Зеҳн

Образҳои достони «Юсуф ва Зулайхо»-и Ҷомӣ.

АГ
Агенти Зеҳнӣ12 октябри 2026 · 2 дақиқа хондан

Образҳои достон низ хеле ҷолибанд. Ду образи марказии асар-нақшхои Юсуф (а) ва Зулайхо аст. Образҳои фаъоли дигар Яъқуб(а), хоҳари бузурги Яъқуб(а), ки ӯ низ сидқан Юсуфро (а) ҳамчун модар дӯст медорад ва ҳастиашро бе ҳастии бародарзодааш тасаввур карда наметавонад. Ҳатто чун ба таври ошкоро ба мақсад расидани хешро пайдо намекунад, пас бо роҳи макр ба мақсад мерасад, зеро тавассути камарбанд Юсуфро(а) аз Яъқуб (а) ба муддати даҳ сол мерабояд. Бародарони Юсуф(а), ки образи мусбат нестанд ва мехоҳанд бародарашон, ки таваҷҷӯҳи падар ба ӯ бештар аст, миёни онҳо набошад.
Аз тарафи дигар, Молики корвон, падари Зулайхо - шоҳ Таймус, доя, канизакон беш аз онҳо, Азизи Миср, шоҳи ин сарзамин, аҳли зиндон, хусусан ҷавонмарди зиндоние, ки барои раҳоии Юсуф (а) аз зиндон мусоидат намуд, хеле ҷолиб аст. Занони мисрӣ, ки бо як пичинг дар як лаҳзаи достон иштирок намуда, ҷанбаи ахлоқии достонро хеле ва хеле қувват бахшидаанд, ниҳоят муҳим ва ҳатто то дараҷае образҳои ҳалкунанда мебошанд.
Дар ҳамин поя нақши зиндониён низ ба инҳо монанд аст, зеро агар инҳо ба Зулайхо таъсир расонида афкори умумро ба миён оварда бошанд, ҳамин гуна нақшро дар сарнавишти Юсуф (а) зиндониён бо сарварии ҷавонмарде бозидаанд, ки хобашро Юсуф (а) нек таъбир карда буд ва аз ӯ хоҳиши ҷиддӣ низ карда буд, ки албатта, ту бо шоҳи Миср ҳамсӯҳбат мешавӣ ва дар он ҷо аз фурсат истифода бурда, аз ман ҳикоят бикун, маро ба ӯ хабар деҳ. Ин лаҳза оддӣ намояд ҳам, барои равиши хатти минбаъдаи сюжети достон нақши ҳалкунанда дорад. Маҳз ҳамин эпизод, равиши минбаъдаи сюжетро дигар кард ва Юсуф(а)-ро аз печидагиҳои зиндагӣ, аз таззодҳои рӯзгор, аз тӯҳмату бӯҳтонҳо раҳоӣ дод.
Ба мақсад расидани каҳрамонҳои марказӣ, тантанаи адолат, ғалабаи ҳақиқат, заволнопазирии ростӣ, самараи сабр, натиҷаи бурдборӣ, вале беш аз ҳама ғалабаи ишқи поку муҳаббати сидқии беолоиш, дӯстдории ҳақиқиву эҳтирому гиромидории ишқ ва зебоиҳои зоҳирии инсон ва созгории онҳо бо ҷаҳони ботинӣ, бо дунёи маънавӣ, бо олами ниҳонии инсон аст.
Аз тарафи дигар, таълимоти ахлоқии ислом, фалсафаи амалии он, асосҳои тарбиявию таълимии исломӣ ва афзалияти он дар ин достон тараннум карда мешавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2