Зеҳн

Ганҷина

БА
Барномасоз14 октябри 2026 · 6 дақиқа хондан

— Бобоҷон, бобоҷон, ба мо ягон афсона гӯед, — гирди Оқил-боборо ҳалқавор печониданд наберагон.

— Хуб, ман албатта афсона мегӯям, ширинакони бобо, аммо аввал шумо гӯед, ки ҳафтаи гузашта кӣ чандто баҳои аъло гирифт? — Айнакашро ба чашмаш монда пурсид Оқил-бобо.

Одати аҷибе дорад мӯйсафед: ҳар гаҳ ки фарзандонаш ба аёдаташ оянд, албатта наберагонашро ба наздаш мехонаду аз натиҷаҳои таҳсилашон пурсон мешавад. Имрӯз ҳам ҳар кадомашонро аз хонишу донишашон пурсида, қаноатманд шуд. Баъд бо шавқ ба набераҳои хурдтараш афсонаи «Рӯбоҳ ва асп»-ро нақл кард.

— Акнун шумо, хурдтаракҳо, пеши бибиатон равед, вай ҳам шуморо бисёр ёд кардааст. Ман барои калонтаракҳо ҳам ягон ҳикоя мекунам. Баъд ҳама якҷоя оши палави бибӣҷонро мехӯрем, — навозишкунон хоҳиш кард мӯйсафед.

— Хуш, ба шумо чӣ нақл кунам? — ба наберагони калонтараш рамузгирона нигоҳ кард Оқил-бобо.

— Бобоҷон, ба мо дар бораи худатон нақл кунед. Охир, ордену медалҳоятон бисёр аст, бо олимону адибони машҳур суратҳо ҳам доред-ку, — гуфт набераи калонӣ.

— Эҳ, набераҳои кунҷкови бобо! Дар бораи худ нақл кардан кори душвор. Беҳтар он аст, ки аз ягон чизи дигар пурсед, — хоҳиш кард мӯйсафед.

— Бобоҷон, Шумо ягон бор дар бораи худ чизе намегӯед, танҳо бибӣҷон таърифатон мекунаду бас.

— Бибӣҷон чиҳо мегӯяд? — Бо табассум пурсид бобо.

— Мегӯянд, ки бобоятон шахси бузург, фозилу доно, соҳиби китоб ҳастанд, лекин беҳад хоксорӣ мекунанд, — суханони бибиро тӯтивор такрор кард набераи хурдӣ.

Мӯйсафед аз тарзи суханронии набера ба завқ омада хушҳол шуд ва бо ҳамон хушҳолӣ қисса оғоз кард:

— Агар туро дигарон таъриф кунанд, хуб аст. Зеро одам бояд тавре зиндагӣ кунад, ки манфиаташ ба мардум расад ва мардум ӯро ба некӣ ёд оварад. Хайр, ман танҳо як воқеаро нақл мекунам, ки бароям ҳам гуворову ҳам ҳузнангез аст ва барои шумо ҳам беманфиат нест.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ман ҳанӯз мактабхон будам. Падарам дар колхоз кор мекарду қариб ҳар бегоҳ дарси маро ҳамроҳ тайёр мекардем. Ҳушу ёди падарам ҳамеша банди китоб буду вақтҳои холиаш сарфи китобхонӣ. Аз хондаҳояш ба ману модарам бо шавқу ҳавас нақл мекард.

Хонамон сеҳуҷрагӣ буд, гирдогирди як ҳуҷраи онро ҷевонҳои баланди китобмонӣ иҳота мекарданд, ки ҳамаашон аз китобҳо пур буданд. «Заминро ҳар сол шудгору киштукор накунӣ, аз ҳосил мемонад. Майнаи одам ҳам монанди ҳамин аст, агар беғизо монад, хушк мешавад. Ғизои майнаи одам китоб аст!» — Таъкид мекард падарам.

Оромии хонадони мо дер давом накард. Соли дуюми он ҷанги хонумонсӯз падарамро бурданд... — Дар чашмони бобо ашк ҳалқа зад. Вай ноаён оби чашмонашро пок карда, гапашро давом дод. — Аввалҳо ҳар ҳафта хаташ меомад. Рафта-рафта мо мактуби секунҷаи ӯро ҳафтаҳову моҳҳо интизор мешудем. Бо мушкилӣ бошад ҳам, рӯзгорамонро пеш мебурдем. Модарам аз ноилоҷӣ ба кори колхоз баромад. Вай маро ҳамроҳаш ба саҳро мебурд ва ҳар дафъа ба дастархон ғайр аз як каф тутмавизу санҷид як-ду китоб ҳам меандохт. Маро сари марза ё таги ягон дарахт мешинонду супориш медод, ки китоб хонам ё шеъре аз ёд кунам. Ба хастагиаш нигоҳ накарда, ҳангоми бозгашт аз кор, ё дар хона пеш аз хуфтан, супоришҳои додаашро ҳатман мепурсид. Ҳар чи ки нафаҳмида бошам, мефаҳмонд ва донистаҳои нимколаамро пурраву пухта мекард.

Ҷанг тамом шуд, вале падарам барнагашт. Мактубаш ҳам дигар наомад. Аз қисми ҳарбӣ нома гирифтем, ки падарам бе ному нишон гум шудааст. Ин хабари шум моро бисёр дилшикаста кард. Модарам як саҳар аз хоб хеста гуфт, ки падарамро хоб дидааст. Падарам аз ӯ хоҳиш кардааст, ки «Ганҷинаамро ба писарам супоред, то вай аз ин ганҷина баҳра гирад».

— Модарҷон, падарам кадом ганҷинаро дар назар доранд? — Бо тааҷҷуб пурсидам ман.

— Ана ҳамин ганҷинаро, — ба ҷевонҳои пур-пури китоб ишора кард модарам ва гапашро давом дод. — Аз ҳамин рӯз эътиборан ихтиёри ин ганҷина бар дасти туст! Ҳамаашро мутолиа кунӣ, соҳиби ганҷи бузург мешавӣ ва он туро албатта ба муроду мақсадат мерасонад. Хоҳиши падаратро нағз дар хотир дор ва ҳаргиз аз ёд набарор, писарам, — таъкид кард модарам.

Аз худи ҳамон рӯз ман ҷиддан ба китобхонӣ камар бастам. Толеъ мададгорам шуду ба китобхонӣ одат кардам. Ҳис мекардам, ки баъди хондани ҳар як китоб фикру андеша ва рафтору гуфторам дигар мешавад. Модарам инро пай бурда, хушҳол мегашту дар чеҳраи гирифтааш қаноатмандиву шукуфоӣ пайдо мешуд. Ман чунон ба китобхонӣ дода шудам, ки дигар талаботи маро ганҷинаи падарам қонеъ карда наметавонист. Рӯ ба китобхонаи мактаб овардам. Мехостам тамоми китобҳоро хонам ва ҳама чизро донам.

Натиҷааш ин шуд, ки дар мактаб аълохон шудам, дар маҳфилу озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ дастболо гардидам, мактаби миёнаро бо медали тилло тамом кардам, бе ягон душворӣ ба Донишгоҳи миллӣ дохил шудам. Донишгоҳро ҳам бо дипломи аъло хатм карда, дар худи ҳамон ҷо ба кор мондам. Бо ҳамон дилгармӣ хондаму кор кардам, унвонҳои номзадиву доктори илмро соҳиб шудам. Ихтироъҳои зиёде кардам ва шукр, ки манфиатам ба мардуму ба Ватанам расиду мерасад...

Оқил-бобо лаҳзае нафас рост кард ва қаноатмандона сар ҷунбонд:

— Дар ҳақиқат, бибиат рост мегӯяд, дар чандин мамлакатҳои дунё ихтироъҳои маро истифода мебаранд. Якчанд китоби дарсӣ ҳам навиштаам. Шогирдони бисёре тайёр кардам, ки имрӯзу фардо кори маро давом медиҳанд. Фарзандонам, яъне падару модари шумо ҳам, соҳибмаълумоту соҳибкасбанд. Ин файзу баракати ҳамин ганҷинаи меросии падарам аст, ки то имрӯз зам мешаваду кам не.

Бобо ба дидагони шарарбори наберагонаш, ки ӯро бо завқи тамом гӯш мекарданд, назаре афканда, хотираш болид. «Шукр, ки ҳамаи инҳо посдори илму фарҳанганд», — аз дил гузаронд вай.

— Акнун фаҳмидед, ки одамро барои донишу ҳунар ва камоли одамгариаш эҳтиром мекунанду дӯст медоранд? — Саволомез ба наберагон рӯ овард ӯ ва нақлашро хулоса кард. — Донишу ҳунар ва камоли одамгарӣ аз мутолиаю омӯзиши бисёр ва гуфтору кирдори нек ҳосил мешавад. Аммо ин ҳосил осон ба даст намеояд, кӯшишу ғайрат, ранҷу заҳмат, сабру тоқат металабад. «Сабр талх аст, вале меваи ширин дорад!» Шукри беҳад, имрӯз тинҷиву амонӣ, сериву пурист ва мактабҳо ободанд. Шумо бояд аз чунин вақту шароит самаранок баҳра баред ва нағзакак хонед. Ман ҳамин китобхонаи бобокалонатонро ҳамчун ганҷина барои чӣ то имрӯз бо эҳтиёт нигоҳ медорам? Барои он ки шумо аз он истифода баред, хонед, донишманду бофарҳанг шавед. Дар хотир дошта бошед, ки қимати ин ганҷина дар ҳеч давру замон кам намешавад, балки меафзояд ва то абад чун нури дидаву тоҷи сари мардуми бохирад боқӣ мемонад...

Дар гуфтори бобои донишманд як олам дурри маънӣ ҳувайдо буд, ки гӯё аз он ганҷина берун меомад ва дона-дона ба ниҳонхонаи дилу хотири наберагон мерехт...

Мақолаҳои маъмул

Мақола·Зеҳн·1 сол пеш

Ҳар роҳе, ки интихоб мекунӣ

Ҳаёт мисли як ҳавопаймоест, ки ту худат пилот ҳастӣ, на мусофир. Танҳо ту қодирӣ самти ҳаракатро интихоб кунӣ, баландӣ ва суръатро муайян намоӣ. Агар раҳнамоиро ба дигарон супорӣ, хавфи гум кардани роҳи ҳақиқии худ вуҷуд дорад. Дар ҳар як қарор, дар ҳар

4
Мақола·Аиъша·2 сол пеш

Насиҳати Падар

Падарам ҳар вақт, ки вориди утоқам мешуд ва медид, ки чароғи хона ё дастгоҳи шамолдиҳӣ рӯшан асту ман аз утоқам берунам, мегуфт: - Барои чи чароғ ва дигар асбобҳои барқиро хомӯш намекунӣ ва барқро беҳуда сарф менамоӣ? Вақте, ки вориди ҳамом мешуд ва

3
Мақола·Зеҳн·2 сол пеш

Ростгӯи камоли инсонист.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба миён. Сарв агар хушк шавад боз асо мегардад. Ростию ростгӯӣ ва росткорӣ фазилатҳои хуби инсонианд. Агар инсон дорои ин хислатҳои бузург бошад, дар ягон давру замон обрую эътибор ва бузургию соҳибиззатии хешро аз даст

2

МУҚАДАСОТИ МО

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус қайд гирифтааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Барои ҳар як тоҷикистонӣ Ватан, миллат, забони тоҷикӣ, Парчам, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ муқаддасанд. Мо ба

2