Мавлоно - Ғазалҳо
Ҷалолуддини Румӣ то зуҳури Шамси Табрезӣ дар уфуқи Қуния ба шеъру шоирӣ сару коре надошт. Шиносоӣ бо ин марди соҳибиродаву маҳкамақида, ки ба расмиёти динию мазҳабӣ бо чашми ҳақорат менигарист ва ҷозибаи умумиҷаҳонии ишқро асоси ҳастӣ ва мояи зиндагӣ мешуморид, боиси табаддулоти куллӣ дар андеша ва зоҳиру ботини Мавлоно гардид. Ин марди наҷибу аҷибро Мавлоно бо тамоми ҳастияш дӯст дошт ва аз андешаҳои ӯ пайравӣ кард. То бад-он ҷо расид, ки гуфт: “Шамси ману Худои ман!”
Аз ин ҷост, ки баъд аз марги Шамси Табрезӣ Мавлоно номи устод ва пири рӯҳониашро дар осораш абадан сабт кард, яъне девони ғазалиёт ва қасоиди худро ба номи Шамс ихтисос дод ва гуфт: “Куллиёти Шамси Табрезӣ”
“Куллиёти Шамси Табрезӣ” ё “Девони кабир” дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, нағмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот, ишқро бар имон, зиндагиро бар марг, оштиро бар ҷанг таҳким мебахшад.
Ғазалиёти Мавлоно ангезаи ҳолати ваҷду ҷазаба ва шӯру ҳаяҷони рӯҳ, натиҷаи эҳсосоти пурҷӯшу хурӯш ва хурӯҷҳои амиқи ошиқона будааст. Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкиратушшуаро” овардааст: - “Гӯянд дар хонаи Мавлоно сутуне буд. Чун ғарқи баҳри муҳаббат шудӣ, даст дар он сутун задӣ ва ба чарх омадӣ ва ашъори пуршӯр мегуфт ва мардум он ашъор менавиштанд.”
Шубҳае нест, ки бештарини ғазалҳои дилошӯб ва рӯҳнавози Мавлоно дар маҷлисҳои рақсу самоъ - кафзанию пойкӯбӣ дар зери садои тарабангези най, дафу чангу рубоб, дар сӯҳбати –ёрони мувофиқ суруда шудаанд. Аз ин ҷост, ки аз онҳо ба гӯши ҷон ҳамеша нағмаи зиндагӣ, ишқу сурур ва хушӣ мерасад ва аксари ғазалҳои ӯ ҷанбаи ғиноӣ ва мусиқӣ доранд.
Аммо, мавзӯи ишқ - ишқ ба Худованди якто, ки “ҳастии ҳама аз ҳастии Ӯст”, ишқ ба Инсон, ки “халифаи Худованд бар рӯи замин аст”, ишқ ба кулли коинот, ки таҷаллии Маъшуқи азалӣ (Худо) аст, асоси ғазалиёти Ҷалолуддини Румиро ташкил медиҳад. Инсон (Бурҳониддини Муҳаққақи Тирмизӣ, Шамсиддини Табрезӣ, Салоҳиддини Заркӯби Қуниявӣ, Ҳисомуддини Чалабӣ) дар ғазалҳои Мавлоно мартабаи волоро соҳиб мегардад ва Худойгуна мешавад. Ва ситоиши Мавлоно аз инсон ҳам ҳамин Инсони комил аст, инсоне, ки худро шинохта ва зиндагии хешро бар Покиву Ростӣ ва Дурустӣ бунёд ниҳода ва шабеҳи Худо (Инсонхудо) шудааст.
“Девони кабир” ё “Куллиёти Шамси Табрезӣ” асосан аз ғазалу қасида ва рубоӣ иборат буда ғазалу қасида дар нашрияҳои он то 50 ҳазор байт ва рубоӣ бештар аз 1600-то аст.
Сарандозон ҳамеоӣ, нигорини ҷигархора?!
Дилам бурдӣ, намедонам, чӣ овардӣ дигарбора?!
Фиғон аз чашми маккорат, к-аз аввал буд ин корат,
Ки пора-пора пеш оиву бирбоӣ дили пора.
Барои моҳи бечунро кашидӣ ҷаври гардунро,
Мусаллам гашт Маҷнунро, ки оқил нест инкора.
