Зеҳн

Забони тоҷикӣ Синфи 8

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан
  1. Ҷиҳати овозии забонро кадом бахши илми забоншиносӣ меомӯзад?
    А) синтаксис; Б) морфология;
    В) фонетика; Г) фразеология;
  2. Таркиби калима аз кадом қисматҳо иборат аст?
    А) мубтадо, хабар, муайянкунанда, пуркунанда, ҳол; Б) пешоянд, мубтадо, асос;
    В) реша, пешванд, пасванд, асос, бандак; Г) исм, сифат, шумора;
  3. Илме, ки ҳиссаҳои нутқро меомӯзад, чист?
    А) фонетика; Б) синтаксис;
    В) морфема; Г) морфология;
  4. Илми синтаксис (наҳв) чиро меомӯзад?
    А) ибора ва ҷумла; Б) ҳарф ва овоз;
    В) ҳиссаҳои нутқ; Г) сохти калима;
  5. Ду ва зиёда калимаҳои мустақилмаъно, ки бо ёрии бандаки изофӣ алоқаманд мешавад, чиро ташкил медиҳанд?
    А) ҷумла; Б) ибора;
    В) ҷумлаи мураккаб; Г) таркиб;
  6. Ибораи китоби шавқовар ба кадом хели ибора мансуб аст?
    А) исмӣ; Б) сифатӣ;
    В) масдарӣ; Г) зарфӣ;
  7. Дар ибораи гул барин нозук калимаҳо бо кадом навъи алоқаи тобеъ байни ҳам алоқаманд шудаанд?
    А) изофӣ; Б) вобастагӣ;
    В) ҳамроҳӣ; Г) мувофиқат;
  8. Калимаҳои синоним, грамматика, секунҷа, минус бештар дар кадом услуб истифода мешаванд?
    А) илмӣ; Б) публистӣ;
    В) бадеӣ; Г) гуфтугӯйӣ;
  9. Саръазои ҷумла кадомҳоянд?
    А) пуркунанда; Б) мубтадо ва хабар;
    В) мухотаб; Г) муайянкунанда;
  10. Ҷумла чиро мефаҳмонад?
    А) фикри томро; Б) муҳокимаро;
    В) мафҳуми мураккабро; Г) хулосаро;
  11. Дар байти устод Мирзо Турсунзода:
    Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо,
    Аз амонӣ гуфтугӯ дорем мо.
    ҷонишини “мо” ба вазифаи кадом аъзои ҷумла омадааст?
    А) хабар; Б) мубтадо;
    В) муайянкунанда; Г) ҳол;
  12. Агар пайвандаки кадом ҷумлаи пайрав аст?
    А) мақсад; Б) сабаб;
    В) шарт; Г) хабар;
  13. Дар ҷумлаи Имрӯз ҳаво хеле гарм аст, калимаи имрӯз кадом аъзои ҷумла аст?
    А) ҳол; Б) хабар;
    В) мубтадо; Г) муайянкунанда;
  14. Ҷои мухотаб дар ҷумла чӣ гуна аст?
    А) мобайн; Б) аввал;
    В) охир; Г) аввал, мобайн ва охири ҷумла.
  15. Муайянкунанда чанд хел мешавад?
    А) 3; Б) 2;
    В) 5; Г) 6;
  16. Кадо аъзои ҷумла ба аъзои дигар ҷумла тобеъ намешавад?
    А) ҳол; Б) мубтадо;
    В) муайянкунанда; Г) пуркунанда;
  17. Хели ҷумлаи зеринро аз ҷиҳати сохт муайян кунед:
    Имрӯз ҳаво мӯътадил аст.
    А) содаи дутаркиба; Б) содаи хуллас;
    В) содаи дутаркибаи тафлисӣ; Г) содаи тафлисӣ;
  18. Дар байти устод Айнӣ:
    Муждагонӣ диҳед, эй фақирон,
    Дар ҷаҳон субҳи шодӣ дамид.
    ифодаи эй фақирон, чӣ нақшро адо кардааст?
    А) мубтадо; Б) хабар;
    В) мухотаб; Г) нидо;
  19. Мухотаб ах аъзои ҷумла бо кадом аломат ҷудо карда мешавад?
    А) аломати савол; Б) дефис;
    В) вергул ва хитоб; Г) нуқтавергул;
  20. Дар забони тоҷикӣ чанд аъзои пайрави ҷумла мавҷуд аст?
    А) 5; Б) 3;
    В) 6; Г) 2;
  21. Он аъзои ҷумлае, ки сухан дар бораи он меравад, чист?
    А) хабар; Б) мубтадо;
    В) ҳол; Г) пуркунанда;
  22. Ҷумлае, ки яксанд саръазо ва аъзои пайрав дошта, як аъзои ҷумлаанд, кадом намуди ҷумла аст?
    А) ҷумлаи чидааъзо; Б) ҷумлаи дутаркиба;
    В) ҷумлаи хуллас; Г) ҷумлаи мураккаб;
  23. Асоси ҷумларо чӣ ташкил медиҳад?
    А) мубтадо, хабар; Б) муайянкунанда;
    В) ҳол; Г) пуркунанда;
  24. Агар сухан шахсе айнан оварда шавад, чӣ номида мешавад?
    А) нутқи айнан нақлшуда; Б) нутқи муфассал;
    В) нутқи мазмунан нақлшуда; Г) муколама;
  25. Аъзои ҷумла ба кадом гурӯҳҳо тақсим мешаванд?
    А) яктаркиба ва дутаркиба; Б) хуллас ва тафлисӣ;
    В) саръазо ва аъзои пайрав; Г) пайвандакдор ва бепайвандак;
  26. Дар ҷумлаи зерин кадом аъзо чида шудааст?
    Дар фасли зимистон обҳои кӯлҳо, ҷӯйҳо, ҳавзҳо ях мекунанд.
    А) мубтадо; Б) хабари номӣ;
    В) пуркунанда; Г) ҳоли макон;
  27. Юсуф ба хона баргашт. Пуркунандаи ин ҷумла кадом аст?
    А) Юсуф; Б) ба хона;
    В) баргашт; Г) бе пуркунанда аст.
  28. Аъзои пайрави ҷумла, ки тарз, замон, макон, сабабу мақсад ва миқдору дараҷаи амали хабарро мефаҳмонад, чӣ ном дорад?
    А) пуркунанда; Б) ҳол;
    В) хабар; Г) муайянкунанда;
  29. Мубтадо ба кадом саволҳо ҷавоб мешавад?
    А) чӣ гуна?, чӣ хел?; Б) кӣ?, киҳо?, чӣ?, чиҳо?;
    В) чӣ кор карда истодааст?, чӣ шуд?; Г) чанд?;
  30. Ҷумла аз ҷиҳати ифодаи мақсад ва оҳанг чанд хел мешавад?
    А) 4; Б) 5;
    В) 2; Г) 1;

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2