Низомии Ганҷавӣ
Табарро кун, дило, аз худпарастӣ, Чу андар ҳалқаи мардон нишастӣ.
Шароби шавқ андар ҷамъи мардон Чу кардӣ нӯш, фориғ шав зи ҳастӣ.
Маҷӯ ёрӣ зи ҳар кас андар ин роҳ ва агар ҷустӣ, дари ёрӣ бубастӣ.
Зи ёр инсоф ҷустан ҳаст пиндор.
Зи худ инсоф деҳ, гар ёр ҳастӣ.
Хурӣ хуноба сад сол ар дар ин роҳ, Ҳама бод аст, агар як дил бихастӣ.
Зиндагинома
Абӯмуҳаммад Илёс писари Юсуф писари Закӣ писари Муайяд, ки бо тахаллуси Низомӣ машҳур гардидааст, соли 1141 дар Ганҷа чашм ба дунё кушодааст.
Падари Низомӣ аз аҳли фазл буд ва Юсуф писари Закӣ Муайяд ном дошт.
Модари шоир аз деҳоти атрофи Ганҷа, ба қавли худи ӯ раисаи курд буд.
Курдҳо халқи эронинажод мебошанд.
Илёс дар хурдӣ аз падар ятим монд.
Дере нагузашта ӯ аз модар низ маҳрум гашт.
Бинобар ҳамин тарбияи минбаъдаи ӯро тағояш Хоҷа Умар ба ӯҳда гирифт.
Ин марди ғамхор ва мехрубон хоҳарзодаи худро натанҳо ба зери ҳимоят гирифт, балки ба ӯ имкон дод, ки илм омӯзад ва дониш андӯзад.
Таҳсили ӯ пурра дар зодгоҳаш Ганҷа гузашт.
Ӯ дар давоми умри худ фақат як бор бо таклифи султони Ироқ Туғрилшоҳ (1176-1194) ба Табрез сафар кард.
Озарбойҷон низ дар итоати Туғрилшоҳ буд.
Ӯ пойтахти худро гоҳе дар Ҳамадон ва гоҳе дар Табрез қарор медод.
Ин сафари шоир соли 1186 воқеъ гардида буд.
Дар ин вохӯрӣ ҳокими маҳаллӣ Қизил Арслон (1186-1191) низ ҳузур дошт.
Низомиро султон бо шукӯҳу азамат пешвоз гирифт.
Вақте ки Низомӣ ба ҳузури ӯ даромад, дид ки мутрибон ғазалҳои ӯро мехонанд.
Ба ӯ тӯҳфаҳо дода мешуд.
Вале Низомӣ натавонист, ки аз се рӯз бештар дар даргоҳи ҳокимон монад.
Вай ба Ганҷаи азизи худ баргашт.
Сабаби аз даргоҳи ҳукмронон ба Ганҷа баргаштани Низомӣ он буд. ки ӯ бо вуҷуди бо ҳокимон муносибати хуб доштан озодӣ ва сарбаландиро аз шукӯҳу шавкати дурӯғини дарбор боло мегузошт.
Вай медонист, ки қаноат, фурӯтанӣ ва бо меҳнати ҳалоли худ баҳри мардум зиндагӣ кардан ҳазорҳо бор аз маддоҳӣ карда, кайфу сафо варзидан беҳтар аст.
Аз ҳамин сабаб вақте ки ҳокимон ашъори ӯро писандида, худашро ба дарборашон ҷалб карданӣ мешуданд, ӯ ин навъ даъватҳоро намепазируфт.
Вай бо дурӣ ҷустан аз дарбор қонеъ намешуд.
Шоир гардон будани бозори зулмро дида, ба ҳокимони замони худ панд медиҳад, ки аз ин қабоҳат шарм доранд: Моли ятимон ситадан1 кор нест, Бигзар, ин одати аҳрор2 нест.
Маскани шаҳрӣ зи ту вайрона шуд, Хирмани деҳқон зи ту бедона шуд.
Шоири назарбаланд натанҳо худаш хизмати подшоҳонро қабул накард, балки писарашро низ насиҳат дод, ки ба кори пасте, ки инсонро аз ҷиҳати рӯҳонӣ мутеъ, хушомадгӯ, тамаллуқкор ва хор мегардонад, наравад.
Худи Низомӣ қариб тамоми умр дар зодгоҳаш гӯшанишинӣ мекард.