Биёр он ҷоми пуроташ, ки то мо даркашемаш хуш,
Ба ишқи рӯи он маҳваш бурун аз чарху истора.
Бизан оташ ба кишти ман, фикан аз бом ташти ман,
Ки кори ишқ ин бошад, ки бошад ошиқ, овора.
Агар захме занӣ аз кин ба қасди ин дили мискин,
Бизан, ки захм бардорад, чӣ тонад кард бечора?
Дилам шуд ҷои андеша ва ё дуккони пуршиша,
Бигӯ, эй Шамси Табрезӣ, дилат санг аст ё хора?!
Бо зар ғаму бе зар ғам, боре ғами бозар беҳ,
Чун роҳ равӣ боре, роҳе, ки барад то деҳ.
Бишнав сухани ёрон, бигрез зи тарророн,
Аз ҷамъ макаш худро, истеза макун, мастеҳ.
Одам зи чӣ урён шуд, дунё зи чӣ вайрон шуд,
Чун буд, ки тӯфон шуд? 3-истезаи кеҳ бо меҳ!
То шамъ намеранҷад, он шӯъла намехандад,
То ҷисм намекоҳад, ҷон менашавад фарбеҳ.
Хӯи малакӣ бигзин, бар дев амирӣ кун,
Гови ту чу шуд қурбон, по бар сари гардун неҳ.
Бинмой рух, ки боғу гулистонам орзуст,
Бикшой лаб, ки қанди фаровонам орзуст.
Ай офтоби ҳусн, бурун о, даме зи абр,
К-он чеҳраи мушаъшаъи тобонам орзуст.
Бишнидам аз ҳавои ту овози табли боз,
Боз омадам, ки соиди султонам орзуст.
Гуфтӣ зи ноз: Беш маранҷон маро, бирав!
Он гуфтанат, ки Беш маранҷонам орзуст.
вон дафъ гуфтанат, ки Бирав! Шаҳ ба хона нест
вон нозу бозу тундии дарбонам орзуст.
Яъқубвор во асафоҳо ҳамезанам,
Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст.
валлоҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад,
Оворагию кӯҳу биёбонам орзуст.
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт,
Шери Худову Рустами Дастонам орзуст.
Ҷонам малул гашт зи Фиръавну зулми ӯ,
Он нури рӯи Мӯсии Имронам орзуст.
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малул,
Он ҳойҳуйи наъраи мастонам орзуст.
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом
Мӯҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст.
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малулам, Инсонам орзуст.
Гуфтанд: Ёфт менашавад, ҷустаем мо,
Гуфт: Он ки ёфт менашавад, онам орзуст.
Пинҳон зи дидаҳову ҳама дидаҳо аз ӯст,
Он ошкорсанъати пинҳонам орзуст…...
Як даст ҷоми бодаву як даст ҷаъди ёр,
Рақсе чунин миёнаи майдонам орзуст.
Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чаппу рост,
Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост?
Мо ба фалак будаем, ёри малак будаем
Боз ҳамон ҷо равем, ҷумла, ки он шаҳри мост.
Худ зи фалак бартарем в-аз малак афзунтарем
З-ин ду чаро нагзарем? Манзили мо кибриёст.
Гавҳари пок аз куҷо! Олами хок аз куҷо!
Бар чӣ фуруд омадет? Бор кунед, ин чӣ ҷост?
Бахти ҷавон ёри мо, додани ҷон кори мо
Қофиласолори мо фахри ҷаҳон Мустафост.
Аз маҳи ӯ маҳ шикофт, дидани ӯ барнатофт,
Моҳ чунон бахт ёфт, ӯ, ки камина гадост.
Бӯи хуши ин насим аз шикани зулфи ӯст,
Шаъшаъаи ин хаёл з-он рухи чун ваззуҳо-ст.
Дар дили мо дарнигар ҳар дам шаққи қамар,
К-аз назари он назар чашми ту он сӯ чарост?
Халқ чу мурғобиён зода зи дарёи ҷон,
Кай кунад ин ҷо мақом мурғ, к-аз он баҳр хост.
Балки ба дарё дарем, ҷумла дар ӯ ҳозирем
варна зи дарёи дил мавҷи паёпай чарост?
Омад мавҷи аласт киштии қолаб бибаст,
Боз чу киштӣ шикаст, навбати васлу лиқост.
Эй қавми ба ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед?!
Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед!
Маъшуқи ту ҳамсояи девор ба девор,
Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед?
Гар сурати бесурати маъшуқ бубинед,
Ҳам хоҷаву ҳам бандаву ҳам қибла шумоед!
Сад бор аз он роҳ бад-он хона бирафтед,
Як бор аз он хона бад-он бом бароед.
Он хонаи лутф аст, нишонҳош бигуфтед,
Аз соҳиби он хона нишоне бинамоед!
Як дастаи гул ку, агар он боғ бидидед?
Як гавҳари ҷон ку, агар аз баҳри Худоед?
Бо ин ҳамагӣ ранҷи шумо ганҷи шумо бод
Афсӯс, ки бар ранҷи шумо парда шумоед.
Эҳром чу бастед, аз он бодия растед,
Аз хирқаи номӯс ба куллӣ бадар оед.
Гар қасди шумо дидани он каъбаи ҷонҳост,
Аз дил рухи оина ба сайқал бизудоед.
Рӯбанд кушоед зи сари пардаи асрор,
Пас хеш бидонед, ки на шоҳу на гадоед.
Ганҷина ниҳон гашта дар ин тӯдаи пурхок,
Чун қурси қамарро шабаҳи бози сароед.
Султони ҷаҳон мафхари Табрез шумоед,
К-ашколи аҷоиб ба чӣ шева бинамоед.
Омад хаёли хуш, ки ман аз гулшани ёр омадам,
Дар чашми масти ман нигар, к-аз кӯи хаммор амадам,
Сармояи мастӣ манам, ҳам дояи ҳастӣ манам,
Боло манам, пастӣ манам, чун чархи даввор омадам.
Онам, к-аз оғоз омадам, бо рӯҳ дамсоз омадам.
Баргаштаму бозомадам, бар нуқта паргор омадам.
Гуфтам: биё, шод омадӣ, додам бидеҳ, дод омадӣ,
Гуфто: ба диду дод ман, к-аз баҳри ин кор омадам.
Ҳам ман маҳу маҳтоби ту, ҳам гулшану ҳам оби ту
Чандин раҳ аз иштоби ту бе кафшу дастор омадам.
Фархунданомӣ, эй писар, гарчи ки хомӣ, эй писар,
Талхӣ макун, зеро ки ман аз лутфи бисёр омадам.
Хандон даро, талхӣ бикуш, шобош, эй талхии хуш,
Гулҳо диҳам, гарчи ки ман аввал ҳама хор омадам.
Гул сар бурун кард аз дараҷ, к-ассабр мифтоҳ алфараҷ
Ҳар шоҳ гӯяд: лоҳараҷ, к-аз сабр дар бор омадам.
Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
Дидаи сер аст маро, ҷони далер аст маро,
Заҳраи шер аст маро, Зӯҳраи тобанда шудам.
Гуфт, ки девона наӣ, лоиқи ин хона наӣ,
Рафтаму девона шудам, силсила банданда шудам.
Гуфт: ки сармаст наӣ, рав, ки аз ин даст наӣ,
Рафтаму сармаст шудам в-аз т-араб оганда шудам.
Гуфт, ки ту кушта наӣ, дар тараб оғушта наӣ,
Пеши рухи зиндакунаш куштаву афканда шудам.
Гуфт, ки ту зиракакӣ, масти хаёливу шакӣ,
Гул шудам, ҳул шудам в-аз ҳама барканда шудам.
Гуфт, ки ту шамъ шудӣ, қиблаи ин ҷамъ шудӣ,
Ҷамъ наям, шамъ наям, дуди пароканда шудам.
Гуфт, ки шайхиву сарӣ, пешраву роҳбарӣ,
Шайх наям, пеш наям, амри туро банда шудам.
Гуфт, ки бо болу парӣ, ман пару болат надиҳам,
Дар ҳаваси болу параш бе пару парканда шудам.
Гуфт маро давлати нав: роҳ марав, ранҷа машав,
3-он ки ман аз лутфу карам сӯи ту оянда шудам.
Гуфт маро ишқи куҳан аз бари мо нақл макун,
Гуфтам: оре, накунам, сокину бошанда шудам.
Чашмаи хуршед туӣ, соягаҳи бед манам
Чун-к задӣ бар сари ман, пасту гудозанда шудам.
Тобиши ҷон ёфт дилам, во шуду бишкофт дилам,
Атласи навбофт дилам, душмани ин жанда шудам.
Сурати ҷон вақти саҳар лоф ҳаме зад зи батар,
Бандаву харбанда будам, шоҳу худованда шудам.
Шукр кунад коғази ту аз шакари беҳади ту,
К-омад ӯ дар бари ман, бо вай монанда шудам.
Шукр кунад хоки дижам аз фалаку чархи бахам,
К-аз назари гардиши ӯ нурпазиранда шудам.
Шукр кунад чархи фалак аз малику мулку малак,
К-аз караму бахшиши ӯ равшану бахшанда шудам.
Шукр кунад орифи Ҳақ, к-аз ҳама бурдем сабақ,
Бар забари ҳафт табақ ахтари рахшанда шудам.
Аз туам, эй шӯҳра қамар, дар ману дар худ бинигар,
К-аз асари хандаи ту гулшани ханданда шудам.
Бош чу шатранҷ равон хомушу худ ҷумла забон,
К-аз рухи он шоҳи ҷаҳон фарруху фархунда шудам.
Биё, то қадри яқдигар бидонем,
Ки то ногаҳ зи якдигар намонем.
Чу мӯъмин оинаи мӯъмин яқин шуд,
Чаро бо оина мо рӯгаронем?
Каримон ҷон фидои дӯст карданд,
Сагӣ бигзор, мо ҳам мардумонем.
Фусуни «қул аъузу қул ҳуваллоҳ»
Чаро дар ишқи ҳамдигар нахонем.
Ғаразҳо тира дорад дӯстиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем.
Гаҳе хушдил шавӣ аз ман, ки мирам,
Чаро мурдапарасту хасми ҷонем?
Чу баъд аз марг хоҳӣ оштӣ кард,
Ҳама умр аз ғамат дар имтиҳонем.
Кунун пиндор: мурдам, оштӣ кун,
Ки дар таслим мо чун мурдагонем.
Чу бар гӯрам бихоҳӣ бӯса додан,
Рухамро бӯса деҳ, к-акнун ҳамонем.
Хамӯш кун мурдавор, эй дил, азеро
Ба ҳастӣ муттаҳам мо з-ин забонем.
Мо зинда ба нури кибриёем,
Бегонаву сахт ошноем.
Нафс аст чу гург, лек дар сир,
Бар Юсуфи Миср барфазоем.
Маҳ тавба кунад зи хешбинӣ,
Гар мо рухи худ ба маҳ намоем.
Дарсӯзад парру боли хуршед,
Чун мо парру бол баркушоем.
Ин ҳайкали одам аст рӯпӯш,
Мо қиблаи ҷумла саҷдаҳоем.
Он дам бинигар, мабин ту одам,
То ҷон-т ба лутф даррабоем.
Иблис назар ҷудо-ҷудо дошт,
Пиндошт, ки мо зи Ҳақ ҷудоем.
Шамси Табрез худ баҳона(а)ст,
Моем ба ҳусни лутф, моем.
Бо халқ бигӯ барои рӯпӯш,
К-ӯ шоҳи кариму мо гадоем.
Моро чӣ зи шоҳиву гадоӣ,
Шодем, ки шоҳро сазоем.
Маҳвем ба ҳусни Шамси Табрез
Дар маҳв на ӯ бувад, на моем.
Чу ғуломи офтобам, ҳама з-офтоб гӯям,
На шабам, на шабпарастам, ки ҳадиси хоб гӯям.
Чу расули офтобам ба тариқи тарҷумонӣ,
Пинаҳон аз ӯ бипурсам, ба шумо ҷавоб гӯям.
Ба қадам чу офтобам, ба харобаҳо битобам,
Бигурезам аз иморат, сухани хароб гӯям.
Ба сари дарахт монам, ки зи асл дур гаштам,
Ба миёнаи қушурам, ҳама аз лубоб гӯям.
Ман агарчи себи шайбам, зи дарахти бас баландам,
Ман агар харобу мастам, сухани савоб гӯям,
Чу дилам зи хоки кӯяш бикашидааст бӯяш,
Хиҷилам зи хоки кӯяш, ки ҳадиси об гӯям.
Бикушо ниқоб аз рух, ки рухи ту аст фаррух,
Ту раво мабин, ки бо ту зи паси ниқоб гӯям,
Чу дилат чу санг бошад, пур аз оташам чу оҳан,
Ту чу лутфи шиша гирӣ, қадаҳу шароб гӯям.
Зи ҷабини заъфаронӣ кару фарри лола гӯям.
Ба ду чашми новадонӣ сифати саҳоб гӯям.
Чу зи офтоб зодам, ба худо, ки Кайқубодам,
На ба шаб тулӯъ созам, на зи моҳтоб гӯям.
Эй ёри ман, эй ёри ман, эй ёри безинҳори ман,
Эй ҳаҷри ту дилсӯзи ман, эй лутфи ту ғамхори ман.
Чун Юсуфӣ дар дилбарӣ, оиву ҷӯӣ муштарӣ,
То оташе андар занӣ дар Мисру дар бозори ман.
Эй дар замин моро қамар, эй нимашаб моро саҳар
Андар хатар моро сипар, эй абри шаккарбори ман.
Хуш меравӣ дар ҷони ман, чун мекунӣ дармони ман,
Эй дину эй имони ман, эй баҳри гавҳарбори ман.
Ҳам мӯнису ғамхори ман, ҳам давлати хандони ман.
Валлаҳ, ки садчандони ман, як даст аз бисёри ман.
Эй шабравонро машъала, девонагонро силсила,
Эй манзили ҳар қофила, эй қофиласолори ман.
Ҳам раҳзанӣ, ҳам раҳбарӣ, ҳам моҳиву ҳам муштарӣ
Ҳам ин сарӣ, ҳам он сарӣ ҳам ганҷи истизҳори ман.
Эй ҷони ман, эй ҷони ман, султони ман, султони ман,
Дарёи бепоёни ман, болотар аз пиндори ман.
Эй хоки ту афлоки ман, эй заҳри ту тарёки ман,
Завқи дили ғамноки ман, шавқи ҳама асрори ман,
Гӯяд: биё, шарҳе бигӯ? Гӯям: чӣ гӯям пеши ту,
Гӯяд: биё, ҳила маҷӯ, эй бандаи таррори ман!
Гӯям, ки ганҷи шойгон, гӯяд: бале бе ройгон,
Ҷон гӯяму он гаҳ чӣ ҷон гӯям сабук кун бори ман.
Ҳар ҷо, ки шере меравад, пешаш сияҳгӯше равад,
Эй тан, сияҳгӯшӣ магар, ё шери маънидори ман?
Бингар сияҳгӯши маро, бар шер тавре мезанад,
Тавфе кунед, эй ошиқон бар каъбаи асрори ман.
Хомӯш кун, гар партави анвори Шамсиддин бувад,
Ҳам зинати анвори дил, ҳам равнақи аброри ман.
Пӯшида чун ҷон меравӣ андар миёни ҷони ман,
Сарви хиромони манӣ, эй равнақи бӯстони ман.
Ҳафт осмонро бардарам, дар ҳафт дарё бигзарам,
Чун дилбарона бингарӣ дар ҷони саргардони ман.
То омадӣ андар барам, шуд куфру имон чокарам,
Эй дидани ту дини ман в-эй рӯи ту имони ман.
Бе пову сар кардӣ маро, бе хобу хӯр кардӣ маро,
Дар пеши Яъқуб андар о, эй Юсуфи Канъони ман.
Аз лутфи ту чун ҷон шавам, в-аз хештан пинҳон шавам,
Эй ҳасти ту пинҳон шуда дар ҳастии пинҳони ман.
Гул ҷомадор аз дасти ту, эй чашми наргис масти ту.
вэй шохҳо обисти ту, эй боғи бепоёни ман.
Як лаҳза доғам мекашӣ, як дам ба боғам мекашӣ,
Пеши чароғам мекашӣ, то во шавад чашмони ман.
Эй шаҳ Салоҳиддини ман, раҳдони ман, раҳбини ман,
Эй фориғ аз тамкини ман, эй бартар аз имкони ман.
Мар аҳли киштиро лаҳад дар баҳр бошад то абад
Дар оби ҳайвон марг ку, эй гавҳари Уммони ман.
Эй бӯи ту дар роҳи ман в-эй оҳи ту ҳамроҳи ман,
Бар бӯи шоҳаншоҳи ман шуд ранги ту ҳайрони ман.
Чун меравӣ бе ман марав, в-эй ҷони ҷон бе тан марав,
ваз чашми ман берун марав, эй шӯълаи тобони ман.
То кай гурезӣ аз аҷал дар арғувону арғунун,
Нак кашкашонат мекашад, инно илайҳи роҷиун.
Пири ману муриди ман, дарди ману давои ман,
Фош бигуфтам ин сухан Шамси ману худои ман.
Аз ту ба Ҳақ расидаам эй ҳақи ҳақгузори ман,
Шукри туро ситодаам, Шамси ману худои ман.
Мот шавам зи ишқи ту з-он ки шаҳи ду оламӣ,
То ту маро назар кунӣ, Шамси ману худои ман.
Маҳв шавам ба пеши ту, то ки асар намонадам,
Шарти адаб чунин бувад, Шамси ману худои ман.
Шаҳпари Ҷабраилро тоқати он куҷо бувад,
К-аз ту нишон диҳад маро, Шамси ману худои ман.
Ҳотами Тай куҷо, ки то бӯса диҳад рикобро,
Вақти сахову бахшиш аст, Шамси ману худои ман.
Исӣ мурда зинда кард, дид фанои хештан,
Зиндаи ҷовидон туӣ, Шамси ману худои ман.
Абр биёву об зан Машриқу Мағриби ҷаҳон,
Сур будам, ки мерасад Шамси ману худои ман.
Ҳури қусурро бигӯ: рехт бурун бар аз биҳишт,
Тахт бинеҳ, ки мерасад Шамси ману худои ман.
Қаъбаи ман, куништи ман, дӯзахи ман, биҳишти ман,
Мӯниси рӯзгори ман, Шамси ману худои ман,
Барқ агар ҳазор сол чарх занад ба Шарқу Ғарб,
Аз ту нишон кай оварад, Шамси ману худои ман.
Наъраи ҳуй ҳой ман аз дари Рум то ба Балх,
Асл куҷо хато кунад, Шамси ману худои ман.
Аз дари Миср то ба Чин гуфтаву ҳою ҳуи ман,
Гуфтаи Шамсидин бихон, Шамси ману худои ман.
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун,
Дӯстонро шод гардон душманонро кӯр кун.
Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз,
Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун.
Офтобо, бори дигар боғро сарсабз кун,
Даштрову киштро пурҳуллаву пурнур кун.
Офтобо, бори дигар сӯи мағриб бозрав,
Ҷумлаи сайёраро бар ҳусни худ мағрур кун.
Эй рафиқи бедилону эй аниси хастагон,
Бедилонро чора созу марҳами ранҷур кун.
Эй табиби ошиқону эй чароғи осмон,
Ошиқонро даст гиру чораи ранҷур кун.
Инчунин рӯи чу маҳ дар зери абр инсоф нест,
Соате он абрро аз пеши он маҳ дур кун.
Гар ҷаҳон пурнур хоҳӣ, даст аз рух боз дор,
вар ҷаҳон торик хоҳӣ, рӯйро мастур кун.
Шамси Табрезӣ ниқоби кибриёро баркушо,
Ҷони муштоқони шамъи рӯи худ масрур кун.
Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест,
Сафар бе рӯшноӣ маслиҳат нест.
Чу мулки подшоҳӣ дида бошӣ,
Пас аз шоҳӣ гадоӣ маслиҳат нест.
Шуморо бе шумо мехонад Он ёр,
Шуморо ин шумоӣ маслиҳат нест.
Чу по дорӣ бирав дасте биҷунбон,
Туро бедасту поӣ маслиҳат нест.
Чу поят менамонад, пар диҳандат,
Ки бе пар дар ҳавоӣ маслиҳат нест.
Ҳумои Қофи қурбӣ, эй бародар,
Ҳуморо ҷуз ҳумоӣ маслиҳат нест.
Чу пар ёбӣ, ба сӯи доми Ҳаққ пар,
Ки аз домаш раҳоӣ маслиҳат нест.
Ҷаҳон – ҷӯю сафо - баҳру ту - моҳӣ,
Дар ин ҷӯй ошноӣ маслиҳат нест.
Хамӯш бошу фанои баҳри Ҳаққ шав,
Ба ҳам боре худоӣ маслиҳат нест.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё