Машқу таълим ҳар ду мебояд
Яке аз ҷиҳатҳои бартарии таълими савод дар синфҳои ибтидоӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намудан ба хондан ва навиштан ба шумор
меравад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки агар хонанда матнро равон ва баланд хонад, дар навишт ҳам камтар ба хатоӣ роҳ медиҳад ва ҳар қадар тоза ё озода нависад, майлаш ба хондан зиёд аст. Дар гузашта ҳам бузургони илму адаб ба ин маънӣ ишора ва таъкид намудаанд:
Машқу таълим ҳар ду мебояд,
Гар яке нест, хат наку н-ояд.
Дар давраи таълими савод оид ба машқи хат вазифаҳои зерин гузошта мешаванд:
а) шогирдон бояд дар партаҳо тарзи дуруст нишастанро пайдо карда тавонанд;
б) аз уҳдаи истифодаи абзори хатнависӣ баромада тавонанд;
в) ҳарфҳои хурду калон, калимаҳои ҷудогона ва ҷумлаҳои кўтоҳро навишта тавонанд;
г) дар байни калимаҳо фосила гузоштанро ёд гиранд.
Баъди гузаронидани як қатор таҷрибаҳо, дар мактабҳои ҷумҳурӣ шакли нави ҳарфҳо қабул карда шудааст, ки он кори муаллиму хонандагонро як қадар осон мегардонад.
Ин ҳама имкон медиҳад, ки хонандагон ба навиштани унсур (элементҳо)-и ҳарфҳо вақти зиёд сарф накарда, якбора худи ҳарфро нависанд. Онҳо ҳангоми машқи ҳарфҳои алоҳидаи хурду калон, ҳолати дастро тағйир надода, якбора бо як ё ду равиш ҳарфро менависанд. Масалан, барои навиштани ҳарфи калони «В» дастро ягон бор ҳам беҷо кардан ҳоҷат надорад: дар навишти ҳарфи «Б» бошад, ҳолати дастро танҳо як бор тағйир дода, ҳарфи мазкурро танҳо як бор менависанд. Бартарии шакли нави ҳарфҳо боз дар он аст, ки хонандагон метавонанд бо ҳаракати даст якбора ҳарфҳои калону хурдро васл карда нависанд. (Вв, Бб, Мм, Дд). Дар вақти навиштани шакли нави ҳарфҳо дастро бомавриду бемаврид зер набояд кард, зеро акнун ҳама тарафҳои ҳарф як хел навишта мешаванд.
Бо мақсади таълими савод ҳар рўз ду соат дарс ташкил карда мешавад, ки аввалӣ хондану дуюмӣ навиштан мебошад. Қисми зиёди дарсҳои хондан ба таҳлили овозӣ мегузарад. Таҳлили овозӣ яке аз он омилҳоест, ки хонандагон дар асоси он саводи комил мебароранд. Пеш аз он ки ҳар як ҳарф ва калимаҳои ҷудогона навишта шаванд, аввал овозҳо буррою равшан талаффуз карда мешаванд.
Маълум, ки давраи мо давраи пешравии илму техника ва технология аст. Омўзгор бояд дар дарс аз воситаҳои техникӣ истифода барад, дарсро рангоранг гардонад, то хонанда ба дарс шавқу рағбат пайдо кунад. Ман дар дарсҳои география аз воситаҳои техникӣ: компютер ва тахтаи электронӣ васеъ истифода мебарам. Дар синфи 7-ум, ки географияи материкҳо ва уқёнусҳо аст, доир ба омўзиши ҳар як материк диск дорам, ки дар онҳо дар бораи олами ҳайвоноту наботот, зисту зиндагии аҳолӣ, шаҳрҳои калонтарини саноатӣ маълумот ҳаст. Мехоҳам аз таҷриба 1 соат дарси географияро дар синфи 7 ба шумо шарҳ диҳам. Масалан, баъди баёни мавзўи “Мавқеи табиӣ, географӣ, дарёҳо, кўлҳо, олами ҳайвоноту набототи материки Австралия” дар ҷамъбаст дар тахтаи электронӣ бо воситаи компютер ва проектор оид ба мавзўи гузашта: “Дарёҳо, кўлҳо, наботот, ҳайвонот” навор нишон медиҳам, ки хонанда ба дониши гирифтаи худ бевосита аз компютер мебинад, ки ҳақиқатан ҳамин чизҳои гуфтаамон дар материк вуҷуд доранд. Дар ин маврид натиҷа бештар ба даст меояд, чунонки халқ мегўяд: “Шунидан кай бувад монанди дидан?!”. Барои он ки дарс боз ҳам пурмазмун гузарад, ман, инчунин, оид ба мавзўъ кроссвордҳо, анаграммаҳои географӣ оид ба дарёҳои ин ё он материк тартиб медиҳам ва хонандагон дар тахтаи электронӣ ҷавобҳои ёфтаашонро бо қалами электронӣ менависанд. Вақти супориши вазифаи хонагӣ ба хонандагон вазифа медиҳам, ки оид ба вулканҳо, кўҳҳои баланд, релефи ин ё он материки гузашта аз интернет маълумоти нав ёбанд.
Дар синфҳои 10-11 аз мавзўъҳои гузашта ба хонандагон оид ба ягон давлат вазифа медиҳам. Масалан, доир ба Канада, шаҳрҳои калонтаринаш, аҳолиаш, соҳаҳои саноати вазнин ва сабук слайдҳо аз интернет ёфта, тайёр мекунанд, хонанда мустақилона дар хона тайёр мекунад ва дар вақти дарс бо истифодаи воситаҳои техникӣ баромад мекунад.
Истифода аз таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани фарҳанги техникии шогирдон ва натиҷаи дилхоҳ ба даст овардан таъсири хуб мерасонад.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар муассисаҳои томактабӣ аз ҷониби мураббияҳо (омўзгорон) бояд ба он аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир карда шавад, ба мутолиа ва дўст доштани китоб бо шеваю роҳҳои гуногун ҷалб намудани тарбиятгирандагон ба шумор меравад. Мусаллам аст, ки дар кўдакистонҳо хониши бадеӣ гузаронида мешавад. Аммо бедор намудани эҳсоси дўст доштани китоб ва шавқу рағбат ба мутолиа амали осону сода намебошад. Пеш аз ҳама, дар гурўҳҳои гуногуни синнусолӣ кўдаконро бо асарҳои шавқовари бачагона шинос бояд намуд. Барои ин, ба тарбиятгирандагон китобчаҳои ҳаҷман хурди рангаи суратдорро барои шиносоӣ ва мутолиа пешниҳод намудан ба мақсад мувофиқ аст.
Кўдаконро бо ҳар гуна асари камзавқи мавзўяш дилбазан наметавон ба мутолиа фаро гирифт. Аз ин рў, хуб мебуд, агар ба онҳо китоби афсонаҳоро барои мутолиа тавсия намуд. Имрўз дар ҷумҳурӣ барои кўдакон асарҳои бешумори шавқовар, ки дар шакли китобҳои ранга ва бо ороиши баланд таълиф ва нашр шудаанд, бо теъдоди зиёд дар дукону фурўшгоҳҳои китоб мавҷуданд. Дар ин китобчаҳо вобаста ба мазмуну муҳтавои афсонаю ривоят ва шеърҳо суратҳои ҳайвонот, парандагон, хазандагон, олами наботот ва ғайра тасвир ёфтаанд. Бахусус, якҷо бо тарбиятгирандагон хондани барчидаҳо аз китоби «Афсонаҳои халқи тоҷик», шеъру ҳикоя аз китобҳои шоиру нависандагони муосири тоҷик хеле судманду муассир мебошад. Дигар аз усули тарғибу ташвиқ ва рў овардан ба мутолиа, ташкили вохўриҳо бо адибони бачагон маҳсуб меёбад. Воқеан, вақте ки кўдакон аз наздик бо муаллифи ину он асар шинос мешаванду адиб бевосита худаш шеър ё ҳикояву афсонаи эҷоднамудаашро қироат мекунад, таъсири он ба тарбиятгирандагон дучанд мегардад. Дар масъалаи бедор намудани шавқу рағбати кўдакон ба мутолиа ва асарҳои бадеӣ нақши падару модари тарбиятгирандагон низ хеле калон мебошад.
Мақолаҳои маъмул
Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ
Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар
Математика — шоҳи фанҳост
Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,
Пурра диданАгар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.
Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода
МУҚАДАСОТИ МО
Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё