Зеҳн

Китобҳои таърих таҷдиди назар мехоҳанд

ЗЕ
зеҳни сунъӣ31 октябри 2024 · 4 дақиқа хондан

Маълум аст, ки барои тарбияи дуруст ва ҳамаҷонибаи насли наврас омилҳои зерин ҳалкунанда мебошанд: а) шароити хуби таълимӣ бо мавҷудияти таълимгоҳи ҷиҳозонидашуда ва омўзгорони соҳибкасб; б) китобҳои дарсии мутобиқ ба синну соли кўдакон ва барномаҳои таълимии мувофиқ ба китобҳои дарсӣ; в) робитаи доимии падару модарон бо омўзгор ва муассисаи таълимӣ. Омиле, ки имрўз ҳалли он дар маркази диққати омўзгорон ва тамоми аҳли маориф қарор гирифтааст, аз байн бардоштани мушкилот ва камбудиҳо дар таҳия ва нашМри китобҳои дарсӣ мебошад.

Муҳиммияти ҳалли ин масъала буд, ки

20-уми ноябри соли 2020 дар толори муассисаи таҳсилоти умумии No65-и шаҳри Душанбе бо иштироки Абдуҷаббор Раҳмонзода – Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, Нуриддин Саид – раиси Кумитаи телевизион ва радио, Фарҳод Раҳимӣ – Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Олимҷон Муҳаммадҷонзода – раиси Кумитаи забон ва истилоҳот ва муаллифони китобҳои дарсӣ дар мавзўи «Такмили мазмуну мундариҷа ва муҳтавои китобҳои дарсӣ дар ҳошияи роҳнамоиҳои Пешвои миллат» семинари илмию машваратӣ ва таҳлилию методӣ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомади сатҳи баланди илмӣ қайд гардид, ки дар нашри имрўзаи китобҳои дарсӣ аз фанҳои ҷамъиятию гуманитарӣ камбудиҳое ҷой доранд, ки ислоҳталабанд. Ислоҳи ин камбудиҳо тарзе бояд амалӣ гардад, ки пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, ватандўстӣ ва рўҳияи истиқлолиятхоҳии мардуми Тоҷикистон мусоидат намояд.

Ман аз соли 1988 инҷониб дар мактаб ҳамчун омўзгори таърих ва ҳуқуқ ба таълиму тарбияи хонандагон машғул ҳастам. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки ҳамаи он камбудию норасоии ҷойдошта дар китобҳои дарсӣ аз ҳама бештар ба дўши омўзгорони мактабҳои миёна меафтад. Бисёр ҳолатҳо ба санаҳои таърихие дучор мегардем, ки дар китоби дарсии таърихи умумӣ дигар хел омадаасту дар китоби дарсии таърихи халқи тоҷик бо тартиби дигар. Хонанда дурустии онҳоро аз омўзгори худ мепурсад. Якеро дурусту дигареро нодуруст гуфтан барои муаллимон бисёр мушкил аст. Ҳоло мехоҳам якчанд андешаи худро дар хусуси таҳияи китоби дарсии таърихи халқи тоҷик баён намоям.

I. Беҳтар мешуд, агар дар таҳрири нави китобҳои дарсӣ аз даврабандии замони Шўравӣ вобаста ба ҳар як синф (форматсияҳои ҷамъиятӣ) даст кашему китобҳои дарсиро ба синфҳо бо назардошти аҳамияти онҳо дар давраҳои гуногуни таърихи халқамон тақсимбандӣ намоем.

II. Вобаста ба хусусияти синнусолии хонандагон, агар дар синфи 5 ҳикояҳо аз таърихи халқи тоҷик ҷой дода шавад, бештар манфиатовар мебуд. Аз мушоҳидаҳо маълум аст, ки азхуд намудани маводи таълимӣ барои хонандагони синфи 5-ум мушкилиҳои зиёдро пеш меорад. Агар ба ҷои ин қадар мавзўъҳои мушкилфаҳм ва мураккаб вобаста ба синну соли кўдакон ҳикояҳои гуногун аз қаҳрамониҳои гузаштаи халқамон пешниҳод гардад, аввалан, ифтихори миллию ватандўстии хонандагон баланд мегардад, баъдан шавқу рағбати хонандагон нисбат ба омўзиши таърихи халқамон зиёд мешавад.

III. Ҳар як мавзўи

омўхташаванда дар китоби дарсии таърихи халқи тоҷик бояд бо пешниҳоди факту рақам ва ҳодисаҳои таърихӣ маҳдуд нагардида, бо хулосаҳои хос ва мувофиқ ҷамъбаст гардад.

IV. Мавзўъҳои дарсӣ, ки доир ба давлатдории тоҷикон ва сиёсатмадорону чеҳраҳои барҷастаи миллатамон бахшида шудаанд, нисбат ба дигар мавзўъҳо бояд васеътар ва бо сарчашмаҳои иловагӣ аз асарҳои таърихнигорони гузаштаи халқамон пешниҳод гарданд. Дар китобҳои дарсии имрўзаи омўхташаванда ба ин паҳлуи масъала камтар таваҷҷуҳ зоҳир шудааст.

V. Ҳангоми пешниҳоди

мавзўъҳои дарсӣ ба эътибор гирифтани хусусияти синну солии хонандагон масъалаи муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Агар хонанда аз 20 то 30 фоизи маводи таълимиро аз нақли омўзгор аз бар намояд он гоҳ қисмати бештари маълумотро бо роҳи мустақилона хондани китоб аз худ менамояд. Дар чунин таносуби азхуднамоии маводи китоби дарсӣ аз ҷониби хонанда содаву фаҳмо ва мувофиқ ба синну сол будани маълумоти пешниҳодшаванда омили асосӣ ба ҳисоб меравад.

VI. Ҳангоми таҳияи мавзўъҳои таърихи миллӣ доир ба замони ҳукмронии сулолаҳои муғул ва туркнажод чунин ҳақиқати таърихиро аз хеш дур кардан лозим нест, ки гарчанде ҳокимияти сиёсӣ дар дасти сулолаҳои тоҷикон набуд, вале давлатдорӣ, адабиёт ва илм тоҷикона буд. Ҳамаи ин сулолаҳои аҷнабӣ бо забони тоҷикӣ давлатдорӣ мекарданд, асарҳои илмӣ бо ҳамин забон офарида мешуданд, бе иштироки сиёсатмадорону олимони тоҷик барои сулолаҳои муғул ва туркнажод давлатдорӣ кардан имконнопазир буд. Ин ҳақиқат раднашаванда аст, ки то замони ба сари қудрат омадани болшевикон дар Осиёи Марказӣ забони тоҷикӣ ба ҳайси забони асосии давлатдорӣ амал мекард.

VII. Дар пешниҳоди маводи таълимӣ ҳамеша рўҳияи истиқлолиятхоҳии халқамон бояд дар мадди назар бошад. Ин як бофтаи таърихӣ не, балки ҳақиқати таърихист. Исботи ин ақида таърихи начандон дури миллатамон шуда метавонад. Дар назар дорам муборизаву ҷоннисориҳои фарзандони баруманди миллатро, ба монанди Н. Махсум, Ш. Шоҳтемур, Ч. Имомов ва дигарон. Ҳангоми тақсимоти ҳудуди миллию марзии Осиёи Марказӣ дар соли 1924 онҳо ба ивази ҷони хеш тавонистанд ба тоҷикон Ҷумхурии Тоҷикистони Шўравиро тақдим намоянд, ки бешубҳа, заминаи асосии ташаккули давлатдории имрўзаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Андешаҳои пешниҳодгардида он хулосаҳое мебошанд, ки дар раванди таълими фанни таърихи халқи тоҷик дар мактаб ва кор бо хонандагон пайдо шудаанд. Ба эътибор гирифтан ё нагирифтани ин хулосаҳо ба салоҳдиди мутасаддиёни соҳа мебошад. Шояд масъалаҳои гузошташуда шарҳи иловагиро талаб намоянд ва ё ҳаматарафа таҳлил нашуда бошанд, лекин бовар дорам ба эътибор гирифтани онҳо аз манфиат холӣ нест.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

Математика — шоҳи фанҳост

Ба мо ҳамеша ҳанӯз аз бачагӣ мегӯянд: «Математика шоҳи фанҳост», «Ададҳо ҷаҳонро идора мекунанд». Оё ягон вақт дар бораи он ки то кадом дараҷа ин гуфтаҳо дурустанд, фикр кардаед? Вақте ки дар синфҳои болоӣ ба омӯзиши дигар фанҳои дақиқ оғоз мекунанд,

Пурра дидан

Агар китоб нахонем, мумкин аст ба паёмадҳои мухталифе дар зиндагии шахсӣ ва ҳирфаӣ мувоҷеҳ шавем.

Дар идома ба 20 иттифоқе, ки дар натиҷаи китоб нахондан мумкин аст рух диҳанд, ишора мекунем: Коҳиши доираи луғот. Нахондани китоб боиси маҳдуд шудани вожаҳову қудрати баён мешавад ва дар натиҷа имкон дорад ба хубӣ ғояву эҳсосоти худро интиқол дода

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба