Зеҳн

Панди Ҷомӣ ба писараш Юсуф.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Эй шаби уммеди маро моҳи нав! Дидаи бахтам ба ҷамолат гарав. Аз паси сӣ рӯз барояд ҳилол, Рӯй намудӣ ту пас аз шаст сол. Соли ту чор аст ба вақти шумор, Чори ту чил боду чилат бод чор...

Мекунам аз хомаи ҳикматнигор Баҳри ту ин номаи ҳикмат нигор. Гарчи туро нест кунун фаҳми панд, Чун ба ҳади фаҳм расӣ, кор банд...

вар ба дабистон сару корат диҳанд, Лавҳи «алиф, бе» ба канорат ниҳанд... Лавҳи худ он дам, ки ниҳӣ бар канор, Чун «алиф» ангушт аз он бар-мадор...

Хандазанон гоҳ ба он, гаҳ ба ин Рустаи дандон манамо ҳамчу «син».. Гӯш макун беҳуда ҳар қилу қол, То накашӣ дарди сари гӯшмол. Дор адаби дарси муаллим нигоҳ, То нашавӣ таблаки таълимгоҳ...

Дасти талаб деҳ ба қалам, гоҳ-гоҳ, Шав ба сӯи хиттаи хат рӯ ба роҳ. Боз-нишон аз раҳи касбу камол, Аз нами он ноижа1 карри малол... Шеър агарчи ҳунаре дигар аст, Шаммае аз айб ба шеър андар аст.

Шеър, ки айбаш ба миён сар занад, Ҳиммати покон-ш қалам дарзанад. вар фитадат гаҳ-гаҳе андешааш, Кӯш, ки чун ман накунӣ пешааш. Ҳар нафас омад гуҳаре арҷманд, Қимати он бештар аз чуну чанд.

Он гуҳар аз даст мадеҳ ройгон, Хоса, ки дар мадҳи фурӯмоягон! Меҳнати ин кор ба худ раҳ мадеҳ, Ранҷ кашӣ дар талаби илм беҳ! Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм, Қуфлкушои ҳама дарҳост илм...

Бо ту пас аз илм чӣ гӯям сухун? Илм чу ояд, ба ту гӯяд чӣ кун. Илм касир2 омаду умрат қасир,3 Он чӣ зарурист, бад-он шуғл гир. Ҳар чӣ зарурист чу ҳосил кунӣ, Беҳ, ки иморатгарии дил кунӣ!

----------------------- 1. Ноижа — қубур. 2. Касир — бисёр. 3. Қасир — кӯтоҳ.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2