Зеҳн

Забони тоҷикӣ Синфи 5

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан
  1. Дар кадом гурӯҳ овозҳои садонок дуруст ҷойгир шудаанд?
    А) а, о, у, б, в, г; Б) а, о, и, е, ю, д;
    В) а, о, у, ӯ, и, э; Г) е, ё, ю, я, а, и;
  2. Ҳиссаҳои нутқ чист?
    А) чорто; Б) дуто;
    В) даҳто; Г) шашто;
  3. Дар кадом гурӯҳ калимаи мактаб ба ҳиҷо ҷудо шудааст?
    А) мак – таб; Б) макт – аб;
    В) ма – ктаб; Г) мактаб;
  4. Калимаи модар кадом ҳиссаи нутқ аст?
    А) сифат; Б) феъл;
    В) исм; Г) ҷонишин;
  5. Дар кадом гурӯҳ саръазои ҷумла дуруст ҷойгир шудаанд?
    А) мубтадо, ҳол; Б) хабар, пуркунанда, ҳол;
    В) мубтадо, хабар; Г) муайянкунанда, пуркунанда.
  6. Калимаи ҳамсӯҳбат кадом навъи исм аст?
    А) исми сода; Б) исми сохта;
    В) исми мураккаб; В) исми таркибӣ;
  7. Шайх Саъдӣ ғазалу таронаҳои зиёде навиштааст.
    Ин ҷумла аз ҷиҳати ифодаи мақсад ва оҳанг ба кадом хели ҷумлаҳо таалуқ дорад?
    А) ҷумлаи хабарӣ; Б) ҷумлаи саволӣ;
    В) ҷумлаи амрӣ; Г) ҷумлаи хитобӣ;
  8. Дар ҷумлаи Борон борид калимаи борид кадом аъзои ҷумла аст?
    А) мубтадо; Б) хабар;
    В) пуркунанда; Г) ҳол;
  9. Калимаи Ватан аз чанд ҳиҷо иборат аст?
    А) як ҳиҷо; Б) се ҳиҷо;
    В) ду ҳиҷо; Г) ба ҳиҷо ҷудо намешавад;
  10. Калимаи ман кадом ҳиссаи нутқ аст?
    А) исм; Б) сифат;
    В) ҷонишин; Г) феъл;
  11. Муродифҳои калимаи ҷаҳон – ро муайян кунед?
    А) нодон, сода, гул, гумроҳ; Б) хона, кулба, ошён;
    В) дунё, гетӣ, даҳр; Г) ором, осуда, сокит, хомӯш;
  12. Дар кадом гурӯҳ мустазодҳо дуруст омадаанд?
    А) талх – ширин; Б) калон – бузург, азим;
    В) тор – торик, тор – нахи ресмон; Г) қанд, ширин;
  13. Феъл чанд замон дорад?
    А) ду замон; Б) се замон;
    В) як замон; Г) замон надорад;
  14. Феъли рафт аз рӯйи сохт ба кадом намуди феъл таалуқ дорад?
    А) феъли сода; Б) феъли сохта;
    В) феъли таркибӣ; Г) феъли таркибии феълӣ;
  15. Дар кадом гурӯҳ ҳамсадоҳои ҷарангнок дуруст ҷойгир шудаанд?
    А) қ, ҳ, р, л, м, н, ӣ; Б) п, т, к, ч, с, ш, х, ф;
    В) б, д, г, ҷ, з, в, г, ч, ф, т; Г) б, в, г, ғ, д, ж, з, й, к, л, м, н, р, ҷ;
  16. Сифат чанд дараҷа дорад?
    А) як дараҷа; Б) ду дараҷа;
    В) дараҷа надорад; Г) се дараҷа;
  17. Йотбарсарҳоро дуруст муайян кунед?
    А) е, э, о, а; Б) е, ё, ю, я;
    В) у, о, ӯ, я; Г) ю, ё, у, о;
  18. Алифбои забони тоҷикӣ аз чанд ҳарф иборат аст?
    А) 39 ҳарф; Б) 33 ҳарф;
    В) 35 ҳарф; Г) 28 ҳарф;
  19. Феъли хонда истодаам кадом замони феъл аст?
    А) замони гузашта; Б) замони ҳозира;
    В) замони оянда; Г) замони ҳозира – оянда
  20. Калимаи панҷум кадом ҳиссаи нутқ аст?
    А) сифат; Б) ҷонишин;
    В) шумора; Г) исм;
  21. Калимаи Тоҷикистон кадом навъи исм аст?
    А) ҷондор; Б) беҷон;
    В) хос; Г) ҷинс;
  22. Калимаҳои хона, модар, гул мактаб кадом навъи калимаҳо ҳастанд?
    А) калимаҳои сода; Б) калимаҳои сохта;
    В) калимаҳои мураккаб; Г) калимае, ки бо пасванд омадааст;
  23. Ба ҷумлаи зерин феъли мувофиқ гузошта пурра намоед:
    Падарам аз сафар …
    А) мераванд; Б) омаданд;
    В) рафтанд; Г) рафта истодаанд;
  24. Борон борид. Ин ҷумла ба кадом хели ҷумла маҳсуб аст?
    А) ҷумлаи яктаркиба; Б) ҷумлаи чидааъзо;
    В) ҷумлаи хуллас; Г) ҷумлаи тафсилӣ;
  25. Овозҳои садонок чандтоянд?
    А) дуто; Б) шашто;
    В) чорто; Г) даҳто;
  26. Ҳиссаҳои ёридаҳанда ё номустақили нутқро муайян кунед:
    А) исм, сифат, пайвандакҳо, ҳиссача, нидо; Б) феъл, ҷонишин;
    В) пешоянду пасояндҳо, ҳиссача, нидо; Г) феъл, зарф, нидо;
  27. Калима ё иборае, ки муроҷиатро мефаҳмонад, чӣ номида мешавад?
    А) ибора; Б) ҷумла;
    В) мухотаб; Г) ҷумлаи хитобӣ;
  28. Ҳиссаи нутқе, ки номи ашёро мефаҳмонад, чӣ номида мешавад?
    А) исм; Б) ҷонишин;
    В) сифат; Г) феъл;
  29. Кадом ҳиссаи нутқ ба саволҳои кӣ? киҳо? чӣ? чиҳо? ҷавоб мешавад?
    А) феъл; Б) зарф;
    В) сифат; Г) исм;
  30. Аъзоҳои ҷумла чандтоянд?
    А) дуто; Б) сето;
    В) панҷто; Г) даҳто;

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2