Зеҳн

Забони тоҷикӣ Синфи 10

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 4 дақиқа хондан
  1. Ба забони тоҷикӣ кай мақоми давлатӣ дода шуд?
    А) Соли 1924; Б) соли 1941;
    В) соли 1989; Г) соли 1996;
  2. Забони тоҷикӣ ба кадом оилаи забонҳо дохил мешавад?
    А) сомӣ; Б) туркӣ;
    В) муғулӣ; Г) ҳиндуаврупоӣ;
  3. Калимаҳои зада, реша, ҳол, ҳарф, овоз ба кадом илм мансубанд?
    А) ҷуғрофия; Б) физика;
    В) адабиёт; Г) забон;
  4. Кадом соҳаи илми забоншиносӣ таркиби овозии забонро меомӯзад?
    А) лексикология; Б) морфология;
    В) фонетика; Г) синтаксис;
  5. Дар кадом аз ин сатрҳо танҳо садонокҳо сабт шудаанд?
    А) а, б, г, р, м, ф; Б) я, ё, е, ъ, в, г;
    В) а, о, у, ӯ, и, э; Г) в, р, а, г, л, д;
  6. Кадоме аз ин овозҳо ҳиҷосозанд?
    А) а, и, о, у, ӯ; Б) б, ғ, г, и, ш;
    В) а, р, к, л, м; Г) и, д, н, о, п, х;
  7. Овозҳое, ки дар талаффузи онҳо ҳавои аз шуш бароянда ба монеа дучор мешавад, ба кадоме аз инҳо таалуқ доранд?
    А) садонокҳо; Б) ҳамсадоҳо;
    В) аломатҳо; Г) фонемаҳо;
  8. Воҳиди асосии нутқро чӣ меноманд?
    А) овоз; Б) ҳарф;
    В) калима; Г) ҷумла;
  9. Кадоме аз ин ибораҳо ба маънои маозӣ омадааст?
    А) ангури ширин; Б) ранги сиёҳ;
    В) сухани ширин; Г) ҳавои хунук;
  10. Он ҳиссаи калимаро, ки маънои асосӣ дар он аст, чӣ меноманд?
    А) сифат; Б) пешванд;
    В) реша; Г) асос;
  11. Бандаке, ки калимаҳоро бо ҳам алоқаманд мегардонад, кадом аст?
    А) бандаки феълӣ; Б) бандаки изофӣ;
    В) бандакҷонишин; Г) бандаки хабарӣ;
  12. Дар кадоме аз ин гурӯҳҳо ҳиссаҳои мустақили нутқ омадаанд?
    А) исм, зарф, сифат; Б) нидо, феъл, ҷонишин;
    В) исм, зарф, пешоянд; Г) феъл, шумора, пасоянд;
  13. Кадом ҳиссаи нутқ номи ашёро мефаҳмонад?
    А) исм; Б) сифат;
    В) нидо; Г) ҳиссача;
  14. Калимаҳои инсон, шер, моҳӣ ба кадом гурӯҳи исмҳо дохил мешаванд?
    А) исмҳои хос; Б) исмҳои маънӣ;
    В) исмҳои ҷондор; Г) исмҳои беҷон;
  15. Дар кадом сатр исмҳои беҷон сабт шудаанд?
    А) модар, ватан, мурғ; Б) Зокир, дафтар, хона;
    В) зина, бародар, гов; Г) китоб, санг, дарахт;
  16. Душанбе, Зарафшон, Панҷ, Фарангис ба кадом намуди исмҳо мансубанд?
    А) исми хос; Б) исми маънӣ;
    В) исми беҷон; Г) исми ҷинс;
  17. Кадом гурӯҳи исмҳо дар нохунак навишта мешавад?
    А) номҳои одамон; Б) номҳои ҷуғрофӣ;
    В) воқеаҳои таърихӣ; Г) номи асару рӯзномаву маҷаллаҳо;
  18. Кадом намуди исмҳо ба саволи кӣ? ҷавоб мешаванд?
    А) исмҳои хос; Б) исмҳои шахс;
    В) исмҳои ғайришахс; Г) исмҳои ҷондор;
  19. Пасванди –истон дар калимаҳо Тоҷикистон, гулистон, кӯҳистон, боғистон чиро ифода менамояд?
    А) исмҳои маънӣ; Б) исмҳои ҷинс;
    В) исми макон; Г) исми шахс;
  20. Дар калимаҳои заргар, оҳангар, коргар ҳиссаи гар кадом қисми калима аст?
    А) реша; Б) бандак;
    В) пешванд; Г) пасванд;
  21. Вожаҳои СММ, ҶТ, ВКД, ОДҲ, ДМТ, ДДОТ аз ҷиҳати сохт ба кадом гурӯҳи исмҳо мансубанд?
    А) сода; Б) ихтисора;
    В) сохта; Г) мураккаб;
  22. Калимае, ки аломати ашёро ифода мекунад, чӣ ном дорад?
    А) зарф; Б) сифат;
    В) ҳиссача; Г) пайвандак;
  23. Кадом намуди сифат аз ду ва ё се реша иборат аст?
    А) сифати сода; Б) сифати мураккаб;
    В) сифати сохта; Г) сифати таркибӣ;
  24. Калимаҳои зардча, сиёҳтоб, хушрӯяк кадом шакли сифатро мефаҳмонанд?
    А) шакли таъкидӣ; Б) дараҷаи оддӣ;
    В) дараҷаи олӣ; Г) хурдиву навозиш;
  25. Таърифи зерин ба кадом ҳиссаи нутқ мансуб аст: Калимаҳое, ки миқдору тартиби ашёро мефаҳмонанд…
    А) зарф; Б) шумора;
    В) ҷонишин; Г) исм;
  26. Аломати сакта ба гурӯҳи кадом намуди ҳамсадоҳо таалуқ дорад?
    А) ҳамсадоҳои ташдид; Б) беҷаранг;
    В) ҷарангдор; Г) ҳамсадоҳои халқӣ;
  27. Калимаҳое, ки ба ҷойи исм, сифат ва шумора кор фармуда мешаванд, чӣ ном дорад?
    А) зарф; Б) феъл;
    В) пасоянд; Г) ҷонишин;
  28. Кадом ҳиссаи нутқ амалу ҳолати ашёро мефаҳмонад?
    А) пайвандак; Б) ҳиссача;
    В) ҷонишин; Г) феъл;
  29. Ҳиссаҳои мустақили нутқ чандтоянд?

А) 4; Б) 6;
В) 8; Г) 10;
30. Вожаҳои хондан, гуфтан, навиштан ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) феъл; Б) зарф;
В) пешоянд; Г) ҳиссача;

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2