70-саволу ҷавоб аз фанни экология қисми 2.
-
Тропосфера чист?
Қисми калонтарин, аз рӯи масса қабати калонтарини атмосфераи Замин мебошад. -
Пестисидҳо чӣ гуна модда мебошад?
Моддаҳои химиявие, ки барои маҳви касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо пешбинӣ шудаанд. -
Омил чист?
Сигналҳои ба организм дохилшавандаро меноманд. -
Ҳаёт дар рӯи замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4 милион сол пеш. -
Муҳит чист?
Ҷузъҳои табиати зинда ва ғайризинда, ки ба фаъолият ва хусусиятҳои фардҳо, популятсияҳо, намудҳо ва ҷамоаҳои табиӣ таъсир мерасонанд. -
Вирус чист?
Организмҳои то ҳуҷайра буда, фақат дар таркиби ҳуҷайраҳои организмҳо дохиланд, зист ва афзоиш мекунанд. -
Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Соли 1859 Дарвин. -
Қабати ионосфера аз кадом баландӣ оғоз мешавад?
Аз баландии 80 км. -
Усули математикӣ, биологӣ, моделсозӣ дар куҷо гузаронида мешавад?
Вазифаи созиши моделҳои гуногун оид ба таркиб, шумора ва рафтори популятсияҳо ва силсилаҳои экологиро таҳқиқ мекунад. -
Синэкология чиро меомӯзад?
Таркиби пайдоиш, инкишоф, муносибати организмҳоро дар ҷомеа ва таъсири мутақобилаи онҳоро ба муҳити зист меомӯзад. -
Мавзӯъҳои таҳқиқоти экологӣ кадомҳоянд?
Популятсияҳои организмҳо, намудҳо, ҷамоаҳо, экосистема. -
Эрозия чанд намуд мешавад?
Эрозия бо таъсири об, бод, одам. -
Ҷамъи олами ҳайвонотро чӣ меноманд?
Фауна меноманд. -
Ба омили эдафикӣ чиҳо дохил мешавад?
Растаниҳо бо ҳайвонот. -
Аввалин организмҳо дар дохили кадом муҳит ба вуҷуд омадаанд?
Муҳити обӣ. -
Шакли ҳаёт чист?
Гурӯҳи растаниҳо ва ҳайвонҳоро меноманд, ки аз ҷиҳати шакл, қад, тарзи тараққӣ, хусусиятҳои биологӣ ва экологӣ шабеҳи якдигар мебошанд. -
Популятсия чист?
Аз калимаи юнонии популс — халқ, аҳолӣ гирифта шудааст. -
Кули Сарез дар кадом дарё пайдо шуд?
Мурғоб. -
Чанд фоизи масоҳати заминро об ишғол кардааст?
71%. -
Ифлосшавии радиоактивии биосфера ба кадом омили экологӣ вобастагӣ дорад?
Ба омили антропогенӣ. -
Усулҳои гирифтани пеши роҳи ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои кишоварзӣ.
Истифода бурдани усулҳои биологӣ. -
Дар олами наботот нисбати ифлосии муҳити атроф эҳсосноктарин кадом шӯъба ҳисоб мешавад?
Гулсангҳо ва ушнаҳо. -
Кай ва кадом сол кули Сарез пайдо шуд?
20 феврали соли 195 -
Гидросфера чист?
Қабати обии кураи заминро гидросфера меноманд. -
Пиряхи калонтарини Осиёи Марказӣ кадом аст?
Федченко. -
Биосфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ба се қисм: гидросфера, литосфера, атмосфера. -
Сарватҳои зеризаминӣ ба чанд қисм ҷудо мешаванд?
Маъданӣ, ғайримаъданӣ, сӯзишворию энергетикӣ. -
Гидросфера ба чанд қисм ҷудо мешавад?
Ба се қисм: обҳои уқёнуси ҷаҳонӣ, обҳои зеризаминӣ, обҳои дар таркиби атмосфера мавҷуд буда. -
Ноосфера чист?
Ноосфера сфераи хирад ё кураи ақл аст. -
Бедленд чист?
Заминҳои корношоям. -
Дар Тоҷикистон чанд кӯл вуҷуд дорад?
600 кӯл. -
Яке аз калонтарин кӯлҳои Осиёи Миёна кадом кӯл аст?
Қарокул. -
Аз 71%-и обе, ки кураи Заминро ташкил кардааст, чанд фоизаш оби шафоф ширин аст?
3%. -
Дар Тоҷикистон чанд дарё вуҷуд дорад?
947 дарё. -
Чанд фоизи заминҳои Тоҷикистон кишт карда мешаванд?
6%. -
Релеф чист?
Пасту баландиҳои хурду бузурги рӯи Замин мебошад. -
Кулҳои Яшилкул ва Зоркул дар кадом минтақаи ҷумҳурӣ ҷойгиранд?
Дар Помир. -
Дар сурати харобшавии қабати озонӣ кадом касалиҳо авҷ мегирад?
Саратони пуст. -
Назарияи боришҳои ишқориро кадом олим пешниҳод кард?
Р. Смит. -
Кадом олим китоби «Таърихи ҳайвонот»-ро дар бораи ҳайвонҳо навиштааст?
Арасту. -
Кадом олим китоби «Таърихи табиӣ»-ро навиштааст?
Плиний. -
Кадом олим дар асари худ «Гидрогеология» оид ба таъсири организмҳои зинда ба сатҳи Замин маълумот додааст?
Ж. Б. Ламарк. -
Истилоҳи биосенозро кадом олим ба экология дохил кард?
Э. Геккел. -
Китоби экологияи ҳайвонотро кадом олим навиштааст?
Ч. Элтон. -
Кадом қабати осмон нурҳои ултрабунафшро 6500 маротиба км. менамояд?
Қабати озонӣ. -
Шумораи гази карбон дар таркиби фазо ба чанд фоиз расидааст?
15%. -
Дар натиҷаи зиёдшавии кадом газ боришоти турш ба вуҷуд меояд?
N. -
Манбаи асосии гази карбонати ҳаво кадомҳоянд?
Вулқонҳо, гармчашмаҳо, сӯзиши сарватҳои табиӣ, ҳаракати нақлиёт, нафаскашии мавҷудоти зинда. -
Оксигени атмосфера аз чӣ вобастагӣ дорад?
Фаъолияти растаниҳои автотрофӣ. -
Миқдори ҳаво чӣ қадар аст?
5000 трлн тонна. -
Илмҳои биологиро ба чанд гурӯҳ ҷудо мекунанд?
Илмҳои бунёдӣ — таксономӣ. -
Дар натиҷаи хушкшавии кадом баҳр ҳар сол 150 млн тонна намакҳои гуногун ва пестисидҳоро бод парешон мекунанд?
Баҳри Арал. -
Ҳаҷми умумии оби кураи замин чӣ қадарро ташкил мекунад?
1,4 млрд км³. -
Баҳрҳо ва уқёнусҳои сайёра чанд фоизи масоҳати заминро ишғол менамоянд?
71%. -
Дарозтарин дарёи Тоҷикистон кадом аст?
Дарёи Сир. -
Нуқтаи гармтарини Тоҷикистон кадом аст?
Айвоҷ. -
Калонтарин дарёҳои Осиёи Марказӣ кадомҳоянд?
Аму, Сир. -
Кадом Ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ камобтарин ва чанд фоизи масоҳати он биёбон мебошад?
Қарақалпоқистон — 20%. -
Канали Қайроқум аз кадом дарё об мегирад?
Сирдарё. -
Кадом дарё резишгоҳ надорад?
Зарафшон. -
Маҳали серборишоттарин дар ҳудуди Тоҷикистон кадом аст?
Хоҷа-Обигарм, Варзоб. -
Кадом намуди иқлим дар Тоҷикистон бартарӣ дорад?
Мӯътадили континентӣ. -
Назарияи интихоби табииро кадом олим, кадом сол пешниҳод кард?
Соли 1859 Дарвин пешниҳод кард. -
Обро бо чанд усул тоза месозанд?
Механикӣ, биологӣ, химиявӣ. -
Кадом сол президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон соли оби тоза эълон кард?
Соли 2003. -
Кадом сол экология ҳамчун илми мустақилона эълон карда шуд?
Соли 193 -
Қони намаки Хоҷа Мӯъмин дар кадом минтақа ҷойгир аст?
Восеъ. -
Ҳаёт дар рӯи Замин чанд сол пеш пайдо шудааст?
4,3 милион сол пеш. -
Формулаи озониро нишон диҳед?
O₃. -
Уфуқ чист?
Қисми ба назар намоёни маҳал.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё