Мавлоно — Ҳикоятҳо
Ҳикояти зоҳир шудани фазл ва ҳунари Луқмон
Хоҷаи Луқмон чу Луқмонро шинохт,
Банда буд ӯрову бо ӯ ишқ бохт.
Ҳар таоме, к-оваридандӣ ба вай,
Кас сӯи Луқмон фиристодӣ зи пай,
То ки Луқмон даст сӯи он барад
Қосидан1, то хоҷа пасхӯрдаш хӯрад.
Сӯри2 ӯ хӯрдию шӯр ангехтӣ,
Ҳар таоме, к-ӯ нахӯрдӣ, рехтӣ,
ва агар бихӯрдӣ, бедилу беиштиҳо.
Ин бувад пайвастагӣ бемунтаҳо.
Харбуза оварда буданд армағон,
Лек ғоиб буд Луқмон з-он миён.
Гуфт хоҷа бо ғуломе: «К-эй фалон,
Зуд рав, фарзанд, Луқмонро бихон».
Чунки Луқмон омаду пешаш нишаст,
Хоҷа пас бигрифт сиккине ба даст.
Чун буриду дод ӯро як бурин3,
Ҳамчу шаккар хӯрдашу чун ангубин.
Аз хушӣ, ки хӯрд, дод ӯро дуввум,
То расид он шамсҳо4 то ҳаждаҳум.
Монд шамсе. Гуфт: «Инро ман хӯрам,
То чи ширин харбузаст ин, бингарам.
Ӯ чунон хуш мехӯрад, к-аз завқи ӯ
Табъҳо шуд муштаҳию5 луқмаҷӯ».
Чун бихӯрд, аз талхияш оташ фурӯхт,
Ҳам забон кард обила, ҳам ҳалқ сӯхт.
Соате бехуд шуд аз талхии он,
Баъд аз он гуфташ, ки: «Эй ҷони ҷаҳон,
Нӯш чун кардӣ ту чандин заҳрро,
Лутф чун ангоштӣ6 ин қаҳрро?
Ин чӣ сабр аст, ин сабурӣ аз чй рӯст?
Ё магар пеши ту ин ҷонат адӯст?
Чун наёвардӣ баҳонав(у) ҳуҷҷате,
Ки маро узрест, бас кун соате?»
Гуфт: «Ман аз дасти неъматбахши ту
Хӯрдаам чандон ки аз шармам дуту7.
Шармам ояд, ки яке талх аз кафат
Менанӯшам аз ту, соҳибмаърифат.
Чун ҳама аҷзоям8 аз инъоми ту
Рустаанду ғарқи донав(у) доми ту.
Гар зи як талхӣ кунам фарёду дод,
Хок сад раҳ бар сари аҷзом бод!
Лаззати дасти шакарбахши ту дошт,
Андарин биттих9 талхӣ кай гузошт?»
Аз муҳаббат талхҳо ширин шавад,
Аз муҳаббат мисҳо заррин шавад.
Аз муҳаббат дурдҳо софӣ шавад,
ва аз муҳаббат дардҳо шофӣ шавад.
Аз муҳаббат хорҳо гул мешавад,
ва аз муҳаббат сиркаҳо мул мешавад.
Аз муҳаббат дор тахте мешавад,
ва аз муҳаббат бор бахте мешавад.
Аз муҳаббат сиҷн10 гулшан мешавад,
Бе муҳаббат равза11 гулхан мешавад.
Аз муҳаббат нор12 нуре мешавад,
ва аз муҳаббат дев ҳуре мешавад.
Аз муҳаббат санг равған мешавад,
Бе муҳаббат мум оҳан мешавад.
Аз муҳаббат ҳузн шодӣ мешавад,
ва аз муҳаббат ғӯл ҳодӣ мешавад.
Аз муҳаббат неш нӯше мешавад,
ва аз муҳаббат шер муше мешавад.
Аз муҳаббат суқм13 сиҳат мешавад,
ва аз муҳаббат қаҳр раҳмат мешавад.
Аз муҳаббат мурда зинда мешавад,
ва аз муҳаббат шоҳ банда мешавад.
Ин муҳаббат ҳам натиҷа(и) дониш аст,
Кай гизофа14 бар чунин тахте нишаст?
1 Ба тарзи роҳ нишон додан.
2 Сӯр — пасхӯрда.
3 Бурин — харбуза.
4 Шамсҳо — буридаҳои харбуза.
5 Муштаҳӣ — бо иштиҳо.
6 Ангоштан — пиндоштан.
7 Дуту — хамида.
8 Узвҳои баданам.
9 Биттих — харбуза.
10 Сиҷн — банд, зиндон;
11 Равза — боғу сабзазор;
12 Нор — оташ.
13 Суқм — беморӣ.
14 Гизофа — беҳуда.
ҲИКОЯТИ МАРДИ ЛОФЗАН
Пӯсти дунба ёфт марди мустаҳон1,
Ҳар сабоҳ ӯ чарб кардӣ саблатон2.
Дар миёни мунъимон3 рафтӣ ки: «ман
Лути чарбе4 хӯрдаам, дар анҷуман».
Даст бар саблат ниҳодӣ дар навид5,
Рамз, яъне сӯи саблат бингаред,
К-ин гувоҳи сидқи гуфтори ман аст,
ва ин нишони чарбу ширин хӯрдан аст».
Ишкамаш гуфтӣ ҷавоби бетанин6,
Ки: «Абодоллоҳ кайд-ал-кофирин7.
Лофи ту моро бар оташ барниҳод,
К-он сиболи чарби ту барканда бод.
Гар набудӣ лофи зиштат, эй гадо,
Як кариме раҳм афгандӣ ба мо.
ва агар намудӣ айб, кам хӯрдӣ ҷафо,
Ҳам будӣ меҳмонии як ошно.
Рост гар гуфтию каҷ кам бохтӣ,
Як табибе доруи мо сохтӣ».
... ва агар нагӯӣ айби худ, боре, хамӯш,
Аз намоиш в-аз дағал худро макуш.
Бар сиболи чарби худ такя макун,
3-он ки гурба бурд дунба бе сухун.
Гар ту нақде ёфтӣ, накшо даҳон,
Ҳаст дар раҳ сангҳои имтиҳон.
Сангҳои имтиҳонро низ пеш
Имтиҳонҳо ҳаст дар аҳволи хеш.
... Чун шикам худро ба ҳазрат дарсупурд,
Гурба омад, пӯсти дунбаро бибурд.
Аз паи дунба давиданд, ӯ гурехт,
Кӯдак аз тарси итобаш8 ранг рехт.
Омад андар анҷуман он тифли хурд,
Обрӯи марди лофиро бибурд.
Гуфт: «Он дунба, ки ҳар субҳе бад-он
Чарб мекардӣ лабону саблатон,
Гурба омад, ногаҳонаш даррабуд,
Бас давидему накард он ҷаҳд суд».
Паҳлавон дар лофи гарму завқнок
Чун шунид ин қисса, гашт аз ғам ҳалок,
Мунфаил9 шуд дар миёни анҷуман,
Сар фурӯ бурду хамӯш шуд аз сухан.
Ханда омад ҳозиронро аз шигифт10,
Раҳмҳошон боз ҷунбидан гирифт.
Даъваташ карданду сераш доштанд,
Тухми раҳмат дар заминаш коштанд.
Ӯ чу завқи ростӣ дид аз киром,
Бе такаббур ростиро шуд ғулом.
Ростиро пешаи худ кун мудом,
То шавӣ дар ҳар ду олам некном.
1 Мустаҳон — назарногир;
2 Ҷаблат — муйлаб;
3 Мунъим — давлатманд;
4 Лути чарб — таоми равғанӣ.
5 Ба тарзи гувоҳ.
6 Бетанин — базӯр, суст;
7 Ар. — худоё, нест гардон макру фиреби кофиронро.
8 Итоб – сарзаниш; хашм, ғазаб.
9 Мунфаил – шармсор, хиҷил.
10 Шигифт – тааҷҷуб, ҳайрат.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё