Зеҳн

Ғазали «Сароям ба хаёлаш ғазале»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 1 дақиқа хондан

На ғизоле, ки сароям ба хаёлаш ғазале, Ё занам аз рухи хуршедмисолаш масале. На кариме, ки кунам фикри мадеҳаш, чу фитад, З-офати даҳр дар аркони маишат халале.

На фасеҳе, ки ба бурҳони суханҳои латиф, Бошадам қуввати баҳсею маҷоли ҷадале. Тай шуд асбоби сухан, соқии гулчеҳра куҷост? Ки маи лаъл бувад, он чи надорад бадале. Май хуру рӯи накӯ бин, ки малоик накунанд Сабт дар номаи аъмоли ту беҳ з-ин амале. Ҷайби хос аст, ки ганҷи гуҳари ихлос аст, Нест ин дурри самин дар бағали ҳар дағале. Ҷомӣ, аз ишқ магӯ нукта ба зоҳид, ки бувад Ҳар маҳалро сухане, ҳар суханеро маҳале.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2