Зеҳн

Воситаҳои барномавии зиддивирусӣ

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Вирус (барномаи вирусӣ) – пайдарпаии хурди кодҳои барномавие мебошанд, ки хусусиятҳои зерин доранд:

  1. Имконияти сохтани нусхаи худ ва ҷорӣ намудани он дар дохили дигар барномаҳо.
  2. Таъминоти пинҳонӣ то мавриди муайянкунии мавҷудияти он.
  3. Амалиётҳои беиҷозати истифодабарандаро иҷро кардани ин барнома.
  4. Мавҷудияти натиҷаҳои манфӣ баъд аз фаъолияти онҳо.

Ин қайд намудагиҳоро хосиятҳои пурраи вирусҳо номидан мумкин нест, чунки баъзе вирусҳо тамоман дигар хусусиятҳоро дошта метавонанд.
Пайдоиши вирусҳо сабабҳои зерин дорад:

  1. Сабабҳои тавсифи техникӣ дошта.
  2. Сабаби мубориза ба зидди рақибон (конкурентҳо) дар бозор.
  3. Сабабҳои тавсифи иҷтимоӣ ва психологӣ дошта.

Дар шароити имрӯза шумораи вирусҳои навишташуда ба даҳҳо ҳазор адад мерасад. Дар байни онҳо 40-50-тои фаъоли онро ёфтан мумкин аст, ки ниҳоят паҳн гаштаанд. Вирусҳоро ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

  • вирусҳои боршаванда;
  • вирусҳои файлӣ;
  • макровирусҳо;
  • вирусҳои шабакавӣ.

Барои мубориза бар зидди вирусҳо барномаҳое истифода мегарданд, ки онҳоро антивирусҳо меноманд. Антивирусҳо на танҳо вирусҳоро маълум менамоянд, балки онҳоро бо пуррагӣ нест менамоянду ахбори гумшударо барқарор месозанд.
Дар байни барномаҳои зиддивирусии паҳнгашта инҳоро қайд намудан мумкин аст:

  • антивируси Касперский - AntiViral Toolkit Pro (AVP) ;
  • McAfee Vіrғs Scan;
  • Panda Антіvіrғs;
  • F-Sесғrе Анті-Vіrғs;
  • Sopshop Анті-Vіrғs;
  • Norton Анті-Vіrғs.
    Албатта, ҳоло антивирусе ёфт нагаштааст, ки бо пуррагӣ вирусҳоро нест гардонад, чунки ҳар рӯз қариб даҳҳо вирусҳои нав сохта шуда истодаанд. Бинобар ҳамин, аз антивирусҳои навтарин истифода бурдан дуруст аст.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2