70-саволу ҷавоб аз фанни экология қисми 1.
-
Табиат чист?
Ҳамаи он чизе, ки моро иҳота кардааст, маҷмӯи нисбатан собит ва муташаккиле, ки дар ҷараёни эволютсия ба вуҷуд омадааст. -
Биосфера чист?
Калимаи юнонӣ буда, био — ҳаёт, сфера — кура. Қабати махсуси Замин, ки дар он организмҳои зинда маскан ёфтаанд. -
Атмосфера чист?
Пардаи ҳавое, ки моро иҳота кардааст. Калимаи юнонӣ: атмо — буғ, сфера — қабат. -
Истилоҳи экосистемаро кадом сол, кадом олим пешниҳод кардааст?
Соли 1935 А. Тэнсли. -
Асосгузори илми биосфера кадом олим мебошад?
В. И. Вернадский. -
Биомасса чист?
Миқдори умумии организмҳоро дар рӯи замин биомасса меноманд. Аз калимаи юнонии био — ҳаёт, масса — миқдор гирифта шудааст. -
Атмосфера аз кадом қабатҳо иборат аст?
Аз 5 қабат: тропосфера, стратосфера, мезосфера, экзосфера, термосфера. -
Хок аз кадом қисмҳо иборат аст?
Сахт, моеъ, газ ва организмҳои зинда. -
Эрозия чист?
Аз таъсири об ва ҳаво шуста ва хароб шудани қабати болоии хок (калимаи юнонӣ — эрозис, шуста шудан аст). -
Омили антропогенӣ чист?
Омилҳое, ки дар натиҷаи фаолияти инсон ба вуҷуд меоянд, ба организмҳои зинда таъсир мерасонанд ва сабаби тағйири муҳити зист мешаванд. -
Таъсири омили биотӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад, кадомҳо?
Фитогенӣ, зоогенӣ, микрогенӣ — 3 намуд. -
Омили биотӣ чист?
Таъсири мутақобилаи байни фардҳо, популятсияи намудҳо ва ҷамоаҳост. -
Таъсири инсон ба муҳит чанд намуд аст?
2 намуд: бошуурона ва тасодуфӣ. -
Чанд фоизи нури Офтоб ба Замин омада мерасад?
43% -
Таркиби химиявии ҳаво аз кадом газҳо иборат аст? Бо %?
Нитроген 78.09%, оксиген 20.95%, гази аргон 0.93%, гази карбонат 0.03%. -
Ҳаёт дар рӯи Замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4,3 милион сол пеш. -
Синэкология чист?
Аз калимаи юнонии син — ҳамроҳ, якҷоя таркиб ёфтааст. -
Мутуализм чист?
Як намуди ҳамзистии организмҳо, ки барои ҳарду тараф фоидаовар аст. -
Замин нисбат ба Офтоб чанд маротиба хурдтар аст?
555000 маротиба. -
Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Силсилаи организмҳои зинда ва ғайри зинда, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд. -
Эйдэкология чист?
Шакли намудҳои омӯхташуда. Калимаи юнонӣ буда, маънои намудро дорад. -
Гидрофитҳо чист?
Растаниҳое, ки дар ҷойҳои обӣ ва соҳили дарё мерӯянд (калимаи юнонии гидро — обӣ аст). -
Кадом шогирди Арасту оид ба растаниҳо маълумот пешниҳод кард?
Теофраст. -
Биомасса ба чанд қисм ҷудо мешавад?
3 қисм: биомассаи хушкӣ, биомассаи хок, биомассаи уқёнуси олам. -
Популятсия чанд намуд мешавад?
3 намуд. -
Геосфера чист?
Номи умумии табақаи замин, ки аз литосфера ва гидросфера иборат аст (калимаи юнонии гео — замин, сфера — кура). -
Дар рӯи замин чӣ қадар намуди ҳайвонот ва наботот паҳн шудааст?
1,5 млн ҳайвонот, 3,5 млн растаниҳо. -
Омили абиотӣ ба чанд гурӯҳ ҷудо мешавад?
3 гурӯҳ: иқлимӣ, эдафикӣ, орографӣ. -
Планктон, нектон ва бентос чист?
Калимаҳои юнонӣ: планктос — беҳаракат, нектос — шиновар, бентос — чуқурӣ мебошад. -
Омили экологӣ чист?
Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризинда, ки ба фаолият ва хусусиятҳои фардҳо, популятсияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд. -
Муҳити ишғолкардаи организмҳо кадомҳоянд?
4 қисм: обӣ, хушкӣ, фазоӣ, организмҳои зинда ҳамчун муҳити зист. -
Ҳаёт то кадом баландӣ вуҷуд дорад?
20 км. -
Биосеноз чист?
Калимаи юнонии био — ҳаёт, сайнос — умумӣ мебошад. Маҷмӯи организмҳои зинда, ки дар қитъаи муҳити муайян якҷоя зиндагӣ мекунанд ва дар робитаи мутақобиланд, ки ба зисти онҳо таъсир мерасонад. -
Таҳминии экологӣ чист?
Мавқеи дар низоми умумӣ — биосеноз, силсилаи равобити биосенотикӣ ва талабот ба омилҳои абиотии муҳит. Таҳминии экологӣ номида мешавад. -
Масоҳати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ қадар аст?
143,1 ҳазор км². -
Экология ба кадом шохаҳо ҷудо мешавад?
Экологияи аҳолӣ, ҷонварҳо, кайҳон, химия, биология, муҳит (ва ғайра). -
Демэкология чиро меомӯзад?
Асосан миқдор, сабабҳои тағйирпазирӣ, афзоиш, фавт, синну сол, рафтор ва таъсири тарафайни популятсияҳоро ба муҳити зист меомӯзад. -
Қонуни ҷумҳурӣ оид ба ҳифзи табиат кай қабул шудааст?
Соли 1993, 27 декабр. Аз 12 фасл иборат аст ва дар моддаи 74 оварда шудааст. -
Истилоҳи экологияро кадом олим ва дар кадом асараш кай пешниҳод кардааст?
Аввалин бор соли 1866 табиатшиноси олмон Э. Геккел «Морфологияи умумии организмҳо» пешниҳод кардааст. -
Аутэкология чиро меомӯзад?
Робитаи мутақобилаи фардии ҳайвонот, наботот ва микроорганизмҳоро ба муҳити атроф ва устувории онҳоро ба омилҳои биотӣ меомӯзад. -
Экология чиро меомӯзад?
Муносибати организмҳои зинда, наботот, ҳайвонот ва микроорганизмҳоро байни худ ва бо муҳити атроф меомӯзад. -
Мезосфера чист ва чӣ қадар баландӣ дорад?
Қабати мобайни атмосфера аз 50-55 км то 80 км баландӣ дорад (калимаи юнонӣ мезо — мобайн, сфера — кура). -
Дарозии экватор чанд км аст?
40 076 км. -
Нейстон чист?
Организмҳое, ки ба пардаи қабати поёнии об часпида, дар рӯи он ё дар зери он ҳаракат намекунанд (калимаи юнонии нейстон — ғайришиновар). -
Дарозии нурҳои аён чӣ қадар аст?
Аз 400 то 700 нанометр. -
Мафҳуми ноосфераро кадом олим, кадом сол пешниҳод кардааст?
Э. Леруа, соли 1927. -
Шиддати оптималӣ чист?
Шиддати омилҳоеро, ки барои фаъолияти зиндагии организмҳои зинда мусоидат мекунад, номида мешавад. -
Чанд фоизи кураи Замин дар зери таъсири инсон қарор дорад?
56%. -
Гомеостазияи популятсия чист?
Нигоҳдошташавии шумораи якхелаи фардҳо дар популятсия. -
Биосфера кадом қабатҳоро дар бар мегирад?
Атмосфера (тропосфера), гидросфера, литосфераро то чуқуриҳои 2-3 км. -
Экосистемаҳо чанд намуданд?
2 намуд: табиӣ, кишоварзии сунъӣ. -
Робитаи трофикӣ чист?
Як намуди зинда ё фавт шудани намуди дигар ё боқимондаи моддаҳоеро, ки дар натиҷаи фаъолияташ ҷудо мешавад, истеъмол мекунад. -
Биосенозҳо чанд намуд мешаванд?
2 намуд: сернамуд, камнамуд. -
Мафҳуми низоми экологӣ чист?
Силсилаи организмҳои зинда ва ғайризинда, ки дар онҳо гардиши моддаҳо ба амал меояд. -
Мафҳуми экологияро бори аввал кӣ пешниҳод кардааст?
Э. Геккел. -
Истилоҳи биосенозро кадом олим пешниҳод кард?
К. Мебиус. -
Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи кадом баҳр дохил мешаванд?
Арал. -
Аменсализм чист?
Муносибати як ё ду намуд, ки барои як намуд зараровар, ва барои намуди дигар на фоида дорад на зарар (калимаи лотинӣ амен — аблаҳ, беақл). -
Муҳити зист чанд намуд аст?
2 намуд: доимӣ, муваққатӣ. -
Популятсия чанд намуд дорад?
3 намуд: таназуллӣ, ивазшаванда, муқаррарӣ. -
Гидробионт чист?
Аз калимаи гидро — об, био — ҳаёт гирифта шудааст. -
Ч. Дарвин шакли талош ва муборизаи зиндагиро ба чанд гурӯҳ ҷудо кардааст?
Муборизаи дохили намудӣ, байни намудӣ, шароити номусоид. -
Гидробионтҳо ба чанд намуд ҷудо мешаванд?
3 намуд: планктон, нектон, бентос. -
Кӯл чист?
Пастии табиӣ бо об пуршуда. -
Автотроф чист?
Калимаи юнонӣ буда, авто — худ, трофо — ғизо. Хӯроку ғизогирии организмҳое, ки аз моддаҳои ғайриорганикӣ моддаҳои органикӣ ҳосил мекунанд. -
Кадоме аз конҳои гази табиӣ ба Тоҷикистон таалуқ дорад?
Қизилтумшуқ. -
Бактерия чист?
Намуди организми якҳуҷайрае, ки ядрои муқаррарӣ надорад ва бо роҳи тақсимшавӣ афзоиш мекунад. -
Зичии ҷойгиршавии фардҳои популятсия кадомҳоянд?
Таваллудшавӣ, миқдори фавтшудагон, афзоиш, суръати афзоиш. -
Инсоният дар як сол чӣ қадар литр оксиген фурӯ ва чӣ қадар гази карбонат хориҷ мекунад?
644 738 млрд литр оксиген фурӯ мебарад, 559 640 млрд литр гази карбонат хориҷ мекунад. -
Асосгузори илми хокшиносӣ кадом олими рус аст?
Докучаев В. В.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё