Зеҳн

ГУФТОРИ МУРҒОН Ё “МАНТИҚ-УТ-ТАЙР”-И ТИФЛОН

БА
Барномасоз14 октябри 2026 · 26 дақиқа хондан

МӮСИЧА

Мӯсича лона дорад

Дар таги айвони мо,

Дар кафи дастони мо,

Дар сари мижгони мо,

Дар лабаки хони мо,

Дар миёни ҷони мо.

Мӯсича ҳар пагоҳӣ

Ҳубу-бу-бу мекунад,

Ку-ку-ку-ку мекунад,

Ёду хотири моро

Ҳай таҳурӯ мекунад,

Моро кӯдак мекунад,

Моро ҷоду мекунад.

Дар рӯйи раҳ меравад

Чунон ба сабру тамкин,

Ки гоҳо гумон кунӣ

Монад ба зери мошин.

Дили ту таҳ мекашад,

Поят аз раҳ мекашад.

Мӯсичаро озурдан

Кори бисёр убол аст.

Ҳар чи мӯсича хӯрад

Аз хони мо, ҳалол аст.

Муошираташ бо мо

Бисёр бемалол аст.

Гаҳ байни дегу табақ,

Гаҳ даруни ҷувол аст,

Зеро, ки худ медонад:

Озурданаш убол аст.

Мӯсича чӯҷа кунад,

Мо ҳама чӯҷабонем.

Гушна шудан намонем,

Ташна шудан намонем,

Зеро мӯсичаро мо

Аз аҳли худ медонем.

Монанди мардуми мо

Мӯсича беозор аст.

Вале каме танбал аст,

Як камтарак нокора-ст.

Дар дил чи ғаме дорад,

Ки нигоҳаш ғамбор аст.

Бимон чун силаи раҳм

Мӯсича лона монад

Дар таги айвони мо,

Дар кафи дастони мо,

Дар лабаки хони мо,

Дар сари мижгони мо,

Дар миёни ҷони мо!

ГУНҶИШК

Гунҷишкаки ҷик-ҷикӣ,

Гап заданат тоҷикӣ.

Дар ҳама ҷойи ҷаҳон

Гӯёӣ бо ин забон.

Чашму қошат сиёҳ аст,

Ҷомаат ранги коҳ аст.

Ҷомаи пари паша,

Поку тоза ҳамеша.

Дар зимистону баҳор

Бо мо ҳастӣ ҳамканор,

Таҳи порисаи мо,

Бағалу кисаи мо.

Чобукиву чолокӣ,

Ҳушёриву бебокӣ.

Дар лаҳзаи даркорӣ

Ба афъӣ ҳуҷум орӣ.

Ба чашмаш занӣ минқор,

Гурезад он аждаҳор.

Дар ҳифзи бачагонат

Мегузарӣ аз ҷонат.

Гунҷишкон баҳам ёранд,

Ғамхору мададгоранд,

Сарҷамъу муттаҳиданд,

Дар пайи ҷаҳду ҷидданд.

Гунҷишкон дар зимистон

Ҳамроҳи мо мемонанд.

Гунҷишкон соҳибхона,

Дигар мурғон меҳмонанд.

ҲУДҲУД

Ҳудҳуду шонасарак,

Мурғи Сулаймон туӣ.

Нома ба фарқи сарат,

Қосиди шоҳон туӣ.

Ҷомаи ту беқасаб,

Нӯл қариб як ваҷаб.

Бинӣ ту зери замин,

Нӯл занӣ пас матин.

Ризқи худ аз зери хок,

Чида кунӣ поки пок

Аз ҳашароти музир,

Кишт шавад дилпазир.

Мурғи беозорӣ ту,

Нест ба кас кори ту.

Не бизанӣ, на газӣ,

Дорӣ силоҳи газӣ.

Ҷабр ба ту гар кунанд,

Фаш! – гази худ сар диҳӣ.

Душмани ғаддорро

Сахт ту кайфар диҳӣ.

Аз ту гурезон шавад

Каргасу зоғу заған.

Кас нашавад бо ту ҳеч

Сарбасару танбатан.

Мардуми баъзе маҳал

Хонда “малояк” туро.

Мекунадат эҳтиром,

Он ҳама як-як туро.

Мурғи китобиӣ ту,

Гарчи туро нест лоф.

Раҳбари мурғон будӣ,

Дар сафари кӯҳи Қоф.

Ҷуста паси кӯҳи Қоф

Лонаи Симурғро,

Яктану ҷон ёфтед,

Ҷумлаи сӣ мурғро.

1 Музир – зарарнок.

2 Кайфар - ҷазо

3 Дар достони Аттори Нишопурӣ “Мантиқ-ут-тайр” мурғон бо раҳбарии ҳудҳуд ба пушти кӯҳи Қоф ба ҷустуҷӯйи Симурғ мераванд ва ногоҳ мебинанд ки худи ҳамин сӣ мурғ ҳамон Симурғанд.

Маънии ин достон,

Ваҳдати ҷону тан аст.

Мақсади мо як шавад,

“Мо” шавад он ки “ман” аст.

Маънии ин достон

Ҳаст, ки дар иттиҳод

Қудрати мо безавол

Ҳасту сафи мо зиёд.

Ҳудҳуду шонасарак,

Мурғи Сулаймони мо.

Лонаи сабзи ту бод

Хонаи чашмони мо!

БУТЕМОР

Бутемор- яъне, ғамхор,

Як мурғаки беозор.

Аз дашт ташна ояд,

Лаби дарё фурояд.

Нишинаду нишинад,

Сураташ дар об бинад.

Бо сураташ рӯбарӯ,

Мекунад ӯ гуфтӯгӯ:

“Бихурам ё нахурам?

Нахурам, намемурам.

Аммо хурам, шавад кам,

Ғайри ман дигарон ҳам

Ҳама хуранд аз ин об,

Набошад кори савоб.

Дарё, ки ёбад поён,

Куҷо раванд моҳиён?

Мурғобиву қозу қу

Нағунҷад дар оби ҷӯ.

Киштиҳо бераҳ монанд,

Часпида дар таҳ монанд.

Бору банду мусофир,

Монад ҳама бетадбир...”

Бутемору ин хаёл,

Аммо ҳама бемалол

Аз оби дарё сероб

Хурда равад бо шитоб–

Филу баҳмуту паланг,

Зарофаву каркаданг,

Оҳуву шеру кафтор,

Турнаҳову моҳихор,

4 Бутемор – арабӣ, яъне падари ғам, мурғи ғамхӯрак ҳам мегӯянд.

Мурғи сақо, мурғобӣ,

Селаи хушкиобӣ,

Қуву лаклак, сору ғоз,

Уқобу бошаву боз...

Бар ҳама дида дӯзад,

Дили бутемор сӯзад.

Ба“ҳоли зори” дарё,

Чи монад аз ӯ оё?

Аз ин хаёлу пиндор

Мисли модари ғамхор

Дилаш сӯзаду сӯзад,

Бинӣ, ки ашкаш рӯ зад,

Як қатра ашк аз дида,

Лаби дарё чакида.

Дилакаш мешавад шод,

Ки дарёро наҷот дод.

Дарё бишуд лаб ба лаб,

Кори хубе шуд аҷаб!

ЗОҒ

- Зоғ, зоғ, зоғ, зоғ!

- Қорр, қорр, қоғ, қоғ!

- Манзилу маконат ку?

- Кӯҳ, дашт, боғ, роғ.

- Азми куҷоҳо дорӣ?

- Қарротегин, Қарротоғ:

Ҳарҷо барфи бисёр аст,

Он ҷо шавам хушдимоғ.

- Шумхабарат мегӯянд,

- Гапи дуррӯғ асту лоғ.

Хабари ман сапедист,

Чашмони ман чун чарроғ.

Гарчи рангам сиёҳ аст,

Дили ман мисли моҳ аст.

Ман ошиқи барф астам,

Мекунад барф мастам.

Мерақсам миёни барф,

Мекунам туфони барф.

Аз гули сапеди барф,

Меорам навиди барф.

Он навиди баҳор аст,

Модари обшор аст.

Куҷо бе барфу борон

Дидаӣ обшорон?

Куҷо бе обшорон

Дидаӣ боғу бустон?

Дар олам ҳар чизе ҳаст,

Лаҳву лоғ – пӯч, беҳуда.

Баҳам бувад он пайваст.

Бе зимистон ку баҳор?

Тобистони тобдор?

Тирамоҳи зарнисор?

Кишту меваю гулзор?

Бе зоғе ҳам ғозе нест,

Ғоз ҳам ба ин розӣ нест.

Бе қумрӣ ҳам кафтар нест,

Бошад, бобародар нест.

Булбул гарчи хушхон аст,

Бе саъба парешон аст.

Созаш намегардад ҷӯр,

Овозаш наравад дур.

Ман бо инсон қаринам,

Худи одам баринам.

Гоҳе андеша ронам,

Гаҳ фикри ӯро хонам.

Агарчи чун тӯтиён,

Надорам нутқи равон,

Одам гапам диҳад ёд,

Гап мезанам ман озод.

Корам дур аз малол аст,

Умри ман сесад сол аст!

ЧОКАК

Аз сари шаб то саҳар

Чок-чок мекунад.

Дили шабро аз алам

Чок-чок мекунад.

“Чуғз” аст ӯву ҳам “чокак”,

“Шабовез”-у“мурғи ҳақ”.

Дар ҳар чор номаш ҳаст

Чандин ҳикмату сабақ.

Дар як ривоят гӯё

Ширфурӯше будаст.

Як зани бечораи

Кӯзабадӯше будаст.

Хонаводааш калон,

Бачаҳояш ҳам бисёр.

Хароҷоти зиндагӣ

Ба дӯши ӯ шуда бор.

Барои бачаҳояш

Аз шир кам мекардаст.

Вале ба ҷои он шир

Оби ҷӯ зам мекардаст.

Харидорони шираш

Аз ин шуда хабардор.

Дуъои бадаш карданд,

Шудаст ӯ мурғи бемор.

Беморияш ин будаст:

Ҳар гаҳ хоҳад хӯрад об,

Дар чашмаш метобидаст

Оби ҷӯ мисли хуноб.

Ташна монда ҳама рӯз,

Шаб чок-чок нолон.

Фақат саҳар мехурдаст,

Як қатра оби борон...

Ин қиссаҳо, бачаҳо,

Аз барои ибратанд.

Мурғакон бегуноҳанд,

Тифлони табиатанд

ҒУЛБА

- Ғулбаву акка,

Алошақшақа.

Се ном дорӣ,

Сад бом дорӣ.

Боме ба боме

Ҳар субҳу шоме

“Париданат– мир,

Нишастанат- тир”.

Шақ шақи шаққа,

Ба ҳама чаққа.

Коре надорӣ?

Ҳай хабар орӣ.

Кӣ омад, кӣ рафт,

Кӣ ба кӣ чи гуфт.

Ҷомаат ало,

Худат чун бало

Ҳама ҷо ҳозир,

Ба ҳама нозир.

Ҳар чи ки “ноҷост”,

Онро кунӣ“рост”.

Яъне мебарӣ,

Форад, мехурӣ.

Бе нарху муздӣ,

Кори ту дуздӣ.

Анҷиру чормағз,

Ҳар меваи нағз.

Ё қанду қурут,

Зардолуву тут

Дони чу молат,

Ҳаққи ҳалолат.

Гӯшвори заррин,

Ё ангуштарин.

Афтад ба дастат,

Гирӣ ба“шастат”.

Муҳраро барӣ,

Муҳра мехурӣ?

Чи дард дорӣ?

Ё аз бекорӣ

Дарди сар диҳӣ,

Пас хабар диҳӣ?..

- Шақи шақи шақ,

Ҳукми ту ноҳақ.

Ман дузд нестам,

Бемузд нестам.

Ман хушхабарам,

Савғо мебарам.

Ҳадяаам диҳанд,

Ҳар ҷояш ниҳанд,

Аз он ҷо гирам,

Кай баҷо гирам.

Ман боғкорам,

Ба деҳқон ёрам.

Дар кӯҳу пушта

Баъди нонушта

Як ду донаро

Ё дулонаро

Ё чормағзеро,

Мағзу чағзеро

Кунам таҳи хок,

То рӯзе чолок

Гирам аз ниҳон,

Кунам нӯши ҷон.

Лек мани беҳуш

Кунам фаромӯш

Гоҳо он ҷоро,

Нуқлу наворо.

Баъди солиён

Аз файзи борон

Он донаи сахт

Мешавад дарахт.

Як боғ бодом,

Аз ман аст инъом,

Як боғ чормағз

Ба мардуми нағз.

Гар китоб хонӣ,

Инро медонӣ.

Назанӣ таънам,

Бидонӣ шаънам.

Аз ангуштарин,

Гӯшвори зарин

Бигӯ сипосам,

Ман заршиносам.

Қадри зари худ,

Ангуштари худ,

Ҳар кӣ надонад,

Дар ҳар ҷо монад.

Онро рабоям,

Бе коршоям.

То бошад ҳушёр,

Накунад такрор

Ин бепарвоӣ,

Ҳарҷопартоӣ.

ДОСТАК

Дӯсти мо достак,

Фароштурук, парасту

Бо ин се номи наку

Машҳури олам аст ӯ.

Шикаму сина чу шир,

Пушт сияҳ мисли қир.

Парад аз пеши чашмат,

Тез ба суръати тир.

Думаш монанди миқроз,

Ду боли ӯ мисли дос.

Гӯё магас даравад,

Бо доси тези алмос.

Ҳаво ҳама дашти ӯст,

Ҷойи сайру гашти ӯст.

Намедонад хастагӣ,

Набиниш нишастагӣ.

Гӯянд одамшинос аст,

Ҷонвари босипос аст.

Хушаш ояд ҳар хона,

Монад ба сақфаш лона.

Яъне, ки дар ҳар хона

Достакон лона монанд,

Бошад аз он нишона,

Соҳибон меҳрубонанд.

Парасту- пайки баҳор,

Аз мулки дур меояд.

Касе бинад, ба чашмаш

Аҷаб пурнур меояд.

Ҳаво каме шавад гарм,

Сар кунад лонасозӣ.

Беҳуда намегардад,

Надорад хуши бозӣ.

Табъаш мисли ҳар кас нест,

Лонааш хору хас нест.

Бисёр пухтакор аст,

Муҳандису меъмор аст.

Аввал кунад интихоб

Як гӯшаи амну боб.

Кашад тарҳи лонаро,

Раҳраву кошонаро,

Пас гилро хелад чу хишт,

Бо нӯлу бе пову мушт.

Каҳ ораду қил орад,

Қабати гил гузорад.

Гилро дона ба дона

Чинад устокорона.

Қасре созад нозанин,

Ҳам зебову ҳам матин.

Кораш ояд бобарор,

Намесозад ҳар баҳор.

Чун лонааш бемалол

Дошт диҳад чанд сол.

Дар хонаи бобоям,

Лона дорад парасту.

Охири ҳар зимистон,

Бобо мунтазири ӯ,

Тирезаро напӯшад

Чун дидаи интизор,

Ҳар дам зи мо мепурсад,

Кай меояд, шуд баҳор?!

Рӯзе бо чириқ-чириқ

Аз тиреза дароянд.

Парастуҳои бобо

Аҳли хонаи моянд.

БУЛБУЛ

Булбули хушхон,

Ҳазордастон,

Мурғи хушалҳон,

Зинати бустон,

Шоҳи гулистон.

Андалеб ҳам ӯст,

Бо лаҳни дилҷӯст.

Гулҷӯву гулбӯст,

Шоири хушгӯст,

Ҳофизи некӯст.

Бе кару бе фар,

Рангаш хокистар,

Дар дилаш ахгар,

Чашмаш чу ахтар,

Аз сӯзи пайкар.

Диҳад чу ово,

Ғунча шавад во,

Гул шавад эҳё,

Гулшани зебо

Боби тамошо.

Фохта хомӯш,

Меравад аз ҳуш,

Саъба диҳад гӯш,

Чашма кунад нӯш,

Ҷӯй занад ҷӯш.

Аз қафас озод,

Ҳамнафаси бод,

Хурраму дилшод,

Бандаи эҷод,

Озода устод.

Чаҳчаҳапардоз,

Шуълаи овоз,

Соҳиби эъҷоз,

Кошифи сад роз,

Дилбару дилбоз.

Ошиқи гулҳост,

Мӯниси дилҳост,

Мутриби волост,

Овози тиллост,

Бекаму бекост.

Ҳар ҷо ки зода,

Дида кушода,

Ҷода ба ҷода

Роҳи зиёда

Бол кашида,

Лона ниҳода.

Ҳамдилу ҳамтан,

На“ту”-ву на “ман”,

Пайванди оҳан,

Бе фанду бе фан–

Булбулу гулшан,

Одаму Меҳан.

КАБК

Гӯш кун, кабки дарӣ мехонад,

Сари хони падарӣ мехонад,

Аз миёни дараҳо мехонад,

Ҷӯр бо шаршараҳо мехонад.

Қаҳқаҳаш шаршараро тоб диҳад,

Дили санги дараро об диҳад.

Бар сари санг чу бар авранг аст,

Нақши барҷастае аз Аржанг аст.

Ҳамчу одам бувадаш рӯйи сафед,

Чӣ сафедӣ, ки кас ин гуна надид.

Пойу минқор ба ранги ҷигарӣ,

Қанҷакаш парчаи шомусаҳарӣ.

Пилки чашмош ба ранги марҷон,

Гавҳари чашм дар он гавҳари кон.

Қошу тавқи сияҳаш барроқ аст,

Баски қаҳ-қаҳ зада, ҳалқаш қоқ аст,

Қаҳ-қаҳаш чак-чаку чаҳ-чаҳ гардад,

Булбул ин ҷо расад, аз раҳ гардад.

Гоҳ хокистариву гаҳ нилӣ,

Ранг гардонад ӯ ҳилҳилӣ.

Раҳ равад, оби равон лол шавад,

Сабза шод аст, ки помол шавад.

Баски бо мо бувад ӯ ҳамдилу ҷон,

Рафтанаш аз бари мо ҳаст гарон.

Тирамаҳ кӯч накарда монад

Ҳама кабке, ки панаҳгаҳ донад.

Бихазад дар таҳи кӯҳу таги шах,

То раҳад аз дамаву барфу зи ях.

Бенаво дона наю санг хурад,

Рӯзии худ ба дили танг хурад.

Чун дигар тоб наёрад бар санг,

Сар бурун орад аз он гӯшаи танг.

Селаи кабк ба кӯҳдоману барф,

Пой дар барф фуру монад жарф.

Қуввате нест, ки ӯ бол кашад,

Ҷони худро ба чи аҳвол кашад?

Рӯбаҳу каргасу калходу шағол,

Надиҳад ҳеч ба ин села маҷол.

Ғулба ҳатто, ки забуни кабк аст,

Ин замон душмани дуни кабк аст.

Хешро мисли уқобе бинад,

Чашм бедору чи хобе бинад!..

Кабк бар ҳавлии Одам ояд,

То ки аз ҳавли аҷал осояд.

Ҷони худро ба дари ӯ бикашад,

Ки агар кас бикушад, ӯ бикушад.

Лек уммед зи Одам беш аст,

Одамӣ дар назари ӯ хеш аст.

Одамӣ шеъру ғазал медонад,

Гоҳ чун кабк худаш мехонад.

Хоса тоҷик, ки бо сабки дарӣ

Ҳаст ҳамқофилаи кабки дарӣ.

Дона дар хонаи ӯ бисёр аст,

Ғаллакор ӯсту меҳмондор аст.

Дӯстдори ғазали кабки дарист,

Баски ӯ соҳиби лафзи шакарист...

Боз ҳам фасли баҳор асту барор,

Дашту саҳро ҳама пурнақшу нигор.

Достакҳо ҳама дар парвозанд,

Мурғакон сози пур аз овозанд.

Қаҳ-қаҳи кабки дарӣ гашта баланд,

Бикушояд зи дили мо ҳама банд.

Гӯш кун, кабки дарӣ мехонад,

Шеърҳои шакарӣ мехонад.

ҚАҚНУС

(Ривоят)

Ин оташи сӯзанда нест,

Ин оташи созандагист.

Нуру зиёи маънавист,

Аз нойи ҷони Мавлавист.

***

Қақнус мурғи оташ аст,

Дар оташ ӯро дил хуш аст.

Аз Бостон маънои ӯ,

Қасри шаҳон маъвои ӯ.

Поро намонад бар замин,

Бо такяи боли матин

Чун абр умре дар ҳавост,

Ӯ бо дарахтон ошност.

Гӯянд дар минқори ӯ,

Минқори мусиқори ӯ

Сӯрох сесад ҳасту шаст,

Оҳангҳо аз он биҷаст.

Чун бод бар минқори ӯ,

Минқори пурасрори ӯ

Бигзашт, оҳанге дигар

Аз рахнае мешуд бадар.

Ҳар ҷо ки оҳанге бувад,

Аз тору аз чанге бувад,

Аз нойу аз ғижжак бувад,

Танбӯр ё таблак бувад,

Ё аз рубоб ё аз ситор,

Аз пианино ё гитор,

Он ҷумла аз минқори ӯст,

Эҷоди ӯ, осори ӯст.

Гӯё Фишоғурси ҳаким,

Пири ҳакимони қадим

Оҳангҳоро забт кард,

Бишнида, аз ӯ сабт кард,

Бас рӯзу шабҳо кор кард,

То нақш дар адвор кард.

Ин қисса чун такрор шуд,

Як ном-ш Мусиқор шуд.

Солаш расад назди ҳазор,

Ҳис мекунад поёни кор.

Ҳезум бичинад, тал кунад,

Монанди як кӯтал кунад.

Истода дар болои тал,

Хонад басе шеъру ғазал.

Фаввораи оҳангҳо

Бо сӯзҳову рангҳо

Резанд аз минқори ӯ,

Аз ҷони пурасрори ӯ.

Аз рақси болафшони ӯ,

Аз сӯзиши алҳони ӯ

Оташ бигирад чӯби хушк,

Бо бӯйи уду бӯйи мушк.

Қақнус ҳам оташ шавад,

Сад шуълаи саркаш шавад.

Ҳамболи оташ– боли ӯ,

Ҳамёли оташ– ёли ӯ.

З-ин оташи хирманзараш,

Монад тали хокистараш.

Гиряд бар ӯ пас осмон,

Марҳам ниҳад бар сӯзи ҷон.

Хуршед ҳам ояд суроғ,

Рӯйи мазораш чун чароғ.

Нам чун зи хокистар парад,

6 Фишоғурс – Пифагор, асосгузори илмҳои ҳандаса ва мусиқӣ.7 Адвор – нотаи мусиқӣ

Бодаш ба ҳар сӯйе барад,

Аз зери хокистар ниҳон

Як байза мегардад аён.

З-он байза қақнусе дигар

Чун шуъла сар орад бадар.

Расми куҳан эҳё шавад,

Хунёгари Фардо шавад.

Аз марги худ ёбад ҳаёт,

Фарҳангро бахшад наҷот.

Мардумшиносони ҷаҳон

Аз Руму Русу Амрикон

Гӯянд Қақнус аз азал

Бошад зи тоҷикон масал.

Ин миллати оташфурӯз,

Фарҳангсози ҷаҳлсӯз,

Санъатгари донишпараст,

Чун барқ аз зулмот ҷаст.

Баъди ҳама озорҳо,

Нобудии осорҳо,

Чун шуъла аз нав сар кашид,

Олам ба зери пар кашид,

Фарҳангу санъат офарид,

Сад гуна неъмат офарид.

Қақнус чун номуси ӯст,

То ҷовидон фонуси ӯст.

ҲУМО

Ҳумой бар сари мурғон аз он шараф дорад,

Ки устухон хураду ҷонвар наёзорад.

Саъдӣ

Дар кӯҳистон болафшон дар ҳаво,

Борҳо дидем мо мурғи ҳумо.

Гарчи мегӯянд ӯ афсонавист,

Лек он чи дидаем, афсона нест.

Парри ӯро ранги хокистар бувад,

Нӯги болаш дар сиёҳӣ тар бувад.

Чун уқобу хурдтар аст аз уқоб,

Нест мурғеро аз ӯ ранҷу азоб.

Аз тамоми неъмати рӯйи ҷаҳон

Ӯ қаноат мекунад бо устухон.

У стухонро бурда то авҷи ҳаво,

Мекунад бар рӯйи сангистон раҳо.

У стухон афтад ба санг аз осмон,

Реза-реза мешавад монанди дон.

Пас фуруд ояд ҳумо гӯё ба хон,

Дона-дона чида созад нӯши ҷон.

Инчунин покиза ҳам гардад муҳит,

У стухоне дар куҳистон кас надид.

Ин қаноат, инчунин касби шариф

Дар шарофат кард ӯро беҳариф.

Чун зи ҳиммат гашт боло пояаш,

Шуд ҳумоюнфол* ҳатто сояаш.

Ончунон, ки гар биафтад бар саре,

Соҳибафсар* гардад ӯву сарваре.

Ё ки мегардад саодатманд ӯ,

Аз худу аз зиндагӣ хурсанд ӯ.

Аз ҳумо ҳар кас ба худ бигрифт пар,

Душмане бар ӯ намеёбад зафар...

Тоҷикистон хонаи мурғи ҳумост,

Селаи мурғи ҳумояш дар ҳавост.

Ҳар куҷо як тоҷики озода ҳаст,

Сояи ӯ бар сараш афтодааст.

Ҳар яке аз ин сабаб бо ифтихор

Мешуморад хештанро тоҷдор.

Беш аз ин хосияти пирони мост,

Бо қаноат, бо шарофат, ҳарфи рост.

Бар сари мо соябонӣ мекунанд,

Ҳифз баҳри мо амонӣ мекунанд.

-------------

*Ҳумоюнфол– бахосият, бошарофат.

*Соҳибафсар– соҳиби тоҷ, боифтихор.

УҚОБ

Уқоб рамзи шуҷоат, уқоб мурғи далер,

Бувад ба олами паррандагон ба ҷойи шер.

Ба авҷи қулла сари сахра ошён дорад,

Чароғи хона зи моҳу ситорагон дорад.

Зи пушти қулла саҳар офтоб меояд,

Гумон барӣ зи нишеми* уқоб меояд.

Уқоб дар ҳама олам мисоли пирӯзист,

Баландҳимматӣ, озодагӣ, худафрӯзист.

Ҳамеша авҷнаварду ҳамеша гарми набард,

Чу барқ абршикофу ҳарифи боди сард.

Ҳарос нест зи туфону раъду боронаш,

Бузургтар бувад аз ӯ басе шикоронаш.

Набурда ҳеч замоне ба лошае минқор,

Надида низ касе лошае аз ӯ зинҳор.

Магар чу марг расад, мисли абр пора шавад?

Ва ё ба синаи гардун яке ситора шавад?

Ривояти дигаре ҳаст, ки чу пир шавад,

Сабук ба мавҷи ҳаво порае ҳарир шавад.

Равад ба чашмаи оби ҳаёт тан шӯяд,

Ҷавон шавад зи дигар, аз вуҷуди худ рӯяд.

Бар осмони ҷавонии хеш баргардад,

Ба офтоб дигарбора ҳамсафар гардад.

Куруш– шоҳи бузурге, ки баҳри аҳли башар,

Паём дод зи озодӣ аз ғуломию шар,

Ба рӯйи парчами худ нақш карда буд уқоб–

Шиори адлу шуҷоат, шиори ройи савоб.

Уқобро шараф ин сон аз он муяссар шуд,

Ки бо шуҷоату ҳиммат ба худ музаффар шуд.

------

*Нишем– нишеман, нишастангоҳ.

ЧИЛМАНДАК

Чилмандак– чилмангуштак,

Овозаш мисли ҳуштак,

Ҳуштакаш дилкушо аст,

Мутриби хушнаво аст.

Нисфи нисфи гунҷишк аст,

Нисфи нисфи нисфи соч.

Ду болашро кунад паҳн

Чил раҳ, шавад як қулоч

Ана ҳамин чилмандак

Дар ҷангале хона дошт.

Пур аз чӯҷа дар шохи

Дарахте кошона дошт.

Рӯзе аз рӯзҳо ҷангал

Ногаҳон оташ гирифт.

Сӯхтори калоне шуд,

Монда ҳама дар шигифт.

Парандаву хазанда,

Дарандаву чаранда.

Ҷони худро мекашид

Аз оташи хуранда.

Пайдо шуданд одамон,

Мошини оташнишон,

Об аз ҳар су пошиданд,

Гӯё ки шуд селборон.

Чилмандак– чилмангуштак

Бо қади ним ангуштак,

Гаҳ дар об, гаҳ дар оташ,

Бо оташ дар кашокаш.

Дар нӯлаш як қатра об

Мепарид ӯ бошитоб,

Болои оташ мерехт,

Пас мегашту мегурехт.

Худро мезад боз ба об,

Бо ҳама ранҷу азоб.

Як пора оташ буд ӯ

Гӯё ки аз изтироб.

Қурбоқа ба ӯ зад- вақ!

Эзорсурхак– тақ-тақ-тақ!

Алошақшақа– шақ-шақ!

- Ҳай аҳмақу, ҳай аҳмақ!

Бо як резаи ҷонат,

Як қатраи даҳонат

Оташи ҷангал кушӣ?

Девона ё беҳушӣ!

Як пора ахгар шавӣ,

Сӯхта хокистар шавӣ.

Ту мӯрӣ, бо аждаҳо

Чаро сарбасар шавӣ.

Хоҳӣ қаҳрамон шавӣ?

Машҳури ҷаҳон шавӣ?

Хоки сияҳ мешавӣ,

Гуму гумраҳ мешавӣ...

Чилмандак– чилмангуштак

Дар посух бо як ҳуштак

Гуфто:

- на ину на он,

На ҳам як хирмани дон.

Ин оташ кушта гардад,

Ба хок оғушта гардад.

Сиёҳияш намонад,

Онро алаф пӯшонад.

Аммо рӯзе ҷонварон,

Чӯҷаҳо шуда калон,

Ин ҳам як тараф– виҷдон

Аз мо мешавад пурсон:

Эй фарзандони ҷангал,

Аз обу дони ҷангал,

Хурда зи хони ҷангал,

Ширин чу ҷони ҷангал,

Вақте ки ҷангал месӯхт,

Монанди манқал месӯхт,

Шумо чи коре кардед?

Чӣ ҷоннисорӣ кардед?

Он гоҳ ин як қатра об,

Дар даҳонам чун гулоб,

Обурӯйи ман гардад,

Бо он медиҳам ҷавоб.

КАБУТАР

Кабутар қосиди сулҳу умед аст,

Муҳаббатро, садоқатро навид аст.

Гаҳе дар осмони соф рақсанд,

Дили ғамдида гардад шоду хурсанд.

Ҳамеша села-села, ҷуфт-ҷуфтанд,

Даме танҳо на гаштанду на хуфтанд.

Набошад ҳеч монандаш ба анбоз,

Кабутар бо кабутар нест носоз.

Бувад бо фохта, мусича, қумрӣ,

Ҳама хешутаборони якумрӣ.

Суруди содаи ӯ“қум қуми қум”,

Ки раҳ ёфтаст дар фарҳанги мардум,

Ки бо он содагӣ бас хушнаво аст,

Ба оҳанги дили халқ ошно аст.

Кабутар дар ривоят қаҳрамонест,

Ки бо Нӯҳи набияш достонест:

Чу дар Туфон ҷаҳон дар об шуд ғарқ,

Намонда хушкие дар ғарбу дар шарқ,

Фақат дар киштии Нӯҳи паямбар,

Раҳида ҷуфте аз ҳар навъи ҷанвар,

Миёни мавҷи туфон дар шино буд,

Ки ҳар мавҷаш чу як кӯҳи бало буд.

Ҳама бо гиряву зорӣ нишаста,

Умеде бар наҷоти хеш баста.

Пас аз чандин шабу рӯзи пурандуҳ

Сари кӯҳе нишаст он киштии Нӯҳ.

Сипас бар зоғ омад амри парвоз,

Ки аҳволи ҷаҳонро бингарад соз,

Ки туфон то куҷо ором гаштаст,

Замин пайдову боби варзу кишт аст.

Вале рафту наомад пас дигар зоғ,

Кӣ медонад, магар шуд соҳиби боғ.

Хитоб аз Нӯҳ шуд суи кабутар,

Ки эй кафтар бирав пайғом овар.

Кабутар дар ҳаво чун порае абр,

Париду Нӯҳ ҳам биншаст бо сабр.

Зи баъди муддате он мурғи ҳушёр

Биомад, шохае зайтун* ба минқор.

Ба танҳо ҷон дамиду тоза шуд набз,

Ки дунё вораҳиду гашт сарсабз.

Балоҳо, имтиҳонҳо пушти сар шуд,

Нишони сабз поёни хатар шуд.

Аз он даврон муборак шуд кабутар,

Ба инсон ёру ёвар шуд кабутар.

Барад умре ба ойини рафоқат

Башорат аз амонию садоқат.

Замони Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ,

Ки туфоне дигар буд ончунонӣ.

Ба ҷойи об сели хуни инсон,

Ба шаҳру деҳаҳо мекард туғён.

Пикассо* ном рассоми ҳунарвар,

Ба ёд овард Туфону кабутар.

Ба лавҳе нақш кард он куҳна мазмун:

Кабутаррову шохи сабзи зайтун.

Бишуд ин сурати сулҳи ҷаҳонӣ,

Ҳамон сурат, ки ту дидию донӣ.

Басе дар номаҳои он замона,

Чу андар номаҳои ошиқона,

Бубинӣ сурати ин кафтари сулҳ,

Ки гардидаст ӯ пайғамбари сулҳ.

Ба шаҳру деҳи мо, кошонаи мо,

Ба боғи сабзу боми хонаи мо.

Ба қасру коху майдону дару дашт,

Ба гунбадҳои масҷидҳову гулгашт.

Ба авҷи осмони софи кишвар

Бубинӣ селаи шоди кабутар.

Нишони амну ободии Меҳан,

Зи истиқлолу озодии Меҳан.

----------

*Зайтун– дарахти маъруфест, ки аз он равған мекашанд.

*Пикассо– рассоми машҳури асри бисти испонӣ.

ТУРНАҲО

Бол дар боли ҳам, ёл дар ёли ҳам,

Саф ба саф турнаҳо дар ҳаво мепаранд.

Муждаи навбаҳор, фурсати кишту кор,

Ёди ёру диёр дар ба дар мебаранд.

Турнаи пеши пеш ҳаст бо зӯри беш,

Бодро мебурад, абрро медарад.

Тез чун сӯзан аст, боқии селаро

Мисли ришта зи пай мекашад, мебарад.

Зӯру нерӯи ӯ ҳаст меҳри диёр,

Мекашад риштаи меҳри меҳан варо.

Ҳар қадар рафта дур, пушти кӯҳи булур,

Чун бихонад Ватан, нест чуну чаро.

Дар сафи турнаҳо гоҳ-гаҳ бингарӣ,

Як-ду ҷо холӣ аст, ин бувад з-он нишон;

Рӯҳи он турнаҳо ҳаст дар он фазо,

Ки ба ғурбат ба ҳангомае дода ҷон.

Гарчи гардида хок ҷисм, бо ҷони пок

Дар сафар бо сафи села пайвастаанд.

Тан ба хоки ғариб, мебаранд ормон

Он куҷо зодаву дил бар он бастаанд.

*

Бигзаранд аз сари шаҳру деҳу даман,

Бингаранд обҳо, боғҳо, марғзор.

Нест майли фуруд, ишқи ёру диёр

Қалбҳоро виқор, болҳоро мадор.

Бигзаранд аз диёри гирифтори ҷанг

Парфишон бартар аз саффи тайёраҳо.

Медавад изтиробе ба дилҳояшон,

Дида рӯйи Замин фавҷи овораҳо.

То кай ин роҳро метавон тай намуд?

Чанди дигар раҳе дорад ин осмон?

То ба кай зери як бом хоҳем зист?

Одамон, одамон, одамон, одамон?!..

Бол дар боли ҳам, ёл дар ёли ҳам,

Саф ба саф турнаҳо дар ҳаво мепаранд.

Муждаи навбаҳор, фурсати кишту кор,

Ёди ёру диёр дар ба дар мебаранд.

-----

*Дар он саф ҷойи холӣ ҳаст, шояд

Барои ман бувад он ҷой озод.

Расул Ҳамзатов “Турнаҳо”

ҚУ

Мурғи Қу зеботарини мурғҳост,

Бошукуҳу нозанину дилрабост.

Дӯст дорад обҳои покро,

Пойи ӯ камтар бисояд хокро.

Шоҳу шаҳбонуи мурғи обӣ аст,

Тоҷи мавҷи ҳавзаи нилобӣ аст.

Ҳамчунон бар осмони нилранг,

Ҳаст чун абри сафеду озаранг.

Гардане дорад баланду зеби ноз,

Худ ба маънӣ саркашу гарданфароз.

Аз ҳама мурғони обӣ як нафар

Ҳеч гаҳ бо Қу нагардад сар ба сар.

Мурғи Қу рамзи вафодорӣ бувад,

Дар танаш хуни вафо ҷорӣ бувад.

Гар зи ҷуфти Қу бимират ҳамсаре,

Тоқ мемонад ба умре дигаре.

Дар миёни баҳр мегирад ба пушт

Чӯҷаҳояшро чу гавҳарҳо ба мушт.

Чӯҷаҳоро киштие гардад сафед,

Дар шино бар соҳили амну умед.

Дар ривоёти куҳан Қуи наҷиб,

Ҳаст бо Қақнус ҳамтое аҷиб.

(Номи лотиниш ҳам Қақнус ҳаст,

Яъне аз фарҳанги як қомус ҳаст).

Чун ки мурғи Қу ба ҳангоми вафот,

Мекунад базми ҳаёте пурнишот.

Меравад бар ҷӯшаи баҳри дамон,

Он куҷо варзида ишқе як замон.

Болафшонӣ, ғазалхонӣ кунад,

Ҷон ба дарё дода қурбонӣ кунад.

З-ин сабаб мегуфт Суқроти ҳаким:

Аз фанои хеш моро нест бим.

Ҳар кӣ бошам, кам зи қуе нестам,

Кам зи Қу бошам агар, ман кистам?

Дар вафотам базми ирфонӣ кунам,

Шодмон бошам, ғазалхонӣ кунам.

Чун касе бо ҳикмату илму ҳунар,

Бо садоқат умри худ орад ба сар,

Он вафоташ ҳаст худ айни ҳаёт,

Зиндагии ҷовидони пурнишот.

Шоҳкори ӯ“суруди қу”-и ӯст,

Ёдгори ӯ ҳама номи накуст.

СИМУРҒ

Симурғ мурғи қиссаҳои бостони мост,

Аз қаҳрамонони бузурги достони мост.

Андар“Авасто” бо ҳакими Саина ҳамном,

Дар паҳлавӣ“Сенмуру” гардидаст ӯ эълом.

Ӯро нишеман бар фарози кӯҳи Албурз аст,

Гӯё худ Албурзи дигар бо он бару бурз аст.

Шохи дарахти Ҳамматухмаш ошён бошад,

Тухми дарахтони дигар яксар аз он бошад.

Бар ин дарахт ӯ ҳар гаҳе ки шинаду хезад,

Аз он ҳазорон шоха рӯяд, базрҳо* резад.

Бо чор пар чун абр рӯйи қуллаҳо пӯшад,

Чун абр дар рагҳои ӯ рӯди равон ҷӯшад.

Яъне ки ӯ рамзи ҳаёту зиндагонӣ аст,

Албурзро аз ӯ шукӯҳи ҷовидонӣ аст.

Дар“Шоҳнома” ӯ парасторӣ кунад аз Зол,

Ҷондастгири Зол бошад дар ҳама аҳвол.

Чун Золи Зар шуд зода мӯ яксар сапедаш буд,

Соми падарро кай чунин фарзанд умедаш буд.

Аз шарми мардум баччаро дар пойи кӯҳ андохт,

Симурғ аз меҳри дилаш фарзанди хешаш сохт.

Бар ошёни худ бибурду меҳмонаш кард,

Бо баччаҳояш ҳамнишину ҳамнишонаш кард.

Дастони Зандаш ном дод он мурғи розогоҳ,

Он сон бипарвардаш, ки бошад лоиқи даргоҳ.

Бо амри Яздон Сом омад бар суроғи Зол,

То чашм равшан созад аз нури чароғи Зол.

Симурғ чун бо қалби бирён бар падар додаш,

Аз худ паре баҳри балоҳо чун сипар додаш.

То дар хатар оташ занад чун Зол дар ин пар,

Симурғ ҳозир гардаду ӯро шавад ёвар.

Ду бор дар умри ҳазоронсола Золи Сом,

Бо ёрии Симурғи доно шуд раҳо аз дом:

Дар зодани Рустам, ки шуд паҳлуи модар чок,

То бегазанде омад он шеравжани бебок.

**

Дигар ба разми Рустаму Исфандёр омад,

Гоҳе ки он тири душохи газ ба кор омад.

***

Симурғ з-он пас рафту дар афсонаҳо гум шуд,

Ҳамноми Анқо гаштаву пинҳон зи мардум шуд.

Яъне ки асрор омаду пайкорҳо бигзашт,

Албурз ҳам шуд Қофу он дидорҳо бигзашт.

То аз дили ирфон ҳамоса боз эҳё шуд,

Симурғ андар дафтари Аттор пайдо шуд.

Аттор аз ӯ рамзи ҷовидони ваҳдат сохт,

Аз боли ӯ гӯё дирафши халқу миллат сохт.

Аз пай намебуд фитнаи Чингизи оламсӯз,

Кӣ донад, ин дастон чи ранге дошт то имрӯз?

Аммо ба ҳар ҳолу ба ҳар сахтӣ ба ҳар даврон,

Симурғро мардум нишеман дода буд дар ҷон.

Чун рӯҳи воло, ки шикастанро намедонад,

Пайванди ҷонҳо, ки гусастанро намедонад.

Албурзи волое, ки хастанро намедонад,

Он бурзболое нишастанро намедонад.

Мурғон, ки мехонанд ҳангоми саҳар овоз,

Доранд бо Симурғ аз рӯйи ниёз ин роз.

Розе, ки берун шуд нахустин аз ниҳоди Сом,

Аттор дар“Гуфтори мурғон” дод саранҷом:

Эй шоҳи парварон, пайки паямбарон,

Мушфиқ чу модарон, доно чу доварон.

Ҷондастгири мо, ҳодиву пири мо,

Шамси мунири мо, шери шаҳири мо.

Парри ту фарри мост, дар сояаш Ҳумост,

Ёди ту раҳнамост моро ба роҳи рост.

Парвозпарварӣ, оғозоварӣ,

Хуршедмеҳварӣ, дарёи озарӣ.

Ойини Ҷам биёр, моро ба ҳам биёр,

Моро ба ҳам бидор, дар боди рӯзгор.

Ҷовид зинда бод, рӯҳи даманда бод,

Симурғи шоду род, эй нозиши нажод.

--------

*Базр- тухми дарахтону гиёҳон.

**

Ҳангоми зодани Рустами Достон модараш Рӯдоба ба сахтӣ дучор шуд ва бо роҳнамоии Симурғ паҳлуи ӯро бурида Рустамро гирифтанд.

***

Исфандиёр ба азми асир кардани Рустами Достон ба ҷанги ӯ омад ва чун ҳеч ба сулҳ розӣ нашуд, Рустам бо машварати Симурғ бо тире аз душохи дарахти газ мағлубаш кард.

*****

Ишора ба ситоиши Сом аз Симурғ дар“Шоҳнома” аст:

Ки «Эй шоҳи мурғон, туро додгар

Бад-он дод нерӯву зӯру ҳунар,

Ки бечорагонро ҳаме ёварӣ,

Ба некӣ ба ҳар доварон доварӣ.

Зи ту бадсиголон ҳамеша нажанд,

Бимон ҳамчунин ҷовидон зӯрманд!»

КИТОБИ СУРХИ ДИЛ

Дӯстам, хонандаи ҳушёри ман,

Ҳамраҳи ман, гӯш бар гуфтори ман

Олами паррандагон гардидаем,

Донаҳо з-ин хони маъно чидаем.

“Шоирӣ з-ин маснавӣ мақсуд нест”*

Дар сари мо ҳам хаёли суд нест.

Суд агар хоҳем, панду ҳикмат аст,

Дар ҷаҳон ин беҳтарини неъмат аст.

Гар намебуд боварам бар фаҳми ту,

Сода мекардам сухан аз “раҳми” ту.

Беш аз ин гар сода мекардам сухан,

Аз сухан мемонд танҳо “тан-та-тан”.

Ту агарчи наврасӣ ё кӯдакӣ,

Ёд дорӣ шеърҳои Рӯдакӣ.

Қиссаи “Шаҳнома” ҳам бишнидаӣ,

Аз“Гулистон” лолаву гул чидаӣ.

Аз Низомӣ шеър медонӣ зи ёд,

Хондаӣ осори Айниро зиёд.

Аз“Баҳориёт”-и Саййидо, магар,

Ё зи “Мӯшу гурба” ҳастӣ бехабар?

Шеъри Турсунзодаву ҳам Миршакар,

Коми ту ширин намуда чун шакар...

Хостам як сафҳа гардонам зи боб,

Чун“Китоби сурх”* созам як китоб,

Ҳамраҳи ту, дӯсти донои ман,

Бонии ояндаи дунёи ман.

То ба ёд орӣ, ки дар рӯйи ҷаҳон,

Нестӣ танҳову якто меҳмон.

Балкӣ ту соҳиб дар ин кошонаӣ,

Мизбону сарвари ин хонаӣ.

Боқӣ он чи ҳаст хели ҷонвар,

Дар паноҳи ту амон ёбад зи шар.

Кард бояд фикри обу донашон,

Хурд бояд ғам барои ҷонашон.

Ҳар якеро ҳаст ёду саргузашт,

Ки намебояд аз он сар-сар гузашт.

Достоне пур зи илму фан бувад,

Олами асрорро махзан бувад.

Балки таърихест моро муштарак,

Гар бихонӣ, саргузашти якбаяк...

Он чи мо гуфтем танҳо як варақ

Ҳаст аз гуфтори мурғон як сабақ.

Як ишорат бар ҷаҳони бекарон,

То кунем азме қавӣ дар сайри он.

Метавонӣ пеш гирӣ ин сафар,

Беш аз мо з-ин ҷаҳон ёбӣ хабар.

Номаро“Гуфтори мурғон” ном буд,

Дар назар ин чанд субҳу шом буд.

Чанд рӯзе во намондемаш зи даст,

Аз назар бигзаштаву дар дил нишаст.

Чун бидидам, нест бо мо дилгусил,

Додам унвонаш: “Китоби сурхи дил”.

-------

*Мисраъ аз Муҳаммад Иқболи Лоҳурии Кашмирӣ.

**Китоби сурх– китобест, ки дар он номи ҷонварони нодиру камшумор қайд

шудааст, то аз нобудшавии якбораи онҳо пешгирӣ карда шавад.

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2