Зеҳн

Тавзеҳи «Луҷҷат-ул-асрор»

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Тавзеҳ

Ин қасида машҳури ҳазрати Ҷомӣ низ ҷавобия аст ва он дар пайравии қасидаи «Дарёи аброр»-и Хусрави Деҳлавӣ эҷод шудааст. Матлаъи қасидаи Хусрави Деҳлавӣ чунин аст:

Кӯси шаҳ холиву бонги ғул-ғулаш дарди сар аст, Ҳар ки қонеъ шуд ба хушку тар, шаҳи баҳру бар аст.

Матлаи «Луҷҷат-ул-асрор»-и Абдурраҳмони Ҷомӣ ин аст:

Кунгури айвони шаҳ, к-аз кохи Кайвон бартар аст, Рахнаҳо дон, к-аш ба девори ҳисори дин дар аст.

Қасидаи мазкур фалсафӣ-ахлоқӣ буда, аз ибтидо то интиҳо панду андарз аст ва моломол аз андешаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ, таълимӣ-тарбиявӣ. Қасидаи мазкур аз нигоҳи тақозои шаклӣ мураддафу муқаффо буда, радифи он бандаки хабарии аст буда, радифи содаву аз нигоҳи ҷой пас аз қофия зикр шудааст. Қофияи он калимаҳои бартар, дар, дигар, сар, бар, зар, болотар, лоғар, озар, ахтар, мункар, аждар, санҷар, астар ва ғ. буда, дорои 92 байт (184 мисраъ) мебошад. Аз нигоҳи вазн бошад, қасидаи мазкур дар баҳри Рамали мусаммани махзуф ё мақсур эҷод шуда, афоили он чунин аст:

-- V -- -- I – V -- -- I – V -- -- I – V – -- V ~ -- V -- -- I – V -- --I -- V -- --I -- V -- -- V ~

Яъне: фоъилотун, фоъилотун, фоъилотун, фоъилун ё ин ки фоъилон. Албатта, мутафаккир дар ин қасида низ норизоии хешро аз фалсафаи машшоъ таъкид намуда, онҳоро бадахтар мегӯяд ва онҳоро шахсоне медонад, ки инони ихтиёрро аз даст додаанд:

Ихтиёре нест ӯро, ихтиёр аз вай мапурс, Ихтиёри ҷумла гум дар ихтиёри довар аст.

Мутафаккир шеъри худро лафзи муқаррарии инсон не, балки равзанае аз ризвон (биҳишт) дониста мегӯяд:

Ҷомӣ аҳсант, ин на шеър, аз боғи ризвон равзаест, К-андар ӯ ҳар ҳарф зарфе пуршароби кавсар аст.

Мӯҳтавои асар, мазмуну мундариҷаи он ҷавобгӯи унвони қасида буда, дар ин бора Ҷомӣ хеле устодона ишора дорад, Чунончӣ:

«Луҷҷат-ул-асрор» агар созам лақаб онро, сазост, З-он ки аз асрори дин баҳре лаболаб гавҳар аст.

Оид ба таърихи таълифи он низ шоир дар мақтаи қасидаи мазкур ба тарики зерин ишора менамояд:

Соли таърихаш агар «фаррух» нависам дур нест, З-он ки сол аз давлати таърихи ӯ фаррухфар аст.

Агар калимаи фаррух ба ҳисоби абҷад кор гирифта шавад, 880 ҳосил мешавад, ки он ба соли 1475м1 рост меояд. Санаи мазкур соли таълифи қасидаи «Луҷҷат-ул-асрор» буда, дар ҳақиқати он шубҳае нест. __________________ Яъне аз 880 шумораи 27 тарҳ ва ҳосили он (853) ба 622 ҷамъ карда мешавад, ки 1475 ҳосил мегардад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2