Зеҳн

Бадриддин Ҳилолӣ - Маснавиёт

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 28 дақиқа хондан

Маснавиёти Ҳилолӣ

Баъди он ки Ҳилолӣ шоири машҳури ғазалсаро гардида, дар байни аҳли илму адаб эътибори сазовор меёбад, баъзе адибон ӯро таъна мекунанд, ки ҳамаи ин шӯҳрату дағдаға танҳо дар ғазал аст ва иқтидори ӯ ба сароидани маснавӣ намерасад. Пас аз ин Ҳилолӣ ба гуфтани маснавиҳо низ камари ҳиммат мебандад. Нахустин маснавии Ҳилолӣ достони «Шоҳу Дарвеш» буд. Ҳилолӣ дар қиссаи «Лайливу Маҷнун» доир ба тартиби таълиф гардидани маснавиҳояш мегӯяд: Аввал сухане ки гуфт аз ин пеш Афсонаи шоҳ буду дарвеш. Зебогуҳаре зи баъди он суфт, Назме зи сифоти ошиқон гуфт. Гуфт аз паи он китоби мавзун, Афсонаи ҷонгудози Маҷнун.

Маснавии Шоҳу Дарвеш («Шоҳу Гадо)

Кадом солҳо таълиф ёфтани маснавиҳои Ҳилолӣ маълум нест. Аммо то соли 913/1508 таълиф гардидани маснавии «Сифотулошиқин» маълум аст. Аз ин ҷо, ки «Шоҳу Дарвеш» маснавии нахустин аст, пас вай то маснавии дуюми Ҳилолӣ иншо шудааст. Хондамир дар «Хулосатулахбор» (с. таълиф 905/ 1499) танҳо ашъори лирикии Ҳилолиро, дар «Ҳабибуссияр» (с. итмом 1524) ҳар се маснавиро ном мебарад. Пас ҳамаи маснавиҳои шоир баъди санаи 1500 то соли 1522 таълиф ёфтаанд. Чунки Фахрии Ҳиротӣ низ дар тарҷумаи «Маҷолисуннафоис» (с. тарҷума 1521/22) ҳар се маснавии Ҳилолиро хотирнишон мекунад. Маснавии «Шоҳу Дарвеш»-и Ҳилолӣ ҷанбаи тасаввуфи дошта, дар ин замина вай бо мундариҷаву ғояи худ хилофи тартиботи ҳукмрони табақоти замон воқеъ гардидааст. Достон аз 28 боб иборат аст ва бо баҳри хафиф (фоилотун мафоилан фаъулан) таълиф ёфтааст.

Сохт ва мазмуни мухтасари достон

Дар бобҳои I—III ба таври анъанавӣ шукри илоҳиву наъти пайғамбар, ақоиди тасаввуфии шоир ва дар боби IV ситоиши сухан омадааст. Асли мазмуни достон, ки ишқи Шоҳу Дарвеш аст, аз боби VI оғоз меёбад. Дарвеше дар кӯҳу саҳро саргардон мегашт. Гоҳ мисли Фарҳоду гоҳе ҳамчун Маҷнун умр ба сар дошт. Аммо дар дил ҳавои дӯстеро мепарварид. Рӯзе ӯ ба ҷое мерасад, ки мактабхона буд. Дар он мактаб мисли ҷавонони дигар шоҳзодае ба лақаби Шоҳ таҳсил дошт ва бисёр зебову доно буд. Байни Дарвешу Шоҳ тарҳи дӯстӣ пайдо мегардад (боби XI). Бобҳои VIII—XI ба дӯстиву рафоқати ин ду ҷавон бахшида шудааст. Аз боби дувоздаҳум ба арсаи ҳаракат қаҳрамони сеюми достон—Рақиб ворид мегардад. Рақиб шаҳнаи шаҳр буд. Ӯ дар байни дӯстии ин ду ҷавон тафриқа гузошта, онҳоро аз якдигар ҷудо мекунад. Баъди ин Шоҳ гоҳе баҳри дидани дидори Дарвеш ба боми қалъае мебаромад. Дарвеш пайваста сӯи бом менигарист. Рақиб аз ин ҳол огоҳ шуда, бо ғарази фитнаҷӯӣ Дарвешро офтобпарасти кофир мехонад. Халқи шӯрида Дарвешро ба куштан таҳдид менамояд. Дарвеш ба навъе раҳо ёфта мегурезад (бобҳои XIII—XIV). Дарвеш аз гу-резгаҳи худ аз кабӯтар ба Шоҳ нома мефиристад. Шоҳ дар иштиёқи дидори Дарвеш дар канори шаҳр, ки и ба Дарвеш наздик буд, бозии тиру камон барпо мекунад. Дарвеш ниҳонӣ ба ин бозигоҳ меояд ва онҳо дидор мебинанд (боби ХХ). Бобҳои XVI— XVII ба тасвири шикоргоҳ, боби XVIII ба мунозираи тиру камон ва сулҳи байни онҳо ихтисос ёфтаанд. Дар ин маврид низ Шоҳу Дарвеш бо ҳам мулоқотҳо мекунанд. Аммо тӯдаи айбҷӯе аз асрори Шоҳу Дарвеш хабар ёфта, муқобили Шоҳ мешӯранд, ки чаро ӯ бо Дарвеши гадо дӯстӣ намуд. Ин овоза то Рақиб мерасад. Рақиб онҳоро аз нав ҷудо мегардонад. Шоҳ ба шикору Дарвеш роҳи биёбону улфатии вуҳушро пеш мегирад (бобҳои XIX—ХХ). Дар боби XXI—XXIII тасвири фас-ли баҳор, наврӯз, шикоргоҳ ва аз нав бо ҳам дидорбинии Шо-ҳу Дарвеш омадааст. Рақиб аз ин ҳол низ хабар ёфта, онҳоро ҷудо мегардонад. Дар боби XXIV— аз гармо бемор гардидани Шоҳ ва дар лаби дарё сиҳат ёфтани ӯ сухан меравад. Дар боби XXV Шоҳ пас аз сиҳат ёфтани худ ба шикор мебарояд ва бо Дарвеш дучор гардида, ҳамчун рамзи дӯстӣ ба ӯ ан-гуштаринашро медиҳад. Дар ин вакт Шоҳ хабар меёбад, ки падараш Хисрав сахт бемор аст. Хисрав вафот мекунад ва ба маснад Шоҳ мешинад (боби XXVI). Хисрав насиҳат карда буд, ки Шоҳ бояд одилу фуқаропарвар бошад, фақиру нотавон ва дарвешонро ҳаргиз фаромӯш накунад. Шоҳ мамлакатро аз рӯи ҳамин насиҳат идора мекунад ва ба дӯсти худ Дарвеш мурувватҳо менамояд. Дар ин ҳангом ба кишвар душман тохт меоварад. Рақиб ин тохтро аз касофати иттиҳоди Шоҳу Дарвеш маънидод мекунад. Боби XXVII бо пирӯзии Шоҳ бар душман анҷом мепазирад. Дар ин ҷанг ҷуз Рақиб касе намемирад. Дар давоми ҷанг Шоҳ боварӣ ҳосил мекунад, ки воқеан Дарвеш дӯсти вафодори ӯст. Боби XXVIII достон бо шукри Ҳилолӣ анҷом меёбад, ки ӯ тавонист, даҳони душманашро бо таълифи ин достон бастааст: Ҳар кӣ дам зад забони ӯ бастам, Сеқр кардам, даҳони ӯ бастам. Чунон ки аз мазмуни достон аён аст, дар ин асар асосан чор қаҳрамон: Дарвеш, Шоҳ, Хисрав, Рақиб ва тӯдаи одамон амал мекунанд. Се қаҳрамони аввал мусбат ва охирин манфист. Ҳилолӣ дар образи Дарвеш шахси ҷафокаш, аммо марди ростқавли поктинат, донову ҷӯёи ростиву дӯстӣ ва ҳақиқатро тасвир кардааст. Дарвеш ҳаргиз зоҳиди хилватнишин набуд. Вай дар кӯҳу саҳро саргардон аст. Пайваста аз паи мақсад аст. Дар ин роҳ ӯ аз ҳеҷ душворӣ, таънаву маломатҳои душман ҳазар надорад. Агар зарур ояд ӯ қодир аст, ки кори Фарҳодро иҷро намояд. Дарвеш дар роҳи мақсади худ сахт устувор аст. Аз ин ҷост, ки ӯ якчоя бо Шоҳ бар ҳамаи душвориҳо ва душманон пирӯз мегардад. Иттиҳоди Шоҳу муздурон шикастнопазир мебошад. Қаҳрамони дуюми асар Шоҳ аст. Шоҳ ҷавони зебо, қобилу доно, бомулоҳиза, шахси оддӣ ва мададгори раияту нотавонон аст. Бо вуҷуди мақому насаб ӯ бо Дарвеш дӯсти вафодор мегардад. Дар оини мамлакатдорӣ вай насиҳати падари худ Хисравро фаромӯш намекунад. Ҳилолӣ образи Шоҳро бо насиҳати одилонаи Хисрав такмил медиҳад. Дар образи Хисрав давлатдории подшоҳи адолатпарвар, оқилу дурандеш ва ғамхори раияту кишвар таҷассум ёфтааст. Ин хислати Хисрав, махсусан ҳангоми насиҳати писараш хуб ифода гардидааст: Адл пеш ору подшоҳӣ кун, Зулм бигзору ҳар чӣ хоҳӣ, кун. Сар мапеч аз ризои дарвешон, Ки сарафрозй оламанд эшон. Ҳилолӣ ба образи подшоҳи одилу фуқаропарвар образи Рақибро, ки таҷассуми ҳамаи қувваҳои иртиҷоист, муқобил мегузорад. Рақиб душмани дӯстиву иттиҳоди Шоҳу Дарвеш аст. Ба тасаввуроти Рақиб бояд Шоҳ бо табақаи ашрофу оли ва Дарвеш бо табақаи муздури поён рафоқату дӯстӣ варзад. Рақиб намехоҳад, ки имтиёзи табақоти иҷтимоии замона халалпазир бошад. Худи Ҳилолӣ ин образро бисёр бад мебинад. Ҳилолӣ кирдори Рақибро барои он сахт маҳкум мекунад, ки «Баҳри озори халқ дар дасташ шакли каждум гирифта ангушташ» буд. Зоҳиран Ҳилолӣ дар ин асар ақидаи тарбияву ахлоқӣ ва адлу додгустариро тарғиб мекунад. Ин ақида гӯё аз ибтидо то интиҳои маснавӣ густурда шудааст. Аммо дар замири ин ақида тарғиби ҷамоати баробарию бародарӣ, дӯстиву рафоқат ва иттиҳоди табақоти иҷтимоӣ хобидааст. Таҷассуми бадеии ин сидқу вафо дӯстии Дарвешу Шоҳ аст. Дар он шароити тафриқоти иҷтимоӣ тарғиб гардидани ақидаи баробарию бародарӣ ва садоқату дӯстии одамон, махсусан подшоҳу дарвеш ҷасорати бузурги адабӣ буда, танҳо аз консепсияи гуманистии шоир сарчашма мегирифт. Дар шароити ҳукмфармои феодалӣ ба воситаи тарғиби баробарию бародарӣ ва иттиҳоди табақот инкор кардани имтиёзи иҷтимоӣ афкори табақаи болоро ба ғазаб наоварда наметавонист. Аз ин ҷост, ки ҳарчанд Бобур Мирзоро чанде абёти ин маснавӣ писанд аст, вале ӯ «мазмуну устухон-бандй»-и маснавиро «бисёр тиҳиву хароб» мешуморад. Чунин баҳои ин феодали бузург баҳои холисонаи як адиб нест, балки вай маънии сотсиалӣ дошта, моҳиятан муносибати манфии табақаи ҳукмрони болонишин буд. Дар поёни достон баъди душвориҳои зиёде ба мурод расидани Шоҳу Дарвеш, яъне ғояи тантанаи адлу дод, рафоқату дӯстӣ ва барҳам хӯрдани имтиёзи табақот аз моҳияти баланди ғоявӣ ва адабию эстетикии ин асар гувоҳӣ медиҳад. Чунин ғоя дар саросари лирикаи Ҳилолӣ низ ба тарзҳои гуногуни бадеӣ ифода гардидааст. Тафовут он аст, ки дар маснавии «Шоҳу Дарвеш» ин идеали бадеӣ бо ғояи тасаввуфӣ бештар ва дар лирикаи шоир камтар омезиш ёфтааст. Ҳилолӣ дар тарғиби чунин идеали бадеӣ пайрави Низомиву Ҷомӣ ва Навоӣ аст. Аммо воситаи ифодаи Ҳилолӣ, ки маҳз муносибати Шоҳу Гадоро интихоб кардааст, бештар махсуси худи ӯст. Дар «Шоҳу Дарвеш»-и Ҳилолӣ таъсири «Гӯю чавгон»-и Орифӣ (с. 1449) низ ҳаст. Ҳилолӣ бо ин асари худ ба маснавии «Шоҳу Гадо»-и Музҳаб таъсири калон гузоштааст.

Маснавии «Сифотулошиқин»

Ин асар монанди «Шоҳу Дареш» ба ҷумлаи маснавиҳои пандуахлоқӣ дохил мешавад. Дар ин ҷо мисли «Махзануласрор»-и Низомӣ, «Матлаъуланвор»-и Амир Хисрав ва «Тӯҳфатулаҳрор»-и Ҷомӣ ақидаҳои панду ахлоқии шоир ба воситаи панду насиҳат ва ҳикоятҳои ибратбахши ахлоқӣ тарғиб мегардад. Асар аз бист боб иборат буда, ҳар боби он ба як масъалаи муҳимми зиндагӣ, ба монанди далериву родмардӣ, сидқу вафо, дӯстӣ, ҳиммату ҳаё, саховату эҳсон, одоби сухан ва амсоли инҳо бахшида шудааст. Ҳилолӣ ба ин асар сифатҳои ошиқон ном гузошта, бо ҳамин дар пайравии гузаштагони худ ба маснавӣ зоҳиран моҳияти улвӣ бахшидааст. Ҳилолӣ мувофиқи истилоҳоти фалсафаи тасаввуф ба сифатҳои «ёр»-и заминӣ ҷанбаи илоҳият ва шахси ошиқи воқеӣ муштоқу ҷӯёи аслро омехтааст. Бо вуҷуди ин, «Сифотулошиқин» аз ҷумлаи маснавиҳои тасаввуфӣ нест. Зотан дар ин маснавӣ яке аз масъалаҳои муҳимми ҷамъияти замони шоир ахлоқи писандида ва ҳамидаи одамон ба воситаи истилоҳоти тасаввуфӣ ба миён гузошта шудааст, ки ҳалли дурусти он дар сиҳат сохтани одобу рафтори зиндагии ҷамъияти муаллиф аҳамияти бузург дошт. Дар ин маснавӣ ақоиди танқидии Ҳилолӣ гоҳе хеле далерона ифода ёфтааст. Агар дар маснавӣ ҷанбаи тасаввуфӣ намебуд, ҳаёти шоир дар хатар мемонд. Дар ин байт ӯ ба аҳли доро ва табақаи ҳукмрони замон хитобан мегӯяд: Ситамгаро, ба эҳсон хӯ накардӣ, Ҳама бад кардию некӯ накардӣ! Дар абёти поин низ гуфтааст: Ҷафокоро, вафодорӣ биёмӯз! Зи ёрон шеваи ёрӣ биёмӯз!... Тариқе хуштар аз меҳру вафо нест, Вале, афсӯс, ки он дар аҳди мо нест! Асли маснавӣ аз боби сеюм оғоз ёфта, бобҳои якуму дуюми он ҳамчун анъана дар муноҷоти илоҳию наъти пайғамбар аст. Боби нуздаҳуми асар дар узлат ва бистум дар тавҳиди худованд аст. Дар ин ду боб низ ақидаҳои диниву тасаввуфии шоир баён гардидаанд. Ҳилолӣ дар шонздаҳ боби дигар бар хилофи афъоли бад ва ахлоқи нописанди ҳукмфармои замона, беҳтарин ва олитарин сифатҳои инсониро, ки боиси ҳар фарди ҷомеаи ӯ сазовор бошад, бо васфу ситоишҳо тарғиб мекунад. Ҳилолӣ дар ин бобҳо монанди маснавиҳои Низомӣ, Амир Хусрав ва Ҷомӣ бисёр маврид дар ии ё он масъалаи муҳим, аз ҷумла дар вафо, саховат, шуҷоат, сабр ва ҳиммат ақидаи худро ба таври муҷаррад пеш меронад ва сипас дар тасдиқаш аз рӯйдодҳои зиндагӣ мисолҳо меорад. Чунончи, ӯ боби чаҳоруми маснавиро ба тарғиби «хулқи хуш» бахшидааст. Вай дар ин боб ақидаи худро нахуст аз накӯҳиши хулқи бад ва танқиди ҷафоҷӯӣ оғоз намуда, сипас ба баёни фазилатҳои хулқу хуш мегузарад: Ҷавоно чанд бадхӯӣ тавон кард?! Зи хӯи бад ҷафоҷӯӣ тавон кард? Ту инсонӣ, тариқи деву дад чист? Ба он рӯи накӯ ин хӯи бад чист? Накӯҳӣ аз дари роҳат дарояд. Чу гул ҳар ҷо, ки бошад хуш барояд... Баъд дар исботи фазилатҳои хулқу хуш тамсиле аз ҳаёт нақл мекунад: Ду.маъшуқаи соҳибҷамол буданд, яке бо хулқи хуш оқилонро девона менамуд ва ҳама дар ҷустуҷӯи сӯҳбати хуши ӯ сӯяш мешитофтанд, дигаре аз хӯи баду суханони дурушт ошиқони волоро аз худ дуру бегона месохт. Боби шашум дар шуҷоат аст, ки дасти мардӣ кушода, пои мардиро ба пеш мениҳад. Дар ин боб низ шоир суханро нахуст аз танқиду коҳиши буздилони замона шурӯъ мекунад: Биё, эй бедили аз кор монда, Зи бим андар паси девор монда... Баъди ин Ҳилолӣ ба ситоиши фазилатҳои мардию далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ мегузарад: Далерӣ кун, ки майдон аз далер аст, Агар рӯбаҳ далер афтод, шер аст. Далероне, ки дур аз бим буданд, Сипаҳсолори ҳафт иқлим буданд. Ба як дам оламеро фатҳ кардан, Беҳ аз нанги ҳама олам ба гардан. Агар сад бор зери санг бошӣ Аз он беҳтар, ки зери нанг бошӣ. Шоир дар исботи фикр тамсиле меорад, ки мазмуни мухтасараш ин аст: «Шере ба гурӯҳи одамон ҳамла меорад. Дар лаҳзаи душворӣ дастае дар халоси ҷони хеш мегурезанд ва ҳаёти дигаронро зери хатар мегузоранд. Аммо дастаи далероне бар шер пирӯз омада, гурехтагонро низ нобуд месозанд, то бори дигар дар гурӯҳ ҳарос наёранд. Дар ин боб Ҳилолӣ гуфтан мехоҳад, ки фарзанди инсон бояд дар зиндагӣ далеру часур буда, дар ҳифзи танҳо тани худ не, балки дар ҳимояи ҷомеа обу хоки кишвар ва шарафу номуси он ҳатто аз марг наҳаросад ва зарур ояд, ҷон нисор намояд. Касе, ки дорои чунин хислат нест, ӯ марази ҷомеа аст ва мебояд, ки ҷомеа аз чунин мараз орӣ бошанд. Боби ҳафтум дар фазилати ҳимматбаландӣ аст. Ҳилолӣ дар ин боб бар хилофи камҳимматони ҷомеаи худ мардуми замонаро ба ҳаракату ғайрат ва родмардиву ҳимматбаландӣ даъват мекунад. Ба ақидаи шоир, дар зиндагӣ касе бо кӯшишу ғайрат ва эҳтимом умр ба сар бурд, ҳатман дар дили мардум бо некномиву саодатмандӣ ва баландҳимматии худ ҷовидон хоҳад монд. Ҳилолӣ ба далели ин мулоҳизаи ибратбахш ба таври тамсил ҳикояти Фарҳоди кӯҳканро меорад, ки ӯ бо ҳиммати баланд ҷиҳати Ширин дар санги хоро ҷӯи ширу ҳавзи об канда, бо ин ҳунармандӣ Ширинро ҳалқадаргӯши худ гардонда буд: Аз он з-аҳли саодат гашт Фарҳод, Ки ҳиммат басту ҷӯи шир бикшод. Зи ҳиммат санги хоро гар накандӣ, Назар бар лаъли Ширин кай фикандӣ? Ба ҳиммат кӯҳро аз пеш бардошт, Аҷаб санге зи роҳи хеш бардошт. Боби ҳаштум дар эҳсон буда, шоир онро нахуст аз муроҷиат ба золиму ситамгарон оғоз мекунад. Вай ба золимони замона хитоб мекунад, ки дар ин рӯзгор ситамгарӣ аз интиҳо гузашт. Бояд шумо тариқи хайру эҳсонро пеш гиред ва ба бечораву нотавонон раҳму шафқат намоед. Ӯ дар исботи фазилатҳои эҳсон ҳикояте меорад, ки ҳатто Маҷнун ба сабаби эҳсоне, ки саги Лайлиро мекунад, ба висоли ёр мерасад. Боби нӯҳуми маснавӣ дар фазилати тавозӯъ. Дар ин боб шоир суханро аз маҳкум сохтани афъоли нописанди такаббурои шурӯъ мекунад. Вай окибати рафтори такабурронро, ки ба шахси мағрур маҳ-румиятҳои бешуморе меорад, нақл намуда, сипас таъкид мекунад: Биё, эй аз такаббур маст гашта, Зи фикри сарбаландӣ паст гашта! Тавозӯъ кун, ки ёбӣ арҷмандӣ, Фурӯтан шав, ки бинӣ сарбаландӣ. Такаббур сарбаландонро кунад паст, Тавозӯъ зердастонро забардаст... Кашӣ гар аз такаббур сар бар афлок, Нишинӣ ҳамчу оташ зуд бар хок! Ҳилолӣ дар ин боб кирдори одамони мутакаббиру хислати фурӯтаниро ба якдигар муқоиса намуда, сипас дар исботи фазилатҳои хислати тавозуву фурӯтанӣ тамсиле меорад, ки дар он шахси ошиқ ба шарофати тавозӯи хеш аз санги маломати душман дар амон мемонад. Ба мисли ин Ҳилолӣ дар дигар бобҳои маснавӣ низ мувофиқи тасаввуроти пешқадами он замона фазилатҳои адабро бар беадабӣ, ҳаёро бар беҳаёӣ, қаноатро бар ҳирсу оз, камгӯиро бар пургӯӣ ва монанди инҳо дар муқоисаву муоина ва мисолҳои зиёди ибратомӯз нишон додааст. Аз ҷумлаи ин мулоҳизаҳо назари шоир ҷиҳати фавоид (боби 16) аст. Дар ин боб Ҳилолӣ аз фазилатҳои фавоид сухан меронад. Ба ақидаи Ҳилолӣ, инсон олитарин падидаи худованд аст. Аз ин рӯ, пайваста ӯ ба некиву накӯкорӣ ва хушахлоқӣ бикӯшад, то аз худ кору номи неке боқӣ гузорад, ки он бархури манфиати ҷомеа бошад. Шоир таъкид мекунад, ки мақсади зиндагии инсон мисли афъоли нописанди абнои замон танҳо хӯрдану шикам боло кардан, варзидани бухлу ҳасад ва кинаву адоват набуда, балки ошомидани таом баҳри зиндагиест, ки аз он инсон қувват ёфта, корҳои неку писандида ва судбахшеро бипардозад. Дар ин боб низ Ҳилолӣ риштаи суханро аз лаъну танқиди одамони пурхӯри замона сар кардааст. Аз ҷумла, ӯ мегӯяд: Биё, эй чун магас бар гирди хонҳо, Давон чун саг ба бӯи устухонҳо, Ба хӯрдан то ба кай олуда будан?! Хушо камхӯрдану осуда будан! Зани пурбор бошад марди пурхор, Ки аз ӯ сад нохушӣ зоид ба як бор! Танӯри маъдаро пурдуд кардӣ, Сафои дил бухоролуд кардй... Гар аз хурдан шавад қадри касон беш, Пас аз мурдан сагон бошад дар пеш. Чаро коре кунад фарзанди одам, Ки бояд будан ӯро аз сагон кам! Ҳилолӣ дар тақвияти ин ақида ба таври тамсил ҳикояте меорад, ки мувофиқи он дар мамлакат қаҳтсолӣ меояд. Ҳамаи пурхӯрон зуд аз гуруснагӣ мемиранд. Аммо онҳое зинда мемонанд, ки дар сар нашъаи ишқ доштанду таом аз меъёр камтар мехӯрданд ва иродаи пуртоб ба сахтиву душвориҳо парвариданд. Аз мазмуни мундариҷаи «Сифотулошиқин» хуб ошкор аст, ки муаллиф ин маснавиро дар пайравии Низомиву Саъдӣ ва Хусраву Ҷомӣ маҳз ҷиҳати тарбияи ахлоқу одоби ҷамъияти худ таълиф намудааст. Ин маънӣ дар хотимаи маснавӣ ба равшанӣ таъкид гардидааст: Навиштам номае дар некномӣ, Ки Хусрав офарин карду Низомӣ. Калиди «Махзануласрор» бо ӯст, Фурӯғи «Матлаъуланвор» бо ӯст, «Гулистон» аст дар вай «Бӯстон»-ҳо, Дар авроқаш навишта достонҳо. Баъди ин гуфтаҳо шубҳае боқӣ нест ки ин «номаи некномӣ»-ро Ҳилолӣ воқеан дар пайравии адибони инсонпарвари бузург, мисли «Беҳрӯзу Баҳром»-и Биноӣ дар муқобили «бадномиҳо», яъне ахлоқи фосиду бадкирдориҳои ҳукмфармои абнои замона таълиф кардааст. Аз ин ҷост, ки аз ибтидо то интиҳои маснавӣ симои Бадриддин Ҳилолӣ ҳамчун як муаллими бузурги ахлоқ ва инсонпарвари барҷастаи замона ба равшанӣ муҷассам мегардад. Ин симои муаллими инсондӯст хонандаро ҳам бо роҳи насиҳатхои бисёри муассир ва ҳам ба воситаи ҳикоятҳои тамсили дилпазир бо камоли ғамхорӣ водор мекунад, ки бар хилофи вайрониву фасодии ахлоқ, алайҳи кибру ғурур, ҷаҳолату нодонӣ, коҳиливу бедилӣ, тангчашмиву беҳаёӣ ва зулму ситами ҳукмфармои замона тариқи некномӣ: одобу ахлоқи солими писандида, ростиву рафоқат, адлу инсоф, дӯстии одамон ва ҳамагуна камолоти инсониро пеш гирад. Барои ҳамин ғояҳои олии инсондӯстӣ имрӯз мо Ҳилолиро на танҳо ҳамчун як шоири инсондӯсти барҷастаи замони худ, инчунин шоири даврони худ низ поси хотир медорем. Чунки ақидаҳои тарбиявию ахлоқии Ҳилолӣ дар такомули маънавии ҷамъияти имрӯзаи мо ҳам мададгор ҳастанд.

«Лайливу Маҷнун»

Ин маснавӣ охирин асари эпикии Ҳилолӣ буда, дар пайравии маснавиҳои ҳамноми Низомиву Хусрав ва Ҷомиву Навоӣ таълиф шудааст. Аммо Ҳилолӣ дар баёни сюжет, ташреҳу маънидоди қаҳрамонҳои маснавӣ барози навпардозиҳо бо тору пуд ва маънӣ асари тозаеро офаридааст. Ҳилолӣ дар хотимаи достон хизмати шоистаи он чор кохи бузурги назмро ба хуби эътироф намуда сипас мегӯяд: Ганҷи ман агар равад ба Ганҷа, Созад қадаме ба Ҳинд ранҷа, Бахшад дури назми худ Низомӣ, Хусрав диҳадаш хати ғуломӣ. «Лайливу Маҷнун»-и Ҳилолӣ бо интизому сомони худ аз 34 қисмату 27 боб иборат буда, панҷ қисми аввали он ба таври анъанавӣ ба муноҷоти илоҳиву наъти пайғамбар ва ситоиши Алӣ таъсис ёфтааст. Достон мисли маснавиҳои он чор кохи бузурги назм ба вазни ҳазаҷи мусаддаси ахраби мақбузи маҳфуз иншо шудааст.

Сомон ва мазмуни мухтасари маснавӣ

Сюжети достон аз тасвири рӯзгори бачагии Қайс ибтидо меёбад. Қайс бачаи пурташвише буда, ӯро падар барвақт ба мактаб медиҳад (боби 1.) Дар ин мактаб сад духтару сад писар таълим мегирифтанд, ки Лайлӣ низ байни онҳо буд. Қайсу Лайлӣ зеботарини онҳо буданд. Лайлӣ ба Қайс майле дошт (б. II): Рӯзе дар назди мактаб Қайс дучори Лайлӣ мегардад ва аз изти-роби ишқ беҳуш меафтад. Лайлӣ ба ӯ мадад мерасонад. Ин ҳолро яке аз бачагон мебинад. Аз қиссаи ишқи онҳо муаллим ва сипас модари Лайлӣ огоҳ мегарданд (б. III). Модар хоҳиш менамояд, ки Лайлӣ аз ин роҳи пурхатар баргардад. Лайлӣ ба сухани модар розӣ намешавад ва модар ӯро тамоман ба мактаб намефиристад (б. IV). Лайлӣ ишқи Қайсу худро ба модар изҳор мекунад. Қайси ҷудо аз Лайлӣ ақлу ҳуш гум мекунад (б. V). Аз ҳоли Қайс падар огоҳӣ ёфта, хоҳиш мекунад, ки ӯ аз сар ишқи Лайлиро дур намояд (б. VI). Аммо Қайс ба ин розӣ намешавад. Аз ин аҳвол хешовандони Қайс огоҳ мегарданд (б. VII). Оташи ишқи ҷавонон ба тадриҷ меафзояд. Қайс дар либоси гадо назди Лайлӣ меояд (б. VIII). Ишқи онҳо байни мардум фасона мешавад (б. IX). Қайс роҳи биёбонро пеш мегирад (б. Х). Падари Қайсро маслиҳат медиҳанд, ки ба ҳаким рӯ оварад- Ҳаким маслиҳат медиҳад, ки дар хона сурати Лайлиро дуруст намоянд. Қайсро ба душворӣ хона меоранд. Қайс мефаҳмад, ки ӯро фиреб додаанд (б. XI). Қайс ба кӯҳ мегурезад ва бо ҳайвоноти ваҳшӣ унс мегирад. Рӯзе Қайс аз дур чатри Лайлиро мебинад. Шаби маҳтобие Лайлӣ назди Маҷнун меояд ва то ғуруби маҳ ҳарду мулоқот мекунанд (б. XII). Пас аз ин Лайлӣ ба мазоре рафта, аз худованд талаб мекунад, ки ба ишқи онҳо бароре бидиҳад (б. XIII). Қайсро хешовандон ба хонааш меоранд ва аз он ҷо занҷирбанд назди табибе меоранд (б. XIV). Табиб давои дарди Қайсро танҳо дар васли Лайлӣ мебинад. Хешовандон ба умеди васли ин ду ҷавон назди падари Лайлӣ хостгорӣ мераванд (б. XV). Аммо падари Лайлӣ ба сабаби он ки Қайс савдоист, розӣ намешавад. Қайс аз ин ҳол ғамгин гашта бори дигар ба кӯҳ меравад (б. XVI). Ибни Саломи давлатманд мехоҳад, ки Лайлиро ба писари худ арӯс созад. Аммо Лайлӣ бо камоли ҷуръат изҳор мекунад, ки ӯ танҳо арӯси Қайс мегардад (б- XVII). Дар ин миён пиразане ба Қайс хабар мебарад, ки Лайлӣ ба шавҳари дигар мебарояд. Қайс ба Лайлӣ нома фиристода, ӯро дар бевафоӣ маломат мекунад (б. XVIII—XIX). Аммо Лайлӣ дар номаи ҷавоб ошиқро бовар мекунонад, ки дар сар ҳаргиз чунин андешаро роҳ намедиҳад (б. ХХ). Падари Қайсро маслиҳат медиҳанд, ки ӯ писарашро ҷиҳати табобат Каъба барад (б. XXI). Лекин Қайс ҳангоми тавоф аз худованд металабад, ки дар дили ӯ ишқи Лайлиро афзун гардонад. Падари ноком бо писар ба хона бармегардад. Қайс аз нав ба биёбон мешитобад (б. XXII). Қабилаи Лайлӣ ба чарогоҳи дигар мерафтанд. Дар роҳ ҷилави шутури Лайлӣ канда мешавад ва шутур ӯро сӯи Қайс мебарад. Онҳо шабро якҷоя мегузаронанд. Лайлӣ бо ҷуръати томе аз Маҷнун хоҳиш мекунад, ки ҳарду ҷое бираванд, ки касе онҳоро ҳаргиз пайдо накунад. Аммо Қайс ба хотири бадном насохтани шарафи Лайлӣ ин хоҳишро розӣ намешавад. Субҳгоҳон Лайлӣ сӯи қабилаи худ меравад. Ӯ Қайсро қавл медиҳад, ки ба ин ҷо бори дигар меояд. Қайс дар ҷои ваъда Лайлиро як сол интизор мешавад. Ӯ ба умеди дидори ёр тавре интизорӣ мекашад, ки бар сараш паррандагон лона мегузоранд (б. XXIII). Аз чунин ҳоли Қайс Наъфал огоҳӣ меёбад ва дар назди қудрати беҳамтои муҳаббати ӯ сари таъзим фуруд меорад. Нафъал ваъда медиҳад, ки Лайлиро хоҳ ба қимати зар ва хоҳ бо зарби шамшер арӯси Қайс мегардонад. Нафъал нома ба қабилаи Лайлӣ фиристода, хоҳиши худро баён мекунад. Қабилаи Лайлӣ омодаи ҷанг мешаванд. Наъфал низ ба ҷанг тайёрӣ мебинад (XXIV). Дар ин ҷанг Наъфал бар қабилаи Лайлӣ пирӯз мегардад ва Лайлӣ бо чанд тани дигар асир меафтад. Нафъал ӯро назди Қайс мефиристад. Аммо Қайс изҳор мекунад, ки ба Лайлӣ бо зӯрӣ ва зарби шамшер хонадор намешавад. Барои хонадории ҳарду ризоияти қабилаи Лайлӣ зарур аст. Пас аз ин Наъфал Лайлиро бо бандиёни дигар озод мекунад ва онҳо сӯи қабилаи худ мераванд. Қабилаи Лайлӣ аз чунин ҳиммати баланд бо родмардии Қайс шод мегарданд ва ба ақди никоҳи онҳо розӣ мешаванд (б. XXV). Ин хабари хуш падари Қайсро шод мегардонад. Падар ва тамоми қабила тӯи арӯсу домодие барпо мекунанд, ки дар он ҳамаи аҳли қабила иштирок мекунанд ва ҳатто ба ин шодмонӣ халифаи Бағдод меояд. Лаҳзаҳои васли ин ду дилбохта наздик меомаданд. Аммо дар айни ин шодмонӣ Лайливу Маҷнун — шодимарг мегарданд. Чунки ин ду ҷавони дилбохта солиёни дарозе зери ситами зумомдорони замонаву одоби бади қабила, азияти сахт кашида буданд ва зиёдтар аз ин иқтидор надоштанд, ки ҳатто дар чунин рӯзи шодмонӣ тобе бидиҳанд (б. XXVI). Лайлӣ ва Маҷнунро ба як қабр дафн мекунанд ва дар болои онҳо як дахмаи мӯҳташаме месозанд (б. XXVII). Чунон ки аз сомону интизоми маснавӣ маълум шуд, «Лайливу Маҷнун»-и Ҳилолӣ дар тағйири хатти сюжет низ аз достонҳои ҳамноми адибони бузурги мутақаддими шоир тафовут дорад. Дар маснавиҳои Низомиву Хусрав ва Навоӣ воқеаҳои зориву таваллои падари Қайс ба писар ва пешгӯии қисматшиносон дар хатти сюжет ҷои намоён доранд. Аммо дар маснавии Ҳилолӣ ин воқеаҳо тамоман вуҷуд надоранд. Дар маснавии Ҷомӣ Қайс писари даҳуми падар буда, дар маснавии Ҳилолӣ ӯ писари ягонаи мири арабу шоҳи аҷам аст. Дар маснавии Ҳилолӣ воқеаҳои ба ҳакиму табиб муроҷиати падари Қайс, дар хонаи Қайс кашидани сурати Лайлӣ, бо ризоияти танҳо қабилаи Лайлӣ барпо гардидани тӯи ақди никоҳ ва ниҳоят ҳангоми шодмонӣ ноком вафот ёфтани ду ҷавони дилбохта порчаҳои комилан тоза ҳастанд. Ин қисматҳои хатти сюжет дар ягон маснавии адибони пешгузаштаи Ҳилолӣ боздид намешаванд. Ин қисматҳои нав дар хатти сюжети достон тағйирот ба вуҷуд оварда, кулли маснавиро обу ранги тозае бахшидаанд. Махсусан, тағйир ёфтани қисми охири хатти сюжет, яъне воқеаи тӯи ақди никоҳ ва дар айни шодмонӣ ноком вафот ёфтани ин ду дилбохта нақши воқеаи достонро дар зеҳн жарфотар ва моҳияти эътирозии мазмуни онро ба ҳақиқати муҳити шоир фузунтар гардондааст. Дар маснавии Ҳилолӣ ташреҳи образҳои асосӣ низ мушоххассоти тозаи худро доранд. Дар достон Лайлӣ, Қайс, падару модари Қайс, Наъфал қаҳрамонхои мусбат, падару модари Лайлӣ ва пиразол манфӣ ҳастанд. Лайлӣ духтари донову оқила, покизаву накӯкор, ба ёри маҳбуби худ содиқу меҳрубон ва вафодор аст. Касе ва чизе ӯро аз қавлу вафои худ баргардонида наметавонад. Чораву насиҳатҳои модар, таҳдиди падар, бадгӯиҳо дар шаъни Қайс, молу дунёи писари Ибни Салом ва ҳамаи инҳо дар назди қавлу вафои ёри маҳбуби ӯ қадре надоранд. Лайлии Ҳилолӣ назар ба Лайлиҳои шоирони пешгузаштаи ӯ хеле фаъолу ҷасур ва бисёр қатъӣ аст. Вай Қайсро дар вақти беҳуш афтодан аз замин мебардорад, ошкоро бо модар аз ишқи Қайс сухан мегӯяд, хангоми хонанишин гардидани худ пинҳонӣ ба мулоқоти Қайс мебарояд ва ниҳоят ба хостгорони писари Ибни Саломи давлатманд ҷавоби раддияи қатъие медиҳад. Чунончи, ӯ ба хостгорон мегӯяд: Ин кор мувофиқи қазо нест Ва ар ҳаст, маро ба ин ризо нест! Гар Ибни Салом ҷумла ком аст, Бо ӯ на алайку на салом аст... Дар боғи биҳишт бошадаш кӯй, Ман рӯи ҷаҳаннам оварам руй... Дар зери ҳарамсарои гардун, Бо кас нарасам, магар ба Маҷнун! Лайлии Ҳилолӣ бо чунин ҷасорати худ як навъ Лайлии Навоиро ба хотир меорад. Дар маснавии Навоӣ низ Лайлӣ намехоҳад, ки арӯси Ибни Салом бошад. Ҳатто ӯ ҳозир буд, ки чунин нангро ба дӯш нагираду бо захми ханҷар худро нобуд созад. Дар ин лаҳза Лайлиҳои ин ду адиб ба хотири ишқи пок ва сидқу вафои ёри маҳбуби худ ба ҳамагуна сахтӣ ва ҷасорату қаҳрамонӣ ҳозир буданд. Аммо Лайлии Навоӣ ба мисли Лайлии Низомӣ дар муқобили қарори падару модар ва қисмати нагун ошкоро мубориза намебарад, балки то рӯзи ақди никоҳ аз бадбахтиҳои худ пинҳонӣ шикваю нолаҳо мекунад. Баръакси ин Лайлии Ҳилолӣ хеле ҷасуру соҳибихтиёр аст. Ӯ на танҳо ба қарори падару модари худ ошкоро розӣ нест, борҳо бо Қайс ниҳонӣ сӯҳбат оростааст ва хостгории Ибни Саломро қатъан рад менамояд, балки бо ҷасорати тамом Маҷнунро тарғиб мекунад, ки ҳарду якҷоя бигурезанд ва аз чашми бади душ-ман дуртар гардида, мисли бод дар саҳро озод бошанд: Бархез, ки гум кунем роҳро, Чун бод ниҳем рӯ ба саҳро. Сад сол агар зи пай шитобанд, Ҳаргиз асаре зи мо наёбанд. На дӯст расад ба мо на душман, Ман бошаму ту, ту бошиву ман! Дар ин маврид Лайлиро шарафу номус, таънаву маломат ва бадгӯиҳои душманон, хиҷолати падару модар дар миёни қабилаи дилсахт ва дигар одату оинҳои побанди қабилавӣ ҳаргиз ба ташвиш намеовард ва бар хилофи ҳамаи ин бадномиву бадгӯиҳо танҳо мехост, ки якҷоя бо ёри маҳбуби худ дар саҳро озод зиндагӣ намояд. Лайлии Ҳилолӣ бо чунин эътирозоти худ ба муқобили муҳити беадолаташ аз тамоми лайлиҳои адабиёти классикии форсу тоҷик мумтоз аст. Ҳилолӣ дар образи Маҷнун мисли Лайлии худ шахси покизакору баландҳиммат ва баҳри дӯст содиқу вафодореро офаридааст. Маҷнун шахси комилан родмард аст. Дар кӯи ишқ ҳаргиз дудила нест. Дар назди дидагон ӯ пайваста симои пурмеҳри Лайлист. Ӯ бар хилофи қаҳрамонҳои Хусраву Ҷомӣ ва Навоӣ, ҷуз Лайлӣ ба духтари дигаре ризои хонадорӣ намедиҳад. Дар Қайси Ҳилолӣ ҳамчун писари ягонаи мири арабу шоҳи аҷам имконоти зиёде буд ва метавонист, ки ба духтари дигаре розӣ бошад. Аммо Қайс ба хотири Лайлӣ аз баҳри ҳамаи ин имконоти иҷтимоӣ мегузарад. Қайс ба падари худ эҳтироми бузург дорад. Лекин ба хоҳиши падар, ки бояд Қайс аз сар ишқи Лайлиро дур намояд, қатъиян розӣ нест. Барои Қайс ишки Лайлӣ олитарин эҳсоси инсонист, ки бо тамоми вуҷудаш баҳри сазовор будани ҳамин ишқ мекӯшад. Маҷнун дар кӯи мақсад устувор аст ва мекӯшад, ки ба дидори Лайлӣ бо ҳар тариқе мушарраф бошад. Қайс баҳри мулоқоти Лайлӣ гоҳ дар либоси гадо меояд ва гоҳо бо хоҳиши ёр дар паси девори мазор пайдо мегардад. Лайлиро ӯ дар биёбон як соли дароз интизор буд, ки ба сараш ҳатто мурғони ҳаво лона мегузоранд. Барои Маҷнун ҳамаи он чи ки бо номи Лайлӣ марбут аст, бисёр муқаддас буд. Ӯ саги Лайлиро бо эҳтиром навозиш менамуд. Чун Лайлӣ, сарфи назар ба ному нанги худ, аз Маҷнун ҳарду як-ҷоя ба доманн саҳро гурехтанро хоҳиш мекунад. Маҷнун ба хотири маҳз ному нанг ва шарафу исмати Лайлӣ ба ин кор розӣ намешавад. Ӯ намехост, ки ба ин кирдори Лайлӣ дӯсту душман тамасхур намоянд. Фазилатҳои инсонӣ, аз ҷумла бурдбории Маҷнун дар лаҳзаи мулоқот бо Наъфал низ хуб ошкор аст. Вай дар лаҳзаи душвортарин ҳам аз Наъфал имдод наталабидааст. Худи Нафъал аз аҳволи вазнини Маҷнун хабар ёфта, ба имдоди ӯ мешитобад. Вақте ки Наъфал дар ҷанг пирӯз омада, Лайлиро ба ихтиёри Маҷнун мегузорад, ӯ намехоҳад, ки ба Лайлӣ бо зӯри шамшер васл гардад. Маҷнун бо як олиҳимматӣ ба Наъфал мефаҳмонад, ки баҳри васли онҳо ба ҷуз майли худи Лайлӣ хоҳиши қабилаи ӯ низ зарур аст: Бе майлу ризои қавми Лайлӣ, Моро набувад ба васл майле. Дар образи Наъфал Ҳилолӣ шахси одилу накӯкор, соҳиби дили бузург ва инсондӯстеро офаридааст, ки барои имдоди дармондагон мудом ҳозир аст. Наъфал дарду доғ ва ғами Қайсро зотан дуруст мефаҳмад. Бинобар ин ӯ, бар хилофи кирдори қаҳрамонҳои Хусраву Навоӣ, ба завҷагии Қайс духтари худро пешниҳод намекунад. Дигар қаҳрамони мусбати Ҳилолӣ падари Маҷнун аст. Ӯ мири араб буда, мақоми иҷтимоияш баробари падари Лайлист. Ин падар писари ягонаи худро дӯст медорад. Шарики ғаму андӯҳи писараш ва ба ёрии писари ягонааш мешитобад. Ӯро ба назди ҳаким, табиб ва ба тавофи Каъба мебарад. Сурати Лайлиро дар хона мекашонад. Ба хотири фарзанд тӯи калоне барпо мекунад. Ниҳоят, ҳамчун инсоне бори дарду ғам ва фироқи писари ҷавонмаргашро бо дилу дӯш мекашад. Падару модари Лайлӣ аз қаҳрамонҳои манфии достон ҳастанд. Онҳо низ мисли падари Қайс фарзанди худро дӯст медоранд. Мехоҳанд, ки Лайлӣ хушбахт бошад. Бинобар ин духтари маҳбуби худро ба шахси «савдоӣ» додан намехоҳанд. Дар ин маврид падару модар ва ҳатто қабилаи Лайлӣ ҳиссу рағбат ва хоҳиши ӯро ба инобат намегиранд. Падару модар ба духтари худ монанди як дороӣ ва моли хона муносибат мекунанд. Дар натиҷа муқобили ҳисси инсонӣ ва хоҳиши духтари худ мебароянд. Гӯё онҳо бахт ва хушбахтии фарзандро аз худи фарзанд беҳтар мефаҳманд. Падару модар ҳозир буданд, ки Лайлиро ба каси соҳиби молу дунё бидиҳанд. Барои онҳо муҳимтар молу дунё буд. Чун домод соҳиби молу дунёст, гӯё Лайлӣ хушбахт шуда метавонад. Ҳилолӣ дар ин масъала муқобили фаҳмиши ғалати онҳоро дар мисоли ба таври фоҷиавӣ ноком вафот ёфтани Лайливу Маҷнун исбот мекунад. Ба ақидаи шоир истодагариҳои ҷоҳилонаи падару модари Лайлӣ, одатҳои бади қабилавӣ ва муҳити ноҳинҷоре буд, ки ин ду ҷавони дилбохта орзуҳои басе ширини худро ба гӯр мебаранд. Ҳилолӣ чунин одатҳову истодагироҳи ҷоҳилонаи муҳити худро, ки ду дилбохтаи ҷавонро қурбони худ гардонданд, сахт маҳкум менамояд. Аз ин ҷост, ки ӯ дар болои хоки ин дилҳои номуроди пурорзу дахмаи мӯҳташаме андешидааст, ки то ибрати мардуми замонаҳо гардад. Ҳилолй дар такмили образҳои манфии падару модари Лайлй ва образи қабила, кирдори тамоман зишти пиразоли фарҳодкушро хеле муносиб андешидааст. Ин пиразол, бар хилофи хислатҳои олиҳимматонаи Наъфали инсондӯст, мабдаи фитнаву фасод ва ҳамаи дасисаву разолати замона аст. Ӯ бо кирдори разилонаи худ ба ҷароҳати нотавону дардманд ва ситамкашони замона мунтазам намак мепошад. Образи ин пиразол таҷассуми ҳамаи фасоду бадбахтиҳо ва разолату ҷаҳолати муҳити шоир аст. Бинобар ин Ҳилолӣ ин пиразолро ба чунин андоми зиште тасвир кардааст, ки то нафрати бани одам ба ӯ афзун гардад: Ҳамчун дари дӯзахаш даҳоне, Монанди забонааш забоне. Ҳалқаш раҳи меҳнату чаҳи ғам. Дар гӯр чу равзани ҷаҳаннам. Фазилати дигари ин маснавӣ дар забони содаву фаҳмо ва образҳои ба зеҳни хонандаи оддӣ бисёр наздики ӯст. Дар охири сухан хотирнишон мекунем, ки Ҳилолӣ дар умри худ ягон асар, аз ҷумла маснавиёташро ба хотири молу дунё ва инъоме ба ягон каси давлатманд ё ҳукмрони замон набахшидааст. Аз ин фазилати худ ӯ ҳамчун як нафар намояндаи адабиёти доираҳои шаҳриву ҳунармандӣ ифтихор мекунад ва дар айни ҳол адибони маддоҳу тамаъкори замонаро маломат мекунад, ки баҳри молу дунё бар дурӯғ сифларо ҳотаму ҷоҳилро аллома хонда, гавҳари суханро беқадру фурӯғ намудаанд: Ман нома ба номи кас какардам, Инъоми касе ҳавас накардам. Ҳайф аст, ки номаҳои номӣ Гардад зи тамаъ хати ғуломӣ...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2