Забони тоҷикӣ Синфи 7
- Ибораҳои гули сари сабад, соя аз девор тарошидан, дил бой додан чӣ хел ибораанд?
А) озод; Б) фразеологӣ;
В) ҷуфт; Г) такрор; - Калимаҳои амир, амлокдор, элликбошӣ аз ҷиҳати истеъмол чӣ хел калимаанд?
А) нав; Б) маҷоз;
В) наввожа; Г) таърихан маҳдудшуда; - Ифодаҳои таркибан ва мазмунан рехтаву устуворро дар илми забоншиносӣ чӣ меноманд?
А) ибораи озод; Б) ибораи фразеологӣ;
В) таркибӣ; Г) ҷумла; - Калимаҳое, ки дар истеъмол хоси ягон маҳал ҳастанд, чӣ ном доранд?
А) лаҳҷавӣ; Б) адабӣ;
В) соҳавӣ; Г) архаистӣ; - Аз мисолҳои зерин гурӯҳи калимаҳои аслан тоҷикиро муайян кунед:
А) хона, об, замин; Б) қишлоқ, қаймоқ;
В) чароғ, кулоҷ; Г) бензин, каросин, мошин; - Дар намунаҳои зерин калимаҳои маъмул дар кадом қатор оварда шудаанд?
А) аскар, лашкар; Б) кирм, арз, стадион;
В) роҳ, хондан, дидан; Г) сабақ, харита, килк; - Ибораҳои фразеологӣ бештар барои кадом услубҳои забон хосанд?
А) оммавӣ; Б) гуфтугӯйӣ;
В) бадеӣ ва гуфтугӯйи; Г) китобӣ; - Аз мисолҳои зерин гурӯҳи калимаҳои соҳавиро муайян кунед:
А) хона, об, замин, ҳаво; Б) дӯст, душман, зебо, хуб;
В) абрешим, пилла, тор, нах; Г) хондан, омадан, гирифтан; - Калимаи то кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) нидо; Б) пешоянд;
В) пешоянду пайвандак; Г) ҳиссача; - Калимаи ҳама ба кадом хели ҷонишин мансуб аст?
А) шахсӣ; Б) таъинӣ;
В) шуморагӣ; Г) саволӣ; - Категорияи шумора ва номуайянӣ хоси кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) исм; Б) сифат;
В)феъл; Г) зарф; - Калимаҳои чунки, гар, гарчи, азбаски, лекин ба кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) пешоянд; Б) пасоянд;
В) зарф; Г) пайвандак; - Калимаҳои сеяк, чоряк, шашяк, ҳафтяк ба кадом навъи шумора таалуқ доранд?
А) аслӣ; Б) таркибӣ;
В) касрӣ; Г) тахминӣ; - Бандакҳои феълии -ам, -и, -ем, -ед, -анд ба кадом ҳиссаҳои нутқ хос меоянд?
А) бо асосҳои феъл; Б) бо исмҳо;
В) бо ҳиссаҳои номии нутқ; Г) бо ҳамаи ҳиссаҳои нутқ; - Ҷамъбандӣ категорияи кадом ҳиссаи нутқ аст?
А) сифат; Б) исм;
В) шумора; Г) зарф; - Шумораҳо аз ҷиҳати сохт чанд хел мешаванд?
А) ду; Б) се;
В) чор; Г) якчанд хел; - Калимаҳои нафар, дона, сар дар мисолҳои ду нафар талаба, як дона қалам, панҷ сар гӯсфанд чӣ вазифаҳоро адо кардаанд?
А) нумератив; Б) мубтадо;
В) вазифа надорад; Г) пуркунанда; - Ҷонишинҳои ман, ту, шумо кадом навъи ҷонишинҳоянд?
А) соҳибӣ; Б) ишоратӣ;
В) шахсӣ; Г) таъинӣ; - Аз мисолҳои зерин феълҳои гузарандаро нишон диҳед:
А) пурсидан, гирифтан; Б) хобидан, истодан;
В) гуфтан, додан; Г) рафтан, омадан; - Кадом зарфҳо аз зарфҳои зерин дараҷаи қиёсӣ доранд?
А) ҳамаи зарфҳо; Б) миқдору дараҷа;
В) замону макон; Г) тарзи амал; - Кадоме аз ин феълҳо, феълҳои замони гузаштаи дурро далолат мекунад?
А) омада монд, рафтааст; Б) омадааст, мерафт;
В) рафта буд, рафта будааст; Г) меомад, омада буд; - Дар ин мисраи устод Рӯдакӣ калимаи гар кадом ҳиссаи нутқ аст?
Гар бар сари нафси худ амирӣ, мардӣ…
А) ҳиссача, Б) пайвандак;
В) нидо; Г) исм; - Дар забони тоҷикӣ чанд ҳиссаи нутқ аст?
А) 8; Б) 12;
В) 9; Г) 10; - Калимаҳои навъи хондан, дидан, сӯҳбат кардан мансуби кадом ҳиссаи нутқанд?
А) исм; Б) зарф;
В) феъл; Г) сифат; - Калимаҳои мисли, монанди, ҳамчун мансуби кадом ҳиссаи нутқанд?
А) зарф; Б) сифат;
В) пешоянд; Г) пайвандак; - Ҳиссаҳои нутқ дар кадом қисмати забоншиносӣ омӯхта мешавад?
А) лексикология; Б) фонетика;
В) синтаксис; Г) морфология; - Калимаҳои ки, то, зеро, ва, аммо бо кадом ҳиссаи нутқ мансубанд?
А) пешоянд; Б) пайвандак;
В) ҳиссача; Г) исм; - Ҳиссаҳои номустақили нутқ чандтоянд?
А) 4; Б) 8;
В) 2; Г) 5; - Феъл дар ҷумла бештар ба вазифаи кадом аъзои ҷумла меояд?
А) мубтадо; Б) муайянкунанда;
В) хабар; Г) ҳол; - Феъл чанд шахс дорад?
А) панҷ; Б) ду;
В) се; Г) як;
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Насиҳати Падар
Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва
Ростгӯи камоли инсонист.
Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё