Зеҳн

«Дар мавъиза аст ин қасида»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Дигар аз қасидаҳои хеле ҷолиби Мавлоно Нуруддин Абдурраҳмони Ҷомӣ қасидаест таҳти унвони: «Дар мавъиза аст ин қасида». Мавзӯи марказии он аз унвонаш пайдост, ки мавъизат, андарз, ҳикмат, панд, суханони ҳикматомез, насиҳатомез мебошад. Аммо ин ҳама дар қасидаи мазкур ба маънои оммафаҳми он нест, балки ба маънои панд ба соликон, насиҳат ба пайравон, андарз ба онҳоест, ки роҳи тариқатро интихоб кардаанд. Матлаъи қасидаи мазкур бо муроҷиат ба дил шурӯъ мешавад, ки дар интихоб набояд ба саҳв роҳ диҳад:

Чу пайванд бо дӯст мехоҳӣ, ай дил, Зи чизе, ки ҷуз ӯст, пайванд бигсил. Макун шаҳпари аршпарвози худро Дар ин ваҳшатободи олудаи гил.

Бо тақозои хусусиятҳои шаклӣ қасидаи «Дар мавъиза…» хеле ҷолиб буда, дорои радиф нест ва дар он калимаҳои дил, бигсил, гил, манзил, ғофил, комил, ҳоил, оҷил, қотил, мушокил ва ғайра ҳамқофия шудаанд, ки аз нигоҳи шаклҳои қофия калимаҳои зикршуда қофияи муқайяданд. Ҳадафи асосии тематикии қасида ҷӯёии асл, қурбҷӯӣ, висол буда, барои ноил шудан ба мақсад, дил баркандан аз дунё ва алоиқи он тавсия мешавад. Қасида дар баҳри Мутақориби мусаммани солим иншо шуда, афоъили он чунин мебошад:

V -- -- I V -- -- I V -- -- I V -- -- V -- -- I V -- -- I V -- -- I V -- --

Яъне: фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯлун, фаъӯлун. Шоир ишқи заминии инсониро чандон васф намекунад, зеро мувақақтӣ ва заволпазир медонад. Яъне баробари итмоми даврони ҷавонӣ зебоии инсон низ завол меёбад ва агар паричеҳра маҳбуба бошад ҳам, тадриҷан девсурат хоҳад гашт. Чунончӣ мегӯяд:

Яке пӯст дар хилту1 дар хун кашида, Барад сабрат аз ҷону оромат аз дил. Кунӣ айши худ талх дар ҷустуҷӯяш, Ки шаккардаҳон асту шириншамоил. Зи зулфи хам андар хаму печ печаш, Ниҳӣ дасту пои хирадро салосил2. Намедонӣ оё, ки ногоҳ бинӣ, Аз ӯ гашта он хубиву лутф зоил3? Гар аввал парӣ буд, охир намояд, Ба чашми ту чун пайкари дев ҳоил4.

ва ғайра. _______________________ 1. Хилт – омехта, таркиб; яке аз моддаҳои чаҳоргона: хун, балғам, сафро ва савдо. 2. Салосил – силсилаҳо. 3. Зоил – нопадид. 4. Ҳоил – даҳшатангез, воҳиманок.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2