Зеҳн

Кай компютер сохта шудааст?

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

Компютер чист? Компютери автоматикӣ мустақилона соатҳо, ҳатто рӯзҳо кор карда, миллионҳо оператсияҳоро дар ҳалли проблема анҷом дода метавонад. Компютер иқтидоре, ки барои ҳалли проблемаҳое, ки дар дохилашон ҳазорҳо воҳид иттилоот мавҷуданд, дорост. Ин иттилоъ аз ададҳо, ки бо рақамҳо, аз суханҳо, ки боҳарфҳо, инчунин омехтаи рақамҳову ҳарфҳо ва дигар рамзҳо ифода шудаанд, иборат буда метавонад. Чунин иттилоот сухани мошинӣномида мешавад. Компютер онҳоро ҷамъ карда, зарбзада, ба хелҳоҷудо намуда, муқоиса намуда, ва ё садҳо дигар оператсияҳо ё фикррониҳоро иҷро менамояд. Компютер ҳамаи инро бо истифодаи суханони мошинӣ, ки аз рӯи рӯйхати дарози дастурамалҳое, ки барнома (программа) номида мешавад, иҷро менамояд. Дастурамалҳои барнома ба компютер аз ҷониби одам дохил карда мешаванд. Компютер ҳамаи онҳоро ба таври муфассал тадқиқот намуда, охири охир вазифаро ҳал карда, ҷавобашро дар шаклҳои пушидамаънои компютерӣ Чоп менамояд. Компютер одатан қисматҳои ҳаракаткунанда надорад. Кор бо ҷараёни электронҳо ё зарраҳои барқӣ (электрикӣ) амалӣ карда мешавад. Нахустин компютери автоматики амалкунанда аз ҷониби профессори Донишгоҳи Гарвард Говард Эйкен ва гуруҳи инженерон аз корпоратсияи «Интернешнл Бизнес Мэшинз» соли 1944 сохта шудааст. Онҳо мошини худро «Гарвард Ай Би Эм – 1» ном ниҳоданд. Ин нахусти мошине буд, ки рӯйхати дарози оператсияҳои ҳисобкуниро иҷро карда метавонист. Он бо ададҳои 23- рақама кор карда тавониста, дар муддати 0,3 сония дуто чунин ададро ҷамъкарда, дар муддати 4 сония онҳоро зарб зада метавонист. Дар мошин қисмҳои на электронӣ, балки механикӣ ва барқӣ истифода шуда буданд. Ҳамин ки қисмҳои электрониро ворид сохтанд, суръати коркунии компютер хеле баланд гашт. Алҳол, компютерҳои бақувватарини электронӣ дар як сония якчанд миллион оператсияҳоро амалӣ карда тавониста, иттилооти ҳаҷмане хеле калонро нигоҳ дошта метавонанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2