Мавлоно - Ҷaлолуддин Муҳаммади Румӣ
Рӯзгор ва осори Мавлоно
Шашуми рабеъулаввали соли 604 ҳиҷрӣ, баробар бо 30 сентябри соли 1207 милодӣ дар яке аз хонадонҳои мӯътабари Балх, хонадони фақеҳи маьруфу машҳури вақт Баҳоуддин Валад тифлаки маъсуме дида ба олами ҳастӣ кушуд, ки бо мурури замон ва гузашти айём ҳамчун симои беназири фарҳангу адаб дар сафи маъруфону маҳбубони тамаддуни ҷаҳон шинохтаву қадр шудааст. Ин сифат ба яке аз бузурпарин орифону шоирони дараҷаи аввали фарҳанги баландовозаи форсу тоҷик Ҷалолуддин Муҳаммад, ки бо алқоби «Мавлавӣ». «Мавлоно», «Мавлонои Рум», «Ҷалолуддин Муҳаммади Румӣ», «Мавлоно Ҷалол бинни Муҳаммад» ва «Мавлавии Румии Балхӣ» шӯҳрат дошта, иддае муҳаққиқин дар заминаи дарёфт аз ашъораш тахаллуси шоирии ӯро «Хомӯш». «Хамӯш» ва «Хамуш» донистаанд, мансуб мебошад. Ва имрӯз дар олами шеъри адабиёти форсу тоҷик суханвареро пайдо кардан муҳол аст, ки маҳбубияту шӯҳрати беназири Мавлоно Ҷалолуддини Румии Балхиро сазовор гардида, дар тӯли қарнҳо номаш вирди забонҳо, шеъраш чароғи рӯшани маҳфилҳо ва худ ровии беминнати розу ниёзи мардумон шинохта шуда бошад. Бино ба гуфтаи Деҳхудо гузаштагони Мавлоно Ҷалолуддин аз Вахшонзамини Тоҷикистони имрӯза буда, хеле барвақт муқими доимии Балх шудаанд. Падари Ҷалсëуддин Баҳоуддин Валад дар атрофу акнофи диёр, байни хоссу ом, бо лақаби «Султону-л-уламо» маьруфият дошта, дар Балх мударрисиву воизӣ мекард ва мавриди эҳтироми Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ қарор дошт. Замони тифлии Ҷалолуддин падараш аз султони давр Муҳаммад Хоразмшоҳ ранҷише дида. Хуросонро тарк мегӯяд ва чанде дар Вахшу Самарқанд бо оилааш зиндагӣ карда, аз он ҷо озими ҳаҷ мешавад. Гӯянд, ки вақте дар ҳамин сафар ба шаҳри Нишопур расиданд, Шайх Фаридуддин Аттори Нишоиурии ҳам ба ақлу заковати фитрӣ ва ҳам ба синну сол солор, ба зиёрати Баҳоуддин Валад омад, зеро ба дидори ҳамдигар расидани машойиху орифон ва зиёрати ҳамдигар дар байни эшон он замонҳо фарзу суннат дониста мешуд ва ба ӯ маснавии «Асрорнома»-и худро ҳадя намуд. Ҷалолуддини хурдсол дар ин мулоқот иаҳлӯи падар ҳузур дошт ва чун Шайх Аттор ӯро дид, ба Баҳоуддин Валад ишора намуда гуфт: «Зуд бош, ки ин иисари ту оташ дар сӯхтагони олам занад». Шарқшиноси олмонӣ Этте дар асари пургунҷойиши худ «Таърихи адабиёти форсӣ» дойир ба ин мулоқот чунин нигошгааст: «Ба соли 609 ҳ, (1212 м.), ки Фаридуддини Аттор аввалин ва охирин бор ҳарифи ояндаи худ. ки мерафт дар шӯҳрати шоирӣ бузургтарин ҳамдӯши ӯ гардад, яъне Ҷалолуддинро, ки он вақт писарс панҷсола буд, дар Нишопур зиёрат кард ва гузашта аз ин, ки маснавии «Асрорнома»-ро барои ҳидояти ӯ ба мақоми ирфонӣ ба ӯ ҳадя намуд, бо як рӯҳи азамати ҷаҳонгир ояндаи ӯро пешгӯйӣ кард». Баҳоуддин Валад ва аҳли хонадонаш баъди сафари ҳаҷ ва зиёрати Каъба муддатс дар Озарбойҷон, чанде дар Шом ва шаҳрҳои Осиёи Сағир иқомат ихтиёр намуда, бо даъвати Султон Алоуддин Кайқубоди Салҷуқӣ ба пойтахти давлати ӯ шаҳри Қуния меравад. Дар ин миён Ҷалолуддин Муҳаммад дар Лоранда ба духтари Шарафуддини Лоло хонадор шуда, бо кӯмаки ҳамаҷонибаи падар оилаи мустақили худро бунёд мегузорад. Дар Қуния Баҳоуддин Валад чанде ба таьлиму тадрис машғул гардида, соли 628 ҳ. (1231м.) бо олами ҳастӣ падруд мегӯяд ва писар бар маснади тадрису минбари иззи падар менишинад. Ин ҷо ба маврид аст ёдрас шавем, ки Ҷалолуддин Муҳаммад аз оғози ошноӣ бо ҳарф то даргузашти падар дар зери назорати ӯ буд ва Баҳоуддин Валад дар тамоми муддати сафарҳояш то муқимӣ шудан дар Қуния, барои таьлиму тарбияи писараш, ки соҳиби зсҳни чобуку гиро ва хотираи доро буд, молу манолро дареғ намедошт. Ҳатто барои Ҷалолуддин дар таълиму тадрис раҳораҳи сафарҳо устодону мударрисони кироя дар хидмат будаанд. Иҳотаи вай бар маорифи асри худ, аз қабили фиқҳ, ҳадис, тафсир, улуми арабия ва адабия, фалсафа ва усули ирфону тасаввуф, таърих, ҳамчунин иттилооти доманадоре бар шеьру адаби форсии тоҷикӣ ва арабй шоҳиди андешаи болои ӯянд. Ҳамин аст, ки Ҷалолуддин Муҳаммад баъди сари падар бар маснади иршоду тадрис нишаста, дар тарбияи толибони улуми шариат ҳиммат мегуморад ва дар ин ҷода мақому манзалаги арзишмандеро касб менамояд. ¡ бо он ҳама донишу биниш лаҳзае аз омӯзишу андӯзиш барканор намеистад ва бо раҳнамоии устодаш - шайхи маъруф Бурҳонуддин Муҳаққиқи Тирмизӣ соли бЗО ҳ. (1232м.) ба Шому Ҳалаб барои такмили маълумоту камолот мсравад. Шоир шояд ҳамин раҳнамоии устодашро дар назар дорад, ки дар дафтари дувуми «Маснавӣ» мсгӯяд: Пухта гарду аз таҳаййур дур шав, Рав, чу Бурҳони Муҳаққиқ нур шав. Ин сафари Мавлоно ҳафт сол тӯл кашида будааст. Зиндагии Ҷалолуддин Муҳаммад пас аз ошноӣ бо Шамсуддин Мухаммад Алӣ бинни Маликзод, маьруфу машҳур ба Шамси Табрезӣ, ки дарвешмашраби шӯридае аз шӯридагони олам буд, сурати дигаре мегирад. Шамси Табрезӣ соли 642 ҳ. (1243м.) ба Қуния ворид гардида, баъди шонздаҳ моҳи ҳамнишинӣ бо Мавлоно ба қаҳру ғазаби ҷонибдорон ва эътиқодмандони фарзанди барӯманди Баҳоуддин Валад тоб оварда натавониста, ба Димишқ паноҳ мебарад. Таъсири Шамси Табрезӣ бар Мавлоно чунон буд, ки ӯро дар як муддати кӯтоҳ аз фақеҳе ботамкин ошиқе шӯрида сохт. Ин пири мармузу пӯшида дили Ҷалолуддин Муҳаммадро бар дарсу баҳсу улуми расмӣ сард мегардонид ва ӯро аз маснади тадрис ва минбари вазъ пойин кашида, дар ҳалқаи рақсу самоь мепечонид. Худи суханвар ба ин маънӣ чунин гуфтааст: Дар даст ҳамеша Мусҳафам буд, Дар ишқ гирифтаам чағона. Андар даҳане, ки буд тасбеҳ, Шеър асту дубайтиву тарона. Ҷалолуддин Муҳаммад бо ҷудоӣ аз Шамси Табрезӣ бар дарди ҳиҷрон месӯхт, вале бо ин ҳама оташи ишқу умедро дар дили худ фурӯзон медошт. Аз ин рӯ ӯ сар ба шайдойӣ баровард ва бештар ғазалҳои пуршӯру сӯзноки «Девони Шамс»-ро муҳаққиқин аз дастоварду бозёфтҳои ҳамон рӯзҳову лаҳазоти шайдойӣ медонанд. Муддате нагузашта Шамси Табрезӣ ба воситаи номае Мавлоноро хабар мерасонад, ки ӯ дар Димишқ иқомат дорад. Мавлоно барои ба Қуния баргардонидани Шамс писараш Султон Валадро бо чанд нафар муриду иродатмандони содиқаш ба Димишқ мефиристад ва бар муроди дил мерасад. Вале баробари ба Қуния расидан Шамси Табрезӣ дубора ба чаҳлу таассуби мардуми авом рӯ ба рӯ мегардад. Бадгӯйиву захми забон чандон мешавад, ки Шамси Табрезӣ ин бор бехабар Қунияро тарк мегӯяд ва нопадид мешавад, дигар аз ӯ хабаре намсмонад. Андӯҳ ва беқарории Мавлоно аз фироқи Шамс ин бор шадидтар буд. Ин ҳолатро Султон Валад чунин баён кардааст: Бонгу афғони ӯ ба арш расид, Нолаашро бузургу хурд шунид. Роҷеъ ба ҳамнишиниву ҳамдамии Мавлоно бо Шамс ва таъсири Шамс ба ӯ Абдурафеьи Ҳақиқат дар китоби «Торихи ирфон ва орифони эронӣ» чунин хулосае дорад, ки барҳак ба рӯзгору осори Мавлоно мувофиқат мекунад: «Мунтаҳо дар сафари аввал Шамс ғами дурии Мавлоноро ба сукуту узлат фаро мехонад, чунонки самоьу рақсу шсъру ғазалро тарк гуфт ва рӯй аз ҳамагон дарҳам кашид. Лекин дар сафари дувум дуруст маъкуси он ҳолро дошт. Он бор чун кӯҳ ба ҳангоми нузули шаб сарду танҳо ва сангину дижаму хамӯш буд ва ин бор чун селоби баҳорӣ хурӯшону дамон ва пурғиреву фарёд гардид. Мавлоно, ки хаёл мекард, Шамси Табрсзӣ ин бор низ ба ҷониби Димишқ рафтааст, ду бор дар талаби ӯ ба Шом рафт, лекин ҳар чӣ бештар ҷуст, нишони ӯ камтар ёфт ва ба ҳар ҷо, ки мерафт ва ҳар касро, ки медид, суроғи Шамс мегирифт. Ғазалиёти ин давраи зиндагии Мавлоно аз тӯфони дарду шайдоии ӯ ҳикоят мекунад». Пас аз ғайби ногаҳонӣ ва ҳамешагии Шамси Табрезӣ шӯрмояи ҷони Мавлонои Рум дидору ҳамнишинии марде заргару содадил Салоҳуддин Заркӯби Қуниявӣ будааст. Ҷалолуддин Муҳаммад ӯро ҳамчун гулобе дарёфта, бӯйи гул (бӯйи Шамси Табрезӣ - А. М.) аз ӯ меҷуст. Салоҳуддини Заркӯб дар тӯли беш аз даҳ сол Мавлоноро шефтаи худ месозад. Дар «Девони Шамс» беш аз 70 ғазал аз сурудаҳои шӯрангези шоир ба номи вай зеварбандиву ҳусни мақтаъ ёфтаанд. Ин марди наҷиб ва ҳамнишини ҳабиб ғайричашмдошти Мавлоно дунёи фониро тарк мегӯяд. «Вале рӯҳи ноороми Мавлоно ҳамчунон дар ҷустуҷӯи мизроби тоза бо оҳанги шӯрангезтару сӯзандатаре буд ва он бо ҷозибаи Ҳусомуддини Чалабӣ ба ҳосил омад» - менависад Деҳхудо. Ҳусомуддин ибни Ахии Туркӣ аз аҳли футӯҳу тақво буд ва пас аз марги Салоҳуддини Заркӯб сурудмояи ҷону тавони Мавлонои Рум ва ангезаи пайдоиши асари азиму баландовозаи «Маснавӣ» гардид, ки ин асар баъди эҷод чӣ дар адабиёти форсу тоҷик ва чӣ дар адабиёти ҷахонӣ ягонаву асл ва бемонанд шинохта шудааст. Мусаннифи «Маснавӣ» зиёда аз 15 сол бо Ҳусомуддин ҳамнишасту ҳамдам ва ҳамсӯҳбат будааст ва ҳамин асарро, ки аз бузургтарин осори завқу андсшаи башарист, аз ҳосили лаҳзаҳои мондании ин ҳамсӯҳбативу ҳамнишиниҳо донистаанд. Худи Мавлоно дар ҳар дафтари асараш шукргузории он мекунад, ки бо ташвиқу дастгириии ин марди доно ва баҳуш «Маснавӣ»-ро бад-ин пояи баланд хонданибобу писандида офаридааст: Эй Зиёулҳақ Ҳусомуддин тувӣ, Ки гузашт аз маҳ ба нурат «Маснавӣ». «Маснавӣ»-ро чун ту мабдаъ будаӣ, Гар фузун гардад, туяш афзудаӣ. Бақияи умри Мавлонои Рум дар паҳлӯи ёрон, ба хусус Ҳусомуддин. бо сурудани «Маснавӣ» сипарӣ мешавад ва нотамом мондани қисмати охири дафтари шашуми ин асар низ шаҳодат бар ин аст. Тибқи маълумоти мавҷуд Ҷалолуддин Муҳаммад ду дафъа издивоҷ намуда будааст. Аввал, тавре ки ишорааш рафт, дар Лоранда духтари Шарафуддин Лолои Самарқандӣ Гавҳархотунро ба ҳамсарӣ медарорад ва аз вай ду фарзанд - Баҳоуддин Муҳаммад, ки минбаъд бо номи Султон Валад шӯҳрат пайдо мекунад ва Алоуддин Муҳаммад ба дунё меоянд. Гӯё Алоуддин Муҳаммад аз душманони шадиди Шамси Табрезӣ буда, иддае ишораи он доранд, ки маҳз ӯ Шамсро аз байн бардоштааст. Ҳамсари дувуми Мавлоно Сарохотун аз аҳли Қуния будааст. Мавлоно аз ин ҳамсараш ду фарзанд: писаре ба номи Музаффаруддин ва духтаре ба номи Маликахотун доштааст. Аз байни чаҳор фарзанди Ҷалолуддини Румӣ касе, ки шӯҳрати баланд касб кардаву роҳу равиши ӯро пайравиву идома додааст, Султон Валад мебошад, ки дар солҳои ҷавонии Мавлоно ба дунё омада. бо падар робитаи маънавӣ дошт. Доктор Муҳаммади Истеъломӣ менависад, ки «Мавлоно ӯро ба номи иадари худ - Баҳоуддин Муҳаммад номида буд. Бахоуддин пас аз даргузашти Мавлоно ба Султон Валад машҳур шуда ва зоҳиран ин унвонро муридон ба расми ҳурмат барои ӯ ба кор бурдаанд». Мавлоно Ҷалолуддин Румии Балхӣ бо ба дунё омадану чанде бо ҳастии худ дар рӯйи замин шӯру исёни бесобиқа ва нотакроре бар зиндагӣ андохтан, билохира рӯзи якшанбеи ианҷуми ҷимодиюссонии соли 672 ҳ., мутобиқ ба 29 декабри соли 1273 м. бо зиндагӣ барои ҳамешагӣ иадруд гуфт. Рӯзи маргаш хурду калони шаҳри Қуния, ҳатто масеҳиёну юнониён бо нолаву зориву шеван ӯро ба диёри хомӯшон гуселонида будаанд. Ҷисми поки Мавлоно дар мақбараи хонаводагӣ, дар канори падар, ба хок сунорида мешавад. Баъдтар бар сари турбати ӯ боргоҳе сохтаанд, ки бо номи «Қуббаи хазро» шӯҳрат дорад. Иддае навиштаанд, ки Мавлоно Ҷалолуддин рӯзҳои охири умр ин рубоиро гуфта ва зери лаб замзама мекардааст: Ҳар дида, ки бар ҷамоли ҷонон нигарад, Шак нест, ки дар қудрати Яздон нигарад. Безорам аз он дида, ки дар вақти аҷал, Аз ёр фурӯ мондаву дар ҷон нигарад. Аз эъмори боргоҳи «Қуббаи хазро» то ба имрӯз дар канори оромгоҳи Мавлоно «Маснавӣ»-хонону «Қуръон»-хонон ҷамъ меоянд. Муридону дӯстдоронаш бештар ба хотири ҷилваҳои инсонӣ, ирфонӣ, шоирӣ, фалсафӣ ва шахсияти ӯ ба зиёрати оромгоҳаш мешитобанд, аз хоки иокаш ҳиммату мадад меҷӯянд. Нолаи фораму ҳамешагии най боргоҳи «Қуббаи хазро»-ро шӯру исёни ноаёне бахшидааст, ки бо роҳи гӯшҳо бар дилҳо асар намуда, Ҳаршунавандаи бинодилро муддате ба олами бекарони Мавлоно мепайвандад. Мавлоно Ҷалолуддин Румӣ яке аз пуркортарин адибони форсу тоҷик ба ҳисоб рафта, бо осори гаронмояи манзуму мансури худ дар ташаккули фарҳанги мо — форсизабонон саҳми бузурге дорад. Нигоштаҳои килки сеҳрангези адиби мутафаккир дар «Девони Шамс», «Маснавии маънавӣ». «Маҷолиси саъба», «Фиҳи мо фиҳи» ва «Мактубот»-и ӯ фароҳам омадаанд. Пойгоҳи ин суханвар дар олами шсъру шоирӣ ончунон баланд ает, ки гурӯҳе вайро бузургтарин шоири ҷаҳон, ҷамъе бузургтарин шоири адабиёти форсу тоҷик ва ғайра ба қалам додаанд. Оби раҳмат боядат, рав паст шав вонгаҳон хур хамри раҳмат, маст шав. Раҳмат андар раҳмат омад то ба сар, Бар яке раҳмат фурӯ мо-й, эй писар! Чархро дар зери по ор, эй шуҷоъ! Бишнав аз фавқи фалак бонги самоъ. Пунбаи васвос берун кун зи гӯш, То ба гӯшат ояд аз гардун хурӯш. Пок кун ду чашмро аз мӯю айб, То бибинӣ боғу сарвистони ғайб. Дафъ кун аз мағзу аз бинӣ зуком, То ки риҳуллаҳ дарояд дар машом. Ҳеч магзор аз табу сафро асар, То биёбӣ аз ҷаҳон таъми шакар. Доруи мардӣ куну иннин мапӯй, То бурун оянд сад гун хубрӯй. Кундаи танро зи пойи ҷон бикан, То кунад ҷавлон ба гирди анҷуман. Ғулли бухл аз дасту гардан дур кун, Бахти нав дарёб дар чархи куҳун… Дар замон шох аз самар собиқтар аст, Дар ҳунар аз шох ӯ фоиқтар аст. Чунки мақсуд аз шаҷар омад самар, Пас самар аввал бувад ва охир шаҷар… Ҳар чӣ дар пастист, омад аз уло, Чашмро сӯйи баландӣ нсҳ, ҳило! Рӯшанӣ бахшад назар андар улӣ, Гарчи аввал хирагӣ орад, бале. Чашмро дар рушноӣ хӯй кун, Гар на хуффошӣ, назар он сӯй кун. Оқибатбинӣ нишони нури туст, Шаҳвати холӣ, ҳақиқат гӯри туст. Оқибатбине, ки сад бозӣ бидид, Мисли он набвад, ки як бозӣ шунид. 3-он яке бозӣ чунон мағрур шуд, К-аз такаббур з-устодон дур шуд. Сомиривор он ҳунар дар худ чу дид, Ӯ зи Мӯсо аз такаббур сар кашид. Ӯ зи Мӯсо он ҳунар омӯхта ва аз муаллим чашмро бардӯхта. Лоҷарам Мӯсо дигар бозӣ намуд, То ки он бозиву ҷонашро рабуд. Эй басо дониш, ки андар сар давад, То шавад сарвар, бад-он худ сар равад. Сар нахоҳӣ, ки равад, ту пой бош, Дар паноҳи қутби соҳиброй бош. Гарчи шоҳӣ, хеш фавқи ӯ мабин, Гарчи шаҳдӣ, ҷуз наботи ӯ мачин.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё