб кун!
Вагарна нафси саркашро адаб кун!...
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё