Зеҳн

Мавзӯи издивоҷ

ЗЕ
Зеҳн12 октябри 2026 · 16 дақиқа хондан

Мавзӯи бисёриздивоҷии Паёмбари Акрамро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) зиёд баррасӣ мекунанд. Масъалаи мазкурро чӣ гуна тавзеҳ медиҳед?

Пеш аз ҳама он нафароне, ки дар ин мавзӯъ суханҳои пасту баланд мегӯянд, ба гумон аст, ки дар роҳи мутолиаву андешаронӣ заҳмат кашида бошанд. Агар онҳо каме заҳмат кашида, мағозӣ ва сиярро (китобҳо дар бораи зиндагонии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) — тарҷ.) мехонданд, чунин суолро, ки худи онҳоро шармсор мекунад, ба миён намегузоштанд.

Ин суолро аз ман якчанд маротиба пурсиданд ва ман ҳар дафъа кӯшиш кардам, ки каму беш ба ин мавзӯъ равшанӣ андозам. Ин бор ҳам ҳар чи дар хотир дорам, такроран мегӯям.

Мавзӯи издивоҷоти Султони Пайғамбарон (саллаллоҳу алайҳи васаллам) паҳлӯҳои ҷудогона дорад. Ин ҷо паҳлӯҳоеро, ки бевосита ба шахсияти наҷиби Ӯ тааллуқ доранд, паҳлӯҳоеро, ки ба таври умум ба ҳамаи издивоҷҳояш вобастаанд, баъзе заруратҳо ва ниҳоят аҳволи хусусии баъзе аз занҳоро мутазаккир бояд шуд. Ҳоло ҳар яки ин паҳлӯҳоро ба навбат шарҳ медиҳем.

Дар навбати аввал, биёед, он паҳлӯи масъаларо баррасӣ кунем, ки бевосита ба шахсияти поки ҷаноби Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) алоқаманд аст. Пеш аз ҳама бояд донист, ки он Зоти олиҳиммат то синни бисту панҷсолагӣ бо касе издивоҷ накарда буд. Агар муҳити хоси он мамлакати гармро, ки Ӯ зистааст, ба инобат бигирем, чӣ қадар боиффату қавиирода ва ҳокими нафси худ будани Ӯ бараъло мушоҳида мешавад. Зеро агар дар ин маврид камтарин инҳирофе ҷой медошт, душманони дирӯзиву имрӯзӣ барои эълон кардани он ба тамоми олам лаҳзае дер намемонданд. Ҳол он ки аҳли хусумат, агарчи дар ҳаққи Ӯ ҳарзаи зиёде мегӯянд, дар хусуси покдоманияш на дар қадим ва на имрӯз ба забондарозӣ ҷуръат накардаанд.

Паёмбари мо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бори нахуст дар бисту панҷсолагӣ издивоҷ кардаанд. Ин никоҳи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гарчанде бо зани чиҳилсолаи ду дафъа шавҳаркарда баста шуда буд, вале дар назди Худо издивоҷи мустасно ва мақбултарин буд. Зиндагии якҷояи ин оилаи хушбахт бисту се сол идома ёфта, дар соли ҳаштуми пайғамбарии Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ҳасрату андӯҳ ба поён расид. Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) мисли бисту панҷ соли аввал танҳо монданд. Пас аз зиндагии хушбахтонаи бисту сесола бо зану фарзандон Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чор-панҷ соли дигар муҷаррад зиндагӣ карданд, то гоҳе ки синнашон ба панҷоҳу се расид.

Акнун ҳамаи издивоҷҳои дигар аз ҳамин вақт сар мешаванд, ки дар ин синну сол майли издивоҷ поин меравад. Дар чунин иқлими гарм нафареро, ки пас аз панҷоҳу панҷсолагӣ издивоҷ кардааст, бо танпарастиву шаҳватпарастӣ айбдор донистан ба инсофу изъон ҳеҷ рост намеояд.

Паҳлӯи дигари масъала ба рисолати пайғамбарӣ вобаста аст, ки бисёриздивоҷиро тақозо мекунад. Инро бо мисолҳо шарҳ додан мехоҳам:

Аввалан, бояд донист, ки дар ин мавзӯъ аз ҳама зиёд онҳое ҳарф мезананд, ки пайрави ҳеҷ гуна дину оине нестанд. Онҳо ба маҳкум ва мазаммат кардан умуман ҳақ надоранд, зеро худ ба тамоми қоидаҳо мухолифанд. Онҳо бе риояи ҳеҷ як қонуну мукаллафият бо чандин зан муносибат ба роҳ монда, ҳатто никоҳро бо маҳрамҳояшон раво медонанд.

Дувум, фирқае, ки мавзӯи мазкурро зиёд баррасӣ мекунанд, баъзе пайравони китоб — насрониҳо ва яҳудиёнанд. Ҳуҷуми онҳо низ ғаразнок ва дур аз инсофу тааммул аст. Чунки дар китобҳои худи онҳо, дар Тавроту Инҷил гуфта мешавад, ки чанде аз анбиёи изом занҳои зиёде доштаанд ва онҳо аз Хотам-ул-анбиё (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дида, бештар иҷдивоҷ карда буданд. Барои мисол, вақте зиндагонии паёмбароне чун Ҳазрати Сулаймон (алайҳиссалом) ва Довудро (алайҳиссалом) ба ёд меоварем, маълум мешавад, ки бисёриздивоҷиро Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оғоз накардаанд ва худи бисёриздивоҷӣ ҳам ба ҳақиқати нубувват мухолифат надорад. Ин ҷо кӯшиш мекунам, шарҳ диҳам, ки чаро «тааддуди заваҷот» аз нуқтаи назари рисолати пайғамбарӣ манфиатбор аст.

Дар воқеъ бисёриздивоҷӣ аз як ҷиҳат барои пайғамбаре, ки бо аҳкоми шариат омадааст, зарур аст. Зеро дар дин паҳлӯҳои зиёде доир ба маҳрамияти ҳаёти оилавӣ ҳастанд, ки аз онҳо танҳо завҷаи кас метавонад огоҳ бошад. Аз ин рӯ ба хотири ошкоро шарҳ додани чунин паҳлӯҳо муршидоне лозиманд, ки бе кинояву истиора моҳияти масъаларо дарк кунанд, то ки ба духӯрагӣ роҳ дода нашавад. Аз ин ҷост, ки занҳои поку боиффати хонаи нубувват пеш аз ҳама масъулияти иршодро дар масоили олами занҳо ба ӯҳда доштанд ва ба ин хотир ҳам барои пайғамбар, ҳам барои пайғамбарӣ ва ҳам барои дигар занон зарур буданд.

Сониян, омили дигаре, ки дар умум бо ҳамаи занҳои Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) алоқаманд аст:

Дар миёни завҷаҳои Ӯ занони синну соли гуногун буданд: солдида, миёнсол ва ҷавон. Ҳар синну сол иҷрои аҳкоми алоҳидаро тақозо дорад. Ва Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) танҳо тавассути занҳои поки хонаи худ имкон пайдо мекард, ки аҳкоми шариатро дар ҳаёт амалӣ кунад.

Аз он хотир ки занҳои Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз хонадони гуногун буданд, дар натиҷаи ин издивоҷҳо аввал дар миёни ҳар қабила ва баъдан аз рӯйи хешовандӣ бо шахсияти мумтози Ӯ дар миёни қавмҳо дӯстиву муҳаббати решагӣ пойдор гардид. Ҳар қавму қабила Паёмбарро аз худ медонист, дар баробари муносиботи динӣ эҳсоси хешовандӣ онҳоро ба шахси Ӯ наздик мекард.

Ҳар яке аз занҳои Ӯ дар замони зиндагӣ ва пас аз реҳлати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар иршоду таблиғи ҳамқавмони худ васила мешуданд, ба хешовандони дуру наздик дар хусуси зоҳиру ботини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нақлҳо мекарданд. Ҳамин тавр ҳамқавмони онҳо, занону мардони қабила Қуръон, тафсир ва ҳадисро ба василаи ин занҳо омӯхта, аз ҳақиқати дин огаҳӣ пайдо мекарданд.

Тавассути издивоҷ бо ин занҳо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) гӯё бо мардуми тамоми Ҷазират-ул-араб қарин шуд ва меҳмони иззатманди ҳар як хонадон гардид. Ҳар кас аз ин қаробат истифода карда, ба он шахсияти саршори муҳаббат наздиктар мешуд ва имкони бевосита омӯзиши умури диниро пайдо мекард.

Ҳар қавм аз ягон ҷиҳат худро аз наздикони Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳисобида, бо ин ифтихор дошт. Қабилаи Махзумиён тавассути Умму Салама, Уммавиён ба воситаи Умму Ҳабиба, Ҳошимиён бо Зайнаб бинти Ҷаҳш (р) хонадони худро аз наздикони Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) шуморида, аз ин саодатманд буданд...

Ҳар чизе ки то ҳол ба таври умум шарҳ додем, аз як ҷиҳат метавон ба пайғамбарони дигар ҳам мансуб донист. Ҳоло мехоҳам он паҳлӯҳои масъаларо, ки ба занҳои Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба таври ҷудогона тааллуқ доранд, баррасӣ кунем. Ин ҷо дида мешавад, ки мантиқ пеши фаросати Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам), ки бо ваҳй дастгирӣ меёфт, ба қиёс арзанда нест, бо таъбири дигар, тафаккури башарӣ дар назди фатонати аъзам бояд сари таъзим фуруд орад.

Завҷаи нахустини Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Ҳазрати Хадиҷа (р) буд. Издивоҷи Ӯ бо ин зани ҳалима, ки аз эшон понздаҳ сол калонтар буд, моҳиятан намунаи беҳтарини оиладорӣ аст. Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) тамоми умр дар баробари ба ҷой овардани расми садоқату вафодорӣ нисбат ба ҳамсари худ, пас аз вафоти ӯ низ боре ҳам ӯро фаромӯш накарда, ҳатто ба ҳар васила аз ӯ ёд мекард.

Баъд аз вафоти Ҳазрати Хадиҷа (р) Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) чор-панҷ сол оиладор нашуд. Агарчи Ӯ бо чанд фарзанд танҳо монда буд, таъминоти онҳоро ба ӯҳда дошта, ба як маънӣ ҳам падар, ҳам модари фарзандон шуд. Фарзи муҳол, агар Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар баробари занҳо кӯчактарин заъфе медошт, магар ҳамин гуна рафтор мекард?

Завҷаи дигари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Оишаи Сиддиқа (р), фарзанди дӯсти наздиктаринаш Ҳазрати Абӯбакр (р) буд. Издивоҷи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо Оиша (р) илтифоти бузургтарини Ӯ ба ин инсони бузург буд, ки ҳузну нишоти умрро ҳамроҳ сипарӣ карда буданд. Ҳазрати Абӯбакр (р) бинобар қаробате, ки бо Расули Акрам (с) дошт, имкон ёфт, ки ҳамеша дар паҳлӯи Ӯ ҷой бигирад ва бештар аз ҳама бо қурби набавӣ шарафёб гардад. Ҳатто гоҳе ки бисёрии саҳобагон аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карданд, Абӯбакр (р) дар назди Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) монд.

Илова бар ин заковати нодираи фитрии Ҳазрати Оиша (р) ба ворисии даъвои нубувват беҳад мувофиқ буд. Ҳаёти оилавии Оиша (р) бо Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва хизматҳои минбаъдаи ӯ собит намудаанд, ки он зани муалло метавонист танҳо завҷаи паёмбар бошад. Зеро ӯ ҷое ҳамчун бузургтарин муҳаддис, ҷое чун мукаммалтарин муфассир, ҷойи дигар ҳамчун донотарин фақеҳ падидор шуда, зоҳиру ботини Муҳаммадиро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо фаросати бемислаш воқеан тамсил мекард.

Аз ин ҷост, ки Паёмбари Худо (с) аз издивоҷи худ бо ӯ қаблан тавассути рӯъё огоҳонида мешавад ва Ҳазрати Оиша (р.а.) ҳанӯз дар овоне, ки ба чашму хаёлаш гуноҳе роҳ наёфта буд, ба никоҳи Расули Акрам (с) медарояд.

Оишаи Сиддиқа (р.а.), ки аз ин нигоҳ муҷиби ифтихори Ҳазрати Абӯбакр (р) гардида буд, донишу маҳораташро инкишоф дода, ҳамчун толибилми наздиктарини Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба муршида ва мубаллиғи бузурге табдил ёфт. Ҳамин тавр ӯ ба хонаи саодат чун завҷа ва чун толибилме интисоб карда буд.

Умму Салама (р) завҷаи дигари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аст. Ӯ аз қавми Махзум ва яке аз аввалин мусулмононе буд, ки дар Макка тазйиқ дидаанд. Ӯ дар сафи муҳоҷироне ҷой гирифта буд, ки аввал ба Ҳабашистон, баъдан ба Мадина ҳиҷрат кардаанд.

Ҳамроҳи ӯ дар ин сафарҳои дарозу пурмашаққат шавҳараш Абӯсалама низ ҳузур дошт. Аз нигоҳи Умму Салама шавҳараш инсони беназир буд. Пас аз вафоти ӯ Умму Салама бо фарзандонаш дар Мадина танҳо монданд. Дар оғоз ба ин зане, ки дур аз хонаву дар бо кулфати зиёде ҳамроҳи чанд ятим бесарпаноҳ монда буд, Абӯбакр ва Умар (р) хостанд дасти ёрӣ дароз кунанд. Вале Умму Салама талаби онҳоро рад кард, зеро ба назари ӯ касе наметавонист ҷойи Абӯсаламаро бигирад.

Ниҳоят Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо таклифи издивоҷ ба ӯ муроҷеъ шуд.

Ин хостгорӣ хеле табиӣ буд, зеро зани муаллоеро чун Умму Салама, ки ҳамаи дороии худро дар роҳи дину имон фидо карда, пас аз зиндагии хуше дар бойтарин қабилаи арабӣ тани танҳо монда буд, дар ҳолати хорӣ гузоштан беадолатӣ маҳсуб мешуд. Бо нишони қадрдонӣ барои хизматҳои самимонааш дар роҳи ислом ба ӯ бояд дасти кӯмак дароз карда мешуд. Ҳамакнун Фахри Коинот (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба ӯ дасти иноят дароз карда, ӯро ба никоҳи худ даровард. Ҳамчун инсони мушфиқе, ки аз ҷавонӣ бекасону ятимонро ҳимоят карда буд, он вақт ӯҳдадории худро ҳамин тавр ба ҷой овард.

Умму Салама низ мисли Оиша (р) оқилаву нуктасанҷ буд. Ӯ истеъдоди муршидӣ дошт. Ба ин хотир Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дар баробари зери ҳимояти худ қарор додани ӯ, ба мадрасаи илму ирфонаш толибае мегирифт, ки олами занҳоро мадюни шукргузорӣ мекард.

Дар акси ҳол дар синни қариб шастсолагӣ бо зани танҳои соҳиби чанд кӯдак издивоҷ кардан ва худро зери кулфат гузоштани Фахри Коинотро (саллаллоҳу алайҳи васаллам) эзоҳ додан номумкин аст. Хусусан, бо танпарастӣ ва занхоҳӣ инро қатъиян шарҳ дода намешавад.

Завҷаи дигари Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Рамла бинти Абӯсуфён (Умму Ҳабиба) мебошад. Умму Ҳабиба духтари нафаре буд, ки дар ҳузури Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ва рисолати Ӯ як муддат тамсилгари куфр будааст. Умму Ҳабиба (р) дар сафи аввалин мусулмонон ҷой гирифта буд. Дар айёми тазйиқи мушрикон ба Ҳабашистон ҳиҷрат карда, насронӣ шудани шавҳараш ва баъдан вафот кардани ӯро бо чашми сар дида буд.

Он рӯзҳо шумори саҳобагон кам ва аз ҷиҳати молӣ имконоташон танг буд. Онҳо наметавонистанд таъминоти каси дигарро ба ӯҳда бигиранд. Аз ин рӯ пеши Умму Ҳабиба чанд шарте боқӣ монда буд: ё насронӣ шуда, кӯмаки онҳоро қабул мекард, ё ба хонаи падар — макони куфр бармегашт ва ё дарбадар гашта, талбандагӣ мекард. Ин зани диндор, ки дар оилаи асил ва сарватманд ба воя расида буд, наметавонист ягоне аз ин шартҳоро ба ҷой орад. Чораи ягона он буд, ки Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба додаш расад.

Издивоҷ бо Умму Ҳабиба ба ҳамин тартиб сурат гирифта буд. Барои зане, ки дар роҳи дину имон тамоми дороияшро фидо карда, миёни зангиён дур аз хонаву манзил бо иртидод ва фавти шавҳараш ҳолати дилгирро аз сар мегузаронд, хеле табиӣ буд, ки дар ҳузури Наҷошӣ ба никоҳи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) дарояд.

Умму Ҳабиба низ ба хонаи саодат ҳамчун завҷа ва толиба нисбат ёфта, дар омӯзиши тарзи исломии ҳаёт нақши аъло доштааст.

Ҳамчунин хонадони Абӯсуфён ба василаи ин издивоҷ имкон пайдо карданд, ки бе таклиф ба хонаи нубувват рафтуомад кунанд ва андешаи худро дар хусуси дини Ӯ тағйир диҳанд. Издивоҷ бо Умму Ҳабиба на танҳо хонадони Абӯсуфён, балки тамоми қавми Уммавиёнро мутаассир карда буд. Ҳатто гуфтан мумкин аст, ки ин хонадони якрав ва мутаассиб тавассути издивоҷи мазкур мулоим ва моили қабули хайр гардид.

Зани дигаре, ки ба хонаи саодат роҳ ёфта буд, Зайнаб бинти Ҷаҳш (р) аст. Ин зани покнажод, маҳин ва дилкушод аз хешовандони Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) буда, дар ҳузури Ӯ бузург шудааст. Вақте Султони Анбиё (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Зайнабро барои Зайд (р) хостгорӣ кард, волидайни духтар ба ин пешниҳод чандон розӣ набуданд, зеро онҳо майл доштанд, ки Зайнабро ба худи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) диҳанд. Ниҳоят, пас аз исрори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) волидайни Зайнаб (р) розӣ шуданд, ки ӯро ба никоҳи Зайд ибни Ҳориса (р) дароранд.

Зайд ғуломе буд, ки Сарвари Коинот (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ӯро баъдан озод намуд. Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ба василаи издивоҷи онҳо хоста буд, ки баробарии инсонҳоро таъсис дода, таҳким бахшад ва ин кори мушкилро боз ҳам аз хонаводаи худ шурӯъ мекард. Вале маълум гардид, ки хонадории зани асилзодае чун Зайнаб (р) аз рӯйи фармонбардорӣ дер давом намекунад. Ин хонадорӣ барои Зайд (р) ҳам ба ҷуз ҳасрату андӯҳ чизе наоварда буд.

Дар ниҳоят онҳо аз ҳам ҷудо шуданд, агарчи Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Зайдро мӯътақид мекард, ки издивоҷро нигоҳ дорад. Дар ин асно Ҷабраил (а) нозил шуда, фармони илоҳиро дар мавриди никоҳ бастани Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо Зайнаб (р) фуруд овард. Паёмбари гиромӣ (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо имтиҳони хеле гарон мувоҷеҳ шуда буд, зеро Ӯ кореро бояд анҷом медод, ки то он рӯз касе ба иҷрои он ҷасорат накарда буд. Ӯ бар муқобили одатҳои қадимӣ ва решагӣ ҳарб эълон мекард. Ин муҳорибаи душворе буд, ки танҳо бо фармони Худо метавонист амалӣ гардад. Ҳазрати Оиша (р) дар ин бора мегӯяд, ки фарзи муҳол, агар ваҳйи илоҳиро пинҳон доштан дуруст мебуд, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оятҳоеро махфӣ нигоҳ медошт, ки издивоҷи Ӯро бо Зайнаб (р) фармуда буданд. Ин издивоҷ барои Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) беҳад мушкил афтода буд.

Дар аҳди ҷоҳилият арабҳо писархондро ҳамчун писари худӣ қабул доштанд ва ҳамсарони онҳоро ҳамчун ҳамсари фарзанди худ медонистанд. Вақте зарурати бардошта шудани ин одати даврони ҷоҳилият ба миён омад, он дар оғоз тавассути Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) татбиқ гардид (зеро Зайд писархонди Паёмбар ба ҳисоб мерафт, — тарҷ.). Худованд дар Қуръони Карим мефармояд: «... ва писархондагонатонро писарони шумо насохтааст» (Сураи Аҳзоб, 33/4). Ҳамчунин ҳамсари писархонди шумо келинатон буда наметавонад.

Зани дигаре, ки бо интисоб ёфтан ба хонаи саодат шарафёб гардидааст, Ҷувайрия бинти Ҳорис (р) мебошад. Қавми ӯ дар муҳориба бо мусулмонон мағлуб гардида, занону мардони қабила ба асорат афтода буданд. Вақте Ҷувайрияро, ки дар қавми худ обрӯманд буд, ба ҳузури Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) оварданд, дили ӯ пур аз кинаву нафрат буд. Он гоҳ Соҳиби фатонати аъзам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) масъаларо ба осонӣ ҳал намуд. Вақте Ӯ бо Ҷувайрия (р) ақди никоҳ баст, ин зан ба мақоми модари муъминон мушарраф гардид ва дар пеши мусулмонон соҳиби эҳтироми хоса шуд. Ҳамчунин саҳобагон «Хешовандони Паёмбар (с) наметавонанд асир бошанд» гӯён асиронро озод карда, ба ин васила дили Ҷувайрия ва ҳамқавмони ӯро дарёфтанд.

Тавре мебинем, Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) ҳатто тавассути издивоҷе, ки пас аз шастсолагӣ кардааст, мушкилоти зиёдеро ҳал намуда, ҳодисоти мудҳишро ба сулҳу субот табдил додааст.

Зани дигаре, ки толеъ ба рӯяш хандидааст, Сафийя — духтари ҳокими Хайбар буд. Дар ҷанги Хайбар падару бародар ва шавҳари ӯ кушта шуда, ҳамқавмонаш асир афтода буданд. Сафийя (р) дар оташи ғазаб ва ҳирси интиқомгирӣ месӯхт. Аммо пас аз издивоҷ бо Паёмбари Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) Сафийя ҳамчун завҷаи паёмбар ба мақоми муалло расид ва соҳиби эҳтиром гардид. Саҳобагон ӯро «модар» ном мебурданд ва худи Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ӯ муносибати нарму ҳалимона дошт. Сафийя (р) гузаштаро фаромӯш карда, аз ҳамсари Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) будан ифтихор мекардагӣ шуд. Ҳамчунин тавассути Сафийя (р) яҳудиёни зиёде имкон пайдо карданд, ки бо Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз наздик шинос шаванд ва мутеи Ӯ гарданд. Худованди Ҳакиму Тавоно ба василаи ин издивоҷ барои мусулмонон хайру баракати зиёде эҳсон кард.

Ҳамчунин мавриди тазаккур аст, ки Сафийя (р) аз олами ҳамқавмони яҳудияш огоҳии хуб дошт ва ба онҳо дар хусуси омӯзиши дини ҳақ васила шуд. Ҳазрати Сафийя (р) ва дигар занони мисли ӯ гуногунмиллат дар ҳаёти маънавии ҳаммиллатони худ нуфузи зиёд доштаанд.

Яке аз занони саодатманди хонаи нубувват Ҳазрати Савда (р) мебошад. Ӯ аз ҷумлаи аввалин имон овардагон буда, ҳамроҳи шавҳараш ба Ҳабашистон ҳиҷрат кардааст ва ҳамсони Умму Ҳабиба (р) он ҷо пас аз вафоти шавҳар танҳо мондааст. Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ӯ издивоҷ карда, ҷароҳатҳои дилашро шифо бахшид ва ӯро аз парешонӣ раҳо кард.

Ҳамин тавр Расули Худо (саллаллоҳу алайҳи васаллам) бо ҳеҷ яке аз занони худ аз рӯйи эҳсосоти нафсонӣ издивоҷ накардааст. Ӯ ё ба хотири қаробати бештар пайдо кардан бо саҳобагонаш дар мисоли Абӯбакру Умар (р) ва истеъдоду маҳорати зане, ки ба ҳамсарӣ мегирифт, ё тавре мебинем, ба хотири дигар корҳои хайру салоҳ издивоҷ карда, таъминоти зиёдеро ба дӯш гирифта буд.

Дар баробари ҳамаи ин Паёмбари Акрам (саллаллоҳу алайҳи васаллам) нафақаву либосу манзил ва дигар эҳтиёҷоти ҳамсаронашро одилона таъмин карда, дар муносибат бо онҳо адолату ҳаққониятро риоят кардааст. Ҳамаи мушкилиҳои эҳтимолиро, ки метавонист миёни ҳамсарон сар занад, қаблан пешгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бернард Шоу, «... Ӯ тамоми масъалаҳоро мисоли қаҳва нӯшидан ба осонӣ ҳал мекард». Ҳамаи ин аз пайғамбари барҳақ будани он шахсияти мустасно далолат мекунад.

Дар ҳоле ки мо медонем, идораи як зану ду-се фарзанд то кадом андоза мушкил аст, пеши он Зоти барҷаста, ки чанд зани пештар рӯзгордида, дар муҳити оилаҳои дигар зиста, мизоҷи алоҳида пайдо кардаро аз рӯйи оҳанги мӯътадил идора карда буд, сари таъзим фуруд меорем.

Вале як паҳлӯи дигари масъала боқӣ мондааст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи васаллам) аз теъдоди барои умматон машрӯъ зиёдтар издивоҷ кардааст.

Ин як ташреҳи хусусӣ, қонуни хосе мебошад, ки маслиҳату ҳикматҳои он барои мо ба пуррагӣ рӯшан нест. Дар ин мавзӯъ як муддат иҷозат шуда буд, баъдан теъдоди ҳамсарон маҳдуд гардид.

Бинобар аҳамияти суол мавзӯъро ба дарозӣ бурдам. Умед дорам, ки маъзур медонанд.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2