Вале ин гӯшанишинии ӯ маънои тарки дунё карданро надошт.
Вай дар кунҷи хилват рӯзе бо як мушт писти ҷавин, яъне як мушт талқони ҷав қаноат карда, ба омӯхтани илм ва эҷоди асарҳои ҷаҳоншумул машғул мешуд.
Шоир аз гӯшанишиниҳояш борҳо хабар медиҳад: Гули раъно даруни ғунча ҳазин Ҳамчу ман гашта эътикофнишин3.
Ин маънӣ дар байти зер низ таъкид шудааст: Манам рӯй аз ҷаҳон дар гӯша карда, Кафе писти ҷавин раҳтӯша карда.
Ӯ гӯшанишиниро барои ба халқ нафъ расондан ихтиёр карда буд, зеро ақида дошт, ки одамизод на барои хӯрду хоб, балки барои корҳои бузург офарида шудааст! Одамӣ н-аз пайи алафхорист, Аз пайи зиракию ҳушёрист.
Саг бар он одамӣ шараф дорад, Ки чу хар дида бар алаф дорад.
Кӯш, то халқро ба кор оӣ, То ба хулқат ҷаҳон биёроӣ! Ҳокими Дарбанд Байбарс ибни Малик Музаффар (1155-1170), бо мақсади Низомиро ба дарбори худ ҷалб кардан, соли 1169 дар қатори тӯҳфаю ҳадяҳои дигари худ ба ӯ канизакеро, ки Офоқ ном дошт, низ фиристод.
Офоқ аз қабилаҳои туркҳои қипчоқ буд.
Низомӣ ба ин духтар хонадор шуд.
Ӯро "бути қипчоқ" номида, бисёр дӯсташ медошт.
Офоқ писаре таваллуд кард.
Шоир писари худро Муҳаммад ном ниҳод.
Падари хирадманд писари ягонаашро нозпарвар накарда, ба тарбияи ҳартарафаи ӯ машғул шуд.
Муҳаммад, ки писараки боадаби зираку ҳушёр буд, бо ҷиддият илм меомӯхт, шеър менавишт, саъй менамуд, ки сазовори номи падари худ бошад.
Насиҳатҳои Низомӣ ба писараш дар ганҷинаи афкори ахлоқии мо мисли дурдонаҳо ҷило медиҳанд.
Вақте ки онҳоро мехонем, гумон мекунем, ки падари худамон ба мо панди судманде медиҳад, ки одами боадаб ва сазовори даврони худ бошем, илм омӯзем ва ба мамлакат фоида расонем.
Ӯ дар насиҳати фарзанди худ Муҳаммади Низомӣ мегӯяд: Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ, Чун гул ба чаман ҳавола будӣ. ва акнун ки ба чордаҳ расидӣ, Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист, Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз, То беҳ нигаранд рӯзат аз рӯз.
Ному насабат ба хурдсолист, Насл аз шаҷари бузург холист.
Ҷое, ки бузург боядат буд, Фарзандии ман надорадат суд.
Чун шер ба худ сипаҳшикан бош, Фарзанди хисоли хештан бош!...
Мекӯш ба ҳар варақ, ки хонӣ, К-он донишро тамом донӣ.
Завҷаи Низомӣ Офоқ соли 1180 вафот кард.
Шоир аз марги ӯ сахт аламзада шуда, аҳволи рӯҳиашро дар достони «Хусрав ва Ширин» бо андӯҳ ба қалам медиҳад.
Низомӣ бо адибони номдори ҳамасраш Абулъалои Ганҷавӣ, Муҷири Байлақонӣ, Камол Исмоил ва дигарон ошноӣ дошт.
Бо шоири машҳур Хоқонии Шервонӣ (1120-1199) дӯст буд.
Аз ин ҷиҳат аз марги ин дӯсти бузургвораш ғусса хӯрда, навишта буд: Ҳаме гуфтам, ки Хоқонӣ дареғогӯи ман бошад, Дареғо, ман шудам охир дареғогӯи Хоқонӣ.
Низомӣ 12 марти соли 1209 дар Ганҷа аз олам гузашт.
Ҳоло дар болои турбати ӯ мақбараи мӯҳташаме қад афрохтааст. ----------------------- 1.
Ситадан - ситондан. 2.
Аҳрор - ҷамъи ҳур - озодагон. ҷавонмардон. 3.
Эътикофнишин - гӯшанишин, хилватнишин.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё